Фанни Адабиёт

Мирсаид Миршакар (1912-1993)

Мирсаид Миршакар
(1912-1993)

image23

«Ман дар Боми Ҷаҳон ба дунё омадам. Боми Ҷаҳон! Ҳангоме ки мо ин суханро ба забон мегирем, кадом як Боми афсонавиро дар назар надорем. Оре, Боми Ҷаҳони ҳақиқӣ вуҷуд дорад, он на дар паси куҳи Қоф, балки дар Тоҷикистони соҳибистиқпол аст. Дар ҳудуди Вилояти Автономии Бадахшони Куҳӣ Помир дохил мешавад. Дар он ҷо одамон дар баландии то 3000 метр нисбат ба сатҳи баҳр зиндагӣ мекунанд. Аз қадимулайём Помирро Боми Ҷаҳон меномиданд. Дар бораи Помир китоби бисёре навишта шудааст.

Ман ҳам хостам ватани худ — Боми Ҷаҳонро васф намоям.

Достонҳои «Қишлоқи тиллой», «Ленин дар Помир», «Мо аз Помир омадем», «Калиди бахт», «Одамон аз Боми Ҷаҳон», «Панҷи ноором», «Ишқи духтари кӯҳсор» ба рӯзгори мардуми Помир бахшида шудаанд.

Вақте ки ман 16 сола шудам, маро дар қатори дигарон ба шаҳри Душанбе, ба хондан фиристоданд. Тирамоҳи соли 1928 зиёда аз 30 нафар ҷавонон, чун рӯдҳои куҳӣ аз баландӣ ба поён фаромада, бо роҳҳои вайрону нимвайрон ба шаҳри ҷавон, Душанбе омадем. Он вақг ин масофа як моҳ вақти моро гирифт. Ҳоло ин масофаро бо самолёт метавон дар 40-50 дақиқа таӣ намуд.

Баъд хондаму хондам. Дар сохтмонҳои азими ҷумҳурӣ иштирок кардам. Он вақт шаҳри Душанбе хурдакак буд. Имрӯз бинед, ба як шаҳри бузург, ба як гулистону богшаҳр табдил ёфтааст. Ман ҳам то тавонистам дар ободӣ ва шукуфоии пойтахтам меҳнат кардам, саҳм гузоштам.

274

Фарзандони азизам, шумо ҳам нағз хонеду меҳнат кунед. Танҳо бо меҳнати ҳалол шахс обрӯ ва мақому манзалат меёбад. Дигар, пирон, калонсолонро эҳтиром намоед, то ки оянда ба қадри шумо низ бирасанд».

Устод Мирсаид Миршакар соли 1993 дар шаҳри Душанбе вафот кард, аммо асарҳои эҷодкардааш номи ӯро зиндаю ҷовид ниғоҳ хоҳанд дошт. Ҳоло ду пораро аз достонҳои «Панҷи ноором» ва «Ленин дар Помир» бароятон пешкаш хоҳем кард.

ПАНҶИНО ОРОМ

(огози достон)

Духтарони Дарвоз

Мевазад боди тозаву форам,

Барги гулҳо ба ҷунбишанд аз он.

Мешавад паҳн дар фазо ҳар дам,

Ин суруди қадими куҳистон:

«Рӯзу шаб рӯди Панҷи ноором,

Мезанад доду мезанад фарёд.

Меравад худсарона,

лекин ром

Ҳеҷ касро намешавад.

Ҳайҳот!

Кӯҳи хоро, нигар, ки уштурвор Бар сари ганҷҳо намуда хоб.

Ҳеҷ гоҳе намешавад бедор,

Ӯ зи фарёди Панҷи заррин-об…»1

Ману сарҳадчии диловари халқ,

Лаб-лаби Панҷ бо суруди баҳор Роҳ рафтему Офтоб аз Шарқ,

Гашт рахшанда бар сари кӯҳсор.

Бар сари куҳ ситода машъал-сон,

Деҳаҳоро намуд рахшанда.

Гӯиё, ки ба ҷониби моён Менамояд табассуму ханда.

Мо нишастем назди як чашма,

Дастҳоро намуда коса, аз он Об хӯрдем пас ҳарисона.

06 не, балки буд роҳати ҷон. Сумкаҳоро ба зери сар монда,

Дам гирифта, вале намехуфтем.

Бо муҳаббат махорка2 печонда, Саргузашту ҳикоя мегуфтем.

ЛЕНИН ДАР ПОМИР
(фасли нахуст)

Не хурӯсе ҷеғ зад шаб, бемаҳал,

Не ситора бар замин афтида буд,

Не ба боми хонае ҷуғзе нишаст,

Не касе дар хоб море дида буд.

Сол, аммо соли ноором буд,

Кори мардум бесару анҷом буд.

Раҳгузарҳову мусофирҳои раҳ Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар. Хурдакак будем, аммо кунҷков,

Гӯш медодем бар ҳар раҳгузар.

Вақти бозӣ буд магар? Не! Хостем Бохабар бошем аз ҳар «нек»-у «бад», Маънии «такдири бад»-ро хостем Бишнавем аз нобаладҳо ё балад3.

Хурдакак будем, лекин хостем Бохабар бошем аз «кори ҷаҳон». Коргарбачча, ки Даврон ном дошт, Бар сари мо, кунҷковОн, буд калон. Бо падар дар шаҳр рафта борҳо Х,ар касеро мардикорӣ кардааст. Синну солаш хурд, аммо аллакаӣ Зарби чӯби бандагиро хӯрдааст.

Хурд бошад ҳам, вале фаҳмида буд Се суханро:

«шаҳр»,

«меҳнат»,

бандагӣ».

276

Пас, камаш се бор аз мо бепггар Ошно вай бо тариқи зиндагӣ.

Шаҳрдида, зиндагониро зи мо,

Хубтар, бисёртар дониста буд.

Ҳар чиро, ки мешунид ӯ аз падар,

Омада бар мо ҳикоят менамуд.

Раҳгузарҳою мусофирҳои раҳ Паҳн мекарданд ҳар гуна хабар. Мардуми деҳ-марду зан, пиру ҷавон Гӯш медоданд бар ҳар раҳгузар.

Он яке мегуфт:

«Гӯё дар ҷаҳон,

Қуввае нав — «Болшевой» пайдо

шудааст».4

Дигаре мегуфт:

«Оре, Болшевой» —

Одам асту номи вай Ленин5 будаст.

V худаш рус асту мехоҳад диҳад Подшоҳи русро, инак, ҷазо:

Дасти ӯро баста тахташ бишканад.

Бо замин яксон намояд тоҷро.

Дар Петербурге, ки ҳар майдони ӯ Аз диёри мо васею паҳнтар,

Дар Петербурге, ки ҳар як хонааш Мебарад, гуянд, то сесад нафар,

Давлати шоҳ аст дар зери хатар!…»

«… Бесабаб не ин хабарҳо! «Болыневой» Зидци шоҳи рус исён кардааст!»

Омад он соат, — бигуфто дигаре: — «Давлати пурзури шаҳ ёбад пшкаст!»

Қозии қишлоқи мо ногаҳ шабе Мезанад фарёд, ки:

“Эӣ ахди дин!

Хоб дидам, «Болшевой» бо лашкараш Ҳамла овардаст бар Шуғнонзамин.

Алғараз, дар хобу дар бедориаш Халқ машғули сиёсат гашта буд.

Буд равшан, ки ягон гап мешавад, Оташ, охир, гар набошад, нест дуд. Буд равшан ҳаст оташ!

Лекин он —

«Дар куҷо ҳасту кӣ шуд ҳезумкашаш? Хонаи кӣ — дӯстон ё душманон Гарму равшан мешавад аз шуълааш?» Дар дили ҳар кас саволи бешумор Вақти хобу вақти роҳат, вақти кор Фикр мекарданд, медиданд фол ОДамони оддии кӯҳсор.

Бо ҳамин раҳ бар саволи бешумор Ҷустуҷӯ мекард ҳар як кас ҷавоб. Байни мардум боз як тозахабар Паҳн шуд, ки:

«Дар Петербург инқилоб!»

Гӯиё, ки гурғ дар байни рама

Гашта пайдо! —

Шӯру ғавғо шуд баланд.

«Инқилоб, исён6 ба зидди шоҳи рус Бо туфангу досу бо путку каланд!»

Он касе, ки ин хабарро паҳн кард, Ҳабс шуд.

Он рӯз дар ҳавлии худ Карда моро ҷамъ, Даврон инчунин Саргузапгги он ҷавонро гуфта буд: Ман шунидам, одами бечора ӯст, Хоксору зиндадил, синнаш ҷавон.

Бо забони нарму гарму форамаш Гуфтугу мекард бо бечорагон.

Ӯ худаш аз шаҳри Хоруғ будааст, Рафта дар мулки Хуҷанду дуртар,

Дар заводу фабрика, дар конҳо Кор мекардаст, марди коргар.

Дар ғарибӣ гашта-гашта омадаст Ӯ ба назди баччагонаш,

Ногаҳон — Ҳабс шуд,

У дузд не, ҷаллод не!

«Болшевой»-ро ёвару ёрирасон Қисматашро муҳри қозӣ ҳал намуд: Зинда гӯронанд он бечораро.

Бойҳою пирҳо8 розӣ шуданд Бар чунин як ҳукми он гурги дупо.

Даҳшатовар буд чунин соат, вале Кард вай бедор мардумро зи хоб.

Бар саволи хеш дар он тирарӯз Ёфт мардум пурраву равшан ҷавоб. Дид бо чашми тари худ ҳар яке,

Ки дар он соат барои «Болшевой» Камбағалҳо ашки худ мерехтанд,

Лек хандиданд пиру миру бой.

Маънии бисёрии «Ленин», «Болшевой» Гашт равшан дар дили бечорағон,

Ҳар кӣ шуд бедор, ёру хешро Мекунад бедор аз хоби гарон.

Рафт он фурсат, ки бо завқи калон Гӯш медодем бар афсонаҳо,

Баҳри мо Даврон ҳикоят менамуд.

Инчунин пурваҳму мудҳиш қиссаҳо Гуш медодему мепиндоштем:

Бачча мо не. Ҳар яке марди калон, Акди мо ҳам, гӯиё, ки мефузуд. Маънии шодию гам ҳам шуд аён…

КАМБАҒАЛ

Мӯйсафеде буд дар қишлоқи мо,

Синну солаш бепггар аз шаст буд.

Рузу шаб дар хонаи боёни деҳ Нимсеру гушна меҳнат менамуд.

Номи ӯ аслан Атобек будааст.

Қозие, ки вай ба ӯ мекард кор «Бек» лозим нест, бар ту бас «Ато»! Гуфта номашро намудаст ихтисор. Гашт воқиф чун аз ин кирдори вай, Завқ карда мирҳазори он диёр,

«А» барои ту чӣ лозим, «То» бас аст!»

Гуфта номашро намудаст ихтисор.

Хандаовар ин суханҳо, лек То:

«Майлатон, — гуфтаст, — як номи дигар Низ дорам —

Камбағал, — он номи ман,

Ӯ ба ман мерос мондаст аз падар,

Камбағал!

Ин номи моро ҳеҷ кас

Нест қодир, ки намояд ихтисор!

Бо ҳамин як номи меросӣ маро Мешиносанд одамони ҳар диёр…»

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *