Фанни Адабиёт

Эраҷ Мирзо

ЭРАҶ МИРЗО
(1874-1926)

image19

Эраҷ Мирзо адиби бузурги Эронзамин аст. Ӯ дар Табрез соли 1874 чашм ба дунё кушод. Бобоёни ӯ шоҳони қоҷорӣ буданд. Вале ҳаргиз аз гузаштагони худ намеболид ва зиндагии фақирона дошт. Эраҷ Мирзо чунон марди фурутан ва хоксоре буд, ки ҳатто шоир будани хешро инкор ҳам мекард. Адиб дар ин бора чунин гуфта: «Ман ҳамеша шоир нестам ва ба навиштани шеър ҳеҷ гоҳ худро маҷбур намекунам. Баръакс ҳангоме, ки илҳомам меояд, ман ба он итоат мекунам».

Эраҷ Мирзо соли 1926 дар Теҳрон вафот кард. Адиб дар сурудани асарҳои хурди лирикӣ дасти тавоно дошт. Достони «Орифнома»-и Эраҷ пандуахлоқӣ буда, инсонҳоро ба покӣ, поквиҷдонӣ ва дигар хислатҳои ҳамида ҳидоят мекунад.

Махсусан силсилаи шеърҳои «Модарнома»-и Эраҷ Мирзо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардаанд ва сазовори мукофоти аввали озмуни байналхалқӣ гардидаанд. «Модарнома»-и адиб ба аксарияти забонҳои дунё тарҷума гардидааст.

Инак ба қироати шумо аз силсилаи «Модарнома», «Қадри модар»-ро бо ду шеъри дигар пешкаш менамоем.

ҚАДРИ МОДАР

Писар, рав қадри модар дон, ки доим Кашад ранҷи писар, бечора модар.

Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад Туро беш аз падар, бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.

Нигахдорӣ кунад нӯҳ моҳу нуҳ рӯз, Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.

Аз ин паҳлу ба он пахдӯ нағалтад, Шаб аз бими хатар, бечора модар.

Ба вақти зодани ту марги худро Бигирад дар назар, бечора модар.

Бишуяд кӯҳна, орояд наватро,

Чу камтар коргар, бечора модар.

Тамузу дай1 туро соат ба соат Намояд хушку тар, бечора модар.

Агар як атса ояд аз димоғат Парад ҳушаш зи сар, бечора модар.

Агар як сурфае2 беҷо намоӣ Хӯрад хуни ҷигар, бечора модар.

Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ Нахобад то саҳар, бечора модар.

Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту Надорад хобу хӯр, бечора модар.

Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ, Кашад ранҷи дигар, бечора модар.

Сипас чун по гирифтй, то наяфтӣ Хӯрад ғам бештар, бечора модар.

Ту то як мухтасар ҷоне бигирй3 Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.

Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.

Агар як рубъи соат4 дер ой,

Шавад аз худ бадар, бечора модар.

Набинад ҳеҷ кас заҳмат ба дунё Зи модар бештар, бечора модар.

Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,

Ки дорад як писар, бечора модар.

ИДИ НАВРУЗ

Иди Наврӯз аввали сол аст,

Рузи айшу нишоти атфол1 аст.

Ҳама он рӯз рахти нав2 пушанд, Чою шарбат ба хушдилӣ нӯшанд.

Писари хуб рӯзи ид андар Равад аввал ба хидмати модар.

Даст дар гарданаш кунад чун тавқ, Сару дасташ бибӯсид аз сари шавқ.

Гуянд: «Ин иди нав муборак бод, Сад чунин Соли Нав бубинӣ шод!».

Баъд ояд ба дастбуси падар,

Буса бахшад падар аз рӯи писар.

Писари бад чу рузи ид шавад, Мавқеи диду боздид3 шавад.

-245-

На падар дуст дорадаш на амӯ, На касе идӣ оварад бари ӯ.

Идӣ он рӯз ҳаққи он писар аст,

Ки наҷибу шарифу боҳунар аст.

ҚАДРИ УСТОД

Гуфт устод: «Мабар дарс аз ёд!» Ёд бод он чӣ маро гуфт устод!

Ҳеҷ ёдам наравад ин маънй,

Ки маро модари ман нодон зод.

Падарам низ чу устодам дид, Гашт аз тарбияти ман озод.

Пас маро миннат аз устод бувад, Ки ба таълими ман устод истод.

Ҳарчи медонист омухт маро, Ғайри як асл, ки ногуфта ниҳод.

Қадри устод накӯ донистан,

Ҳайф, устод ба ман ёд надод.

Гар бимурдааст, равонаш пурнур В-ар бувад зинда, Худо ёраш бод!

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *