Фанни Адабиёт

Халилуллоҳи Халили

Халилуллоҳи
Халили
(1913 -1988)

image20

Халилуллоҳи Халилӣ яке аз шоирони тавонои асрии ХХ-и Афғонистон ба шумор меравад. Ӯ ҳамзабони мост. Шоир соли 1913 дар шаҳри Кобул ба дунё омад. Фарҳангу адаб омухт ва дар ин ҷода марди фозил ғашт. Асарҳои таърихй, адабиётшиносии у дар ҳаллу фасли масоили иҷтимоию фарҳангӣ арзиши бузург доранд.

Вале Халилуллоҳ асосан бо асарҳои адабиаш шуҳрату мақоми хоса дорад.

Бояд тазаккур дод, ки Халилуллоҳ борҳо ба Тоҷикистон омадааст ва дар ҷашни Абдураҳмони Ҷомӣ иштирок намудааст. Халилуллоҳ рӯзҳои вопасини рӯзғори худро дур аз Ватан дар ғарибӣ гузаронд. Пас аз он, ки Армияи Шӯравӣ вориди Афғонистон гардид, мардуми зиёд аз ахди адаб кишварро тарк намуданд. Халилуллоҳ низ аввал ба Покистон ва баъд ба Италиё рафт ва даҳ сол охири умри хешро дар он ҷо гузаронид. Адиб бо сад дарду алам дур аз ёру диёр бо ёди Ватан соли 1988 вафот кард.

Адиб дар ғарибӣ бо ёди Ватан мезист, чун булбул дур аз чаман менолид, ашки ҳасрат мерехт.

Шоир ба ҷавонони афгон хитоб карда, онҳоро ба ягонагй, иттиҳод даъват менамуд. Вале, афсус, адиби ватандӯст озодии халқу кишварашро надид. Инак, дар ҳамин мавзуъ чанд шеъри дардомези адибро, ки онҳо садои қалби шоиранд, барои мутолиаи шумо пешкаш менамоем.

ҲАДЯ БА МОДАРОН

Роҳраве, равшандиле’ аз Боязид Кард пурсиш: «К-эӣ муроди ҳар мурид!

Боз гӯ, охир куҷо биштофтй?

К-ин ҳама ганҷи саодат ёфтӣ?».

Гуфт: «Аз як қатра ашки модарам,

Шоҳиди мақсуд омад дар барам.

Ганҷҳо дар дидаи намноки ӯст,

Ин гуҳарҳо ашкҳои поки ӯст.

Шомҳо чун боз хуфтӣ модарам,

Буд дар поёни пояш бистарам.

То дили шаб дошт бо ман розҳо,

Гуфтугӯҳо, қиссаҳо, овозҳо.

Қиссаҳо ширинтар аз шаҳду шакар, Нағмаҳои ҷонбахш аз боди саҳар.

Ногаҳон шоме ҳаво бас тира шуд2,

Барф бар шаҳру деҳи мо чира шуд.

Хун ба тан аз пшддати сармо фисурд3, Шӯъла аз дамсардии айём мурд.

Нимашаб шуд, модарам аз хоб хест,

Аз мани афсурда ҷоми об хост.

То гирифтам ларз-ларзон ҷоми об, Модарамро бори дигар бурда хоб.

Ман ситодам хушк бар ҷо аз адаб,

Чашм бар роҳ, ҷом бар каф, ҷон ба лаб; Обро аз фарти4 сардӣ баст ях,

Ҷомро бо дасти ман пайваст ях.

Субҳ шуд, чун боргоҳи файз боз,

Модарам бархест аз баҳри намоз,

Дид сӯи ман, ларзонам чу бед,

Гаштаам чун барф сар то по сафед».

Гуфт: «Аӣ фарзанд бар каф ҷом чист?

Рост гӯ ин ларза бар андом чист?

Аз чӣ рӯ ин ҷомро бардоштӣ,

Хешро дар ранҷу меҳнат доштӣ».

Гуфтам: «Аӣ модарам, хато буд, ин ки ман, Мениҳодам ҷом баҳри хештан.

Ту зи ман ғар об мекардӣ талаб,

Хуфта медидӣ маро дур аз адаб».

Модар аз гуфтори ман бетоб шуд,

Дар миёни синаи вай об шуд.

Сар зад оҳе аз дили 1;амдидааш,

Қатраи ашке чакид аз дидааш.

Ашки модар ганҷи гавҳарҳо шавад,

Мард аз он як қатра чун дарё шавад.

ХИТОБ БА АВЛОДИ ВАТАН

Нури чашми Ватан, эӣ бачаи афғон, афсӯс, Дили ман доғ шуд аз дасти ту, эӣ ҷон, афсӯс. Чанд гӯям, ба ту фарзанди мусулмон, афсӯс, Ба ту эӣ унсури афсӯрда, баҷон афсӯс.

Кист ҷуз ту, ки кунад гиря ба вайронии ту, Оваҳ1, афсус ба ин рӯзи парешонии ту.

Ҳама бедор, ту дар хоби гаронӣ, то кай? Ғофил аз сирри тараққии ҷаҳонй, то кай? Чашм бар роҳи камоли дигаронӣ, то кай?

Ту ба ин пардаи торик — пинҳонй, то кай? Ҳола2 бархез зи ҷо, ғафлати беҷо, то кай? Хоби нӯшин чӣ қадар, нашъаи саҳбо3 то кай? Аӣ писар, чашми Ватан сӯи ту боз аст, ҳануз, Қавмро ҷониби ту даст дароз аст, ҳанӯз. Мамлакатро ба ту сад гуна ниёз аст, ҳанӯз, Фурсати хидмати ту дуру дароз аст, ҳанӯз. Вақти бозӣ набувад, фурсати кор аст, биё!

Аӣ писар, кор накардан ба ту ор аст, биё!

ХИТОБ БА МУТАЪАЛЛИМИНИ ҲИРОТ

Эӣ гули наврустаи омоли мо,

Меҳри дурахшандаи иқболи мо.

Зинда зи ту отияву4 ҳоли мо,

Баста ба ту азмату эҷлоли мо5.

Чашми Ватан суи ту умедвор,

Шавқати ин қавми ба ту устувор.

Мо ба умеде, ки ту доно шавӣ,

Марди ҳунарпешаи фардо шавӣ.

Баҳри Ватан дасти тавоно шавӣ, Сафшикане фирқаи аъдо6 шавӣ.

Зинда кунӣ равнақи пешини мо!

Тоза кунӣ аъзамати дерини мо!

Боз кашӣ ном ба ном оварӣ,

Зинда кунӣ дабдабаи сарварӣ.

Боз кунӣ тоза ба некахтарй,

Давраи Аҳмадшоҳию Акбарй.

Баршиканӣ гардани айёмро!

Ром кунӣ тавсани худкомро!

Қуввати дилҳои мусулмон туй,

Аъзамати ояндаи афғон туӣ.

Зиндакуни номи ниёгон туй,

Равшании чашми азизон туӣ.

Мо, ки гузаштем Ватан они туст,

Кишвари мо ҳиттаи фармони туст.

Ҷони ман, ин мулк бувад ҷои ту,

Хонаи осоиши обои ту.

Мебарад ин қавм таманнои ту,

Орзуи дасти тавонои ту.

Аз ту дарег аст, ки гофил шавй,

Шохаи бесояи ҳосил шавй.

Эӣ гули нав хор ба дилҳо машав,

Шоҳи каҷи бесару бе по машав.

Шефтаи зоҳири дунё машав,

Мунҳариф7 аз мардуми доно машав.

Рахна ба осоиши афғон мазан,

Таъна ба оини ниёгон мазан.

НАВРӮЗИ ОВОРАГОН

Гӯед ба Навруз, ки имсол наояд,

Дар кишвари хунинкафакон раҳ накушояд.

Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд, Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.

Хун медамад аз хоки щаҳидони Ватан, воӣ Аӣ воӣ Ватан, вой!

Гулгункафононро чӣ баҳору чӣ зимистон, Хунинҷигаронро чӣ биёбон, чӣ гулистон.

Дар кишвари оташзада, дар хонаи вайрон,

Кас нест, занад бӯса ба рухсори ятимон.

Кас нест, ки дӯзад ба тани мурда кафан, вой,

Аӣ воӣ Ватан, вой!

Аз синаи ҳар санги ту хун медамад имруз,

Аз хоки ту мастию ҷунун медамад имруз.

Он лола чӣ дида, ки нилгун медамад имруз. В-он сабза чаро зарду забун медамад имрӯз? Сурх аст бо хун пову сари сарву суман, вой, Аӣ воӣ Ватан, вой!

Аӣ бараҳнапо, сарви сарафроз туй, ту, Сардору сазовор ба ҳар ноз туй, ту.

Дупшан шикану фотеҳу сарбоз туй, ту, Фармондеҳи ин хок зи оғоз туй, ту.

Ғайр аз ту касе нест дар ин марзи кухан, вой, Аӣ воӣ Ватан, вой!

Не тоҷ ба кор оядат имрӯз, на авранг1,

Не соҳиби сармоя, ки бо суди гаронсанг. р£уни дили ту хурда ба сад ҳилаву найранг, Кас нест, ки пируз шавад ҷуз ту дар ин ҷанг. Аӣ бозуи размандаи занҷиршикан, вой,

Аӣ воӣ Ватан, вой!

ДУБАЙТИЮ РУБОИЁТ

Мусулмонон! Зи дур ояд садое,

Садои ҷонгудозе, ғамфизое.

Надонам, куҷо шабхун зада гурғ,

Вале донам, ки нолад ошное.

Ятиме, дардманде, бенавое,

Баровард аз дили саҳро садое:

«Манеҳ зинҳор аз каф шамъи умед, Агар хоҳӣ расӣ рузе ба ҷойе».

Аз бас хушу масту дилрабо меой,

Чун боди баҳор ҷонфазо меой.

Дил хонаи ишқи туст, ободаш дор, Чун хона хароб шуд, куҷо меоӣ?

Ин кинаварон2 боз бо найранги дигар, Доранд фари фитна бо оҳанги дигар. Фарёд, ки ин шӯъбадабозон3 ҳар рӯз, Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар. -252-

Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам!

Аӣ гарқаи хуну ашк, танҳо Ватанам! Ман ҷуз ту дигар ном наёрам бар лаб, Аӣ во Ватанам, во Ватанам, во Ватанам.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *