Фанни Адабиёт

Рефератхо ва лексияҳои точики аз фанни Адабиёт

  • Восифи Бохтарӣ

    Восифи Бохтарӣ Аз суханварони машҳури муъосири Афғонистон маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1942 таваллуд шуда, таҳсилоташро дар риштаи адабиёт дар Афғонистон ва Амрико ба поён расонидааст. Дар хушунатбортарин солҳо диёрашро тарк нагуфт, вале билохира, рӯ ба ҳиҷрат овард ва акнун дар шаҳри Лос- Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад ва чун шоири боистеъдод…

    Муфассалтар »
  • Дақиқии Балхӣ

    Дақиқии Балхӣ Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ шоири бузурги аҳди Сомониён аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти Эрон» 317 ҳиҷрии қамарӣ (929 — 930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷойи таваллудаш аниқ маълум нест. Тазкиранависон дар ин масъала ихтилофи назар доранд. Бархе вайро аз Самарқанду Бухоро, баъзеҳо аз Балху Тӯс донистаанд. Вале…

    Муфассалтар »
  • Дарвеши Балхӣ

    Номи аслияш Муҳаммад буда, Дарвеш тахаллуси адабии ӯст. Вай дар нимаи қарни даҳум мезист ва дар замони ҳукумронии Шайбониён муфтии Балх будааст. Гузашта аз улуми мухталиф, аз суханварони зариф ва хушкалом ба шумор меравад ва дар мавзӯъҳои ҳазлу шӯхӣ ва мутоъибот ашъори латиф ва мавзун сурудааст. Аз ҷумла мутоъиботи зарифонаи…

    Муфассалтар »
  • Илмии Балхӣ ва Имлои Балхӣ

    Илмии Балхӣ Исмаш Мирчучак ва аз ҷумлаи содоти Балх аст. Аслан аз мавзеъи Сарипул мебошад. Мавсуф табъи равон ва истеъдоди хуб дар сурудани шеър доштааст. Ғазали зерин аз табъи саршори вай огоҳӣ медиҳад: Нуктаи сирри лабашро зи касе кун таҳқиқ, Ки некӯ ёфта бошад хабар аз кони ақиқ. Қадри зулфи…

    Муфассалтар »
  • Исломи Балхӣ

    Исломи Балхӣ Аз зумраи он суханварони Балх аст, ки тақдири рӯзгор ва осораш ӯ хеле печида ва норавшан аст. Танҳо як байт аз ӯ дар тазкираҳо дида мешавад: На тори умр маҳкаму на тори дӯстӣ, Афсӯс аз ин ду ришта, ки бисёр нозук аст. Исои Балхӣ Муҳаммадисо ибни Муҳаммад Ниёзи…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Ҳамиддадини Балхӣ

    Қозӣ Ҳамаддадин Умар ибни Маҳмуди Балхӣ яке аз олимон ва суханварони номӣ ба шумор рафта, дар замони Анварӣ ба ҳайси қозиюлқуззот (қозикалонӣ) дар Балх ифои вазифа менамуд. Мавсуф бар иловаи фақоҳат ва матонат дар улуми динӣ, ҳаким ва шоири ширинсухану шевобаён буд, ки бо Анварӣ мушоира дошта ва як бор…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Чалолиддини Балхи

    Марде, андар ҷустуҷӯ оворае, Собите, бо фитрати сайёрае. Пухтатар кораш зи хомиҳои ӯ, Ман шаҳиди нотамомиҳои ӯ. Шишаи худро ба гардун баста тоқ, Фикраш аз Ҷибрил мехоҳад садоқ. Чун уқоб афтад ба сайди моҳу меҳр, Гармрав андар тавофи нӯҳ сипеҳр. Ҳарф бо аҳли замин риндона гуфт, Ҳуру ҷаннатро буту бутхона…

    Муфассалтар »
  • Шеърхо аз Мавлоно Чалолиддини Балхи

    Аз ғазалиёт Чунин шабҳо шаби қадр аст моро, Ҳилоли дигарон бадр аст моро. Шабе, к- он дилбари айёр бо мост, На як шаб, сад шаби қадр аст моро. Ба гирди мо ҳаводис раҳ надорад, Фароғ аз ҳодиси даҳр аст моро. Зи фақру фоқа моро ор н-ояд, Ки ори дигарон фахр…

    Муфассалтар »
  • Мавлоно Шаҳиди Балхӣ

    Мавлоно Муҳаммад Расули Шаҳид аз маҳаллаи Мормоли Балх аст. Ин мавзеъ то кунун номи таърихиашро ҳифз кардааст, ки дар «Муъзаму-л-булдон» ва «Ансоб»-и Самъонӣ низ ба ҳамин ном ёд шудааст. Шаҳид дар ҳудуди соли 1261 ҳиҷрии қамарӣ дар Балхи бостон чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Дар овони кӯдакиву наврасӣ маълумоти ибтидоиро…

    Муфассалтар »
  • Маъруфии Балхӣ

    Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасани Маъруфӣ аз суханварони номии қарни даҳи милодӣ аст. Зодгоҳи ӯ ба иттифоқи тазкиранависон Балх аст. Дар замони салтанати Абдумалик ибни Нӯҳ ибни Наср ибни Аҳмади Сомонӣ дар доираи адабии Сомониён ширкат доштааст. Маъруфии Балхӣ аз ҳамсӯҳбатони устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ будааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори…

    Муфассалтар »
  • Надими Балхӣ

    Хоҷӣ Подшоҳхоҷа ибни Мирзо Раҳматуллоҳ мутахаллис ба Надими Балхӣ дар 1254 ҳиҷрии қамарӣ дар Балх чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар андак муддат аз улуми мутадовилаи исломӣ фароғат ҳосил кард ва дар дарбори амир Шералихон боиззат ва виқор муқарраб буд. Амир Абдураҳмонхон низ ба эҳтироми ӯ мекӯшид. Ӯ надими сардор…

    Муфассалтар »
  • Носири Хусрави Кубодиёнии Балхӣ

    Мангар бад-ин заъиф танам з-он ки дар сухан, З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро. Абумуъиннидин ибни Ҳорис ибни Ҳасан ибни Муҳаммад Носири Хусрави Қубодиёнӣ соли 1003 милодӣ, ки ба лақабҳои Ҳуҷҷат, Ҳуҷҷати Хуросон, Шоҳ Носири Хусрав ва ғайра шӯҳрат дорад, дар шаҳраки Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замоне яке аз…

    Муфассалтар »
  • Овораи Балхӣ

    Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммади Балхӣ машҳур ба Овора аз шуъарои маъруфи аҳди Сабуктегини Ғазнавӣ ба шумор меравад. Қайд кардан лозим аст, ки бар асари дастбурди ҳаводиси рӯзгор ба ғайр аз чанд байт аз осори ин суханвар чизе боқӣ намондааст. Аз ҷумла ин ду байт аз чакидаи хомаи вай мебошад: Гар баркашам…

    Муфассалтар »
  • Робиъаи Балхӣ

    Соли таваллуд ва вафоти Робиъаи Балхӣ ё ки Қаздорӣ аниқ маълум нест. Аз нақли саргузашти ӯ бо устод Рӯдакӣ ва бародараш — Ҳорис, ки амирзодаи замони Насри II аст, маълум мегардад, ки дар нимаи якуми қарни даҳи милодӣ зиндагӣ кардааст ва умри дароз ҳам надидааст, зеро дар айни ҷавонӣ ба…

    Муфассалтар »
  • Розиқи Рӯйини Балхӣ

    Ӯ соли 1950 милодӣ дар шаҳри Мазори Шариф – маркази вилояти Балх чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушодааст. Факултаи забону адабиёти Донишгоҳи Кобул ва Академияи тарбияи муаллими Афғонистонро хатм кардааст. Розиқи Рӯйин соли 1992 дар Донишгоҳи Софияи Булғористон рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Акнун дастандаркори интишори маҷаллаи «Хок»— нашрияи Конуни фарҳангии афғонистониҳои…

    Муфассалтар »
  • Саққоии Балхӣ

    Исмаш Баҳром аст, шахси порсоманиш ва қаландар машраб буда, аксар ба сайру саёҳат мепардохтааст. Боре аз Балх ба Сарандеб (Целон) рафт ва муддатҳо дар паҳлӯи марқади ҳазрати Одам (а) ба муҷовират пардохт. Дар соли 980 ҳиҷрии қамарӣ Саққоӣ соқии аҷалро лаббайк гуфт. Ӯ шоири соҳибдевон аст, ки миқдори ашъораш сӣ…

    Муфассалтар »
  • Солики Мазорӣ

    Марҳум Мавлавӣ Абдулҳайи Мазорӣ мулаққаб ба Солик аст. Ин родмарди таърих, ки Балхи бостон бо ӯ ифтихор дорад, дар соли 1330 ҳиҷрии қамарӣ, мутобиқ ба соли 1289 ҳиҷрии шамсӣ дар маҳаллаи Кашфкашон, аз тавобеъи Чаҳоркенти вилояти Балх дар як хонадони шарифу обрӯманд чашм ба ҷаҳон кушудааст. Таълимоти ибтидоиро аз Мулло…

    Муфассалтар »
  • Султони Балхӣ

    Мавлоно Султон Муҳаммад ибни Мавлоно Дарвешмуҳаммади Мутфӣ аз суханварони бомаҳорати қарни даҳуми ҳиҷрии Балх аст. Муддате монанди падараш Мавлоно Дарвешмуҳаммад қозии ин шаҳр буда, то соли 959, ки эъмори муҷаддади мазори Хоҷа Абунасри Порсоро ба итмом расонида буданд, дар қайди ҳаёт буд ва таърихи онро ба ҳисоби абҷад ба назм…

    Муфассалтар »
  • Унсурии Балхи

    Ӯ аз бузургтарин суханварони доираи адабии Ғазнин дар нимаи авали қарни ёздаҳуми милодӣ ба ҳисоб меравад. Унсурӣ маликушшуъарои дарбори Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буда, ба қавли Муҳаммад Авфӣ: «устоди шуъаро ва муқаддами арбоби ин шева аст». Соли таваллуди вайро маъхазҳои адабӣ ва таърихӣ ба таври аниқ зикр накардаанд. Муҳаммад Авфии Бухороӣ…

    Муфассалтар »
  • Ашъори устоди сухан Ҳаким Абулқосими Унсуриро

    Аз ташбиби қасидаҳо Дили маро аҷаб ояд ҳаме зи кори ҳаво, Ки мушкбӯй салаб шуд зи машкбӯй сабо. Зи рангу бӯй ҳамедонаму надонам аз он-к Чунин ҳаво зи сабо гашт ё сабо зи ҳаво. Дарахт агар олами парниён кушод равост, Ки хок боз кушодаст мафраши дебо. Ба нуру зулмат монад…

    Муфассалтар »
  • Фидоии Балхӣ

    Аз шуъарои қарни даҳуми ҳиҷрист. Таваллуд ва нашъунамои ӯ дар Балх шудааст. Боре азми сафари Ҳиндустон намуда ва муддатҳо дар он диёр ба сайру саёҳат ба сар бурда, баъд аз бозгашт аз сафар дар Кобул пешаи тиҷорат дошта ва сурудани ашъор табъи равон доштааст. Ин пора шеър намунае аз осори…

    Муфассалтар »
  • Ҳабиби Балхӣ

    Сайид Ҳабибуллоҳ аз содоти Мирҳайдарии Балх аст ва дар қарни сездаҳи ҳиҷрӣ зиндагӣ ба сар бурдааст. Дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ маълумоти хеле кам дастрас аст ва гоҳе ашъори диловез месуруда. Ғазали зерин аз вай аст: Ҷудо аз фикри ҷаҳон шав ба фикри Субҳон бош, Гадои ӯ шаву бар…

    Муфассалтар »
  • Шеърхо аз Абуали ибни Сино

    Аз қаъри гили сиёҳ то авҷи Зуҳал, Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал. Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял, Ҳар банд кушода шуд магар банди аҷал. *** Бо ин ду – се нодон, ки чуунин медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон ононанд. Хар бош, ки ин ҷамоъа аз фарти харӣ,…

    Муфассалтар »
  • Шеърхои шоир Абуабдуллохи Рудаки

    Шеърхои шоир ва сардафтари адабиёти классики точик Устод Абуабдуллохи Рудаки Чун теғ даст орӣ, мардум натавон кушт, Наздики худованд бадӣ нест фаромушт! Ин теғ на аз баҳри ситамкорӣ карданд, Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт! Исо ба раҳе дид яке кушта фитода, Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари…

    Муфассалтар »
  • Мир Сайид Алии Хамадони Дар Шинохти Анри Корбэн Султонов С. А.

    Боиси хушбахтист, ки аксар мутафаккирони адабиёту фалсафаи классики форсу тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Абубакри Розию Форобӣ, Ибни Синою Берунӣ, Носири Хусраву Мавлонои Рум ва даҳҳо нафарони дигар дар тамоми гӯшаю канори олам соҳиби мақому мартабаи хосанд. Хусусан, дар Фаронса шуҳрати мутафаккирони олами ислом, ки қисмати зиёдашон аз насли форсу тоҷиканд,…

    Муфассалтар »
  • Каломи хикмату маърифат дар рисолаи «Минхоч-Ул-Орифин»-И Мирсайид Алии Хамадони

    Каломи ҳикмату маърифат дар рисолаи «Минҳоҷ-Ул-Орифин»-И Мирсайид Алии Ҳамадонӣ Мирсайид Алии Ҳамадонӣ баҳри татбиқи қуръон, «Эй Расули ман, мардумро ба сӯи Худои худ бо ҳикмат ва мавъизаи некӯ даъват кун ва бо беҳтарин роҳи даъват бо онон мунозира кун» (қуръон, сураи Наҳл, ояти 125) пандҳои Пайғамбари ислом Муҳаммадро (с) дар…

    Муфассалтар »
  • Накши зану шавхар дар тахкими оилаи солим аз дидгохи Мир Сайид Алии Хамадони

    Аз раванди таърих ба мо маълум аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар як халқу миллат дар рафти ташаккул ва рушд ба омезишҳои ҳархелаи фарҳангии дигар халқу миллатҳо рӯ ба рӯ мешавад. Равандҳои гуногуне, ки дар шароити ҷомеаи мусоири инсонӣ ба вуқуъ пайвастааст, ба вижа ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро низ дар…

    Муфассалтар »
  • Ривояте дар бораи дехаи Сангпар

    Ба қавли ровиёни рӯзгордида таърихи пайдоиши деҳаи Сангпар, ки дар тарафи шимоли шаҳри Кӯлоб вокеъ гардидааст чунин аст. Зоирон ҳангоми ба наздики маконе, ки ҳоло деҳа қарор гирифтааст, расида аввалан аз аспҳои худ фаромада, суйи шаҳр равон мегардидаанд. Бо мақсади он ки дар роҳ ягон сухани ношоям ба забон нагиранд…

    Муфассалтар »
  • Ривоят дар бораи дехаи Тудакавш

    Дар қисми шарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхурда ва кӯҳансол чунин аст. қисми зиёди ихлосмандони Алии Хамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавасути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин мақон расидан замон аз рӯи…

    Муфассалтар »
  • Ривоятхо дар бораи Мир Сайид Алии Хамадони

    Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳангоми яке аз сафарҳояш дар Хатлон муддате истиқомат мекунад ва аз Амир Темур хоҳиш мекунад, ки мулкиХатлонроба ӯ ҳадя кунад. Амир Темур ин дархости ӯро рад мекунад. Саид Алии Ҳамадонӣ аз ин қаҳраш афзуда, ба сӯйСамарқандхасчубаеро баҳри ҳалокати Амир Темур мепартояд. Ҳамин вақт Баҳовиддини Нақшбанди Балогардон, ки…

    Муфассалтар »