Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Мир Сайид Алии Хамадони

    Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳанӯз барои ихлосмандон ва муштоқони каломаш норавшан аст. Дуруст аст, кисоли 1975файласуфи шинохтаи тоҷикМоҳирхуҷа Султоновшиносномаи аввалин таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» таълиф намуда, дар омӯзиши ҷараёни зиндагӣ ва осори Сайид Алии Ҳамадонӣ саҳми босазо гузошт. Танҳо…

    Муфассалтар »
  • Масъалаи макоми инсон дар рисолаи «Футувват»-И Мир Сайид Алии Хамадони

    Мир Сайид Алии Ҳамадонй футувватро ҳамчун арзишоти ахлоқи ҳамидаи инсонӣ таҳқиқ намуда, бар он қарор омадааст, ки ба василаи камолоти ин масъалаи ахлокӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар сиришти инсонҳо ҷомеаро ба дараҷаи камолот расондан имконпазир мебошад. Маҳз ба хотири он ки футувват дорои арзишҳои волои ахлоқӣ мебошад, мутафаккир ба омӯзиш…

    Муфассалтар »
  • Hoshim Gadoev

    Hoshim Gadoev Hoshim Gadoev (May 10, 1937, Kulob, Tajik SSR), theater and film acter, theater and writers, People’s Artist of the Tajik SSR (1979), People’s Artist of the USSR (1988), the Tajik State Award winner of the Rudaki District ( 1973). Art of the Arts of Tajikistan (2017). Hoshim Gado…

    Муфассалтар »
  • Тахкикоти академик оид ба таърихи сиёсии Хисори Шодмон дар асрхои XV-XVII

    Академик Аҳрор Мухторов бо усулҳои зиёд дар Ҳисори Шодмон таҳқиқот бурдааст. Таърихи мулки Ҳисор бо таърихи дигар мулкҳои Осиёи Миёна, алалхусус Бухоро иртиботи мустақим ва қавӣ дорад, инро академик Аҳрор Мухторов ба инобат гирифта, дар он ҷо таҳқиқотҳо зиёд гузаронидааст. Аз ин лиҳоз соли 1969 китобчаи нахустини худро дар бораи…

    Муфассалтар »
  • Шахсияти академик Аҳрор Мухторов ҳамчун муаррих

    Академик Аҳрор Мухторов 5-ноябри соли 1924 дар шаҳри Уротеппа (ҳозира шаҳри Истаравшан ) ба дунё омадааст. Солҳои 1941-1945 ба Ҷанги Бузуриги Ватаниӣ рафта дар озод кардани Украина Полша ,Чехославакия ва Германия иштирок карда аст . У солҳои 1939-1941 аввал донишҷӯи факултаи коргарӣ, баъд донишҷӯи институти муаллимии Душанбе гардид, соли 1942…

    Муфассалтар »
  • Ғаффор Мирзо

    Ғаффор Мирзо (1929-2006) «Ман аз падару модар хеле хурд сағир монда будам. Ҳокимияти Советӣ маро дар қатори ҳазорон ятимони дигар аз марг раҳонид ва бинобар ин нахустин ҳиссиёте, ки дар дили кудаконаи ман пайдо шуд, нашъунамо кард, ҳиссиёти беканори ташаккур ва миннатдорӣ ба наҷотбахши ман аст. Ин ҳиссиёт баъд аз…

    Муфассалтар »
  • Абдумалик Баҳори

    Абдумалик Баҳори (соли таваллуд 1927) «Ман баробари адабиёти бадеӣ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медоштам, дутору гижжаку дойра менавохтам. Орзуям, композитор шудан буд. Бо ҳамин мақсад, баробари мактаби миёна дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ таҳсили илм мекардам, ҳатто узви оркестри симфонӣ будам. Вале соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду роҳи ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Гулназар Келди

    Гулназар Келди (соли таваллуд 1945) «Ҳар як асар барои офарандааш мисли фарзанди ҷиғарбанд азиз аст. Зеро он дар натиҷаи ранҷ кашиданҳо, бедорхобии шабҳо, кам кардани нури чашми бино эҷод мешавад». Ба ҳамин маънӣ Иқбол мегӯяд: Барги гул рангин зи мазмуни ман аст, Мисраи ман, қатраи хуни ман аст. Боз, иншои…

    Муфассалтар »
  • Мирсаид Миршакар (1912-1993)

    Мирсаид Миршакар (1912-1993) «Ман дар Боми Ҷаҳон ба дунё омадам. Боми Ҷаҳон! Ҳангоме ки мо ин суханро ба забон мегирем, кадом як Боми афсонавиро дар назар надорем. Оре, Боми Ҷаҳони ҳақиқӣ вуҷуд дорад, он на дар паси куҳи Қоф, балки дар Тоҷикистони соҳибистиқпол аст. Дар ҳудуди Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ…

    Муфассалтар »
  • Фотеҳ Ниёзӣ

    Адиби муборизу ватанпарвар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҳам бо қалам ва ҳам бо тиру туфанг алайҳи душман — фашистони хунхор ба по хест, ҷангиду ҷангид. Ниҳоят дастболо шуд, шахди галабаро чашид. Бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Тоҷикистони азиз, ҳамчун номаш, фотеҳ баргашт. Фотеҳ Ниёзӣ бо як ифтихору сарбаландӣ…

    Муфассалтар »
  • Халилуллоҳи Халили

    Халилуллоҳи Халили (1913 -1988) Халилуллоҳи Халилӣ яке аз шоирони тавонои асрии ХХ-и Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзабони мост. Шоир соли 1913 дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Фарҳангу адаб омухт ва дар ин ҷода марди фозил ғашт. Асарҳои таърихй, адабиётшиносии у дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ арзиши бузург…

    Муфассалтар »
  • Эраҷ Мирзо

    ЭРАҶ МИРЗО (1874-1926) Эраҷ Мирзо адиби бузурги Эронзамин аст. Ӯ дар Табрез соли 1874 чашм ба дунё кушод. Бобоёни ӯ шоҳони қоҷорӣ буданд. Вале ҳаргиз аз гузаштагони худ намеболид ва зиндагии фақирона дошт. Эраҷ Мирзо чунон марди фурутан ва хоксоре буд, ки ҳатто шоир будани хешро инкор ҳам мекард. Адиб…

    Муфассалтар »
  • Мирзо Турсунзода (1911 — 1977)

    Мирзо Турсунзода (1911 — 1977) Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони асри XX эътироф шуда, бо шоҳасарҳои ҷовидонааш дар байни халқҳои дунё шуҳрати хоса дорад. Ӯ соли 1911 дар деҳаи зебои Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав чашм ба…

    Муфассалтар »
  • Қаҳрамони Халқи Тоҷик — Темурмалик

    ҚАЛЪАИ ОБӢ ВА КИШТИИ САРПУШИДА Шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва районҳои дигари Мовароуннаҳр ва Хуросон дар ҳуҷуми Чингиз ба ҳоли худ гузошта шуда буд. Дар он ҷо аз тарафи султон Муҳаммад дастаи аскарони муҳофиз гузошта нашуда буд. Аҳолии он ҷо ҳам монанди аҳолии дигар ҷойҳои мамлакати султон ба дасти…

    Муфассалтар »
  • Абулфазли Майбадӣ

    Абулфазли Майбадӣ (Ваф. 1155) Абулфазл Рашидидцини Майбадӣ дар нимаи дувуми асри XI таваллуд ёфтааст. «Ӯ аз хурдӣ ба хондан шавқу завқ дошт ва пайваста ба омӯхтани илмҳои маъмули замонааш саъю талош мекард. Махсусан, илмҳои калом, ҳадис, фиқҳро дар назди донишмандони соҳибном ба хубӣ аз худ намуд. Пасон ба Бағдод рафта,…

    Муфассалтар »
  • Бадриддин Ҳилоли (1470-1529)

    Бадриддин Ҳилоли (1470-1529) Моро ба ҷафо кушта пушаймон шуда бошӣ? Хуни дили мо рехта ҳайрон шуда бошӣ? Ҳилолй Шаб торику зулмотӣ буд. Барои мардуми Ҳирот ин шаб, яъне шаби ҷумъаи соли 1529 як умр шаби бехосият хоҳад монд. Дору гир, доду фарёд, гиряю лобаи кӯдакону занон хомушии шабро халалдор мекард.…

    Муфассалтар »
  • Камолиддин Бинои (1453-1512)

    Камолиддин Бинои (1453-1512) «Мавлоно Биноӣ аз табақаи миёна аст. Ҷои таваллудаш шаҳри Ҳирот мебошад. Қобилияти ӯ багоят зиёд аст. Аввал ба таҳсил маилгул шуд. Дар ин соҳа рушди тамом ҳосил намуд, ба хат ишқ пайдо намуд, ба андак фурсат хеле хушхат гардид. Ба мусиқӣ майл намуд, зуд омӯхт ва оид…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

    Барои он, ки асари бадеиро аниқтар дарк кунед, аз нозукиҳои он огоҳ бошед, бояд моҳияти санъатҳои маҷоз, ташбеҳ ва тавсифро донед, аз худ намоед. Маҷоз. Равшан аст, ки аксарияти калимаю ибораҳо ба ғайри маънои аслӣ боз маънои маҷозӣ низ доранд. Яъне духӯра ҳастанд. Аз ин хотир дар грамматикаи забони тоҷикӣ…

    Муфассалтар »
  • Саъдии Шерози (1184-1292)

    Саъдии Шерози (1184-1292) Асарҳои Саъдӣ хазинаи суханҳои пурҳикматанд. Саъдӣ шоир ва нависандаи рӯйиҷаҳонист. С.Айнӣ Муслиҳидцин Саъдии Шерозӣ соли 1184 дар Шероз ба дунё омадааст. Пас аз таҳсили ибтидоӣ дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод хондааст. Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт. Ӯ дар бисёр шаҳрҳои Ирону Арабистон буда, ҳангоми сафар бо одамон ошно шуда,…

    Муфассалтар »
  • Аттори Нишопурӣ (1119-1221)

    Аттори Нишопурӣ (1119-1221) Абуҳомид Фаридуддин Аттор соли 1119 дар шаҳри бостонии Нишопур дида ба ҷаҳон бикшуд. Ӯ бештарин илмҳои замонашро омӯхт, шуҳрату мақоми хосса пайдо кард ва яке- аз пешвоёни тариқати тасаввуф гардид. Аттор умри зиёд дид ва соли 1221 аз дасти Чингизиён ба қатл расид. Перомуни қатли Шайх Аттор…

    Муфассалтар »
  • Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141)

    Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141) Аҳмад ибни Абулҳасан соли 1049 дар Ҷом ба дунё омадааст. Ба ҳамин хотир ӯ бо номи Аҳмади Ҷомӣ машҳур аст. Дар Афғонистон бо номи ин деҳ вилояти Ҷом низ мавҷуд аст. Аз он ҷо шахсиятҳои маъруфи фарҳангию адабӣ мисли Абдуллоҳи Ансорӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон сар боло…

    Муфассалтар »
  • Саъдуддини Варовини

    Саъдуддини Варовини Саъдуддин нависандаи хушзавқ ва донишманди тавоное будааст. дар нимаи дуюми асри XI ва нимаи аввали асри XII зиндагӣ кардааст. Нависанда илмҳои маъмули замонаро аз худ намудааст. Махсусан, аз таърих ва фарҳанги гузапггагони хеш огоҳии комил доштааст. Саъдуддин аз хурдсолӣ ҳикоёту масалҳои халқӣ, нақлу ривоят, зарбулмасалу мақоли мардумиро аз…

    Муфассалтар »
  • Низомулмулк

    Низомулмулк (1017-1092) Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсй, ки бо номи Низомулмулк машҳур аст, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тӯс гузаронида хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ аз худ менамояд.…

    Муфассалтар »
  • Пандхои судманд аз асарҳои насри

    Айби мардум бипуш! Ва дин ба дунё мафурӯш! Ҳар кӣ ин даҳ фазилат шиори худ созад дар дунёву охират кори худ созад: бо Худо бо сидқу бо халқ боинсоф; бо нафс бо қаҳру бо дарвешон ба лутф; бо бузурғон ба хидмату бо хурдон ба шафқат; бо дӯстон ба насиҳату бо…

    Муфассалтар »
  • Зафарномаи Абуали ибни Сино

    Дар рузгори Анӯшервони Одил1 ҳеҷ чиз аз ҳикмат азизтар набуда ва ҳукамои он аср ҳама парҳезгор будаанд. Як рӯз Анушервон Бузургмеҳрро талаб кард ва гуфт: — Мехоҳам сухане чанд муфид, дар лафз андак, маонӣ бисёр ҷамъ созй, чунон, ки дар дунё ва уқбо судманд бошад. Бузургмеҳр як сол муҳлат хост…

    Муфассалтар »
  • Абуали Ибни Сино (980-1037)

    Абуали Ибни Сино (980-1037) Имрӯз бикун чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ чу натвонӣ кардан. Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ сахт бемор гардид. Дар муолиҷаи ӯ табибон ноилоҷ монданд. Ҳарчанд саъю кушиш намуданд, бемор шифо намеёфт. Пас аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто мамлакатҳои дигар табибони номдорро даъват карданд, вале…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои назму наср ва радифу қофия

    Маънои назм ба низом даровардан аст. Назм бо якчанд хусусияти худ аз наср фарқ мекунад. Аввал, дорои вазн ва оҳанги махсус аст. Дувум, радифу қофия дорад. Масалан, барои исбот байти зерро аз назар мегузаронем: Хдр бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд, Бо бӯи гулу мушку насими суман ояд.…

    Муфассалтар »
  • Абуабдуллохи Рудаки

    Абуабдуллоҳи Рудаки (858-941) Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон, Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист. Низомии Арӯзӣ Гар саре ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ, Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ. Рашидии Самарқандӣ Бахорон буд. Ҳама ҷо ғарқи гул. Дар лаби анҳору боғу даман сабзаю себарга доман паҳн…

    Муфассалтар »
  • Хичо, Рукн ва Вазни Шеър

    Ҷумла аз калима ва ибораҳо сохта шуда фикри томро ифода мекунад. Калима бошад, аз ҳиҷо ва овозҳо сохта мешавад. Масалан, калимаи адабиётро гирем. Ин калима аз чор ҳиҷо иборат аст: а-да-би-ёт. Ҳамин тавр, дар калима микдори ҳиҷоҳо ба микдори садонокҳо вобаста аст. Бинед, дар калимаи адабиёт чор садонок омадааст (а,…

    Муфассалтар »
  • Луқмони Ҳаким

    Буд-набуд дар замонҳои қадим Луқмони Ҳаким ном як шахси донишманде буд. Як руз подшоҳи мамлакат Луқмони Ҳакимро ҷеғ зада гуфт: Мегӯянд, ки ту бисёр одами доною ҳунарманд ҳастӣ, як чизи нав соз, ки ҳеҷ вақт онро касе насохта бошад. Луқмони Ҳаким бисёр фикр карда тухми кирмакро ёфт, парвариш кард, пилла…

    Муфассалтар »