Фанни Адабиёт

Маълумоти умумӣ дар бораи маҷоз, ташбеҳ ва тавсиф

Барои он, ки асари бадеиро аниқтар дарк кунед, аз нозукиҳои он огоҳ бошед, бояд моҳияти санъатҳои маҷоз, ташбеҳ ва тавсифро донед, аз худ намоед.

Маҷоз.

Равшан аст, ки аксарияти калимаю ибораҳо ба ғайри маънои аслӣ боз маънои маҷозӣ низ доранд. Яъне духӯра ҳастанд. Аз ин хотир дар грамматикаи забони тоҷикӣ онҳоро ба ду қисм: маънои маҷозӣ ва аслӣ тақсим кардаанд. Аммо дар адабиётшиносӣ бошад, маънои маҷозиро санъати маҷоз мегӯянд.

Ба ҳамин тариқ, калимаю ибораҳое, ки бидуни маънои аслӣ дар асари бадеӣ истифода шудаанд, санъати маҷоз ном доранд. Санъати маҷоз дар афсона, ҳикоя, латифа, достон, чистон ва махсусан зарбулмасалу мақол истифода бурда мешаванд. Чунончӣ: 1. Бародари азиз, аз худ наравед. 2. Офтобро бо доман пушица намешавад. 3. Вазнин шавед. Дар ҷумлаи аввал ибораи «аз худ наравед» ба маънои ҳавобаландй, мағрурӣ, худписандӣ омадааст, дар ҷумлаи дуюм «Офтоб» маънои ҳақиқат, аниқ адолат ва воқеиятро дорад. Яъне, адолат бояд дастболо шавад. Дар ҷумлаи сеюм калимаи «вазнин» ба маънои маҷозӣ омада, аз худ наравед, худписанд, мағрур нашаведро ифода мекунад.

Ташбеҳ.

Ташбеҳ маънои чизеро ба чизе, якеро ба дигаре монанд карданро дорад. Масалан, Гуландом мисли дугонааш Садбарг аълохон аст. Дар ин ҷумла Гуландом аз рӯи донишаш ба Садбарг монанд карда шудааст.

Ташбеҳ унсурҳои ба худ хос дорад: ташбеҳшаванда, ташбеҳкунанда, олот ё воситаи ташбеҳ. Дар ҷумлаи боло Гуландом ташбеҳшаванда, Садбарг ташбеҳкунанда ва мисли, монанди воситаҳои ташбеҳ мебошанд. Ташбеҳ намудҳои гуногун дорад. Маъмултаринаш ташбеҳи равшан, пӯшида мебошад. Ташбеҳе, ки дар боло оварда шудааст, ташбеҳи равшан буда, ба воситаи олотҳои ташбеҳ (мисли, монанди) ба вуҷуд омадааст.

Дар адабиёти бадеӣ, ташбеҳ барои возеҳу равшан ва нишонрас баромадани фикр, барҷастагии образ ва бадеиёти асар хизмат мекунад. Нависанда ҳатто ба як калима ё ибора метавонад, маъниҳои олиро ифода намояд. Масалан, дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» гӯянда аз санъати ташбеҳ бисёр ба маврид истифода бурда, Эраҷро ба Офтоб ва дигар рафиқонашро ба ситораҳо монанд кардааст: «Эраҷ, гӯё Офтоб ва бачагони дигар ситораҳои дурахшон буданд, ки гирди ӯро печонида гирифта буданд». Устод Рудакӣ дар шеъри машҳури худ «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» амири Бухороро ба сарв ва худи Бухороро ба бустон ташбеҳ намудааст, ки бисёр ин тасвир зебою дилкаш баромадааст:

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯи бустон ояд ҳаме.

Тавсиф.

Тавсиф маънои васф кардан, ситоиш намудани касеро, чизеро дорад. Ва яке аз санъатҳои маъмултарини адабиёти бадеист. Адибон ва ровиён барои пурҷозиба, дилкашу рангин баромадани ҳодисаю воқеаҳо, сифату хусусияти предмет, ё шахсҳои алоҳида, яъне персонажҳои асарро қатор номбар мекунанд. Масалан, гули сурхи хушбӯи зебо ба ман ҳадя карданд. Дар ин ҷумла, сифатҳои гул: сурх, хушбуӣ ва зебо ба тафсил оварда шудаанд, ки дар забон онҳоро муайянкунанда мегӯянд. Дар асари бадеӣ бошад, чунин таркибҳоро тавсиф мегуянд.

«Маликзодаеро шунидам, ки кӯтоҳ буду ҳақир ва дигар бародаронаш баланду хубруй». Дар ин ҷумла Саъдӣ сифати бародаронро додааст. Яъне маликзода кӯтоҳу бечора, вале бародаронаш баланд ва хубрӯӣ буданд. Илова бар ин, дар ин ҷумла низ, санъати тазод омадааст. Хусусияти ин санъат он аст, ки ду чиз (сифат, хислат), ду шахс муқобили ҳам гузошта мешавад. Ё ҳодисаю воқеаҳои зидди якдигар низ тазод шуда метавонанд. Дар ҷумлаи боло сифатҳои маликзода (кӯтоҳу ҳақир) ба бародаронаш (баланду хубрӯй) муқобил гузошта шудаанд. Аз ин хотир Саъдӣ дар ин ҷумла аз санъатҳои тавсиф ва тазод, ки бештар дар якҷоягӣ меоянд, ба маврид истифода бурдааст. Як мисоли диғар аз Саъдй: “Дуруғи маслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез”. Дар ин ҷумла ҳам тавсиф ва ҳам тазод бо ҳам омехта шуда, идеяи адибро нурборон кардаанд. Аввалан росту дурӯг муқобил, зидци ҳам омада, сониян сифату дурӯғи маслиҳатомез ва рости фитнаангез бамаврид истифода шуда, андешаи Саъдиро возеҳ нишон додаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *