Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Абӯалӣ ибни Сино (980-1037)

    Абӯалӣ ибни Сино (980-1037) Яке аз бузургтарин нобиғаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамаи давру замонҳо олими мӯтабахҳири тоҷик Абӯалӣ ибни Снно буд, ки дар охири асри X ва аввали асри XI зиста, дар соҳаҳои ниҳоят гуногуни илм, хусусан дар инкишофи фалсафа ва тибби дунё саҳми босазое гузоштааст. Вай парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд.…

    Муфассалтар »
  • Ахмад Дониш (1826-1897)

    Ахмади Дониш соли 1827 дар Бухоро дар оилаи мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Падари вай аслан аз тумани Шофирком буд ва дар чавони барои тахсили илм ба Бухоро омада, дар хамин чо мадрасаро хатм мекунад ва аз хамин чо хонадор мешавад. Дониш тахаллуси адабии Ахмад буд. Гайр аз ин, уро…

    Муфассалтар »
  • Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ

    Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ шоири бузурги ватандӯсти асри 10 аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» 317 ҳиҷрӣ (929-930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷои таваллудаш маълум нест. Дар тазкирахо Самарканд, Балх, Бухоро, Тӯс қайд кардаанд. Фаъолияти эҷодии ӯ аз доираи адабии ҳокимони Ҷағониён (водии Ҳисору Сурхандарё),…

    Муфассалтар »
  • Камоли Хуҷанди (1318/21-1401)

    Камоли Хуҷанди (1318/21-1401) Гар бичуянд ба сад карн наёбанд, Камол, Булбуле чун ту хушилхон ба чаманҳои Хуҷанд. Камоли Хуҷанди шоири ғазалсарои форсу тоҷик, дар аввалҳои асри XIV, дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ҳамшаҳриҳои ӯ бо сари баланд хонаи Камоли Хуҷандиро нишон медиҳанд. Ҳозир дар ҷои хонаи ӯ меҳмонхона пӯшида шудааст. Ҷавониаш…

    Муфассалтар »
  • Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

    Ҳаст доим салтанат дар маърифат, Ҷаҳд кун то ҳосил ояд ин сифат, Ҳарки масти олами ирфон бувад, Бар ҳама халқи чаҳон султон бувад. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз олимони бузурги фалсафа, илоҳиёт, адиби ширинсухани форсу тоҷик ва Ҳинду Покистон ба шумор меравад. Мутаассифона, ҳаёт ва фаъолияти эҷодӣ, шахсияту мартабаи…

    Муфассалтар »
  • Низомии Ганҷавӣ (1141-1209)

    Низомии Ганҷавӣ (1141-1209) Абӯмуҳаммад Илёс ибни Юсуф ибни Закии Муайид (1141, шаҳри Ганҷа ҳозира Кировободи Озорбойҷон ҳамонҷо), шоир ва муттафаккир, яке аз устодони соҳибмактаби шеъру адаби форсу тоҷик. Абумухаммад Илёс ибни Юсуф Закии Муайяд мутахаллис бо номи Низомӣ шоир ва мутафаккири бузург, бунёдгузори мактаби хамсанависи мебошад. Ӯ соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд ёфтааст.…

    Муфассалтар »
  • Садриддин Айни (1878-1954)

    Садриддин Айни (1878-1954) Асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қахрамони Тоҷикистон Садриддин Айни 15-апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи ноҳияи Гиждувон, вилояти Бухоро ба дунё омадааст. Падари устод Саидмуродхоҷа, ки соҳиби хату савод буд, яке аз одамони болаёқат ва зарофатманди қишлоқ ба ҳисоб мерафт. Саидмуродхоча ҳамеша кӯшиш мекард, ки донишу таҷрибаи…

    Муфассалтар »
  • Сайидои Насафи

    Дар фикри дона мурчае буд даргузар, Омад ба шеъру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоки мурчагон гофили магар В-арна чаро хакир шуморию нотавон? Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбхои хунарманди пешаи бофандаги ривоч дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосворихои арзонбахое тайёр мекарданд, дар он рузгор сохибиззат…

    Муфассалтар »
  • Саъдии Шерозӣ (1184-1292)

    Муcлиҳиддин Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Мушрифиддин ибни Муслиҳиддин Саьдии Шерозӣ соли 1184 дар маркази Форс – шаҳри Шероз ба дунё омадааст. Аз рӯи гуфтаи худи Саъдии Шерозӣ хонаводаи ӯ ба табақаи зиёиён тааллуқ дошта, падару бобоёнаш аз арбобон ва донишмандони дин будаанд: Ҳама кабилаи ман олимони дин буданд, Маро муаллими ишқи…

    Муфассалтар »
  • Умари Хайём ( 1048 -1131)

    Гар бар фалакам даст буди чун Яздон, Бардоштаме ман ин фалакро зи миён. В-аз нав фалаке дигар чунон сохтаме, К-озода ба коми дил расиди осон. Аз рӯи толеъномаи Умари Хайём ҳисоб карда шудааст, ки ӯ 18 майи соли 1048 дар шаҳри Нишопур таваллуд шудааст. Нишопур яке аз шаҳрҳои асосии саньати…

    Муфассалтар »
  • Унсурмаолии Кайковус

    Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт, В-ар ҳамчу Сулаймон шави аз давлату бахт. Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт, К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт. Унсурмаолии Кайковус ибни Искандар ибни Кобус ибни Вушмагир дар ибтидои асри XI таваллуд шуда, то охирҳои ҳамин аср умр ба сар…

    Муфассалтар »
  • Фариддудин Аттор (1145 — 1221)

    Аттор Фариддудин Абуҳомид Муҳаммад ибни Абубакри Иброҳими Нишопурӣ шоири ориф ва суханвари мумтози форcу тоҷик, соли 1145 дар деҳаи Кадкани атрофии Нишопур таваллуд шудааст. Падараш Абубакр ибни Иброҳим аттор ва табиб буд. Аттор низ ба атторӣ ва табибӣ машғул шудааст. Аз ин сабаб ӯ дар миёни мардум бо номи «Аттор”…

    Муфассалтар »
  • Хусрави Деҳлавӣ (1253 — 1325)

    Амир Хусрави Деҳлавӣ, ки аз номовартарин ва пурмаҳсултарин суханварони адабиёти форсист, дар густариши адабиёти форси Ҳинд ва реша паҳн кардани унсурҳои асосии он бештар аз ҳама хизмат кардааст. Агар тахсини шеъри хештан бар дасти хеш хасти, Ҳама кас хештанро Рӯдакию Унсури хонад. Вале ғаввоз аз дарё гуҳар берун кашад, аммо,…

    Муфассалтар »
  • Ҳофизи Шерозӣ (1321-1390)

    Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ соли 1321 дар шаҳри Шероз, ки даҳҳо адибони забардаст аз хоки он хестанд, ба дунё омада, тамоми умр дар он ҷо зистааст. Номи шоир Шамсиддин Муҳаммад ва тахаллусаш Ҳофиз аст. Сабаби «Ҳофиз’’ тахаллус гирифтани шоир он аст, ки ӯ Қуръонро аз ёд медонист ва ба 14 навъ…

    Муфассалтар »
  • Ҷалолиддини Румӣ. Эҷодиёти Руми(Балхи)

    Ҷалолиддини Румӣ Нардбони осмон аст ин калом, Ҳар ки з-ин дар меравад ояд ба бом. Не ба боми чарх, к-у аҳзар бувад, Бол ба Боме, к-аз фалак бартар бувад. Шод бош, эй Балху эй фарзанди Балх, Эй меҳин фарзанди бемонанди Балх. Шод бош, эй Куния, эй хоки ишқ, К-аз ту…

    Муфассалтар »