Абулфазли Майбадӣ
(Ваф. 1155)
Абулфазл Рашидидцини Майбадӣ дар нимаи дувуми асри XI таваллуд ёфтааст. «Ӯ аз хурдӣ ба хондан шавқу завқ дошт ва пайваста ба омӯхтани илмҳои маъмули замонааш саъю талош мекард. Махсусан, илмҳои калом, ҳадис, фиқҳро дар назди донишмандони соҳибном ба хубӣ аз худ намуд. Пасон ба Бағдод рафта, аз фақеҳони шинохта дарс гирифт ва дониши хешро васеъ ва мукаммал сохт.
Абулфазли Майбадӣ соли 1155 вафот кард. Ӯ асарҳои зиёд доир ба тасаввуф иншо кардааст. Бузургтарин асари Абулфазл «Кашфуласрор» мебошад. Донишманд ин асари бузургро дар давоми солҳои тӯлонӣ эҷод карда, онро соли 1126 ба итмом расонидааст. «Кашфуласрор» тафсири сураю оятҳои «Қуръон» аст. Муаллиф ҳангоми тафсири оятҳои ин китоби муқаддас, аз ҳадисҳои Расули Акрам, аз рузгори хулафои Рошидцин, шайхони мӯътабар, фақеҳони ба ҳақрасида ва ба хусус, Абдуллоҳи Ансорӣ нақлу ҳикоятҳои дилангез овардааст, ки ҳоло аз ҳамин китоби мӯътабар — «Кашфуласрор» бароятон чанд ҳикоятеро меорем.
Насиҳат кардан ва шафқат намудан аз ҳеҷ мусулмон боз нагирӣ ва худро аз ҳама кас камтар донӣ ва ҳаққи ҳама кас фаро пеши хеш дорӣ ва инсоф ҳама аз худ бидиҳй, то исори ҳусни ахлоқ бошад. Аз хилофу маъризааи1 бародарон ва дуруғзан кардани эшон бипарҳезй. Эшонро сухани дурушт ва ҷавоби нохуш нагуйи.
Юсуф Хусайни Розӣ аз Зуфнуни Мисрй2 пурсид:
- Бо кӣ сӯҳбат дорам?
Гуфт:
- Сӯҳбат бо касе кун, ки мар ӯро мулк набувад. Яъне, он чӣ дорад бо худ надорад. Ҳар ҷо хусумат аст, аз он афтодааст. Туву ман дар миён аст. Чун туву ман аз миён бархезад, ҳеҷ хусумат намемонад.
Гуфто:
- Мардеро зане буд ва дар кори ишқи вай нек рафта буд. Ва он занро сапедие дар чашм буд. Ва мард фарти (ба хотири)
Эшон савганд хӯрданд, ки бомдод пинҳон аз дарвешон раванд ва мева чинанд. Ва он гоҳ дар хоб шуданд. Раббулоламин он шаб оташе фурӯ кушод, то ҳар чӣ дар он бустон буд ҳама бисӯхт ва хокистар гардид. Ва эшон аз он ҳолу аз он азоб бехабар.
Он шаб бар он азму он такдир хуфта. Пас чун дар бустон шуданд, дарахтон ва зироати он диданд сӯхта ва хокистар гашта, гуфтанд:
- Мо роҳ гум кардем. Магар ин на бӯстони мост?
Чун нек нигоҳ карданд, бидонисганд, ки ҷурм эшонрост, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтанд ва гуфтанд:
- На, на, роҳ гум накардаем, ки ин бӯстони мост. Моро аз мева ва бари он маҳрум кардаанд ва аз неъмат бебаҳра мондаем. Бо он, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтем.
Бозгаштанд ва ҷурми5 худ иқрор6 карданд.
Г уфтанд:
- Эӣ воӣ бар мо, ки аз андозаи худ даргузаштем, ки ҳаққи дарвешон боз гирифтем.
соҳаҳо асарҳои пурарзиш иншо кардаанд. Асарҳои илмию бадеии устод барои олимон, адибон ва хонандагон мактаби омӯзишанд.
Ҳоло порчаеро аз «Ёдцоштҳо» ва пораеро «Қаҳрамони халқи тоҷик — Темурмалик» барои мутолиа пешкаши шумо мегардонем.
ВАФОТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ВАБОИ УМУМИ
Дар аввалҳои тобистони соли 1306 ҳиҷрӣ (дар моҳи июни соли 1889) дар шаҳри Бухоро бемории вабо ва муромурӣ пайдо шуд. Акаам аз шаҳр бемор шуда ба деҳа баргашта омад. Тағоии калонам Мулло Деҳқонро дар шаҳр вабо зада вафот кардааст, ки мурдаи ӯро аз он ҷо ба хонаи худҳошон ба деҳаи Маҳаллаи Боло овардаанд. Аҳволи сиҳатии падарам хуб набуд ва ӯ дар хона ба ака ва додарҳоям саробонӣ карда монд, ман модарамро ба сари мурдаи тағоиям ба хонаи бобоям бурдам.
Намедонам дар он ҷо ба модарам вабо расид ё ба марғи бародараш бисёр сухт, ки дар ҳамон ҷо бемор шуд. Ман ӯро ба хар савор карда, базур ба хона овардам ва дидам, ки дар ин ҷо ҳам падар ва ҳам бародарони хурдсол, ки яке 9-сола ва дигаре 4-сола буд, бемор шуда афтоданд.
Акнун хонаи мо ранги як беморхонаро гирифта буд, ки дар вай ҳам доктор, ҳам фелдшер, ҳам ҳамшираи шафқат ва ҳам санитар танҳо ман будам. Дар як хонаи ҳафтболор 5 бемор қатор хобида буданд ва ман бо навбат ба ҳар кадоми онҳо об, оби ҷуш, ё ин ки шир медодам, магасҳояшонро мерондам, берун баромадан хоҳанд, ба қадри қувва ёрӣ мекардам.
Дар байни як ҳафта ҳамаи хонаҳои деҳа монанди хонаи мо гардид, на танҳо дар деҳаи мо, ҳатто дар туман (район) ҳам одами тандуруст кам монд ва муромурӣ сар шуд. Аз деҳаи мо, ки тахминан 300 хонавор одам дошт, ҳар рӯз як ё ду ҷанозаро ба мазор мебурданд.
Ман он вақтҳо намедонистам ва ҳоло ҳам муайян карда наметавонам, ки беморони ман чӣ дард доштанд, он вақтҳо дар деҳаҳо доктор набуд. Дар деҳаи мо бошад, ҳамон табиби кӯҳнаи нодон ҳам набуд, ки бо ҷушонида додани хасу хошок беморон ва бемордоронро тасаллӣ диҳад. Дар деҳаи мо танҳо эшонон ва дуохонон буданд, ки бесаводони деҳа ҳам ба онҳо ихлос
ҷунбонид ва баъд ба дари хона наздиктар рафта тумшуқашро ба рӯи остона монда ва чашмонашро ба сӯи беморон дӯхта хобид. Гӯё вай дур рафтани маро дониста, хост, ки ба ҷои ман бемордорӣ кунад.
Он сол об фаровон буд, ба болои ин, бепггарини деҳқонон бемор буданд, ки касе аз паи об намедавид. Бинобар ин ман ба осонӣ аз ҷӯи калон об кушода, оварда замини ҷувориро об додам ва зуд ба пеши беморон баргапггам. Баъд аз ягон соати омадани ман падарам чашмонашро кушода:
- 06 додй? — гуфта пурсид.
- 06 додам!
- Боракалло! — боз чашм пушид.
Дар рузи 40-уми бемориаш ӯ арақ карда тамоман ҳушёр шуд. Шир талаб кард, додам, хӯрд. Дар рӯзи дуюм аз ҷояш хеста нишаст, дар рузи сеюм асозанон ба пои худ берун баромад, мо тамоман хурсанд шудем, ки ӯ халос шуд. Лекин дар рӯзи 10- уми саломатӣ ёфтанаш ӯ дубора бемор шуда ба бистар ғалтид.
Усто амак, ки ӯ ҳам бемор буд ва ахди хонаводааш ҳам бемор буданд, бо вуҷуди ин дар бемории аввалии падарам рӯзе як бор омада хабар мегирифт ва моро тасаллӣ медод, ки ӯ сиҳат хоҳад ёфт: «Фақат чор дона арақи хунук барои ӯ лозим аст».
Дар ҳақиқат ҳам падарам баъд аз арақ кардан сиҳат ёфта буд. Аммо вақте, ки дуюмбора бемор шуд, Усто амак чизе намегуфт ва моро тасаллӣ намедод. Лекин ба гумони ман ин бемории ӯ аз аввала сабуктар буд, ки ин бор оромтар мехобид ва аз ҳуш намерафт.
Дар рӯзи ҳафтуми бемории дуюм, вақте ки Усто амак омада беморро дид, ба ман таъин кард, ки агар аҳволаш бадтар шавад, зуд уро хабар диҳам.
- Ман чӣ медонам, ки аҳволаш бадтар аст ё беҳтар? — гуфтам ман дар ҳолате, ки дар чашмонам об чарх мезад.
- Гиря накун, мард бош, писари падарат шав! Аҳволи падарат хеле сахт аст, лекин барои пеш аз вақт ба мусибат дучор накардани шумоён худро ором нигоҳ медорад. Ту ҳам барои ба ташвиш дучор накардани ӯ худро ором нигоҳ дор! Аломати бад шудани аҳволаш ин аст, ки нафасҳои сахт-сахт мекашад ва гулӯяш хипппос мезанад. Ман равам, ки аҳволи янгаат бад буд.
Шаб шуд. Ман чароғи сиёҳро даргиронда бар болои чароғпоя мондам. Ғайр аз ман ҳама дар хоби беморӣ буданд. Ханӯз аввали шаб буд, ки падарам нафасҳои сахт капщдан гирифт ва гулӯяш хир-хир кард. Усто амакро ҷег зада овардам. Ӯ бо пахта ба даҳони падарам об чакконидан гирифт. Бемор чашмашро кушод, аввал ба ман ва баъд ба Усто амак нигоҳ карда гуфт:
- Зиёдтар об диҳед, бо қошуқ резед!
Амак ба гулӯи ӯ ду қошуқ об рехт.
- Бас, — гуфт падарам ва чашмонашро ба тарафи ман гардонида сухани худро давом дод:
- Хон! Дар чӣ гуна душворӣ бошад ҳам, хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлат!…
Бемор чашмонашро пӯшид. Баъд аз ягон дақиқа боз нафас кашидан гирифт. Амак бо пахта обчаккониро сар кард. Дар ин миён бемор дар ҷояш қад рост кардан хост ва ба тарафи ман чашм дӯхт, дубора галтид ва дастонаш як ҷунбиш хӯрданд ва баъд аз он ором гирифт. Ин оромии абадии ӯ буд!
Дар ин вақт падарам аз рӯи ҳисоби солгардонй, ки ҳисоби шамсӣ мебошад, 57 солро пур карда буд.
Усто амак баъд аз бастани манаҳ ва сарангуштони пои мурда ва пӯшонидани чашмони ӯ, ба ман гуфт:
- Агар ман рафта беморони худро хабар гирифта оям, ту наметарсй?
- Чаро тарсам? Магар аз падари худ метарсам? — гуфтам дар ҷавоб.
- Бале, шер, — гуфту рафт ва бозгашта омада мурдабонӣ кард. Модар ва акаам баъд аз дубора омадани амак фаҳмиданд, ки падар мурдааст ва додаронам бошанд, баъд аз рӯз шудан фаҳмиданд.
Дар деҳаи ҳамсоя Йӯлдошбоӣ ном як савдогари қалъачӣ буд, ӯ мавиз, ғӯлинг, карбос ва ҷомаҳои пахтадори гиҷдувонӣ ғундопгга ба Қазалй, Оқмасҷид, Оренбург ва ба дигар шаҳрҳои қазоқон ва бошқирдон мебурд ва аз он ҷоҳо молҳои русӣ меовард. Баъд аз муромурӣ сар шудан ӯ ба кафанфурушӣ даромад.
Назар ба қавли худаш, ӯ ин корро барои ҳоҷатбарории мардум мекард, вагарна ӯ ба «кафанфурушӣ барин як кори паст ҳеҷ эҳтиёҷ надошта» аст, ба мурдаи падари ман ҳам ӯ «ҳоҷатбарорӣ» карда, асбоби такфин ва чизҳои дигари ҷанозаро дода моро сад танга қарздор кард. Назар ба қавли Усто амак, агар по пули нақц медопггем, ҳамон чизҳоро аз бозор 25-30 танга арзонтар гирифтан мумкин будааст.
Барои харҷи накда ҳам 20 танга даркор шуд, ки ин маблағро ҳам ба шарти 25 танга карда додан, ба мо «ҳоҷатбарорӣ» карда дод. Барои бегоҳи душанбе, ҷумъа ва хатми қуръон ҳам 25 танга лозим шуд, ки мо ин маблағро аз одамони гуногун ба тарзи қарзи майда гирифта сарф намудем. Ҳамин тариқа шуда ман мурдаи падарро 150 танга (22с.50 тин) харҷ карда бардоштам.
Баъд аз гузапггани рузҳои азодории падарам, намедонам, аз бехабарии ман ё бо ягон сабаби дигар гови ҷушоиамон дар як шаб бемор шуда, ҳаром мурд. Модарам ин хабарро дар бистари бемориаш шунида гуфт:
- Ҳар балое, ки омада бошад, ба ҳамон гов занад. Кошки вай пепггар мемурд, ки шояд падарат зинда мемонд. Гӯсолаашро ҳам барои саломатии худат ва бародаронат дафъ кардан даркор аст, — ва фармуд, ки вайро ба Хоҷаҳон бурда диҳам: ин як одами маиби бедасту по буд, ки дар як гӯшаи деҳа хобида бо садақаи мардум зиндагонӣ мекард.
Ман гӯсоларо ба ӯ бурдам. Аммо ӯ қабул накард, ва:
- Шумоҳо ҳозир аз ман мӯҳтоҷтаред, чунки мардум ба ман садақа медиҳанд, ман бо вай як навъ зиндагӣ мекунам. Аммо шумоҳо ба садақагирӣ одат накардаед. Акнун ки падаратон вафот кард, маълум нест, ки баъд аз ин ҳоли шумоҳо чӣ мешавад? — гуфт.
Аммо дубора модарам илтимос карда фиристод, ки барои саломатии бачагон қабул кунад. Ин дафъа гӯсоларо ба ӯ ба хотири ризои модарам базур қабул кунондам.
Дар ин вақг ман фаҳмидам, ки Хоҷахони маиби барҷомонда аз имоми деҳаи мо боинсофтар будааст. Имом дар рӯзи ҷанозаи падарам 10 тангаеро, ки ба у доданд, бе ҳеҷ «лозим нест» гуфтан қабул карда буд. Ва, ҳол он ки вай дар ҳамон вақтҳо дар анбори худ 50 ман (400 пуд) гандум ва 25 ман (200 пуд) ҷав дошт ва чӣ қадар пули нақд ва асбобу ашё доштанашро, албатта, ман намедонистам. Аммо Хоҷахон гайр аз ду чашме, ки ба садақаи мардум нигарон буд, чизе надошт.
Ака ва укаҳоям, ба қавли муйсафедон, аз хавфи мурдан гузашта буданд, аммо аҳволи модарам руз то рӯз вазнинтар мешуд. Дар вақтҳои охир ба пеши дар бароварданаш ҳам мумкин
Аммо дар ин ҷо ба ту, ки хурдсол мебошӣ ва ба бародаронат ҳам нигоҳубин карданат зарур аст, ба модарат парасторӣ кардан душвор аст, — гуфт.
Мо розӣ шудем. Ӯ ду чӯбро ба шакли нардбон дуруст кард ва ба ҷои пояҳои нардбон ба онҳо арғамчин кашид, ки инро «сароча» меномиданд. Ду харро пасу пеш гузошта нардбонро ба болои онҳо бор карда баст ва бар рӯи пояҳои арғамчинӣ кӯрпаҳоро болоиҳам паҳн карда ба рӯи вай беморро дароз хобонид ва бар болои ӯ як сузаниро пушонида ба роҳ даромад.
Аз рафтани модар чӣ гуна мутаассир шудани бародаронамро намедонам, аммо дили худам бисёр вайрон шуд ва кушиш мекардам, ки овоз набарорам ва беморро азоб надиҳам. Лекин аз гиряи беовоз худдорӣ карда натавонистам. Чашмам ба чашми модарам афтод, аз чашмони ниммурдаи ӯ қатраҳои бисёр хурди сиришк бар рӯи заб-зардшудаю борик гардидарафтааш мешориДанд.
— Ба ҳазор дарой! — гуфт дар вақте, ки харҳо ба ҳаракат даромада буданд.
Онҳо аз назар ғоиб шуда рафтанд, ман дар дили худ «ӯ ҳоло намемирад, наход, ки ман аз падару модар якбора ҷудо шавам» гӯён худро тасаллӣ додам ва чашмонамро, ки аз ашки талх сӯзиш мекарданд, бо остин пок кардам.
Бештарини вақти ман дар ёбон меғузашт. Дар хона танҳо дар вақти об ҷӯшонда ба беморон додан ва ягон чиз пухта хӯрондан мемондам. Шабҳо баъд аз торик шудани рӯз ба сари ҷуворӣ мерафтам. Дар ёбон кори муҳими ман «ҷувориҳойгуй» буд. Аммо он паррандагони шилқинро аз як тарафи замин парронам, дарҳол ба тарафи диғараш омада ба сари хӯшахои марворидмонанди ҷуворӣ менишастанд. Он паррандагон ба кулӯху сангҳое, ки бо фалохбон (фалохун) ҳаво медодам, ҳеҷ аҳамият намедоданд. Ҳарчанд бо ғуррида рафтани санг ё кулӯхи фалохбон аз сари ҷуворӣ хезанд ҳам, пеш аз он, ки он санг ё кулӯх ба замин ғалтад, онҳо боз ба сари ҷуворӣ меншпастанд.
Дар ин кор Икромхоҷа (писари дуюми Усто амак) тадбире кард, ки ман қадре осуда шудам; ӯ ба ман фармуд, ки дар ғафсии банди дасти одам, ба дарозии як оршин як чӯби сахт ёфта бо арраву тешаву рандаву парма ба сари замин овардам. Ӯ он чӯбро ба шакли лӯла тарошида бо ранда суфта карда ва аз як
тарафи дигари чуб як сурохчаи дигар ҳам кард ва ин асбобро «таппончаи чубин» ном ниҳод. .
Дар он вақтҳо дар деҳаи мо шикорчиён бисёр буданд, ки милтиқи шикорӣ, қадимро кор мефармуданд ва доруи милтиқ (борут)-ро худҳошон месохтанд. Икромхоҷа аз як шикорчӣ як халтача дору овард ва сурохи чӯбро бо дору пур карда аз рӯяш қадаре пахта тиққонд ва чубро ба тарафи паррандагон рост карда аз сурохи болоияш оташ дод.
Бо расидани оташ ба дору он чӯб кафида рафт. Хайрият, ки на ба ман ва на ба ӯ зарар нарасид. Аммо аз бӯи дору паррандагон аз сари замин чунон гурехтанд, ки то як соат бозгашта наомаданд.
Хеши ихтирочии мо бо ин қадар аз кори худ дасг накашид ва дафьаи дигар аз чуби аз аввалӣ ғафстар боз як таппончаи чӯбин сохт. Ин дафъа ба сӯрохи вай доруро камтар ақдохт ва сахт ҳам ҷоӣ накард. Ин дафъа таппончаи мо накафида матлаб ҳосил шуд ва бо паррондани вай паррандаҳо парида мерафтанд. Мо сабр мекардем ва ҳар вақт ки паррандагон боз омаданд, боз як бор мепаррондем. Ба ҳамин тариқа ҷуворӣ ба осонӣ аз зарари зиёд эмин монд.
Рӯзи дигар Икромхоҷа аз шикорчиён қадаре қӯргошим оварда сочма рехт. Донаҳои сочмаи ӯ аз сочмаи шикорчиён резатар буда, ба қадри донаҳои арзан буданд. Икромхоҷа бо ин сочма ва таппончаи чӯбин гунҷишкон ва кафтарҳои ёбоиро шикор мекард, ки ба химча гузаронида ва ба оташ допгга бирён карда мехӯрдем. Як рӯз шикори мо барор гирифта 4 дона кабӯтар (кафтар) шикор кардем, ки ду донаашро ба бародарони бемор бирён карда додам.
Сарҳои ҷуворӣ сафед шуда пухта истода буданд. Дар он рузҳо падари Икромхоҷа — Усто амак, ки баъд аз вафоти падарам бемор шуда буд, ба по хеста асозанон ба ёбон баромад ва ҷувории маро аз назар гузаронида:
- Сарҳои пухтаи ҷувориатро пеш-пеш шикаста гирифта, дар ҷое ғун кардан гир. Агар ба пухтани ҳамаи инҳо ё ба хазонрезӣ нигарон шавй, корат зӯр мешавад, дар он вақти танг ба танҳоӣ ин корро карда наметавонй, — гуфт ва аз пахдуи замини ҷувории мо як замини почпоя — ҷои гандумро нишон дода илова кард:
- Ана дар ҳамин ҷо ғун кун, ки замини хушки сахти ҳамвор аст ва дар ин ҷо кӯфта бардошта гирифтани дон осон мешавад.
Ман аз ҳамон руз сар карда ба ҷувориғундорӣ даромадам. Акнун шабҳо ҳам дар ёбон мондан даркор буд. Ман ба ин мақсад ҷуворипояҳои сарҳошон шикаста гирифташударо ғалтонда бароварда дар сари хирманам як қоза (чайла) сохтам. Ҳар қадар, ки сарҳои ҷувориро бисёртар шикаста мегирифтам, ҷуворипояҳо ҳам ҳамон қадар бисёр шуда козаам ҳам ҳамон қадар борону шамолногузар мешуд. Охир ҷуворипояҳо ҳамон қадар бисёр шуданд, ки нимаи вақти ҳаррӯзаамро барои ба хона кашонда бурдани онҳо сарф мекардам.
Дар козаам шабҳо дар пеши ман Икромхоҷа мехобид ва азбаски модараш ӯғаӣ буд, ба хонааш рафтан намехост. Бачагони тандуруст ё аз беморӣ саломатёфтаи деҳа ҳам шабҳо ба пеши мо ғун мешуданд ва то нимаҳои шаб ғапзанон нишаста, баъд хона ба хона мерафтанд ва баъзеҳояшон, ки модари ӯгаӣ доштанд, дар ҳамин ҷо бар руи сарҳои ҷуворӣ ё ҷуворипояҳо мехобиданд.
Як шаб ҳаво соф буд, сармои тунди тирамоҳӣ ба бадани кас монанди бигизи дар оташ тафсида сӯзиш кунонида мехалид. Дар равшании моҳ қиравҳои бар рӯи растаниҳо пайдошуда, монанди барфи навборида ялаққосзанон менамуданд. Ҳар кас медонист, ки имшаб ҳама чизҳоро хунук мезанад ва фардо ғундор-ғундор сар мешавад.
Ман ҳам фикр мекардам, ки «агар имшаб сармо занад, фардо ҳамаи ҷувориҳоро ғундошта гирифтан даркор мешавад ва ҳол он, ки ҳанӯз дар замин нимаи ҷуворипоя бар поӣ ва сарҳояшон нашикастағӣ буд. Баъд аз сармо задан оҳистакорӣ ба кор намеравад, чунки ба зудӣ ялагард шуда мардум чорпоҳояшонро дар ёбон озодона яла карда сар медиҳанд ва эҳтимоли борон боридан ҳам ҳаст, дар он вақт ҳамаи ҷувориҳоям нобуд мешаванд. Аммо як худам ба танҳоӣ ин қадар чизро чӣ гуна ба зудӣ меғундорам?»
Ман дар ҳамин гуна фикру хаёл будам, ки Икромхоҷа омад. Ӯ аз сармо меларзид ва шикояткунон гуфт:
- Хостам аз кӯрпаҳои аз модарам ба мерос монда якеашро биёрам, лекин модари ӯгаӣ надод. Ба падарам гуфтам, ӯ ҳам тарафи вайро гирифта:
- Агар як кӯрпачаро гирифта ба ту диҳам, ӯ норозӣ мешавад ва худаш аз беморӣ нав хестааст, аҷаб нест, ки канда шавад. Ин гуна сармо одамро намекушад. Рафтан гир! — гуфт.
Боз се бача омад ва яке аз онҳо ба ман гуфт:
- Ту барои «во бибем»-гуӣ ба маҳаллаи Боло нарафтӣ?
Ин сухан як дег оби ҷушон буд, ки ба сари ман рехт ё санги осиё буд, ки бар сари ман гардида тамоми аъзои баданамро ордвор соида партофт. Ман фаҳмидам, ки модарам мурдааст ва ин бача, аз куҷо бошад, шунида омадааст ва ба ман ба ҳамон тарзи ифодае, ки ба ақидаи худаш шоирона ва болояш пӯшидааст, фаҳмондан хостааст. Аммо ба чашмонам об чарх назад, гӯё маро ба он сухан дар оташ андохта гудохта бошад, ҳамаи наму тариҳои баданам хушкида буданд. Ман фикр мекардам: «Акнун чӣ кор мекарда бошам? Дар 12-солагӣ ҳам бепадар ва ҳам бемодар, бародарон бемор, акаам бошад, ҳар вақт саломат ёбад, ба хондан меравад ва додарҳои хурдсолро ҳам бояд ман саровонӣ кунам. Хондан … ва он хондан, ки худ мехостам ва падар дар нафаси вопасинаш васият карда буд, чӣ мешавад?»
Вақте, ки он бача ба ман «ту барои во бибем-гӯӣ нарафтй» гуфт, як рафиқаш ба ӯ: «лозим нест, ба ӯ тасаллӣ додан зарур аст, ки на ин ки ҳазл кунй» гуён пичиррос зад ва ба ман нигоҳ карда суханашро давом дод:
- Зарар надорад, Икромхоҷа ҳам бемодар аст.
- Ғам нахӯр’ Ҳар чӣ бошад, мегузарад, «чист, ки нагузарад?» — гуфт Икромхоҷа, — ман 10 сол аст, ки бе модар зиндагонӣ мекунам, маро гург нахурд.
- Ту модар надошта бошӣ ҳам, — гуфт ба Икромхоҷа бачаи дигар, ки то ҳол хомуш истода буд, — падар дорӣ ва модари ӯгаӣ дорӣ. Аммо барои ин (маро ишора карда) зӯр шуд, ки аз падару модар якбора ҷудо гардид. Худо осон кунад.
- Ман, ки аз модар ҷудо мешудаам, кошкӣ аз падар ҳам ҷудо мешудам, — гуфт Икромхоҷа оҳе кашида, — то ки ба дасти модари ӯгаӣ гирифтор намегардидам.
Инсон вақте, ки дар як душвории беилоҷ монда аз ҳар тараф ба худ тасаллӣ меҷӯяд, ба ҳар муносибат ва ҳар чиз барои худ як тасаллӣ тарошида мебарорад. Ман ҳам аз ин сухани Икромхоҷа барои худ як тасаллӣ тарошида баровардам ва дар дили худ гуфтам: «Агар баъд аз мурдани модарам, падарам зинда мебуд ва зани дигар мегирифт, дар он вақт чӣ мекардам? Албатта, модари ӯгаӣ маро рӯи хуш намедод, дар хона роҳ намедод, аз курпаҳои модарам ба ман намедод ва ба болои ин, падари меҳрубонамро ба ман номеҳрубон мекард. Ҳоло ҳарчанд бепадару модар монда бошам ҳам, худ ба худам соҳиб мебошам, ҷуворӣ аз они ман, хар аз они ман, додарҳо дар ихтиёри ман. Дуруст аст, ки аҳволам душвор аст, лекин аз зердастии модари ӯгаӣ осонтар аст». Ана бо ҳамин фикр хеле тасаллӣ ёфтам. Тасаллиёбии ман то вақте давом намуд, ки рафиқонамро хоб рабуд ва баъд аз он танҳоии худро ва хусусан ҷудоии падару модарро, ки ягона ғамхори меҳрубони ман буданд, ҳис кардам ва дигарбора лашкари андӯҳу алам ба ман ҳуҷум оварда, тамоми хавосамро фаро гирифт. Акнун бо «ҳой-ҳой» гиря кардан мехостам, аммо аз бими нороҳат кардани рафиқон, ки маҳз барои тасаллӣ додан ба ман ба гирди ман ғун шуда, дар зери қирави тунд мехобиданд, худцорӣ намудам. Орзу мекардам, ки коре шуда ҳамаи ин ғаму кулфатҳо ҳарчанд якчанд дақиқа ҳам бошад, аз ёдам барояд ва ман ҳам андаке рӯи осойшро бинам ва бо хоҳиши ин орзу байти зерини як ғазали Бедилро, ки падарам дар ин гуна мавридҳо бисёр мехонд, ба ёд овардам ва бо овози пасти ҳазин замзама кардан гирифтам:
Эӣ фаромӯшӣ, куҷоӣ, то ба фарёдам расӣ!
Боз андӯҳи дили гампарварам омад ба ёд!
Дар ин вақт суруди ҷуфтронон шунида шуда, маро ба худ машғул кард.
Ҷуфтронони райони Ғиждувон одатан дар шабҳои тобистон дар соати 10-и шаб гов баста кор сар мекарданд ва заминро пеш аз баромадани Офтоб дандонаву мола карда, намашро тамоман дар худаш нигоҳ медоштанд, аз хушконидани партави Офтоб эмин мекарданд: шабҳои дарози тирамоҳ бошад, баъд аз нимаи шаб кор сар карда бо ҳамон мақсад, пеш аз тулӯи Офтоб корашонро тамом менамуданд. Дар ин гуна вақтҳо ягона тасаллибахши он ҷуфтронон, ки бо маҷбурияти зиндагӣ хоби ширинро тарк карда, дар шаби тор кор мекарданд, сурудхонӣ буд.
Бештарини деҳқонони районҳои Ғиждувон ва Вобканд сурудхон ва шашмақомдон буданд. Онҳо, бо вуҷуди бесаводй, шашмақомро бо ғазалҳои классикӣ аз падару бобоҳошон даҳан ба даҳан омӯхта буданд (қувваи мусиқии шаҳри Бухороро ҳамеша аҳолии районҳои Ғиждувон ва Вобканд пур карда меистоданд. Аз боқимондаи онҳо — ҳофйзи халқии Тоҷикистон устоди шашмақомдон Бобоқул Файзуллоев аз Ғиждувон ва ходими хизматнишондодаи санъати Ӯзбекистон нотанависи шашмақомшинос Шоҳназар Соҳибов аз Вобканд аст) .
Зотан, шашмақом хеле ҳузнангез буда, ҳақиқатан тарҷимони аҳволи онрузаи меҳнаткашон ва аз ин ҷумла деҳқонон буд. Ҳарчанд дар фуроварди ҳар як ҳавои шашмақом тарона ва уфарҳои хеле шухи шӯрангез бошанд ҳам, инҳо махсуси базмҳои хонагии рақсдор буда, ҷуфтронон ба асл ва асоси ҳавоҳои шашмақом, ки ба ҳоли худашон мувофиқ буд, қаноат мекарданд.
Ҷуфтроне, ки дуртар аз хирмангоҳи ман замин меронд, дар ҳавои савти ушшоқ, ки вайро савти калон ҳам мегуянд, як газали Бедилро сар кард ва дар авҷи он ҳаво ҷуфтрони дигар, ки дуртар аз вай кор мекард, ба ӯ ёрӣ дод. Ман бо шунидани он газал дар он суруд, бе он ки овозе барорам, дарун-дарун гириста дили мусибатманзили худро қадаре холӣ кардам ва дар ин ҷо ба тарзи намуна нақл кардани се байти он газалро, ки ба аҳволи оншабаи худам хеле мувофиқ буд, ‘муносиб дидам:
Далели корвони ашкам, оҳи сардро монам, Асарпарварди догам, ҳарфи соҳибдардро монам. Рафиқи ваҳшати ман гайри доги дил намебошад,
Дар ин гурбатсаро Хуршеди танҳогардро монам … Фалак умрест дур аз дӯстон медорадам, Бедил,
Ба рӯи саҳфаи офоқ байти фардро монам.
Баъд аз ба охир расидани суруди ҷуфтрони аввал, ҷуфтрони дигар як газали Ҳофизро, ки аввалаш ин байт аст:
Сабо, ба лутф бигӯ он гизоли раъноро,
Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро.
дар ҳавои Ироқ сар кард ва дар авҷи ин ҳаво ҷуфтрони дигар ба ӯ ёрӣ дод.
Ба ҳамин тариқа сурудхонии ҷуфтронон дар он биёбони ором то поёни шаб давом намуд ва вақте ки рӯз сафед шуд, онҳо хомӯш монданд ва рафиқонам бедор гардида маро ба тарафи худ машғул карданд.
Ин порча як марсияест, ки аҳволи онвақтаи худро баъд аз шаст сол ба қалам оварда ба модари худ бахшидам. Агар ин мусибатнома аз ҳад зиёд андӯҳовар баромада хонандагони мӯҳтарамро нохушнуд кунад, маъзарат мепурсам ва маро, ки