Фанни Адабиёт

Абуабдуллохи Рудаки

image4

Абуабдуллоҳи Рудаки
(858-941)

Он кас, ки шеър донад,

донад, ки дар ҷаҳон,

Соҳибқирони шоирӣ

устод Рӯдакист.

Низомии Арӯзӣ

Гар саре ёбад ба олам кас ба

некӯшоирӣ,

Рудакиро бар сари он шоирон

зебад сарӣ.

Рашидии Самарқандӣ

Бахорон буд. Ҳама ҷо ғарқи гул. Дар лаби анҳору боғу даман сабзаю себарга доман паҳн карда, назаррабоӣ мекарданд. Дарёчаи шӯхобе, ки аз назди деҳаи Рӯдак мегузашт, дар ин фасл сероб шуда, мисли тифлони ширмаст шухию бозй, ҷастухезиаш сад дар сад боло мерафт. Мурғон нағмасароӣ мекарданд. Оре, ҳама аз зиндагии хеш шоду масрур буданд.

/ Воқеан он рӯзҳо хурсандии ахди хонаводаи Муҳаммад ҳадду канор надопгг. Дар яке аз шабҳои чумъаи соли 858 дар хонадони ӯ тифли зеборӯяке чашм ба олам кушод. Ба ӯ Ҷаъфар ном гузоштанд. Касе намедонист, ки солҳо мегузараду овозаи шеъраш ба Бухоро — пойтахти давлати Сомониён мерасад. Уро ба дарбор даьват мекунанд, соҳибқирони шоирон, маликушшуаро мегардад. Номи деҳаи Панҷрӯд ё Рӯдакро машҳури оламиён мегардонад ва то абад сардафтари адабиёти тоҷику форс мемонад. Дар ҳаққи чунин бузургон хуб гуфтаанд:

Зиндаю ҷовид монд, ҳар кӣ накуном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр, зинда кунад номро.

ДАР БОРАИ МАРДИ, ОДАМГАРӢ ВА ОМУХТАНИ
ТАҶРИБАИ ҲАЁТ

  1. Гар бар сари нафси худ амирй, мардй,

Бар кӯру кар ар нукта нагирй, мардй.

Мардӣ набувад фитодаро поӣ задан,

Гар дасти фитодае бигирй, мардй.

  1. Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис1 туро ба кор ояд.

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рузгор,

Низ н-омузад зи ҳеҷ омӯзгор2.

Устод Рӯдаки дар Бухоро, дар ҳалқаи шогирдонаш. -48-

  1. Ин ҷақонро нигар ба чашми хирад3,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорй,

Киштие соз, то бад-он гузарй.

ХУШБАХТӢ

  1. Чаҳор чиз мар озодаро4 зи ғам бих(в)арад:

Тани дурусту хуи неку номи неку хирад.

Ҳар он кӣ эзидаш5 ин ҳар чаҳор рӯзй6 кард,

Сазад7, ки шод зияд® ҷовидону ғам нахварад.

ДАР БОРАИ ДОНИШ

  1. То ҷаҳон буд аз сари одам фароз9,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз10.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,

Роҳи донишро ба ҳар гуна забон Гирд карданду гиромӣ допгганд,

То ба санг андар ҳаме бингоштанд11 Дониш андар дил чароги равшан аст В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан12 аст.

  1. Ба чашми дилат13 дид бояд ҷаҳон,

Ки чашми сари ту набинад ниҳон.

Бад-ин ошкорат бубин ошкор14 Ниҳонатро бар ниҳон гумор.

  1. Эӣ дареғо, ки хирадмандро,

Бошаду фарзанд хирадманд не.

В-арчӣ адаб дораду дониш падар,

Ҳосили мерос ба фарзанд не.

Калимаю ибораҳои тоза

  1. Дафъи хаводис — бартараф кардани ҳодиса.
  2. Омӯзгор — устод, муаллим.
  3. Чашми хирад — ба маънои бофаросат, боакду заковат.
  4. Мар — ҳиссачаи архаистиест, ки пеш аз калимаи пасоянддор омада, маънои таъин ва таъкидро мефаҳмонад.
  5. Эзид-Худо.
  6. Рузй-насиба.
  7. Сазад — меарзад.
  8. Зияд — аз калимаи зистан, яъне зиндагӣ кунад.
  9. Фароз — баланд, ин ҷо ба маънои аз қадим боз.
  10. Бениёз — беэҳтиёҷ, номуҳтоҷ, ба касе мӯҳтоҷ набудан.
  11. Бингоштан — навиштан.
  12. Ҷавшан — либоси ҷангӣ.
  13. Чашмн дил — маънои чашми хирадро дорад.
  14. Маънои мисраъ: — Он чашме, ки ту дорӣ бо он маънии ботинро дарк карда наметавонй, яъне бояд ба воситаи хираду дониш ба ҷаҳон нигарӣ ва ҳодисаҳои онро биомӯзЯ.

ҲАР БОД, КИ АЗ СУЙИ БУХОРО БА МАН ОЯД

Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд,

Бо буйи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?!

Гуйй, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.

Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеҷ,

К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд.

ХАНДАИ ЛОЛА

Бихақцад лола бар саҳро Ба сони чеҳраи Лайло1.

Бигиряд абр бар гардун Ба сони дидаи Маҷнун2.

Зи оби ҷуӣ ҳар соат Ҳаме бӯи гулоб ояд.

Дар ӯ шустаст пиндорй,

Нигори ман рухи гулгун.

БАҲОРИ ХУРРАМ

Омад баҳори хуррам бо рангу буйи тиб3,

Бо сад ҳазор нузҳату4 ороиши аҷиб.

Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шабоб5 аз пайи мапшб6.

Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,

Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб.

Наффот барқи равшану тундар-ш таблзан,

Дидам ҳазор хайлу надицам чунин муҳиб.

Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб.

Хуршедро зи абр диҳад руӣ гоҳ-гоҳ Чунон ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб…

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳинно шуда хазиб.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб…

Калимаю ибораҳои тоза

  1. Лайло-Лайлй.
  2. Маҷнуя — Лайлӣ ва Маҷнун — номи қаҳрамонони достонҳои «Лайлй

ва Маҷнун»-и адибони классик.

  1. Тниб — бӯи хуш.
  2. Нузҳат — зебоӣ.
  3. Шабоб — чавонй.
  4. Машиб — гшрй. Маънии ин мисраъ: дунёи куҳна ҷавон шуд.

ЭӢ БУХОРО, ШОД БОШУ ДЕР ЗЙ!

Чунин овардаанд, ки Наср бинни Аҳмад … зимистон дар пойтахт — Бухоро мақом мегирифт ва тобистон ба Самарқанд мерафт ё ба шаҳре аз шаҳрҳои Хуросон. Инак, як сол навбати шаҳри Ҳарӣ буд. Ҳаво хуш буд ва боди сард ва меваҳо бисёр ва буиданиҳо фаровон ва лашкар аз баҳору тобистон истифодаи тамом ёфтанд…

Меҳргон — тирамоҳ даромад, вале дер кашид ва сармо қувват накард ва ангур бағоят ширин расид ва ҳар яке аз дигаре латифтар ва лазизтар.

Чун Наср бинни Аҳмад Меҳргон ва меваҳои онро дид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт, аз кишмиш ганҷинаҳо пур карданд… Амир дар роҳ бо лашкар ба ду деҳае даромад, ки ӯро Ғура ва Дарвоза мегуфтанд. Ҳар яке чун Биҳишти аъло ва ҳар яке боғ ва бустони хурраме дошт. Зимистон дар он ҷо монданд. Чун баҳор даромад, аспонро ба Бодғис фиристоданд, лашкаргоҳро ба Молин, ба миёни ду ҷӯ бурданд. Чун тобистон даромад, меваҳо пухтанд. Амир Наср гуфт:

— «Тобистон куҷо меравем, аз ин хуштар мақомгоҳе нест, Меҳргон меравем». Ва чун Меҳргон даромад, гуфт: «Меҳргони Ҳариро бихӯрем ва биравем» ва ҳамчунин фасле ба фасле меандохт, то чаҳор сол бо ҳамин аҳвол гузашт. Аз ин ҳол ҳама малул шуданд ва орзуи хонумон мекарданд. Подшоҳро диданд, ки дар сари ӯ ҳавасу ишқи Ҳарӣ бисёр аст ва дар аснои сухан Ҳариро ба Биҳишт монанд мекард ва ҳатто аз он ҳам бештар медонист. Баъд донистанд, ки амир нияти ин тобистон ҳам дар он ҷо мондан дорад. Пас, сардорони лашкар ва бузургони давлат ба назди устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рафтанд. Аз надимони подшоҳ ҳеҷ кас монанди ӯ мақбултар набуд.

Гуфтанд: «Санъате бикунӣ, ки подшоҳ аз ин хок ҳаракат кунад, Зеро дилҳои мо орзуи фарзандон ҳаме барад ва ҷони мо аз иштиёқи Бухоро ҳаме барояд».

Рудакӣ қабул кард. V миҷози амирро мешинохт, руӣ ба назм овард ва қаоидае бигуфт. Ба вақте ки амир хӯроки пагоҳӣ мехӯрд, ба наздаш даромад ва ба ҷои худ бинишаст ва чун мутрибон1 ҳозир буданд, чанг бигирифт ва дар пардаи «Ушшоқ» ин қасидаро огоз кард:

Устод РӯдакВ дар поёни умр ба зодгоҳаш — деҳаи Панҷрӯд бозмегардад. Дар ин лаҳза дустон — ҳамдеҳагонаш устодро хуш истиқбол мегиранд ва аз дидаю шунидааш панди рузгор мешунаванд.

Бӯйи Ҷуйи Мулиён ояд хаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.

Реги Омуву дурушти роҳи ӯ Зери поям парниён ояд ҳаме.

Оби Ҷайҳун аз нишоти руйи дуст Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Аӣ Бухоро, шод бошу дер зй,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме.

Мир сарв асту Бухоро бустон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.

Чун Рӯдакӣ бад-ин байт расид, амир чунон андуҳгин гашт, ки аз тахт фуруд омад ва бе муза поӣ дар рикоб оварду рӯӣ ба Бухоро ниҳод.

Аз «Чаҳор макола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ.

ДАР МАДҲИ УСТОД РУДАКӢ

Ба сухан монад шеъри шуаро,

Рӯдакиро суханаш талвиност2.

Шоиронро хаву3 аҳсант4 мадеҳ5,

Руцакиро хаву аҳсант ҳиҷост6.

Шаҳиди Балхӣ (асри X)

Киро Рудакӣ гуфта бошад мадеҳ,

Имоми7 фунуну8 суханвар бувад.

Дақиқӣ мадеҳ оварад пеши ӯ,

Чу хурмо ба пеши Хаҷевар9 барад.

Дакикӣ (асри X)

Ғазал Рӯдакивор некӯ бувад,

Ғазалҳои ман Рӯдакивор нест.

Агарчи бикӯшам ба борикӣ ҳам,

Дар ин парда андар маро бор нест.

Унсурӣ (асри XI)

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некушоирӣ,

Рудакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.

Шеъри ӯро ман шумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,

Ҳам фузун ояд агар он чунон, ки бояд бишмарй.

Рашидни Самарқандӣ (асрн ХП)

Калимаю ибораҳои тоза

  1. Мугрибов — ҳофизон, навозандагон.
  2. Галвино — хурмои пухтаи ранговарда.
  3. Хав — хуб, хуш, офарин.
  4. Ахсант — офарин ба ту.
  5. Мадеҳ — мадҳия, таърифу тавсиф.
  6. Ҳиҷо — ҳаҷв, масхара.
  7. Маънои ин қитьа чунин аст: шеърҳои шоирон ба сухан, вале шеърҳои

Рудакӣ ба хурмои пухтаи ранговарда монанд асг. Шоирони дигар таърифу тавсифро шеъри мадҳия шуморанд, ҳаҷву таъриф дар назари Рӯдакӣ шеъри нописанд аст. Имом ин ҷо ба маънои пешво ва бузург омадааст.

  1. Фунун — фанҳо.
  2. Ҳаҷевар — номи яке аз маҳалҳои серхурмо аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *