Фанни Адабиёт

Тахкикоти академик оид ба таърихи сиёсии Хисори Шодмон дар асрхои XV-XVII

Академик Аҳрор Мухторов бо усулҳои зиёд дар Ҳисори Шодмон таҳқиқот бурдааст. Таърихи мулки Ҳисор бо таърихи дигар мулкҳои Осиёи Миёна, алалхусус Бухоро иртиботи мустақим ва қавӣ дорад, инро академик Аҳрор Мухторов ба инобат гирифта, дар он ҷо таҳқиқотҳо зиёд гузаронидааст. Аз ин лиҳоз соли 1969 китобчаи нахустини худро дар бораи Ҳисори Шодмон бо номи “Страницы истории Гиссара “аз чоп баровард.

Яке аз сарчашмаҳои таърихӣ ва адабии нодир оид ба Ҳисори Шодмон ин “Бобурнома” мебошад. Аз охири асри XV ва чаҳоряки аввали асри XVI муаллифи он Бобур Мирзо борҳо ба ин сарзамин сафар карда, дар Ҳисор ва шаҳрҳо тобеъи он иқомат ихтиёр намуд, бо ҳокимони Ҳисор ҷангида дар ҳал намудани қисмати чанде аз эшон саҳми асосӣ гузошт.

Ба таърихи қадима ва асримиёнагии Ҳисори Шодмон Бобоҷон

Ғафуров дар асараш “Тоҷикон” диққати махсус додааст.

Муаллифи дигари асри XVI Муҳаммадсолеҳ аз Бобур бо он фарқ дорад, ки ӯ воқеанигори дарбори Шайбонихон буд. Бо вуҷуди он мо аз “Шайбонинома”-и Муҳаммадсолеҳ ҳаддалимкон истифода кардем. Чунки муаллиф ҳамрикоби подшоҳ буд. Ӯ ҳамроҳи подшоҳ ба Ҳисор сафар намуда, аксар воқеаҳои таърихии асри XVI-ро бо чашми худ дидааст.

Яке аз сарчашмаҳои илмии асри XVII асари Хоҷа Самандари Тирмизӣ “Дастур ул- мулук” мебошад. Ҳарчанд, ки муаллиф нисбатт ба Ҳисори Шодмон маълумоти кӯтоҳ додааст, мо онро истифода намудем. Чунки муаллиф зодаи ҳамин мулк- Хонақо буд ва ахбори дарҷардаи ӯ аз ин лиҳоз шоҳиди бевоситаи воқеот буданаш аҳамияти калон дорад.

Аз адабиёти мавҷуда доир таърихи Ҳисори Шодмон даставвал тадқиқотҳои ховаршиноси бузурги рус академик В.В. Бартолдро мебояд номбар намуд.Ҳисори замонҳои мухталиф дар нӯҳҷилдаи маҷмӯаи асарҳои ӯ зикр ёфтааст. Мақолаҳои таърихии ин олим бо номи “Чағониён” ва “Ҳисор” дар ҷилди саввуми ин маҷмӯа дохил шудааст.

Нодиртарин сарчашмаҳои таърихӣ дар бораи таърихи сиёсии Ҳисори Шодмон дар асрҳои XV-XVII сарчашмаҳои таърихи иқтисодӣ, муносибатҳои обу замин, андоз ва дигар соҳаҳои равобити байниҳамдигарии мардум, аснод ё худ маҳзарот мебошад.

Дар замони ҳукумронии Имомқулихон дар Ҳисори Шодмон Давлатбий кенагас ҳукм меронд. Ӯ байни ҳокимони вилоятҳои дигари Бухоро мақоми хосро соҳиб буда, сиёсати ниммустақилро пеш мебурд. Ҳукумронии Давлатбий то соли 1642 давом кард. Баъди ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Нодирмуҳаммадхон дар вилоятҳо писарони ӯ ҳукумрон шуданд. Ҳисор ба Қиличмуҳаммад ном писари ӯ расид. Мулки дар асри XVIягонаи Ҳисор, дар замони ҳуумронии сулолаи Аштархонӣ ба қисмҳо тақсим шуда ба итоати Бухоро гузашт. Вале мубориза барои ҳокими Ҳисор шудан байни писарони Нодирмуҳаммадхон давом мекард. Писари саввуми ӯ Баҳром Султон оқибат ҳокими ин мулк шуд. Баъб аз ба сари ҳокимияти Бухоро омадани Абдулазизхон (1645-1680) байни хонҳои Бухоро ва Балх барои соҳиб шудан ба Ҳисор мубориза сар зад. Аз ин мубориза истифода намуда як муддати кӯтоҳ ҳокими Самарқанд Ҳисорро тобеъи худ гардонид.

Итоати мулки Ҳисор ба Балх, Самарқанд ва Бухоро доимӣ набуд. Дар охири асри XVII аз бесарусомонӣ ва беадолатии хони Бухоро истифода намуда Ҳисори Шодмон мустақилияти худро барқарор намуд.

Ҳисор яке аз вилоятҳои саркаш буд, соли 1703 лашкари Бухоро бо сардории Муҳаммадраҳимбӣ бо мақсади забти ин мулк вориди Ҳисор гашт. Рафтори густохонаи лашкари ӯ боиси хашму ғазаби мардуми Ҳисор гардид. Шӯриши умум оғоз ёфт, исёнгарон қароргоҳи лашкари Бухороро торумор карданд. Хабари нокомии лашкари Бухородар Ҳисор ба ҳокими Балх Муқимхон расид. Бо фарони ӯ лашкари Балх бо сардории Маҳмудбий атолиқ, моҳи фев

Феврали соли 1704 ба сӯи Ҳисор ҳаракат кард. Вале то омадани онҳо ҳокими Ҳисор Уткан додхоҳ лашкари гурезаи Бухороро таъқиб намуда, лавозимоти зиёди ҳарбӣ, чодару хайма ва асиронро ғанимат гирифт. Шикастхурӣ, дар Ҳисор хони Бухоро Убайдуллохонро руҳан азоб медод. Ӯ аз ноиттифоқии байнихудии қабилаи юз истифода намуда, ба сӯи Ҳисор лашкар равон кард. Ин навбат ҳам Балх бо мақсади ба итоати худ даровардани мулки Ҳисор лашкари сершуморро зери фармони Маҳмудбий равон кард. Ба ӯ муяссар гардид, ки лашкари Бухороро мағлуб намуда Дарвеш қушбегӣ, писари Фозилбийро ҳокими Ҳисор таъин намояд.

Баъд аз ронда шудани лашкари Бухоро бештар аз 50 сол Ҳисор ҳамчун мулки мустақил арзи вуҷуд намуд. Дар ин муддат бекҳои Ҳисор ҳамдигрро иваз мекарданд. Ба баъзеи онҳо муяссар мешуд, ки ба сарзамини ҳамсоягони худ лашкар кашанд.

Аз тарафи дигар хонҳо Бухоро мекӯшиданд, ки Ҳисорро мутеъи худ гардонанд. Дар лаҳзаҳои душвори таҳдиди душман Ҳисор иттифоқчии худро пайдо кард. Яке аз иттифоқчии ин мулк ҳокиму мардуми Ӯротеппа буданд. Чунки ҳамм дар Ҳисору ҳам дар Ӯротеппа сулолаи хонадони юзҳо ҳукм меронданд. Иттифоқи мустаҳками онҳоро воқеаи соли 1754 равшан аён кард.

Дар ҳудуди Ҳисор ҳазор нафар мардикорон бо амри хоҷагони ҷӯйборӣ кор карда, чорбоғ ва гулбоғ бино карда, заминҳоро обшор гардониданд. Барои обёрӣ кардани замини корами онҳо дар водии Ҳисори Шодмон даҳ ҳазор мардикор истифода шуд. Ба заминдорон чорво ва олоти корӣ тааллуқ доштанд. Дар заминҳои заминдорон деҳқонони чоряккор кор мекарданд.

Лозим ба ёдоварист, ки мулки Ҳисори Шодмон аз деҳаҳои гуногун таркиб ёфта, дорои аҳолии зиёд буд.

Сайёҳ ва кишваршиноси рус Д.Н. Логофет дар ибтидои асри бистум ба водии Ҳисор сафар карда, сафарномаи худро эҷод намудааст. Бояд гуфт, ки Ҳисори Шодмон қӯрғон ва арки мустаҳкам дошт.

Ба водии Ҳисори Шодмон қадами мубораки инсон аз замонҳои қадим расида буд. Ҳанӯз 40-50 ҳазор сол муқаддам дар ин марз одамон сукунат доштанд.

Дар давраи неолит водии Ҳисор маркази сераҳоли буд. Аз бисёр маҳалҳои он маскани одамоне пайдо гардиданд, ки 6-9 ҳазор сол муқаддам дар онҳо истиҷомат доштаанд. Олоти меҳнати эшон асосан аз санг сохта, хусусияти хоси худро дошт. Чунин масканҳо нафақат дар водии Ҳисор, балки дар бисёр гӯшаву канорҳои Тоҷикистон, бахусус минтақаи ҷанубии он мавҷуданд. Вале аввалин маротиба чунин масканҳо маҳз дар ҳамин ҷо пайдо карда шуданд. Аз ин лиҳоз маданияти бостонӣ номи “Ҳисор”- ро гирифт. Маскани тамаддуни Ҳисор дар назди худи Ҳисори ҳозира, дар тарафи ғарби қалъаи Ҳисор мавҷуд аст. Ин теппаи баланду тӯлоние дар канори дарёи Хонақо буда, дар байни аҳолии маҳаллӣ бо номи Теппаи Ғозиён машҳур аст. Аз рӯи замин, домана ва нишебии теппаи мазкур бисёр олоти сангин ба ном “Маданияти Ҳисор “ дарёфт карда шудаанд.

Дар тарафи шарқии қалъаи Ҳисор бошад, теппаи ба номи Тӯпхона мавҷудаст. Дар теппаи мазкур чор манораи похсагин маҳфуз мебошад, ки онҳо замоне тавассути деворҳо ба ҳам пайваста карда шуда, алҳол танҳо хоктеппае боқӣ мондаасту халос. Тибқи ривояти аҳолии таҳҷои, ин ҷо паноҳгоҳи беки Ҳисор буда, дар манораҳо тӯпҳо меистоданд, номи “Тупхона “ низ аз ҳамин ҷост. Дар худи Ҳисор, дар ҷабристони Тӯпхона, гӯрҳои аҳди Кӯшониён низ мавҷуданд. Дар байни онҳо якеаш фврқ мекунад: майит дар тобути сафолин гузошта шуда буд. Тобуд шакли тағораи деворҳояш амудиро дошт. Вай чандон дароз набуда, пойҳои майит ба девораи поёнаш қариб мерасид. Болои тобуд бо тобаи сафолини росткунҷа пӯшонда шуда буд.

Аз ҳудуди водии Ҳисори Шодмон осори ба дараҷаи баланди бадеӣ офаридашудаи қарнҳои охирини то милод пайдо карда шудаанд.

Ҳисор яке аз вилоятҳо саркаши аморати Бухоро буд. Мисоли равшани ин муборизаи халқи ин диёр воқеаҳои соли 1703мебошад.

Дар солҳои ҳукумронии Имомқулихон (1611-1642) дар аморати Бухоро Ҳисори Шодмон мақоми хосро соҳиб буда, сиёсати ниммустақил мегузаронд. Бинобар он хони мазкур бо роҳҳои гуногун, бештар бо қувваи лашкар ин мулкро мехост тобеъи худ гардонад.

Номи “Ҳисор” ва “Ҳисори Шодмон” аллакай дар таърихномаи Темур бахшидаи Шарофиддини Алӣ Яздӣ ёдрас мешавад. Баъди истилои муғул якчанд қабилаи турку муғул ба Осиёи Миёна, аз ҷумла ба ҳудуди Тоҷикистони Ҷанубӣ кӯч баст. Баъзе намояндагони ашрофони қабилаҳои турку муғул дар Ҳисор иқомат варзиданд. Дар маъхазҳои хаттӣ ҳини тасвири воқеоти қарнҳои XV-XVI Ҳисор ва Ҳисори Шодмон пурра ва муттасил номбар мешавад. Зиёда аз ин, дар қарнҳои XV-XVI дар Ҳисори Шодмон қӯрхона амал мекард ва дар тангаҳо низ маҳз номҳои Ҳисор ва Ҳисори Шодмон сабт гардидаанд. Вале номи кӯҳнаи вилоят ва шаҳри асосӣ “Шумон” билкул аз байн нарафт, танҳо шаклан тағйир ёфта, ба истилоҳи “Шодмон” табдил гардид.

Баъди вафоти Темур соли 1405 барои тахту тоҷ ва ҳокимият миёни ворисонаш мубориза оғоз ёфт. Писари хурдии Темур, Шоҳрух ғалаба кард. Вай ҳокими шаҳри Ҳирот буд, ӯ соли 1409 Самарқандро ба писараш Улуғбек дод, вай баъдҳо олими номӣ гардид. Ва худи ҳамон соли 1409 Ҳисорро ба шоҳзодаи хурдсол Муҳаммад Ҷаҳонгир дод, ки ӯ то худи вафоташ- то соли 1433 ҳокими ин вилоят буд.

Баъдҳо Ҳисори Шодмон амлоки шоҳзодаҳои мухталифи сулолаи Темуриён буд. Дар нимаи дуюми асри XV тадриҷан Султон Маҳмуд Мирзо, сипас ду писари ӯ- Султон Маҳмуд Мирзо ва Бойсунғур Мирзо ҳокимони Ҳисор гардиданд. Дар аҳди Султон Маҳмуд Мирзо яке аз амирони ӯ Хусравшоҳ бағоят шӯҳратманд гардид.Дар он замон вилояти Ҳисор дар доираи Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Афғонистони Шимолӣ ҳудуди калонеро дар бар мегирифт. Як вақтҳо вилояту шаҳрҳои мустақил, амсоли Тирмиз, Чағониён, Хуталон, Қундуз ва Бадахшон ба Ҳисор итоат мекарданд ва шаҳри асосии ин вилояти бузург Ҳисори Шодмон буд.

Дар асрҳои XV-XVI Ҳисори Шодмон пойтахти вилояти калоне буд, ки бо дигар давлатҳои Мовароуннаҳр дар як радиф истода, гоҳ барои ишғоли мулкҳои ҳамсоя лашкар мекашид, гоҳ барои нигоҳ доштани истиқлолияти худ бо мувафақият мубориза мебурд.

Бо ибораи дигар, нашъу намои Ҳисор, тараққиёти ин шаҳр, ҳамчун пойтахти як мулки калон, аз асри XIII ибтидо гирифтааст. Дар як муддати нисбатан кӯтоҳ- аз асри XIII то асрҳои XV-XVI Ҳисор тавонистааст истеҳкоми мӯътамад ва садди роҳи душманони тавоно ва сершумор гашта, ба пойтахти водии сернуфуз ва баъзе пойтахти мулкҳои ҳамсоя табдил гардад. Инчунин ин мулк як замон дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳр мақоми хос пайдо кардааст.

Ҳисор дар тӯли асрҳо баъзан мустақил, бахзан ниммустақил ва гоҳо пурра тобеи Балх ё Бухоро буд. Таърихи Ҳисор бештар дар бораи давлату давлатчаҳое, ки бевосита дар гирду атрофи он воқеъ буданд, алоқаи мустаҳками ногусастанӣ дошт. Масалан, дар он сарзамине, ки имрӯз бо номи водии Ҳисор маъруф аст, дар асрҳои VIII-X се вилояти таърихӣ мавҷуд буд: Шумон, Ахарун ва Чағониён.

Хонҳои Бухоро кӯшиш мекарданд, ки Ҳисор тобеи онҳо бошад. Истилогарони дигар низ ин мақсадро пеш мегузоштанд. Ҳамаи онҳо бо сабабҳо гуногун, вале мақсади ягона ин иқдомро доштанд. Мо баъзеи онҳонро дахл мекунем, аввало водии Ҳисор ва пойтахти он Ҳисори Шодмон мавқеи стратегиро соҳиб буд. Ин манзил калиди Хатлонзамин, Қаротегин ва Бадахшон буд. Ҳисорро дар ақибгоҳ гузошта лашкари ҳеҷ кадом аз истилогарон ба мулкҳои номбурда соҳиб шуда наметавонист. Дигар вилоятҳои ҷанубу шимоли водии Ҳисор ҳам бо таърихи ин мулк ҳамқисмат буданд.

Сабаби дигар ин сарвати Ҳисори Шодмон буд. Замини ин водӣ зархез аст, аз сабаби себоришӣ нисбат ба дигар вилоятҳо, дарҲисор ғалла тақрибан ҳарсола ва хуб мерӯид.

Мулки Ҳисор нисбат ба дигар хонигариҳо сернуфузтар буд ва ҳокимон имконият доштанд, ки аз аҳолии зери дасти худ андози зиёд ҷамъ оваранд, хазинаи худ ва амирро дар Бухоро аз сарвати ҳисориён бойтар гардонанд. Ин имконият яке аз сабабҳои ҷиддии ишғоли Ҳисор аз тарафи аҷнабиён ва феодалони дохили мамлакат буд.

Вале на ҳама вақт ба истилогарон имконият мешуд, ки ба мақсад расанд, яъне соҳиби мулки Ҳисор гарданд. Мардуми озодихоҳи ин води ба ҳар ҳоким сари итоат хам намекард, барои ҳифзи истиқлолият номусу шарафи худ, мардонавор ба муқобили онҳо мубориза мебурданд. Илова бар он, қалъаи Ҳисор, ки дар баландӣ ҷойгир буд, ба душман ба осонӣ таслим намегашт. Инро муаррихони асримиёнагӣ махсус қайд карда гузаштанд.

Сарвати Ҳисор имконият медод, ки ҳокимони ин мулк лашкари зиёдеро нигоҳ доранд, ки ҳам садди роҳи истилогарон гардаду ҳам имконияти ҳуҷум карданро ба дигар мулкҳо дошта бошанд. Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Солеҳ, Хусравшоҳ дар арафаи ҳуҷуми Шайбонихон ба Ҳисор аз мулкҳои гуногун то 30 ҳазор лашкарро дар мулки худ ҷамъ оварда буд.

Ҳар як мулк дар асри XVI барои аз хӯрокӣ ва лавозимоти ҳарбӣ таъмин кардани ин миқдор лашкар қудрат намеёфт. Ин натанҳо як сабабе буд, ки истилогаронро ба андеша меандохт ва инчунин аз сарвату шавкати ин мулк ва ҳокими он гувоҳӣ медод. Сабабҳои дигари истилои Ҳисор низ ҳастанд. Баъзе сабабҳои муборизаи дар Ҳисор ва атрофи он рухдодаро Бобур баён кардааст. Мувофиқи маълумоти Бобур, ҳокими Ҳисор Қамбаралибек миёнаи асри XV тобеи Самарқанд буд. Ӯро Султон Абӯсаид Мирзо ба Ҳиндустон, баъд барои ишғоли Ироқ ҳамроҳи худ бурдааст.

Аз солҳои 1497-1498 Ҳисор дар зери ҳокимияти Хусравшоҳ буд. Ӯ Қундузро қароргоҳ интихоб намуда хостааст, ки Балхро ба тасарруфаш дарорад.

Вазъи сиёсии Ҳисор дар нимаи дуввуми асри XVI.

Аз воқеаҳои нимаи аввали асри XVI дар ҳудуди Ҳисор рух дода ба хулоса омадан мумкин, ки таърихи ин мулк бо мулкҳои ҳамсоя, алалхусус таърихи шаҳрҳои Мовароуннаҳр Бухорову Самарқанд муштарак аст. Ин ҳамбастагии мулкҳои гуногуни тоҷикон қонунияти хосро дорост. Чунки ҳодисаҳои дар Ҳисор ҷараёнёфта барои пойтахти Темуриён шаҳри Самарқанд ё калонтарин ва бонуфузтарин шаҳр Бухоро, бе оқибат намешуд. Акси ҳол воқеоти дар ин сарзаминҳо ҷой дошта, барои водии Ҳисор таъсири худро мерасонид, сабаби лашкаркашӣ, ивазшавии ҳокимон, ҳатто сулолаҳо мегашт.

Дар замони ҳукумронии Султон Маҳмуд Мирзо Ҳисори Шодмон, Қундуз, Бағлон, Бадахшону Хатлон тобеи ӯ буданд. Бародари ӯ Султон Аҳмад Мирзо, ки дар Самарқанд ҳукм меронд, соли 899 ҳиҷрӣ вафот кард ва Султон Маҳмуд Мирзо аз Ҳисор ба Самарқанд омада ба ҷои бародараш тахтнишин гашт. Мулки Ҳисор ба писари ӯ Султон Масъуд Мирзо расид. Вале баъди шашмоҳи ҳукумронӣ Султон Маҳмуд Мирзо вафот кард.

Муттаҳидии мулкҳои тобеи Ҳисор то истилои Шайбонихон, яъне то соли 1504 давом кард. Баъди забти ӯ ин мулк ба ҳиссаҳо тақсим шуда Ҳисор ва тобегии он ба бародарон Ҳамза Султон ва Маҳдӣ Султон расиданд. Маҳдӣ Султон ва Ҳамза Султон баъзан ба Бобур таваҷҷӯҳ зоҳир карда бошанд ҳам, соли 1511 дар ҷанги назди Пули Сангин мағлуб шуданд.

Бобур Ҳисорро ба тасарруф дароварда, онро барои мақсади асосии худ, фатҳи Самарқанд, хамчун такягоҳ истифода бурд. Ӯ тавонист, ки мулкҳои собиқ тобегии Ҳисор Кӯлоб, Қундуз ва Бадахшонро зери даст намояд.Соли 1512 Бобур шикаст хурд. Бобур боз ба Ҳисор гурехт, хони хонадони шайбонӣ Кунҷкунҷихон ба Ҳисор лашкар кашид, бинобар он Бобур маҷбур шуд, ки ба Қундуз равад.

Вақте, ки Бобур бори дигар аз ёрии лашкари Эрон истифода намуда, ҳамроҳи Наҷми Сонӣ дар назди Ғиждувон худи ҳамин соли 1512 бори дигар шикаст хурд, ӯ боз ба Ҳисор омад. Бобур акнун обрӯ ва умеди худро барбод дода аз Ҳисор ба Кобул меравад. Дар Ҳисор писарони Ҳамза Султон ва Маҳдӣ Султон ба сари ҳокимият омаданд.

Моҳи октябри соли 1573 Абдуллохон ба Ҳисор ба муқобили Ҳошим Султон лашкар кашид. Пеш аз ин Абдуллохон ба номи Ҳошим Султон ба дасти Аҳмадхоҷа атолиқ нома фиристода, чунин талабҳо гузошт: Ҳошим Султон мебояд ба муқобили ҳокими Бадахшон Шоҳсулаймон лашкар кашад; Фақир Султон аз мулки Ҳисор ронда шавад.

Мақсади ин талабот заиф гардонидани душманони худ, ҳокимони Ҳисору Бадахшон ва сабук намудани ишғоли ин мулкҳо аз тарафи лашкари Абдуллохон буд. То ишғоли қалъаи Ҳисор Абдуллохон ба бемори гирифтор гардид. Ӯро Мавлоно Абдулҳаким писари мулло Султонмаҳмуди табиб муолиҷа кард. Оқибат мардуми дохили Ҳисор ба хулоса меоянд, муқобилият бефоида, мебояд сулҳ талаб кард. Вале Абдуллохон хоҳиши сулҳро рад карда, барои ишғоли қалъаи Ҳисор фармон дод. Ин иқдоми хон сабаби ноиттифоқӣ дар байни муҳофизатчиёни дохили қалъа гашт. Баъзе аз султонҳои ҳамсояи Ҳошим Султон ба мисли Абдолбий ҷушчӣ худро аз девори қалъа берун карда ба бародари Абдуллохон Ибодулло Султон тасли мешавад. Моҳи июли соли 1574 лашкари пешсафи Абдуллохон ба ҳуҷуми қатъи гузашта баъзе бурҷу борҳои қалъаи Ҳисорро ишғол намуданд. Онҳо нардбонҳо монда аз болои девор ба поён бандҳо партофтанд. Ҳокими Ҳисор Ҳошим Султон ҳамроҳи Муҳаммадшариф Султон асир шуданд. Хоҷа Муҳаммад Султон писари Темурхон аз Абдуллохон илтимос намуд, ки Ҳошим Султонро ба ихтиёри ӯ гузорад, то аз ӯ хунбаҳо гирад.Абдуллохон ба ин кор розӣ шуд ва ҳокими Ҳисор қатл гардид.

Ховаршинос В.В. Бартолд доир ба таърихи сиёсии Ҳисори Шодмон дар асрҳои XI-XV низ маълумот додааст. Бинобар ахбори ин муҳаққиқи барҷаста дар нимаи аввали асри XI ҳокимони Ҳисор маҷбур шуданд, ки ҳокимияти Ғазнавиёнро эътироф намоянд. Пас аз ин дар соли 1059 бо созишномаи сулҳ Балх ба Салчуқиён пурра тобеъ шуд. Дар соли 1064 дар вилоятҳои Ҳисор ва Хатлон шӯриш ба амал омад, ки он аз ҷониби Алп-Арслон фурӯ нишонда шуд. Дар маъхазҳои таърихӣ, дар асри XII Ҳисор гоҳе ҳамчун мулки Самарқанд ва гоҳе чун ҷузъи давлати Ғуриён зикр гардидааст. Аз давраи истилои муғул Ҳисор рӯ ба таназзул ниҳод. Ҷанбаҳои маданияти моддии Ҳисор дар асрҳои миёна мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор наёфтааст. Дар маъхазҳои таърихи Ҳисор бори нахуст бо номи Шумон ва аз асри XVI ҳамчун Ҳисори Шодмон зикр шудааст. Шумон яке аз қадимтарин шаҳр ва вилоятҳои таърихиву фарҳангие, ки дар ҳудуди ҳозираи Ҳисор ҷойгир шуда ба ҳисоб мерафт.

Истилои Ҳисори Шодмон, ё Ҳисор дар таърихи Темур зикр шудааст. Қайд кардан зарур аст, ки Ҳисор дар замони Темуриён ва Шайбониён ҳамчун қалъаи мустаҳкам ва қароргоҳи ҳокимони мустақил аҳамияти худро нигоҳ дошта тавонист. Дар ин давра дар ин мулк баъзе пешравиҳо ба амал омаданд, ки дар маъхазҳои хаттӣ ва тадқиқотҳо ёд гардидаанд.

Дар нимаи дуюми асри XV вилояти Ҳисор дар давраи Султон Маҳмуд Мирзо то Ҳиндукуш ҳудуди зиёдеро дар бар мегирифт. Вале дар замони Темуриён Ҳисор ҳамчун вилояти камнуфуз ба ҳисоб мерафт, зеро ҳангоми ҷанги охирони байни Темуриён ва ӯзбакҳо Ҳисор ниҳоят хароб гардида буд. Баъдан Ҳисор ба зери тобеияти қабилаи туркманҳои юз дохил мегардад. Аз аввали асри XVII то соли 1869 мулкдорон дар Бухоро ба воситаи шамшер беки Ҳисорро дар муҳлати на он қадар тӯлони тобеи худ гардонидаанд.

Чуноне маълум аст шаҳри Ҳисор дар асри XV маркази сиёсиву иқтисодии Бухорои Шарқи ба ҳисоб рафта, дар он ҷо амирзодагон, наздиктарин хешу таборони амир ҳоким таъин карда мешуданд.

Дар асрҳои XVI-XVII Ҳисор дар ҳайати давлати Шайбониён забташ соли 1504, Аштархониён забташ солҳои 1601 1602 дохил гашта буд, аммо мустақилияти нисбии худро нигоҳ медошт. Дар асри XVII дар Ҳисор қабилаҳои юз мустақилона ҳукумронӣ мекардаанд. Танҳо забти манғитиёни Бухоро солҳои 1756-1757 Ҳисорро ба зери тасарруфи аморати Бухоро дароварданд.

Баъди ишғоли Ҳисор аз тарафи Абдуллохон соли 1575 султонҳои ин мулк Фақир Султон, Маҳдӣ Султон, Муҳаммадшариф Султон, Муҳаммадқосим Султон ба Абдуллохон сари итоат наоварда, ба ҳузури Бобо Султон мераванд. Бобо Султон қобилияти ҳисориёнро ба инобат гирифта онҳоро қабул кард. Султонҳои Ҳисор ҳамроҳи баъзе аз писаронашон дар сафи пеши лашкар гузошта мешаванд.

Таърихи сиёсии мулки Ҳисор дар нимаи дувюми асри XVI бо ҳаракатҳои забткоронаи хони тавонои Бухоро аз хонадони сулолаи Шайбониён Абдуллохон ниҳоят марбут аст. Дар ҳама ҳолат Абдуллохон бе ишғоли Ҳисор давлати ягонаи мутамарказ ташкил карда наметавонист. Ба ӯ ҳам Ҳисор зарурат дошту ҳам лашкари ҷангиву мусаллаҳион, истеҳкомҳои қавии қалъаи Ҳисор, лашкари умедбахши он, нуфузи зердасти ҳокимони ин мулк ба онҳо имконияти фароҳам меорад, ки баъзан натанҳо аз итоати хонҳои Бухоро бароянд, балки барои барои васеъ намудани сарзаминашон лашкар кашанд ё барои заиф гардонидани душманони худ, бо ҳокимони як мулк ба муқобили дигараш иттифоқ банданд. Ин навъ сиёсат барои нигоҳ доштани истиқлолияти онҳо як андоза кӯмак мерасонид. Чунки маркази нотавон ё ҳамсоягони заифгашта ба истиқлолияти Ҳисор таҳдид карда наметавонист.

Ҳисор аз нуқтаи назари иқтисодӣ ҳам як андоза мустақилияти худро дошт. Инро аз зарби пулҳо эҳсос кардан мумкин. Дар охири асри XV ва аввали асри XVI дар ҳудуди мулки Ҳисор дар ду шаҳр пул зарб мешуд: Ҳисор ва Хуталон.

Сохтмони зиёди биноҳои гуногунро дар Ҳисор аз чунин маълумот низ тасаввур кардан мумкин. Муаллифи асари асри XVI навиштааст, ки дар Ҳисор чӯби иморатро дар кӯҳҳо тайёр карда, мавсими тирамоҳ баъди хушкидани он, бо ҷуфти гов ба манзили муқарарӣ , яъне ҷои сохтмон мерасонанд. Шоҳиди ин нукта инчунин тасвири ду ҳокими Ҳисор дар маноқиби шайхи номбурда аст.

Муаллифи “ Ҷодат ул-ошиқин” ду нафар султони Ҳисорро номбар кардааст, ки яке аз онҳо Қилич Қаро Султон валади Кистан Қаро Султон буд. Ин ном дар таърихи Мовароуннаҳр ва Балх бори аввал маълум мешавад. Дар “Ҷодат ул- ошиқин” султони дигари Ҳисор нисбат ба Қилич Қаро Султон муфассалтар тасвир ёфтааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *