Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Зарбулмасалу мақолҳо

    Зарбулмасалу мақолҳо яке аз жанрҳои мустақили адабиёти шифоҳӣ буда, барои мӯъҷазу рангин баромадани фикру андеша ба инсон хизмат мекунанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим халқ зарбулмасалу мақол эҷод карда, онҳоро дар мавридҳои лозимӣ истифода мебурд. Пас зарбулмасалу мақолҳо ба эҷодиёти адибон дохил шуда, вариантҳои мухталиф пайдо кардаанд. Зарбулмасалу мақолҳо доир ба…

    Муфассалтар »
  • Латифахо. Латифа чист?

    Латифа яке аз жанрҳои маъмули адабиёти шифоҳӣ буда, ҳанӯз дар замонҳои қадим дар байни халқ пайдо шудааст. Латифа хусусиятҳои хоси худро дорост. Латифа ҳаҷман хурд буда, дар он воқеа ба тезӣ огоз ёфта, ба авҷи аъло мерасад ва ҳамоно хотима меёбад. Латифа жанри ҳаҷвист. Дар он кирдорҳои ношоистаи одамон, зулму…

    Муфассалтар »
  • Образи бадеӣ

    Образ калимаи русӣ буда, маънои сурат, симо ва нақшро дорад. Нависанда маҷмӯи хислату характери ашхоси алоҳидаро омухта, пас онҳоро дар симои як шахси алоҳида дар раванди ҳодисаю воқеаҳои мухталиф нишон медиҳад. Ба ҳамин восита адиб образи инсонро меофарад. Чунон ки В.Г.Белинскиӣ мегӯяд: «Адиб бо образҳо фикр мекунад, вай ҳақиқатро исбот…

    Муфассалтар »
  • Муболиға чист?

    Муболиға яке аз санъатҳои маъмули адабиёти хаттӣ ва шифоҳист. Дар забони гуфтугӯӣ бештар истифода мешавад. Масалан, имузгор шогирдеро таъриф карда гӯяд: — Қодир бисёр бачаи доно, ҳамаи асарҳои бадеиро хондааст. Албатта, Шумо сари андеша меоед, ки омӯзгор аз ҳад гузаронд, муҳобот кард, муболиға намуд. Қодир ҳамаи асарҳои бадеиро хонда наметавонад.…

    Муфассалтар »
  • Афсона чист?

    Афсона яке аз жанрҳои қадимии эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Бисёр муҳаққиқони фолклоршинос пайдоиши жанри афсонаро ҳануз ба оғози ҷамъияти ибтидоӣ нисбат додаанд. Афсонаҳои қадим мувофиқи тахайюлоти оддии одамон дар бораи ҳодисаю воқеаҳои хаёлангез ва дур аз ҳақиқат эҷод шудаанд. Дар онҳо деву аҷина ва дигар ашёҳое, ки…

    Муфассалтар »
  • Фарки адабиёти шифохи аз китоби

    Адабиёти бадеӣ асосан ду навъ мешавад: а) адабиёти шифоҳӣ; б) адабиёти китобӣ. Дар ҷомеа аввал адабиёти шифоҳӣ, яъне фолклор замонҳое, ки ҳанӯз хат вуҷуд надошт, пайдо шуда буд. Одамон ғаму шодӣ, орзую омоли хешро даҳонӣ, бадоҳатан дар нақлу ривоятҳо, афсонаю асотирҳо, суруду таронаҳо баён мекарданд. Ин гуфтаҳо аз авлод ба…

    Муфассалтар »
  • Суханвари хамчун илм

    Суханвари хамчун илм

    Муфассалтар »
  • Сайидои Насафӣ

    Дар фикри дона мӯрчае буд даргузар, Омад ба шеру гуфт, ки: Ай Рустами замон! Аз иттифоқи мӯрчагон ғофили магар В—арна чаро ҳақир шуморию нотавон? (Сайидои Насафӣ) Тарҷумаи ҳол Насаф мулки ободе буд. Дар он диёр аз касбҳои ҳунармандӣ пешаи бофандагӣ ривоҷ дошт. Бофандагон, ки барои мардум либосвориҳои арзонбаҳое тайёр мекарданд,…

    Муфассалтар »
  • Қофия ва радиф

    Қофия калимаи арабӣ буда, маънои луғавиаш пушти сар, охири ҳар чиз, аз пай раванда мебошад. Дар забони тоҷикӣ баъзеҳо калимаи пасованд (шакли мухаффафи он пасванд)-ро ба маънои қофия ба кор бурдаанд. Шоири асри ёздаҳ- Лабибӣ мегӯяд: Ҳама ёва, ҳама хому ҳама суст, Маъонӣ аз чакова то пасованд. Дар илми забоншиносӣ…

    Муфассалтар »
  • Шавкати Бухороӣ

    Ба худ кардам гуворо талхии айёмро, Шавкат, Ба ширинӣ даҳони морро тунги шакар кардам. Яке аз суханварони боистеъдод, навпардозу борикандеш Муҳаммадисҳоқ Шавкати Бухороӣ аст, ки дар таърихи адабиёти тоҷик мақоми шоиста дорад. Ӯ тақрибан солҳои 20-уми асри XVII дар хонадони сарроф (заршинос), ки басо илмдӯсту ихлосманди шеъру адаб будааст, ба…

    Муфассалтар »
  • Абдурраҳмони мушфиқӣ

    Ба арзи ҳол ҳоҷат, Мушфиқӣ нест, Агар авроқи девони ман он ҷост. Шоир ва воқеанигори номии тоҷик Абдурраҳмони Мушфиқӣ дар шаҳри Бухоро, тақрибан соли 1525 таваллуд шудааст. Падару бобои шоир аслан аз Марв будаанд. Ин аст, ки Мушфиқӣ баъзан ба Марвӣ будани худ ишораҳо мекунад. Шоир дар шаҳри Самарқанд ба…

    Муфассалтар »
  • Адабиёти тоҷик дар нимаи дуюми асри xvi ва асри xvii

    а) Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ва Эрон дар нимаи дуюми асри XVI Дар таърихи халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон асри ҶVI аввалин асрест, ки таназзули феодализм дар қаламрави мазкур шиддат мегирад. Заминаҳои ин таназзул нисбатан барвақттар оғоз гардида буд. Зуро пас аз вафоти Темур (1336-1404) меросхорони ӯ барои соҳиб шудан ба тахт…

    Муфассалтар »
  • Шоҳнома ва қисматҳои он

    «Шоҳнома» аз муқаддима ва се кисми асосӣ иборат аст. Дар муқаддима монанди достонҳои дигари давраи классикӣ ҳамду наът, гуфтор андар ситоиши хирад, гуфтор дар бораи офариниши ҷаҳон ва мардум, офтоб ва моҳ, ситоиши пайғамбарон ва ёронаш, саргузашти Дақиқӣ бунёд ниҳодани китоб ва ғайра дохил шудааст. Қисми якуми «Шоднома» аз муборизаи…

    Муфассалтар »
  • Шеърхои шоир ва нависандаи точик Садриддин Айни

    САҲАРГОҲОН Сахаргоҳон, ки булбул дар наво шуд, Гул аз шоди шукуфту ғунча во шуд. Шумо, эй булбулони боғи мактаб, Саҳаргоҳон набояд хуфт ҳар шаб. Шумо ҳам дар наво оед, бояд, Ки то аз боғи маъни гул кушояд. Саҳаргоҳон гулистони дабистон. Тароватбахш бошад чун гулистон. Чаро аз ин гулистон гул начинед?…

    Муфассалтар »
  • Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи Рӯдакӣ

    Масъалаҳои тарбиявӣ дар Эҷодиёти Абдӯллоҳи Рӯдакӣ Дар эҷодиёти ин шоири бузурги асри Х ва сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдӯллоҳи Рӯдакӣ масъалаҳои тарбияи ахлоқу одоб, омӯхтани илму ҳунар мавқеи мнамоён ишғол менамояд. Ин хусусиятро дар эҷодиёти аксарияти шоирони асри Х ва асрхои минбаъда дидан мумкин аст. Ҳатто баъзе шоирони тоҷик дар…

    Муфассалтар »
  • Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209)

    Низомии Ганҷави (тахминан 1141 -12 марти 1209) Монанди он ки пеш ва пас аз “Шохнома”-и Фирдавсӣ, рубоиёти Хайём ва қасидаҳои Носири Хусрав маснавиҳои қаҳрамонӣ, рубоиёт ва қасидаҳои диниву ахлоқӣ бисёр гуфтаанд, вале касе ба пояи онҳо нарасидааст, ҳеч шоире низ на пеш ва на пас аз “Хамса”-и Низомии Ганҷавӣ асаре…

    Муфассалтар »
  • Вароқии Хиравӣ

    Вароқии Хиравӣ Абӯбакр Зайнуддин ибии Исмоили Варроқи Хиравӣ аз шоирони бузурги қарни панҷум аст, Падари ӯ Исмоили Варроқ ҳамон аст, ки Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ пас аз фирор аз Ғазнин, ба қавли Низоми Арӯсӣ дар шаҳри Ҳирот ба дукони ў омада буд ва (шаш моҳ) дар хонаи ӯ мутаворӣ буд, то…

    Муфассалтар »
  • Абдул Қодир Бедил

    Абдул Қодир Бедил Абдул Қодир Бедил ё Бедили Деҳлавӣ насрнавис, файласуф ва мутафаккири Тоҷиктабори Ҳиндустон. Номи шоир Абдулқодир буда, Бедил тахаллуси адабиаш ба шумор меравад. Маънои Бедил — «дилдода», «дилбохта», «ошиқ ба зиндагӣ ва инсонҳо», «ба маҳбуба» ва билохира «ба Худои мутаол» аст. Дар қарнҳои минбаъда услуби сабки Бедилро ҳамзамононаш…

    Муфассалтар »
  • Абулқосими Фирдавсӣ

    Абулқосими Фирдавсӣ Макони таввалуд деҳаи Божи нохияи Табарони наздикии шаҳри Тус дар оилаи заминдор. Давраи ҷавонии шоир нисбатан ором буд ва Фирдавсӣ аз ин имконият истифода бурда, ба таҳсили илм машғул шуд, дар мактаб ва мадраса илмҳои расмии даврро меомӯхт: забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хеле хуб медонист ва дар санъатҳои…

    Муфассалтар »
  • Рўзгор ва мероси адабӣи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ.

    Устоди бузурги бебадил ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасан Фирдавсии Тўсӣ, шоири бузурги ҳамосасарои Эрон ва яке аз шоирони машҳури олам ва ситораи дуРахшони осмони адабӣ форсӣ ва аз мафоҳири номбардори миллати Эрон аст ва ба сабаби ҳамин азамати макраму мартабат саргузашти ў монанди дигар бузургони дунёи қадим бо афсонаҳо ва…

    Муфассалтар »
  • Адабӣёти тоҷик дар асри 10 11. Вазъияти сиёсӣ иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар ин давра

    Вазъи умумии забон ва адаби форсӣ- тоҷикӣ. Даврае, ки мо мавриди мутолиа қарор медиҳем, яке аз муҳимтарин давраҳои адабии мо маҳсуб меёбад, ҳамчунин ибтидои тарақии адаби форсӣ аст. Шоҳони ин давра, яъне шоҳони Сомонӣ дар Мовароуннаҳр, Хуросон қудрат намуда, ҳукумати эшон бо тасаллути Салҷуқиён дар Бағдод хотима меёбад. Дар аввалҳои…

    Муфассалтар »
  • Мунҷиқи Тирмизӣ. Дақиқии Балхӣ

    Мунҷӣки Тирмизӣ. Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Мунҷиқи Тирмизӣ аз шоирони бузурги нимаи аввали қарни ҷаҳорум аст, ки баъд аз Дақиқӣ дар дарбори Чағониён ба cap мебурда ва маддоҳи онон, алалҳусус амир Абўяҳё Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ ва амир Абулмузаффар Аҳмад ибни Муҳаммади Чағонӣ будааст. Вай шоире забоновару суханпардоз ва некўхаёлу…

    Муфассалтар »
  • Робиаи Балхӣ, Кисоии Марвазӣ

    Робиаи Балхӣ. Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ў дар радифи шоирони форсӣгўй зикр шудааст. Ў аз муосирони Рўдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ў нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шўрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.…

    Муфассалтар »
  • Шоирони ҳамасри Рўдакӣ: Шаҳиди Балҳӣ, Абўшакури Балҳӣ. Шаҳиди Балҳӣ.

    Абулҳасан Шаҳид ибни Ҳусайни Чуҳудонакии Балхӣ шоири ус¬тод ва доншпманду ҳакими маъруфи аҳди худ будааст. Рўдакӣ аз ҳамаи ҳамасрони худ танҳо ўро шоир ва дигаронро ровии ашъори ину он медонист. Вай аз бузургони ҳукамо ва мутакаллимон ва дар улуми авоил устод будааст. Ибн ан-Надим дар «Ал-феҳрист» гўяд, ки Шаҳид ибни…

    Муфассалтар »
  • Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ

    Рӯзгор ва осори бозмондаи Абӯабдуллои Рӯдакӣ Рўдакӣ шоири устоди оғози қарни ҷаҳорум аст, ки ўро ба сабаби мақоми баландаш дар шоирӣ ва ба иллати пешвоии порсигўён ва оғозидани бисёре аз анвои шеъри порсӣ ба ҳақ «Устоди шоирон» лақаб додаанд. Дар қадимтарин ва дурусттарин маъхазе, ки аз ў ёд шуда, яъне…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиш ва ташаккули адабиёт дар асрҳои 9-10

    Қарни ҷаҳоруми ҳиҷрӣ мутобиқ, ба асри даҳи милодӣ замони тавлид ва устувор гаштани адабиёт ба забони форсии дарӣ, ки марҳалае ҷадид дар раванди таърихии забони форсист, маҳсуб меёбад. Мақоми адабиёт ба мартабаи иззат ва ҳудогоҳии гўяндагону ниёзмандон ва талабгоронаш баробар аст. Шеъру адаби дарӣ, аз ин сабаб, вақте рўй ба…

    Муфассалтар »
  • Зуҳури шеъри форсӣ. Аввалин шоирони форсӣгў.

    Теъдоди шоироне, ки дар замони Тоҳириён ва Саффориён умр ба сар бурдаанд ба 10 тан мерасад ва номҳои ин шоиронро ба таври зайл нишон медиҳад: Абулянбағӣ, Маҳмуди Варроқ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Муҳаммад ибни Васиф, Бассоми Курд, Муҳаммад ибни Муҳаллад, Фирўзи Машриқӣ, Абўсалики Гургонӣ, Масъуди Марвазӣ ва Абулҳафси Суғдӣ. Дар ҷилди дуввуми…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти илму фарҳанг ва адабиёт дар замони истилои араб.

    Илмҳои шаръӣ Илмҳои шаръӣ тақсим мешавад ба улуми марбут ба Қуръон монанди илми қироати Қуръон ва илми тафсири Қуръон ва фурўи онҳо улуми марбут ба ҳадис ва фурўи он, илми фиқҳ ва фурўи он, илми калом. Илми қироати Қуръон аз сувари назми Каломуллоҳ аз ҳайси вуҷуди иҳтилофоти мутавотира баҳс мекунад…

    Муфассалтар »
  • Вазъи сиёсӣ иҷтимоӣ дар замони истилои араб

    Гарчанде барои ба таври доимӣ забт карда шудани Мовароуннаҳр ва ба хоки хилофат бевосита ҳамроҳ карда шудани он ҳанўз дар охирҳои асри 7 дар вақти Абдулмалик фармон содир шуда буд, вале истилои Мовароуннаҳр бо сардории Қутайба ибни Муслим сурат гирифт. Мувофиқи ахбори сарчашмаҳо Қутайба дар вақти амалиёти ҳарбиии худ аз…

    Муфассалтар »
  • Абдураҳмони Ҷомӣ (1414- 1492)

    Ҷоми олим, мутафаққир, шоир, нависандаи барҷастаи халқи тоҷик буда, дар осмони илму адаби асри XV монанди як ситораи дурахшон ҷилвагар аст. Ӯ адабиёти зиёда аз 500-солаи форс-тоҷикро дар тамоми соҳаҳо бо асарҳои баркамолаш ҷамъбаст намудааст. Тарҷумаи ҳол. Номи асосии ӯ Абдураҳмон, лақабаш Нуриддин буда, бо тахаллуси Ҷоми дар тамоми дунё…

    Муфассалтар »