Фанни Адабиёт

Низомулмулк

Низомулмулк

(1017-1092)

Абӯалӣ Ҳасан ибни Алӣ ибни Исҳоқи Тӯсй, ки бо номи Низомулмулк машҳур аст, соли 1017 дар деҳаи Радакони вилояти Тӯс ба дунё омадааст. Таҳсили ибтидоияшро дар Тӯс гузаронида хату савод пайдо мекунад ва дар ҳамон ҷо дар назди донишмандони бузург илмҳои гуногуни замонаашро ба хубӣ аз худ менамояд. Абӯалӣ махсусан дар донистани илмҳои калом, таърих, ҷуғрофия мумтоз мешавад. Дониш ва ақлу заковати баландаш имконият доданд, ки ӯро ба корҳои роҳбарии давлатӣ ҷалб намоянд. Низомулмулк, пеш аз он, ки ба мансаби вазирӣ расад, дар девон ба корҳои оддӣ машғул буд ва ба мактабу маориф роҳбарӣ мекард.

Низомулмулк дар замони худ яке аз симоҳои барҷаста буда, дар инкишофи илму фарҳанг хизмати бузург кардааст. Бо ташаббус ва роҳбарии ӯ дар шаҳрҳои гуногуни мамлакат мадрасаҳо сохта, донишмандони бузург ба мадрасаҳо ҷалб карда шуданд. Ӯ бо шоир, риёзидон ва астрономи барҷастаи форсу тоҷик Умари Хайём алоқаи дӯстӣ дошта, ба олим ёрии моддию маънавӣ мерасонд. Дар натиҷаи ҳамкории онҳо соли 1079 тақвими нав тартиб дода шуд. Ин тақвим дар Аврупо аз тарафи Папа Григориӣ соли 1582 қабул гардид.

Дар дарбор Низомулмулк мақому мартабаи зиёд дошт. Ҳасудон аз пешрафту муваффақиятҳои кори ӯ ҳасад бурда, аз паи нест кардани Низомулмулк шуданд. Ниҳоят, соли 1092 Низомулмулк аз тарафи ин гурӯҳ кушта мешавад.

Дар таърихи маданияти халқҳои форсу тоҷик Низомулмулкро на ҳамчун вазир, балки ҳамчун муаллифи «Сиёсатнома» мешиносанд. Ӯ ин асарро дар охирҳои умраш навишта ба анҷом расонд. Асар аз 51 боб иборат буда, доир ба масъалаҳои гуногуни давлатдорӣ, қоидаю усули роҳбарӣ маслиҳатҳои муфид медиҳад, ки имрӯз ҳам бисёр фикрҳои Низомулмулк қимату арзиши худро гум накардаанд.

Низомулмулк дар ҳар як боб пас аз баёни масъалаи асосӣ барои тасдиқи ин масъала аз ҳаёти шоҳони гузашта, сарлашкарон, вазирону олимон ва шоирону нависандагон нақлу ривоят, ҳикояҳо меорад, ки онҳо характери пандомӯзӣ доранд. Ақидаҳои ӯ барои ягонагии давлат аҳамияти калон доранд.

Низомулмулк ба воситаи ҳикоятҳои пандомез тарзу усули корбарии роҳбарояи давлатро нишон дода аз онҳо талаб мекунад, ки бояд роҳи адолат, некандешй, накукориро нисбат ба халқ пеш гиранд.

ЧАНД ҲИКОЯТ АЗ «СИЁСАТНОМА»

Исмоили Сомонӣ ва Амри Лайс. Амири Одил, аз ҷумлаи Сомониён яке будааст, ки уро Исмоил ибни Аҳмад гуфтандӣ, сахт одил будааст.

Дар байни лашкари Исмоил ва Амри Лайс муҳорибаи шадид ба вуқӯъ меояд ва лашкари Исмоил зафар меёбад. Пас аз ғолибият Амир Исмоил рӯӣ сӯи бузургону сарони лашкари хеш карду гуфт:

— Ин нусрат Худои таоло маро дод ва ҳеҷ касро бар ин неъмат бар ман дает нест ҷуз Худойро. Бидонед, ки ин Амри Лайс марде бузургҳиммату бузургато ва ба раъю тадбир ва бедор дар корҳо ва фарохнону намак.1 Раъйи ман чунон аст, ки бякушам, то уро ҳеҷ газанде нарасаду аз ин банд халосӣ ёбад». Бузургон гуфтанд: — Раъйи2 амир савобтар, ҳар чӣ маслиҳат бошад, фармояд.

Амри Лайс чун ин бишунид, гуфт: — Донам, ки маро ҳаргиз аз ин банд халосӣ нахоҳад буд, валекин ту, ки Исмоилй, мӯътамадеро3 пеши ман фирист. Дарвақт мӯътамадеро пеш фиристод. Амри Лайс муътамадро гуфт: — Ту Исмоилро бигӯй, маро на ту шикастй, балки диёнату4 сирати ту шикаст ва ин мамлакатро Худои таоло аз ман биситуд ва ба ту дод ва ту бад- ин некӣ сазоворӣ. Ва ман мувофиқати Худои таоло кардам ва туро ҷуз нек нахоҳам ва ту дар ин ҳол мулк нав гирифтай, валекин хазона надорй. Маро ва бародари маро ганҷҳо ва дафинаҳост бисёр ва нусхати ҷумла бо ман аст.Ман он ҳамаро ба ту арзонӣ дорам, то ту бад-он қавиҳол шавӣ.

Ва калиди хазоин ба Амир Исмоил фиристод. Ва чун мӯътамад омад ва он чӣ шунида буд, бозгуфт, ганҷнома пеши Амир Исмоил биниҳод. Руӣ ба наздикон карду гуфт: — Ин Амри Лайс аз бас зиракй, ки дорад, мехоҳад, ки зираконро дар дом андозад. Ганҷномаро бардошт ва пеши он мӯътамад андохту гуфт: — Инро бад-ӯ боздеҳ ва бигуй, ки туро ва бародари туро ганҷ аз куҷо омад, ки падари шумо марди руйгар буд ва шуморо руйгарӣ омӯхт. Аз иттифоқи осмонӣ мулк фуру гирифтед ва ба

ҶАВОБИ УМАРИ ХАТТОБ БА ЯЗДИГУРД

Гӯянд Яздигурд шаҳриёри охири мулки Аҷам буд. Расул фиристод ба амиралмуъминин Умар1. Расул ба Умар гуфт: «Имрӯз дар ҳама олам даргоҳе аз даргоҳи мо анбӯҳтар нест ва хизонае аз хизонаи мо ободонтар нест ва лашкаре аз лашкари мо далертар не. Ва чандон иддату олат, ки мо дорем, кас надорад». Амиралмуъминин ҷавоб бозфиристоду гуфт: «Бале, даргоҳи шумо анбӯҳ аст, валекин аз мутазаллимон ва хазинаи ободон аст, валекин аз моли ятимон ва лашкари шумо далер аст дар бефармонию исён. Чун давлат рафт, иддату олат суд надорад. Ва ин ҳам далеп аст бар бедавлатии шумо».

Ҳамчунон буд, ки амиралмӯъмтдш ҷавоб дод.

Волӣ бояд, ки аввал инсоф аз хеш бидиҳад, то ҳамгинон мунсиф шаванду тамаъ аз муҳол ва новоҷиб бибурранд.

БОЗАРГОН ВА СУЛТОН МАҲМУД

Гӯянд, бозаргоне ба мазолимгоҳи султон Маҳмуд омад ва аз писари ӯ, Масъуд, бинолид ва тазаллум карду гуфт: — Марде бозаргонам ва муддати дароз шуд, то ин ҷо мондаам ва мехоҳам, ки ба шаҳри хеш равам. Наметавонам рафт, ки писарат шаст ҳазор динор коло аз ман бихаридаасту зарри ман намедиҳад. Хоҳам, ки амир Масъудро бо ман ба қозӣ фиристонед.

Султон Маҳмуд аз сухани бозаргон дилтанг шуд. Пайғоме дурупгг ба вай фиристоду гуфт: — Дарҳол хоҳам, ки ҳаққи вай ба вай расонӣ, ё бархезию бо вай ба маҷписи ҳукм равӣ.1

Бозаргон ба сарои қозӣ рафт ва расул наздики амир Масъуд омаду бигузорид. Масъуд андар монд. Ходимеро гуфт: — Бинигар, то дар хазина нақд чанд аст?

Хазинадор рафт ва қиёс карду омад ва гуфт: — Бист ҳазор динор ҳаст. Гуфт: — Баргиру ба наздики бозаргон бар ва тамомати молро се рӯз замон ва мӯҳпат хоҳ, то бирасонам.

Расули султонро гуфт, ки султонро бигӯй, ки бист ҳазор динор дарҳол бидодаам ва тамомати ҳаққи вай то се рӯзи дигар ба вай бидиҳам. Ва ман қабо пӯшидавӯ миён баста ва мӯза пушидаю ба по истодаам, то Султон чӣ фармояд, ки ба маҷлиси қозӣ равам, ё моли бозаргон тамомат ба вай диҳам.

Расул биёмад ва чунин гуфт:

Султон Маҳмуд гуфт: — Ба ҳақиқат бидон, ки рӯи ман набинй, то моли бозаргон ба тамому камол нарасонй.

Масъуд низ сухан наёрист, гуфт ва ба ҳар ҷониб кас фиристоду аз ҳар кас қарзе хост. Чун намози дигар шуд, шаст ҳазор динор ба бозаргон расида буд ва ин хабар ба атрофи олам бирасид ва бозаргонон бо яқцигар ҳикоят карданд.

УМАР ВА ПИРАЗАН

Шабе Умар ибни Алхаттоб1, ба асас мегашт ва ман бо вай будам. Аз Мадина2 берун шудем ва дар саҳро деворбасте буд вайрон ва аз он ҷо рушноие метофт. Умар маро гуфт: — Биё, то он ҷо равему бинигарем, то кист, ки дар нимашабон оташ афрӯхтааст. Бирафтем, то назди вай расидем. Пиразанеро дидем, ки дег бар сари оташ ниҳода буд ва ду бачаи тифл дар пеши ӯ хуфта ва мегуфт: «Худои таоло, доди ман аз Умар биситонад», бо Зайд гуфт: «Ту ин ҷо бош, то ман наздики ин пиразан шавам ва аз ҳоли ӯ пурсам».

Чун пеши пиразан расид, гуфт: «Бад-ин нимашаб чӣ мепазӣ дар ин саҳро?» Гуфт: — «Зани дарвешам ва дар Мадина сарое мулк дорам ва бар ҳеҷ қодир наям ва аз шарми ду кӯдаки тифл, ки аз гуруснагӣ мегирянду бонг медоранд ва ман чизе надорам, ки эшонро бидиҳам, бад-ин саҳро берун омадам, то ҳамсоягон надонанд, ки аз ҷиҳати чӣ мегирянд… Ва ҳар замоне, ки эшон аз ҷиҳати гуруснагӣ бигирянд ва таом хоҳанд, ман ин дегро бар сари оташ ниҳам ва гуям: «Шумо хобаке бикунед, то вақги бедор шудани шумо ин дег расида бошад». Дили эшонро бад-ин хурсанд кунам ва бад-ин умед бихуспанд ва чун бедор шаванд, чизе набинанд, боз бонг бардоранд. Ва ҳам ин замон бад-ин баҳона хобонидаам ва ду рӯз аст, ки на ман чизе хӯрдаам ва на ин кӯдакон. Ва дар ин дег ҷуз об чизе нест».

Умарро дил бисӯхт ва гуфт: — Ҷои он аст, ки нафрин кунӣ ва ба худояш бисупорй.

Ва ин зан низ нашинохт уро. Умар гуфт: — Замоне сабр кун, ҳамин ҷо, то ман оям.

Пас, Умар аз пеши ин зан бозгашт. Чун ба ман расид, гуфт: «Биё, то биравем».

Чун ба хона расид, ман бар дари хона бинишастам, ӯ даррафт. Соате шуд, берун омад ва анбоне чанд бар дӯш гйрифта. Пас, маро гуфт:3 «Рав, то наздики он пиразан шавем». Гуфтам: — Ё амир, агар чора нест аз рафтан, ин анбонҳо бар гардани ман неҳ, то баргирам. Умар гуфт: — Агар (ин) бор ту баргирӣ, бори гуноҳон аз Умар кӣ баргирад?

Ҳамерафт, то наздики он пиразан ва он анбонҳоро аз гардан фуру гирифт ва пеши ӯ биниҳод: яке пури орд ва яке пури биринҷ ва нахӯд ва дунбаю пия ва маро гуфт: — Эӣ Зайд, ту дар ин саҳро рав, ҳар чӣ ёбӣ аз хору дарамна4 гирд кун ва зуд биёр.

Ман ба талаби ҳезум рафтам. Умар сабӯе5 баргирифт ва об биёвард ва биринҷу нахӯдро бишуст ва дар дег кард ва қадре пияю дунба дар ӯ афканд ва аз он орд қӯмоче бикард. Ва ман ҳезум биёвардам ва ӯ ба дасти хеш он дегро бипухт ва он кумоч зери оташ кард. Кӯмоч ва дег ҳар ду пухта шуд ва аз он тариде6 сохт. Чун сард шуд, пиразанро гуфт: — Тифлаконро бедор кун ва бигуй, «бархезед, ки дег бирасид». Зан кӯдаконро бедор кард. Умар хӯрданӣ пеши эшон ниҳод ва худ онсутар ба намоз машғул шуд. Чун соате бигузашт, дид, ки зан ва фарзандонаш сер хӯрда бо якдигар бозӣ мекунанд.

ТАДБИРИ СУЛТОН

Ва ҳам шунидам, ки дар Ғазнин хаббозон7 дарҳои дӯкон барниҳоданд. Нон азизу ноёфт гашт ва дарвешон дар ранҷ афтоданд ва тазаллум8 ба даргоҳи султон оварданд ва аз нонвоён бинолиданд. Султон бифармуд, то нонвои хос биёваранд ва дар зери пои фил афганданд.

Чун бимурд ба дандони пил бастанду дар шаҳр бигардониданд ва бар вай мунодӣ карданд, ки «ҳар кӣ дари дӯкон кушода накунаду нон нафурушад, бо ӯ ҳамин равад, ки бо ин рафт».

Анборҳо харҷ карданд, намози шом бар дари ҳар дӯконе панҷоҳ нон монда буд ва касе намехарид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *