Фанни Адабиёт

Гулназар Келди

Гулназар Келди (соли таваллуд 1945)

image25

«Ҳар як асар барои офарандааш мисли фарзанди ҷиғарбанд азиз аст. Зеро он дар натиҷаи ранҷ кашиданҳо, бедорхобии шабҳо, кам кардани нури чашми бино эҷод мешавад».

Ба ҳамин маънӣ Иқбол мегӯяд:

Барги гул рангин зи мазмуни ман аст,

Мисраи ман, қатраи хуни ман аст.

Боз, иншои «Суруди миллй»-ро гӯед! Ин суруд бароям аз фарзандам ҳам азизтар, волотар, муқаддастар мебошад. Чунки ин суруди Тоҷикистони соҳибистиқлол, суруди тоҷики тоҷдор, тоҷики кӯҳантаъриху бофарҳанг аст. Ин пайки шодист, ки аз қалби миллионҳо мардуми тоҷик бурун ояд ва садою овозаш ба дунё танин андозад.

Вақте ки шумо, фарзандонам, «Суруди миллй»-ро зам-зама мекунед, ман ҳам бо шумо ҳамсадо мешавам, ман ҳам дар осмони беғубори Тоҷикистони азиз чун шоҳин бо шумо бол мезанаму бол мезанам ва шодам, ки ман онро эҷод кардаам, ин бахт насибам гардид.

Азизонам! Дар бисёр ҷамъомадҳо, маросимҳо бисёр касон, аз он ҷумла толибилмон аз ман мепурсанд: «Устод Гулназар, «Суруди миллй» чӣ хел ба вуҷуд омад?»

Бале, азизонам, ҳар як асар таърихе дорад. «Суруди миллй» ҳам.

Ёд дорам, ки 9-уми сентябри соли 1991 буду тирамоҳи зарринқабо бо тамоми шаҳомату бузургияш давр меронд. Анадар ҳамин фасли тиллоранг халқи тоҷик парчами истиқлолро баланд афрохт, истикдолият ба даст овард. Дар диёри тоҷикон субҳи шодӣ дамид. Аз ин пайки шодӣ ман дар курта намегунҷидам.

Роҳбарияти Тоҷикистони соҳибистиқлол пас аз ин барои эҷоди «Суруди миллӣ» озмун эълон кард. Ман ҳам миён бастам. Пеш аз иншои он, бори дигар таърихи гузаштаю имрӯзаи халқи азизамро омухтам. Панди бузургони миллатам: «Гуфтори нек, рафтори нек, кирдори нек»-ро барои хеш раҳнамо сохтам. Ҳамин тавр, қалам ба даст гирифтаму «Суруди миллй»-ро эҷод кардам. Ҳар як калима ва ҳар як мисраи шеърамро садҳо бор тагйир додам, ислоҳ намудам. Ниҳоят «Суруди миллӣ» болои қоғаз омад. Аммо азизонам, ман ҳаргиз бовар надоштам, ки дар байни ин қадар адибони тавонои миллат суруди ман дастболо мешаваду он «Суруди миллӣ»-и халқи бузургворам мегардад. Оре, мурғи Ҳумо гӯё болои сарам парвоз карду бахт ба рӯям хандид ва ман ба мурод расидам.

Шогирдони азиз, ба кадом нияту орзу иншо намудани «Суруди миллй»-амро баъдтар дар як рубоиям ин тавр ба қалам додам:

Эӣ халқи азизи ман, саломат боилӣ,

Парвардаи номусу шарофат бошӣ.

Аз ҷон гуфтам «Суруди миллӣ»-и туро,

То ҷур ба ҳам бошиву Миллат бошӣ!»

Дар домани кухҳои сарбафалак, дар соҳили дарёи пуртуғёни Зарафшон деҳаи хушманзараи Дардар ҷоӣ ҷойгир аст, ки бачагии шоири халқии Тоҷикистон Гулназар он ҷо гузаштааст. Падару модари деҳқонаш саводи қазоӣ надоштанд, аммо бисёр шеъру масалҳои халқиву китобиро медонистанд ва дар ҳар лаҳзаи муносиб аз онҳо истифода мекарданд.

Гулназари наврас аз пайи мол, барои ҷамъ кардани алаф ё барои сайругашт бо бачагони ҳамсолаш ҳама роҳу пайраҳаҳои куҳҳои атрофи деҳаашонро давр задааст, ҳар сангу ҳар бутта, ҳар чашмаву сойро ӯ медонист, ҳар паррандаи хушхонро аз садояш аниқу дақиқ мешинохт. Вай ошиқи зебоиҳои зодгоҳаш буд ва шеърҳои аввалинашро низ дар васфи деҳи зебояш сурудааст:

Дар бари кӯҳ аст деҳи Дардарам Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.

Ҷуӣ онро кӯҳ дар каф дошта,

«Марҳамат» гуяд ба ҳар як раҳгузар.

Муҳаббат ба ҳар гиёҳ, ҳар ниҳол, ба ҳар дараву такоб оҳиста-оҳиста ба муҳаббати бузург табдил ёфт.

Вакте ки ӯ ба Душанбе барои идомаи таҳсил омад, дарёфт, ки муҳаббати бузург низ ҳаст, ки одами комил аз он фориғ буда наметавонад. Донист, ки ба ҷуз меҳри деҳаи Дардар, меҳри бепоёне низ ҳаст, ки он ба Ватани азиз тааллуқ дорад. Шеърҳои шогирдонаш ва баъдтар сурудҳои баркамолаш, ки дар маҷмӯаҳои «Расми сарбозй»,»Нардбон», «Дастархон», «Лангар», «Пайи дарё», «Фасли огоз» ва даҳҳо номгуи дигар ба табъ расидаанд, аз меҳри Ватан ва модар саршоранд. Инсонҳоро ба покй, меҳнатдустй, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ҳидоят мекунанд.

Ҳамин меҳру муҳаббати беидцао сабаб гардид, ки Гулназар Келдӣ дар озмун дастболо бигардад. Оре, имрӯз «Суруди миллй»-и Тоҷикистони соҳибистиқполро аз хурд то калон, аз пир то ҷавон тараннум мекунанд ва ифтихор доранд.

Шоистаи гуфтан аст, ки «Суруди миллй» орзую умеди ҳазорсолаи миллати моро ифода мекунад:

Зи дурии замонаҳо расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем,

кашидаем.

Ин суруд соҳибватанонро ба муттаҳидию ягонагӣ ҳидоят менамояд. Ватан мисли баҳор ҳамеша шукуфост. Барои ободӣ ва бехазонии кишвар ва саодати мардум ҷоннисор бояд шуд, бовафо бояд буд:

Хазон намерасад ба навбаҳори ту,

Ки мазраи вафо бувад канори ту.

Хонандагони азиз, акнун навбати он расид, то шумо бо ҳам «Суруди миллй»-ро тараннум намоед. Гузашта аз ин, мазмун ва моҳияти ҳар як мисраи онро маънидод кунед.

Боз аз эҷодиёти шоири ширинкалом Гулназар чанд рубоиро пешкаш менамоем. Ин дастагулҳои тару тозаро хонед ва ҳаловат баред.

РУБОИЁТ

  1. Ширинии ҳарфи даҳанам, ҷон Ватанам, Атри нафаси ҳар суханам, ҷон Ватанам. Номи ту бас аст дар радифи шеърам,

То пеши фалак ноз кунам, ҷон Ватанам!

  1. Аз оташи ҷони ту гуфтам, гуфтам,

Аз сӯзи ниҳони ту гуфтам, гуфтам.

Муи сари ман ҷомаи пирӣ пупшд,

Аз ишқи ҷавонии ту гуфтам, гуфтам.

  1. Эӣ суруди садои ман, ту овозам деҳ,

Болу пари ман биёру парвозам деҳ. Тоҷикаму тоҷи кас набошад ҳавасам,

Оне, кӣ рабудаи зи ман бозам деҳ.

  1. Заррин нашавад зиндагӣ аз зар, ҳуш дор! Ширин нашавад зи шахду шакар, ҳуш дор! Сад дар бувадат хона агар суде нест,

Олам ду дар аст, эӣ бародар, ҳуш дор!

  1. Худро чу сухан ҳама расо бояд кард,

Чун оина хизмати сафо бояд кард.

Хоҳӣ, ки Сикандари замонат хонанд,

Саде ба раҳи нафс ба по бояд кард.

  1. Пинҳони ман аз аёни ту хуштар,

Хомушии ман аз баёни ту хупггар.

Фарёди баланду ҳиммати паст чӣ суд? Эҳсони ман аз они ту хуштар.

  1. Ғамҳои ту хӯрдаам, аҷаб беҳуда Дар ёди ту мурдаам, аҷаб беҳуда.

Чун шури Заравшону Бухорои хамуш Ҳасрат ба ту бурдаам, аҷаб беҳуда.

  1. Лоиқ! Лоиқ! Нумӯи миллат боқист,

Мастии ту дар сабӯи миллат боқист.

Аз гуши гарони нокасон боке нест,

Фарёди ту дар гулӯи миллат боқист.

  1. Ин булҳавасон зиндаву ошиқ мурда,

Имонхасакон зиндаву содиқ мурда.

Нафрин ба аҷал, ки бо бадон кораш нест,

Ту зиндаву ӯ зиндаву Лоиқ мурда.

  1. Номи туву номи ман намонад, эӣ дӯст,

Ҳаёти ману туро кӣ хонад, эӣ дӯст.

Ту шоири халқиву манам шоири халқ,

Як мисраи мо касе надонад, эӣ дӯст.

  1. Дил меҳри туро ба ҷон харад, ҷон Ватанам!

Чун тӯша ба фардо бубарад, ҷон Ватанам!

Бо ту нафасе агар маро хуш бигузашт,

Умри ту хуш гузарад, ҷон Ватанам!

  1. Ошиқ ба ҳаваси марғзорони туам,

Лабташнаи оби чашмасорони туам.

Аз чак-чаки борони зимистон хаста,

Муштоқ ба борони баҳорони туам.

  1. Боист зи санг лаъли худ биситонй,

Аз шохи умед бори худ бифшонй.

Нанг аст, ки косаи гадоӣ бикунй,

Як умр ту тоҷи шарафи Сомонй.

  1. Он, ки зи шараф тоқ кунад миллатро,

Шармандаи офоқ кунад миллатро.

Бингар ба куҷо расид кори ману ту Оқипадаре оқ кунад миллатро.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *