Фанни Адабиёт

Мирзо Турсунзода (1911 — 1977)

Мирзо Турсунзода
(1911 — 1977)

image18

Касе, к-ӯ боварии халқро

арзанда мегардад, Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.

Мирзо Турсунзода яке аз бузургтарин адибони асри XX эътироф шуда, бо шоҳасарҳои ҷовидонааш дар байни халқҳои дунё шуҳрати хоса дорад. Ӯ соли 1911 дар деҳаи зебои Қаротоғи ноҳияи Шаҳринав чашм ба олам кушод. Вале бахти Мирзо омад накард. Дар тифлӣ модараш вафот кард. Дар ин рӯзгор, ки ӯ ҳануз хурд буд, дарду доғи модарро камтар ҳис намуд. Баъдгар Мирзо ёди модар мекунад, симои модари мушфиқу меҳрубонашро пеши назар меорад. Аммо рую мӯй, умуман симои модар барояш ноаён мемонад. Ин эҳсосоти самимиро адиб дар шеъри «Модар» баъдтар ба сад дарду алам баён кардааст:

Тифл мондам аз ту, модар, рӯи ту дар ёд нест, Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест.

Дар сурогат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар,

Чунки то имрӯз, модар, кӯи ту дар ёд нест.

Хушбахтона, шоир аз ҳаводис ноумед ва рӯҳафтода намегардад.

Дар анҷоми шеър боз модарро ситоиш карда, садои модарро дар шеъраш, деҳааш, дар симои занони солхурдаи кишвараш мебинад:

Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам;

Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам.

Солхурда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,

Гучмаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!

Мирзо дар хонаи бачагон камол ёфта, соҳибмаълумот мегардад ва дар матбуоти тоҷик кор мекунад. Пасон Раиси

иттифоқи нависандагони Тоҷикистон интихоб шуда, то охири умр адои вазифа мекунад. Ӯ соли 1977 дар шаҳри Душанбе аз олам чашм мепӯшад. Ҷасади ӯро дар ҷои хушманзараи водии Ҳисори Шодмон, доманакуҳи Лучоб, болотар аз Душанбе ба хок супурданд. Имрӯз дар баландии Лучоб мақбараи устод бисёр зебо қомат афрохтааст. Гирду атрофи он ҳамеша сабзу хуррам ва гулпӯш аст. Махсусан, баҳорон, ки устод бисёр ин фаслро ситоиш карда буд ва дуст медошт, боз ҳам ин мавзеъ рангинтар, назарработар мегардад. Имрӯз садҳо нафар мухлисони абёти шурангези устод Турсунзода аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мамолики хориҷи кишвар ба зиёрат омада, аз шеъри дилангезаш қироат мекунанд, ба сари қабраш гулчанбар мегузоранд. Оид ба ҳамин лаҳзаҳо шоир Гулназар Келдӣ бисёр воқеӣ гуфтааст:

Дар сари қабри ту гиряд аз ҷудоиҳо баҳор,

Нола хезад аз дили ҳар санги хом$ши Ҳисор.

Ман чу гуям, ки ту худ боре ба ҳасрат гуфтаӣ: «Чаилми ман хоҳад, ки бинад навбаҳори бешумор».

Эҷодиёти устод рангин ва пурбаракат аст. Ҳоло муште аз хирвор чанд асари устодро бароятон пешкаш менамоем.

ПОРЧАҲО АЗ ДОСТОНИ «ЧАРОҒИ АБАДӢ» ИНТИЗОРЙ

Шабе, ки то саҳар бедор будам,

Мушавваш, тангдил, ночор будам.

Нахуфтам, доштам умедворӣ,

Диламро мефишорид интизорй.

Гирифта дуди тамоку гулӯям,

Хамида мӯи сар то чашму руям.

Задам гугирд, кардам боз хомӯш,

Папирос даргирондан рафт аз ҳуш,

Қаду бар хонаро гаштам, нишастам,

Гирифтам хома бо ларзанда дастам.

Дилам мехост, ки шеъре нависам,

Намоям шарҳи достонам, ҳадисам.

Агарчӣ хона ором аст дар шаб,

Ба шоир ҷои илҳом асг дар шаб.

Нишастам, лек чизе ҳам нагуфтам, Ҳама хуфтанд, танҳо ман нахуфтам. Чаро, ки доштам умедворй,

Ба сӯи раҳ чашми интизорй.

Чӣ хомуш аст манзил дар дили шаб, Шуда гӯё, ки гунгу кар дили шаб. Намеомад на овози хурӯсе,

На ширин хандаи ошиқ арӯсе.

На болу пар кушоданҳои мурғон,

На бо ҳам хӯрдани шохи дарахтон. Фақат аз бог меомад насиме,

Насими атрбу, дилкаш, ҳалиме. Шунидам ман фақат дарро кушода, Нафасгирии аҳли хонавода.

Ба саҳни боғ ҷастам чун шарора,

Нигоҳ кардам ба нурафшон ситора. Ҳавои шаб ҳузури руҳу ҷон буд,

Замин сабзу мусаффо осмон буд.

Маҳи апрел, дар иди баҳорй,

Ба гул лӯълӯи тар бахшид, оре.

Гули гелос дар ҷанги ҳаво буд,

Барои ҳамл олу ғунҷаво буд.

Бунафша дар лаби ҷӯ ноз мекард,

Гули садбарг чашмаш боз мекард. Чакидан дошт чак-чак шираи ток, Тапидан дошт аз гармӣ дили хок. Дарахтон дар умеди бор буданд,

Ҳама дар ними шаб пуркор буданд. Ҳама монанди ман бо интизорй,

Ғанӣ буданд аз боди баҳорй.

Шуморо, — бороранда дарахтон, Шудам чун гавҳари чашмам нигоҳбон. Шинондам, об додам, парваридам, Нахустин меваҳотонро чашидам. Шумо, аз нав ҳавои бор доред,

Ба оянда самарбахш интизоред.

Дар ин ҳангом монанди шумоям,

Чунин асту чунин дардам, давоям.

Ба чашмонам шуданд ин дам намоён, Таваллудхонаву дунёи тифлон.

МУЛОҚОТИ ЯКУМ

Саҳар шуд, шаҳр ҳам омад ба таҳрик, Мунаввар шуд фазои кӯҳи тоҷик.

Ба тан пӯшида ҷеяак, — ҷомаи суф Диғар ташвишҳоро монда мавқуф. Фитодам дар ҷаҳони серҷанҷол,

Ба дунёи пур аз фарёди атфол.

Чӣ дар хона, чӣ дар роҳрав — каридор, Ба гушам мерасид овози бисёр.

Яке фарёд лӯлакпеч мезад,

Дигар поро ба по бе ҳеҷ мезад.

Яке чашмони худ накшода ҳоло,

Ғизо меҷуст во карда даҳонро.

Садое, ки ба ҳар як тифл хос аст,

Ба модар з-аввалин соат шинос аст.

Чӣ сон нашносад овози дилашро? Давоми умр, парвози дилашро?

Ба модар нури чашмонаст фарзанд, Даванда реша дар ҷонаст фарзанд. Гирифта доя тифлеро дар оғуш, Баромад аз даре мағрур, хомӯш. Агарчӣ доя ҳоло худ ҷавон буд, Валекин кудаконро меҳрубон буд. Расад рузе, ки худ фарзанд бинад,

Чу модар назди фарзандон нипшнад. Дилаш хоҳад, ки бошад шоду хурсанд, Набинад ҳеҷ дарду доғи фарзанд. Назар кардам ба тиллоранг мӯяш,

Ба чашмони кабудаш, сурх руяш. Чунин духтар, чунин симои хушгил,

Кӣ медонад, киро хуш карда дар дил?

Дар ин хона — таваллудгоҳи инсон, Нигаҳ кардам ба рангоранг тифлон.

Яке бе мӯӣ буду сап-сафедак,

Дигар муи сияҳ буду печ-печак.

Яке ором, дигар бесаранҷом,

Яке шакле гирифта, дигаре хом.

Ба хона, аз қафои як тиреза,

Нигаҳ мекард марде бо ситеза.

Ба кин мӯи лабашро тоб медод,

Қасам бар хулқу бар одоб медод. Кушода чашмро чун шоҳкоса,

Занашро таъна мезад он, хулоса.

Ба ман гуфтанд, ки аз зан қимоб аст,

Зи духтар зодани зан дар азоб аст. Намехоҳад, ки бинад духтарашро, Муборакбод гуяд модарашро.

Ба дил гуфтам, ки: «Ҷоҳил мард будаст, Тани моро нишаста гард будаст».

Ба ҷои ӯ сано гуфтам худи ман,

Ба ин навзод духтарча, ба ин зан.

Сано гуфтам ба занҳое, ки имрӯз,

Ба кори мамлакат ҳастанд дилсуз.

Сано гуфтам ба фарзанди ҷигарбанд,

Ба ҳар як модари дорои фарзанд.

Яқин дорам, ки ин духтарчаи нав, Шавад фардо ба модарҳош пайрав. Азизи халқ, донишманд гардад,

Ба кори судовар банд гардад.

Агар марде шавад пайдо, ки онро Кунад таҳқир, ранҷонад занонро.

Чунин номардро нодон шуморад,

Ба дарё ташна бурда, ташна орад.

Ба момо дӯхтам чашмони худро, Гирифтам дар шиканҷа ҷони худро. Рухи момо ба чашм осуда бинмуд, Нигоҳе карду лаб бо ханда бикшуд: «Падар гаштед як тилло писарро, Муборакбод мегуям падарро.

Саломат модараш, ҷонаш раҳо ёфт,

Ба бахташ кудаки олампано ёфт». -227-

Ё туро бахти сиёҳат рондааст?

Боди афғонӣ магар паррондааст?

Ё касе гуфтат, ки дар Ҳиндустон Ризқи инсон аст чун оби равон?

Ҳар чӣ мехоҳй, ту пайдо мекунй, Нозу неъматҳо муҳайё мекунй. Меравад дар ҷӯйҳояш ҷои об,

Дар тамоми фаслҳо ширу шароб. Балки овардӣ ту ҳангоми сафар. Ҷаннати афсонавиро дар назар.

Ин замин кардаст аз даври куҳан, Фикри оламро асири хештан.

Хуб медонам, ки сӯи ин диёр, Н-омадӣ, монанди қавми судхор. Н-омадӣ, то ки ҷаҳонгирӣ кунй,

Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ! Н-омадӣ то хуни ҳиндуро хӯрй,

Бахти бад орию нафъи сад барй. Омадӣ ёбӣ ту нони хешро,

Зинда дорӣ хурд ҷони хешро.

Гушнагӣ партофтат бехайру хуш,

Дар паси куҳи баланди Ҳиндукуш.

Эӣ ҷаҳонгарди ҷавони кобулй, Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулй.

Ҳам падар, ҳам модари бекори ту, Чашм баста дар раҳи бозори ту. Мисли ту, сайёҳи хурди номурод,

Дар ҷавонӣ ман надидам рузи шод. Мешунидам аз падар шабҳои тор, Мисли ту афсонаҳои бешумор.

Ӯ, ба ман мегуфт: «Дар самти Ҷануб, Кишваре бисёр зебоясту хуб.

Сурати он мамлакат дигар бувад, Обҳояш нуқра, хокаш зар бувад. Пасттар ҳар сол гардад Офтоб,

Як қади найза ба рӯи хоку об».

Ман акнун аз мулки хуррам омадам, Чун вакили халқи аъзам омадам.

Ҳеҷ шунидӣ, ки баланд аз саҳоб, Сайркунон лона гузорад уқоб.

Ин ҳамаро бинӣ ту дар Ҳиндукуш, Дар сари куҳи баланди нуқрапӯш.

Гашта дар ин ҷо ватани ҷонварон — Бойтарин сайдғаҳе дар ҷаҳон. Наъраи фил ояду бабру паланг, Савти хуши булбулакон ранг-ранг. Ҳаст замини заҳи пур аз магок3, К-аз нами ӯ мешавад одам ҳалок. Маймуни посӯхта, думсӯхта,

Кирми чу гавҳар ба шаб афрӯхта. Ин ҳама дар бешаи Ҳиндустон, Воҳиманоканд ба пиру ҷавон.

Гар биравӣ ту ба тамошои боғ, Мекунӣ аз бӯӣ муаттар димоғ.

Ин ҳама дар домани Ганг аст, Ганг, Қиссаи шурафкани Ганг аст, Ганг. Нақл намоянд, ки аз Ғарби тор, Кард сафар бандаи кибру виқор. Дар бари худ карда либоси сафед, Ҷоӣ ба дил дода умеди палид. Қувваи пурҷозибаи ин диёр,

Кард дили мардаки ғарбӣ шикор. Дагдағаи ӯ зи ҳад афзун бувад,

Аз хиради одамӣ берун бувад.

Дар дили ӯ ҳеҷ надорад асар,

Хубии ин мамлакати хокзар.

Абри баланди сари ин куҳи пир, Лаззати парвози уқоби далер. Меравад аз пайраҳаи кӯчабоғ, Зиннати он боғ накарда суроғ. Мегузарад аз бари вайронаҳо, Мадрасаю обидаю4 хонаҳо. Мегузарад ӯ нанамуда назар,

Бо ҳаяҷони дилу шавқи ба сар. Ишқи гулу нолаи булбул асар,

Ҳеҷ надоранд ба ин раҳгузар.

Пайкари он гарчи чу хокистар аст, Лек ниҳон дар дили ӯ ахгар асг. Гарчи ба ғорат равад ин сарзамин, Боз дар он ганҷи равонро бубин. Меҳнати деҳқонписару коргар Аз ҳама ашёи ҷаҳон муфттар.

Ин магар афсонаи Бангола аст? Қиссаи бадбахтии садсола аст? Мегузарад магрибии худписанд, Карда сару бинии худро баланд. Бозикунон чуб-асоро ба даст,

Шому саҳар роҳ равад мисли масг. Баҳри чӣ ин магрибии дилсиёҳ, Карда ҳарисона ба Машриқ6 нигоҳ? Бурд дилашро магар ин сарзамин, Бӯи хуши ин чамани нозанин?

Ё ҳаваси дидани оузинаҳо,

Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?

Накд намоянд, ки аз гарби тор,

Кард сафар одами бенангу ор.

Ном баровард ба сангиндилӣ,

Тухми ситам копггану ҷоҳилй.

Дар дили ӯ ҳеҷ надорад асар,

Нолаю фарёди падар ё писар. Зиннати боғу чамани дилфиреб,

Рӯи гулу савти хуши андалеб.

Бо сари пур фитнаю бо карруфар, Мекунад аз байни халоиқ гузар. Мекунад ин гарбии оубаҳмиҷоз Дасти тамаъро суи ҳинду дароз: «Дурри гаронро ба кафи ман бинеҳ, Зар бидеҳу зар бидеҳу зар бидеҳ». Мегузарад дуртар аз издиҳом,

Бе назари диққату бе эҳтиром.

Гоҳ намоён шавад ӯ чун сипоҳ,

Гоҳ ба монанди гадоёни роҳ.

Гоҳ чу як гурбаи пояндамуш,

Гоҳ гурезанда чу муши хамӯш.

Ҳар чӣ ки мехост дар ин оарзамин,

Пурра даровард ба зери нигин.

Пусги рӯбоху палангон гирифт,

Ҳосили сарпанҷаи деҳқон гирифт.

Нуқраву тилло зи дили кон гирифт.

Тоқату ороми фақирон гирифт.

Ҳукми вай имруз ағарчӣ равост,

Пояи ин ҳукм вале бебақост!

Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»,

Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.

Чунки дар ин мамлакат ин зарпараст,

Ҳеҷ ба чизи дигаре дил набаст.

Сар назад аз магрибии бекарам,

Чизи дигар ғайри ҷафою ситам.

Тир назад магрибии дилсиёҳ,

Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.

Гарчи дусад сол дар ин хона монд,

Боз ба ин оила бегона монд.

Ҳукми вай имруз агарчи равост,

Пояи ин ҳукм вале бебақост!

ДУХТАРИ МУҚАДДАС

«Ин духтар аз хонадони сарватмандест ва ӯро як вақте ба домодшавандаи шашсолае гаҳворабахш карда буданд. Лекин ӯ роҳи дигареро интихоб нДмуд. Ӯ мактабро тамом карда буд, бинобар ин чун дид, ки падару модараш зиндагии уро барбод доданӣ ҳастанд, қарор дод, ки аз ҳукми онҳо сар тобад, чунки ин кори онҳо аз рӯи адолат нест. Вай худро озод ҳисоб кард. Вай як пусти паланг ва як пӯсти бабрро гирифту китобҳои дарсӣ ва баъзе чизҳои худро печонида, аз хонаи худ рафт.

Вай сар то сари мамлакатро таӣ карда, танҳоӣ меҷуст. Ниҳоят ба Кашмир омад ва дар як ғор манзил гирифт. Хурокаш пиёзи ёбоӣ, решаҳои хӯрданӣ ва мева буд. Лекин ӯ хонданашро давом медод.

Баъд ӯ ба Лоҳур фаромад ва ба университет дохил шуд. Пас аз тамом кардани университет боз ба гори худ рафт.

Вале уро ҷустуҷу карда ёфтанд ва гуфтанд, ки ба хона равад, вагарна зӯран хоҳанд бурд. Лекин духтар иродаи маҳкам дошт ва хост, ки аз роҳаш нагардад. Чун дид, ки уро зуран аз роҳаш гардонданӣ ҳастанд, пиёда ба Деҳлӣ ба назди Маҳатма Ганди омад. Ӯ ба Маҳатма Гандӣ гуфт: — «Ман дар ҷустуҷуи ҳақиқат ҳастам!». Маҳатма Гандӣ дарди дили ӯро гӯш карду гуфт: — «Касе дар Ҳинд бояд ба ин духтар кордор набошад, ӯ бояд мувофиқи табъи дили худ зиндагӣ кунад».

Баъд рӯҳониёни файласуф уро санҷиданд ва диданд, ки ӯ дар ҳақиқат самимона ба роҳи камолоти маънавӣ қадам гузоштааст. Он гоҳ онҳо ба ӯ шаҳодатномае доданд, ки ӯ ҳақ дорад худро Духтари Муқаддас номад ва дар кадом маҷлис, ки хоҳад, расман суханронӣ кунад.

Онҳо додани чунин шаҳодатномаеро аз он сабаб зарур шумориданд, ки ин духтарро аз фиребгарони сершуморе, ки саросари Ҳиндустон шаҳр ба шаҳру деҳ ба деҳ гашта, чашмбандӣ мекунанд ва низ худро муқаддас меноманд, фарқ кардан осон шавад.

Пас, ӯ ба ҳаракати тарафдорони сулҳ дар Ҳиндустон иштирок мекардагӣ шуд. Баъд ба Вена, ба Конгресси муҳофизати сулҳ омад ва пас аз он ба Москва сафар кард.

Ин зан дар Ҳиндустон хеле машҳур аст. Суханони зеринро ӯ гуфтааст: «То он вақте ки дар кӯчаи шаҳру деҳоти Ҳинд одамон

Хешро дар кучаву бозор кард.

Кулбаи вайронаро партофт, рафт, Бахти нопайдои худро кофт, рафт. Кӯчаву бозор пур буд аз гадо,

Аз гапи «бахшишу»5 аз дарвешҳо. Тарк карда одамон Банголаро, Ҳавлию гову бузу бузғоларо.

Ҳиндӣ аз дасти мусулмон дар азоб, Худ мусулмон аст бо ҳоли хароб.

Як ҳавову як замину обро,

Як макон, як ҷои хурду хобро.

Як ғаму андуҳро, як дардро,

Як садои дил, як оҳи сардро.

Ғайр — бевиҷдон ба ду тақсим кард6, Мамлакатро ҷои хавфу бим кард. Духтари ҳиндӣ ба ҳар сӯ чашм духт, Ҳар нигоҳаш чун шафақ афрухт, сӯхт. Монда буд хомуш тупи «Замзама»7, Гушро кар карда «Султон Ҷамҷама». Дид он тӯфони моҳи ҳутро8,

Ҳам кафан, ҳам гӯр, ҳам тобутро. Шуд ба чашмаш мисли иблиси палид, Сояи гафси Маунбеттен9 падид. Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,

Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Кард аз Лоҳури пурдаҳшат фирор,

Чун рамида сайд сӯи кӯҳсор.

Орзӯи гӯшаи Кашмир10 кард,

Шиква аз бераҳмии такдир кард.

Хост хилватгоҳ дар вайронае, Бутпарастию ибодатхонае.

Хост, ки дигар набинад рӯзро,

Чеҳраи бадхоҳи оламсузро.

Хост пушад руйро аз Офтоб,

Чун маҳи афтода дар зери саҳоб. Нашнавад бо гӯш фарёди касе, Ғингоси занбӯру овози касе.

Хост, ки маҳфуз дорад нангро,

Баста дар дил аз қаноат сангро.

Рӯ ниҳод бар Шива11 бо аҷзу ниёз, Бошад он чун уд дар сузу гудоз.

Монда духтар дастро болои даст,

Дар ибодатхона чандин маҳ нишаст. Халқро машхур нақди тоза шуд,

Чун муқаддас духтаре овоза шуд.

Карда дар бар пусти бабру паланг,

Гох берун шуд ба дашти сабзранг.

Гоҳ мисли соя дар шабҳои тор,

Мулкро мекард он гашту гузор.

Ҷустуҷӯ мекард қути лоямут,

То каме ором созад нафси худ.

Аз тамошо чашм мепушид он,

Чун дили саҳро намеҷушид он.

Лек дуздида дили онро ба худ,

Зиннати Кашмир мафтун менамуд.

Бод меовард аз «Боғи насим»12,

Дар саҳаргоҳон димоғашро шамим13. Дасги рассоми табиат дипрабо,

Чун арӯс оросга Кашмирро.

Куҳи барфин — оби ширин дорад он, Чашмаву руди булӯрин дорад он.

Абр агар аз осмон борон диҳад,

Аз замин гул шаддаи марҷон диҳад. Осмонаш чун гилеми рангае,

Ё ба мисли лаълии пуртангае.

Пас чӣ сон дилро набандад ҳусни он,

Бо ҳазорон шаъшаа, бе ресмон!

Лаънат он касро, ки созад бо итоб,

Ин латофат, ин зарофатро хароб! Духтари ҳиндӣ яроқи ҷанг дид,

Вақги сайру гапгг тӯпу танк дид. Лашкари бегона дар он ҷо шудасг, Зиннати Кашмир зери по шудаст.

Дуди танк, айроплан, дуди матор, Хдлқа мезад дар фазои бегубор. Духтари ҳиндӣ ба хашм омад, ба хашм,

Боз шуд чун мош онро ҳар ду чашм. Чун нидо, чун огаҳй, ҳамчун қасам Ин суруд омад ба гушаш зам ба дам: «Лолаҳо бигзор, дар Кашмири мо Доимо бошанд дар нашъунамо14.

Обҳо бигзор ҷушанду даманд,

Чун сафедӣ дар уфуқ — субҳи баланд. Мо, вале ҷонсахт мардон мерасем, Мисли санги куҳсорон мерасем.

То ки рузи имтиҳон, рузи ҷидол Хам насозад комати моро шамол». Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,

Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.

Боз дунболи раҳи дигар гирифт,

Роҳи одамгарди Амритсар15 гирифт. Гашт дар шаҳру ба ҳар кас гуш кард, Лаб фурӯ басту нафас хомӯш кард. Шаҳр буд, аммо пур аз овози халқ,

Аз чапакҳои фалакандози халқ.

Дар миёни кучаву бозорҳо,

Дар дами дар, дар таги деворҳо. Одамон дар когаз имзо мекунанд, Сулҳро ташвиқу илқо мекунанд. «Сулҳ- мегуфтанд, ки, — омоли16 мост, Навбаҳори чор фасли соли мост.

Сулҳ истиқболи фарзандон бувад, Хотири ҷамъи кӯҳансолон бувад. Сулҳ бошад, бигзарад нон бемалол, Аз гулӯи халқ дар ҳар гуна ҳол. Адпро барпо кунад паймони сулҳ, Бахтро парво кунад даврони сулҳ». Духтари ҳиндӣ ба гапҳо гӯш кард, Пайкараш ларзиду тобу тӯш кард. Кучаҳоро хӯрда кард аз рафтуо, Мешунид аз халқ як гуна нидо. Менависад номи худ дар ҳар қадам, Ҳар яке бо нуги ангушту қалам. Тудаеро кам-камак наздик шуд,

Сулҳҷӯро аз паи табрик шуд.

Духтаре, ки адлро уммед дошт,

Бо қалам дар коғаз имзоро гузошт.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,

Олам аз таърихи он огоҳ шуд.

Аз Ватан, аз сарзамини модарӣ,

Рафт берун, дид мулки диғаре.

Дид кишварҳои гуногуни даҳр,

Сулҳпарварҳои рӯзафзуни даҳр.

Дар забон, дар ғоя, мазҳаб мухталиф,

Аз паи сулҳанд, аммо ҳамрадиф17.

Дид як роҳи сафеди сулҳро,

Қалъаву қулфу калиди сулҳро.

Конгресси Вена18 оғӯшаш намуд,

Сулҳро чун ҳалқа бар гӯшаш намуд.

Мисли як уммеди дерин Москва,

Орзуву хоби ширин Москва.

Такягоҳи сулҳҷӯён Москва,

Иттифоқи дустдорон Москва.

Шаҳри бемонанди пуршон Москва.

Ҷони дунё, ҷони инсон Москва.

Пойтахти мулки аъзам Москва,

‘Дар вафову ахд маҳкам Москва.

Ҳиндудухтарро саодатманд кард,

Меҳмон бинмудаву хурсанд кард.

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,

Олам аз таърихи он огоҳ шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *