Фанни Адабиёт

Абуали Ибни Сино (980-1037)

Абуали Ибни Сино
(980-1037)

image7

Имрӯз бикун чу метавонӣ коре, Фардо чӣ кунӣ чу натвонӣ

кардан.

Нӯҳ бинни Мансури Сомонӣ сахт бемор гардид. Дар муолиҷаи ӯ табибон ноилоҷ монданд. Ҳарчанд саъю кушиш намуданд, бемор шифо намеёфт. Пас аз ҳар гӯшаю канори кишвар ва ҳатто мамлакатҳои дигар табибони номдорро даъват карданд, вале коре буд беҳуда, Нӯҳ чашм накушод ва беҳ нагардид. Дар ҳамин вақту соат, ба ахди дарбор ба хешу ақрабои Нуҳ мужда расид, ки дар Бухоро ҷавонест, ки дар илми тиб фозил асту комил, вале ҳануз хеле ҷавон аст ва таҷрибаи кофӣ надорад.

Бо вуҷуди ин ҷавонро, ки дар ҳақиқат 18 сол дошт, ба дарбор ба назди Нуҳ даъват карданд. Абуалӣ беморро дид, ташхис намуд ва ба табобат пардохт. Бемор рӯз то рӯз беҳ шудан гирифт ва ба по хест. Муддате нагузашту Нӯҳ пшфо ёфт, бардаму солим гашт. Дар назди амир ва аҳли дарбор Абӯалӣ соҳибиззату соҳибэҳтиром гардид. Пас Нуҳ Абӯалиро ба наздаш хонд ва бо камоли садоқату меҳрубонӣ ба ӯ гуфт:

  • Эӣ фарзанди арҷманд, дар ҳаққи мо хизмате кардӣ шоиста. Маро аз марг наҷот додй. Бигӯ, подоши ин хизматҳоят чӣ хизмате бароят кунам. Лаълу гуҳар мехоҳӣ ё ҷоҳу мансаб. Ба ҳамааш сазовор ҳастӣ.
  • Амирам, — гуфт ҷавон, — аз он чизҳое, ки ёд кардед, на инашро мехоҳаму на онашро. Вале аз Шумо ман як подоши дигареро орзу дорам. Бисёр мехостам, ки ба ман иҷозат диҳед, ки ба китобхонаи Салтанатии Шумо по гузорам, дари маърифатро ба рӯям боз кунед. Шоҳ, вазирону дабирон ва аҳлидарбор аз гуфтор, аз рафтору кирдори Абӯалӣ моту ҳайрон шуданд. Яке аз дарбориён ба Абӯалӣ бо таассуфу дард гуфт:
  • Эӣ ҷавони камдидаю камтаҷриба, бахтат омад карду ту онро пеши по задй! Аз амири хайрандешу уламопарвар молу сарват, ҷоху мансаб талаб мекардӣ беҳтар набуд? Ҳоло ҳам сари вакт аст, фардо пушаймон мешавй.
  • Ҳаргиз аз ин инъоми шоҳона банда пушаймон нахоҳам шуд. Дабири мухтарам, шоҳ бароям дари ганҷинаи донишро кушод. Ман аз он баҳра мегирам, ганҷҳо меофарам ва ин ганҷҳоро барои ворисонам, авлоду аҷдодонам мерос мегузорам. Онҳо мисли молу сарват нест намешаванд, балки ҷовидон мемонанд.

Амир Нӯҳ бинни Мансур дар ҳузури аҳли дарбор хазинадорро даъват кард ва ба ӯ амр намуд, ки калиди «Кохи хирад»-ро ба Абӯалӣ диҳад.

Солҳо гузашт. Абӯалӣ аз ин ганҷи маърифат барои хеш кохи донишу маърифат бунёд кард, асарҳои оламшумул офарид, ки онҳо барои ояндагон, ҳаммиллатон ва аҳли башар тӯҳфаи арзандатар аз дурру гуҳар, аз зару зевар ҳастанд.

Оре, аз рӯзгори ин марди хирадманд, Ки ӯро Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино мегӯянд, зиёда аз ҳазор сол гузашт. Вале имрӯз ҳам номи ӯ боиси шӯҳрату ифтихори мардуми мост. Сино

Мақбараи Сино дар Ҳамадон -61 —

соли 980 дар деҳаи Рометани наздикии Бухоро ба дунё омада ва соли 1037 дар шаҳри Ҳамадони Эрон вафот намудааст.

Мардум ба ин мардӣ бузург меҳру муҳаббати беандоза доранд. Дар бораи у нақлу ривоят, қиссаю ҳикоят, суруду тарона, роману достонҳо офаридаанд. Дар онҳо хирадмандй, ақлу заковат, донишу маърифати Абуалӣ ибни Сино бо камоли эҳтиром, бо садоқату самимият ба қалам дода шудааст, ки бепггари ин асарҳо ҳануз дар замони зиндагии Шайхурраис Ибни Сино дар байни халқ пайдо шудаанд. «Ал-қонун», «Китоб-уш- шифо», «Донишнома» барин асарҳояш чандин аср дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб ҳамчун китоби дарсӣ ба толибилмон хизмат кардаанд. Ҳоло ҳамчун намуна чанд нақлу ривоятҳои халқиро дар поён меорем.

ТАНГА ДАР ЗЕРИ КУРСЙ

Овардаанд, ки рӯзе амири Сомонӣ Абӯалиро имтиҳон карданӣ шуд. Ӯ ба пешхизматони худ амр намуд, ки дар зери чор пояи курсии Абӯалӣ чор танга гузоранд. Онҳо амри ӯро ба ҷо оварданд. Абӯалӣ омада, ба рӯи курсӣ нишаст, рӯӣ ба ҷониби осмон кард ва боз ба ҷониби замин нигоҳ карда, аз тааҷҷуб ва ҳайрат сари худро ҷунбонидан гирифт.

Амири Сомонӣ гуфт:

  • Ҳакими замонро чӣ чиз дар тааҷҷуб андохтааст, ки ин қадар мутаҳайиранд?’

Абӯалӣ гуфт:

  • Ман имрӯз чунин дармеёбам, ки тахти ман ба миқдори пушти корде баланд гапгга ё худ осмон ҳамон миқцор ба замин наэдик шудааст.

Амири Сомонӣ ва аркони давлаташ2 бар камоли ҳис ва эҳсосоти ӯ таҳсин ва офарин намуданд.

МОР ВА КОСАИ ШИР

Беморонро аз ҳар куҷо оварда, дар сари роҳи Абӯалӣ менишониданд. Вақто ки Абӯалӣ ҳар рӯз субҳ аз хонаи худ берун мебаромад, аввал ба як тараф нигоҳ карда, беморони дар ҳамон ҷониб нишастаро ҳолпурсӣ мекард ва мегуфт: «Ин фалон мариз аст, илоҷи вай ин аст». Дар вақти бозгапгган ба ҷониби дигар нигоҳ мекард ва бо дастури боло илоҷи беморонро муқаррар менамуд.

Рузе ба беморе бо диққат нигоҳ карда истода, дар бораи илоҷи дарди вай чизе нагуфт ва ба тарафи беморони дигар гузашта рафт.

Аз ин муомилаи Абӯалӣ ба он бемор ҳолати аҷибе руӣ дод. Вай аз зиндагонӣ тамоман дил канд ва аз сиҳат ёфтан дасг шуста, хоҳиш намуд, ки уро зуд бардошта ба хонааш баранд. Дар хона ба наздикони худ гуфт:

  • Эӣ азизон, дар фикри тобуту кафани ман бошед, кори ман нашуд. Абуалӣ донистааст, ки дарди ман илоҷпазир нест, бинобар он ба ман аҳамияте надода гузашта рафт.

Бемор ба марги худ интизор нишаста буд, ки аз сурохии кунҷи хона море берун шуд.Дар ҳамон вақт дар миёнаи хона косаи шир меистод. Мор ба оҳистагӣ худашро ба косаи шир наздик карда, шири косаро тамоман дам кашид. Пас аз чанде ба замин ғалтида печутоб хӯрд ва дубора даҳонашро ба лаби коса ниҳода, шири хӯрдагиашро тамоман қаӣ кард.

Вақто ки мор ба сурохии хона даромада аз назар пинҳон шуд, бемор ба чунин андеша афтод: «Чун ман мурданӣ шуда ва дигар умедворӣ надорам, ҳолам соат ба соат бад мешавад, беҳтар он аст,_ки ин ширро хӯрда ҷонамро аз азоб халос кунам».

У бо ҳамин фикр, ба пеш ҳаракат кард ва косаи ширро гирифта тамоман дам кашид. Вале, баръакси интизории бемор, дарди ӯ соат ба соат сиҳат ёфтан гирифт. Бемор дубора ба худаш умедворӣ пайдо кард. Баъд аз чанд рӯз, ҳангоме ки худашро тамоман дуруст ҳис кард, фармуд, ки уро дубора ба сари роҳи Абӯалӣ баранд, то ки ба он муомилаи Абӯалӣ эътироз баён кунад.

Хоҳиши ӯро ба иҷро расониданд. Вақто ки Абӯалӣ аз хона баромада уро дучор меояд, дар тааҷҷуб афтода мепурсад:

  • Эӣ мард, ту қайи мори афъиро аз куҷо ва ба чӣ кайфият пайдо кардй? Илоҷи касалии ту вобаста ба хӯрдани қайи мори афъӣ буд. Азбаски ҳосил кардани он бисёр душвор ва гайри мумкин буд, ман он рӯз ба касалии ту дахл накарда будам.

Марди бемор воқеаро ҳамон навъе, ки рӯӣ дода буд, нақл карда медиҳад.

ДАР РОҲ

Вақте ки Абӯалӣ Сино гуреза шуда мегаштааст, барои он ки ӯро касе нашиносад, ба як корвон ҳамроҳ шудааст. Корвониён дар роҳ бисёр доду фарёд ва ҷанҷол мекардаанд, ки ин боиси парешонии фикри Абӯалӣ гаштааст.

-63-

Шаб, вақте ки корвониён хобидаанд, Абӯалӣ зангӯлаҳои уштурҳоро бо як тартиби махсус гузоштааст. Пагоҳӣ, вақте ки уштурҳо ба роҳ даромадаанд, ҳамаӣ корвониён аз садои зангулаҳо аз нав хоб рафтаанд. Абӯалӣ аз магалу ҷанҷоли онҳо каме осуда гаштааст. Шаби дуюм, вақте ки корвониён боз хобидаанд, Абӯалӣ ин дафъа зангулаҳои уштурҳоро ба як навъи дигар гузонггааст. Пагоҳӣ, вақге ки корвон оа роҳ даромадааст, садои зангӯлаҳо корвониёнро ба ханда даровардааст ва онҳо тамоми роҳ хандидаанд. Шабӣ сеюм Абуалӣ зангӯлаҳоро боз ба як тартиби дигар бастааст, ки баъд аз он ҳамаи корвониён тамоми рӯз фақат гиря кардаанд. Шаби чорум, вақте ки Абӯалӣ машғули дигар кардани зангӯлаҳо будааст, корвониён ӯро дастгир кардаанд, аммо уро шинохта, бисёр иззату эҳтиром кардаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *