Фанни Адабиёт

Абдумалик Баҳори

Абдумалик Баҳори
(соли таваллуд 1927)

image27

«Ман баробари адабиёти бадеӣ аз хурдӣ мусиқиро дӯст медоштам, дутору гижжаку дойра менавохтам. Орзуям, композитор шудан буд. Бо ҳамин мақсад, баробари мактаби миёна дар омӯзишгоҳи мусиқӣ низ таҳсили илм мекардам, ҳатто узви оркестри симфонӣ будам.

Вале соли 1941 Ҷанги Бузурги Ватанӣ сар шуду роҳи ҳаёти аксарияти наврасон низ тағйир ёфт. Омӯзишгоҳи мусиқӣ баста шуд, бинои мактабамонро ба госпитал доданд. Ман, ки ҳанӯз синфи ҳаштумро ба охир нарасонида будам, ба курси ҳаштмоҳаи муаллимтайёркунӣ даромадам ва баъди он ба институти педагогй.

Адабиёти бадеӣ ба илми мусиқӣ аз чанд ҷиҳат монанд аст. Ҳардуяш ҳам образ меофарад ва эҳсосоти инсонро ифода мекунад. Ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ман аз бачагӣ шавқ пайдо карда будам. Ҳафтае як бор ба китобхонаи шаҳрӣ рафта, китоб мегирифтам. Кор ба дараҷае расид, ки раҳми модарам омада гуфт: «Писарам, ин қадар шабу рӯз сил шуда китоб нахон. Рав, ту ҳам дигар бачаҳо барин дар куча бозӣ карда биё».

Агар аз нашри шеъри нахустинам (соли 1945) ҳисоб кунем, ман зиёда аз 62 сол аст, ки бо кори эҷодӣ машгулам. Дар ин муддат чандин асар навиштам ва чандин китоби нависандагони русро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам. Як қатор драмаҳои навиштаи ман дар саҳнаи театрҳо ва телевизиони Тоҷикистон намоиш дода шуданд. Азҷумла, повестҳои «Гирдоб», «Модархонд», «Ду моҳи пурмағал», «Қаймоқи гирди коса»,«Ҷабрдида» ва қиссаю ҳикояҳои фантастикй: «Ҷуръати доктор Мансур», «Занбӯри айнакдор», «Аҷоиботи Нодар», «Сунбула», ки ин жанр дар адабиёти тоҷик падидаи нав аст, иншо кардам. Дар тули ин солҳо шеърҳои зиёдам, манзумаю достонҳоям нашр шуданд.

Нависандагӣ кори масъулиятнок ва пурмашаққат аст. Барои иншои китоб бисёр донистан ва заҳмат кашидан лозим. Аз асари бадеӣ хонанда бояд ҳам лаззат бараду ҳам дарс омӯзад, ба саволҳои бисёре, ки дар майнааш пайдо мешавад, ҷавоб гирад. Аз ин рӯ, ман ҳар боре, ки қалам ба даст мегирам, худро аз нав шогирд ҳис мекунам».

Ҳоло адиб ба кори эҷодӣ машгул аст. Чун муште аз хирвор, бароятон пораеро аз қиссаи «Ду моҳи пурмағал» пешкаш менамоем.

ҚИССАИ АЛИҶОНУ АЗИЗ
(порчае аз повести «Ду моҳи пурмағал»)

Дарё мегуфтааст, ки оббозҳо аз они худам, онҳоро каӣ хоҳам, фурӯ мебарам. Лекин ман бояд аввал он шиноваронро дам кашам, ки дер-дер ва боэҳтиёт ба оғӯшам медароянд. Бинобар ҳамин, алалхусус бачаҳо ба дарё наздик нашаванд, ки ҷони ҷавони худро барбод медиҳанд. Фоҷиаҳое, ки ҳар сол тобистон аз Сумичак сар карда то Ёва руӣ медиҳанд, магар дарси ибрат нестанд? Ба дарё шак овардану ҳазл кардан камоли нодонист. Охир онро беасос рӯди Сир наномидаанд.!

Мо бо ҳамин мазмун аз падару модарамон бисёр панду насиҳат мешунидем. Вале ҳамин, ки имконият пайдо шуд, ҷойи бозии мо боз лаби дарё буд. Баъзан ба он ҷо баъди дарс рост аз мактаб мерафтем. Сонӣ ба ҳавлӣ дер бармегаштему консултатсия, кружок, ё ҷамъомади пионериро баҳона мекардем. Бо вуҷуди ин рӯю гардани аз таъсири обу Офтоб мис барин дурахшон ва тафсидаи мо гувоҳи ҳол буд. Падару модарон боз магал мебардоштанд, танбеҳ медоданд ва таҳдиди онҳо ниҳояташ ба насиҳатҳои обшуста анҷом меёфт.

Аслашро гӯед, онҳо аз ману Азиз беҳуда ин қадар хавотир мешаванд. Охир худи мо ҳам ақлу фаросат дорем, кӯдак нестем. Имсол синфи панҷумро тамом мекунем. Наход, мо дидаю

Аммаам маро ҳам фавқулодда дӯст медоштанд. Ҳар чиз бихаранд, дуто мехариданду якеро ба писарашон Азиз ва дигареро ба ман медоданд. Ин, албатта, бесабаб набуд.

Падари Азиз Усто-Неъмати рангуборчӣ дар байни мардум нуфузи калон дошт. Кори ягон бофандаи шаҳр бе ӯ буд намешуд. Ресмон, абрешим ва ҳатто карбосу шоҳивори тайёри бофта дар устохонаи ӯ ба худ ранги дилхоҳ мегирифтанд. Танакори беқасабу атлас низ дар ҳамин ҷо абрбандӣ ва рангубор карда мешуданд. Ба Усто-Неъмат ёрдамчиёни бисёре хизмат мекарданд, ки онҳоро халифаҳо меномиданд. Яке аз ҳамин гуна халифаҳо Абдуфаттоҳи богбон буд. Вай бо духтари қадраси худ Салима ҳамчун комилҳуқуқи ин хонадони калон зиндагӣ мекард.

Усто-Неъмат аз пушти касбу ҳунари нодираш бадавлат шуда буд. Яке дар маркази шаҳру дигаре берун аз он — дар соҳили дарё ду ҳавлии кори калон дошт. Бо аҳли оила ва пешхизматҳо ӯ зимистон дар ҳавлии шаҳру тобистон дар ҳавлии соҳйли дарё зиндагӣ мекард. Ҳавлии тобистонро «Майдон» мегуфтанд, зеро он асосан аз боғу майдони калон иборат буд. Фақат се-чор хонаю айвони кошинкорӣ ба назар мерасид, ки онҳоро дар ҷои баланду барҳавои Майдон андохта буданд. Боғро дарахтони зардолу, себ, ноку шафтолу, гелос, олуболую бодом ишғол мекарданд. Дасти ростро ҳавозаҳои токи ангури кадуҳусайнй, тагобй, тоифӣ ва зоғак оро медоданд. Дар қисми поёни нисбатан камдарахти Майдон анорзор, анҷирзор, қитъаҳои кишти сабзию картошка, пиёзу помидор ҷоӣ гирифта буданд. Умуман дар ин ҳавлӣ меваю сабзавот фаровон буду ба қавли модарам, маймун намехӯрд. Зардолуҳои моҳтобии заб-зард, себҳои сурхи пешпазак, шафтолуҳои ҳил-ҳилрасидаи пустащ нарм болои алафу даруни ҷӯякҳо рехта мехобиданд. Бодирингу ҳандалакро бошад, худамон ба полиз даромада аз палакҳояшон канда мегирифтем. Аз дур дарё, ҷазираҳои каб-кабуд, қуллаҳои баланди кӯҳи Мевағул намуда меистоданд.

Мо аксар вақт дар болои суфае, ки зери сияҳбеди калон, дар паҳлӯи ҳавзи пуроб сохта шуда буд, бозӣ карда менишастем.

Усто-Неъмат марди басо саховатманду дасткушод буд. Дар ҳавлиҳои ободу озодаи ӯ қариб ҳар шаб бо ҳар баҳона меҳмонҳо ҷамъ меомаданд. Дар оташдонҳои қатор хӯрок мепухтанд, рӯи дастархонро ҳамеша меваю сабзавоти рангоранг оро медод. Баъзан рӯзона занҳои бисёр ғун шуда, маросими мушкилкушо

соату оинаҳои мусиқадори фарангӣ дар ҳавлии Усто-Неъмат пайдо шуда бошанд. Мо таппончаҳое мепаррондем, ки олтингӯгирди тираш ҳам қарсас карда садо ва ҳам шарораву дуд мебаровард. Диафилмҳое доштем, ки лентаашро тофта, манзараҳои аҷибу гариби оламро дидан мумкин буд. Карнайча, нағора ва гармошкаҳои даҳанакие менавохтем, ки мисли онҳоро дигар бачаҳо дар хоби шабашон ҳам намедиданд.

Ман баъзан то як ҳафтаю даҳ рӯз дар ҳавлии аммаам мегаштам. Аз ҳамин сабаб, бисёр вақт гапи байни падару модарам мегурехт.

  • Ҷои бегона не-ку, — мегуфтанд падарам. — Мон, бо Азиз ҳамроҳ гапгган гирад.
  • Мардум чӣ мегӯянд? — эътироз мекард модарам. — Ҳар як бача бояд дар пеши чашми падару модари худаш бошад. Алиҷони мо ятиму бепаноҳ не, ки дар ба дари мардум гардад.

Аз мактаб, ки баргаштем, аммаам моро шинонда, аввал ишкамамонро сер мекарданд. Баъд яктогӣ сабатчаи рангаи дастадор медоданду мефармуданд, ки рафта ба он зардолу ё себ чида оем. Аз қафои похсадевори паст ҳур-ҳур шамоли дарё мевазид, ғалогулаи бачаҳои оббозикунанда ба гӯш расида меистод. Аз дур мурии стансияи ба ҷазира оббарорӣ ба назар менамуд, ки ҳалқа-ҳалқа дудашро ба фазои кушод сар медод. Дили мо ба дарё кашол буду ноилоҷ сабр мекардем, худро ба мевачинӣ андармон месохтем. Пайт мепоидем, ки каӣ имконияти хато кардани чашми аммаам пайдо мешаваду мо ҳам давида рафта, худро ба об меандозем.

ДАРДИ ШИКАМ

Овоза шуд, ки идораи савдои шаҳр «қанди бисёре кӯҳна шуд», гуфта, акт кардааст, ба чуқуриҳои Чармгарӣ чанд фургон аз он оварда рехта, аз болояшон дору пошида ғӯр кардааст. Ману Азиз баъди дарс рост ба пеши қалъаи куҳна — ба Чармгарӣ рафтем. Бинем, аллакаӣ чанд бача бо тешаю каланд чуқурро кушода, кулӯла-кулӯла қанди хоколуди баҳамчаспидаро гирифта истодаанд. Мо ҳам чобукӣ карда, худро ба хандақ ҳаво додему аз зери хасу хошок тарбуз барин як кулулаи калони қанди коғаздорро баровардем. Ҳамин вақт аз кйм-куҷо милисаю духтурҳои хилъатпуш пайдо шуда, ҳама қандковонро пеш

қанди пӯсидаи дорузада хӯранд… .Ман рафта Усто-Неъматро хабар диҳам, ки Азизро зуд ба духтур баранд.

— Ман ҳам аз ин қанд хӯрдагӣ, — гуфтам ман.

Ҳамин вақт Азиз ба ҳуш омада, ногаҳон овоз баровард:

-Об!

Духтарон ба ӯ бо кафи даст об хӯронданд. Яке аз онҳо аз печи остинаш ду дона қурут гирифта ба мо дод, ки маккем. Қурути шӯру турш моро андак ба худ овард. Духтарон хотирҷамъ шудаю лингаҳои алафро ба сар монда, рафтанд.

Ҳамон шуду аз қанд дилам тамоман монд. Агар харбузаю тарбуз, ё меваҳои бог бошанд, ман акнун ҳатто ба шоколади зарҳалпеч даст дароз намекунам.

Фаҳмост, ки мо ҳамон рӯз ҳам муддаои табъ оббозӣ кардем. Оби дарёча чунон каб-кабуд, соф ва ширгарм буд, ки одам як- ду ғӯтта занад, дигар баромадан намехост.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *