Фанни Адабиёт

Мавлоно Чалолиддини Балхи

Марде, андар ҷустуҷӯ оворае,

Собите, бо фитрати сайёрае.

Пухтатар кораш зи хомиҳои ӯ,

Ман шаҳиди нотамомиҳои ӯ.

Шишаи худро ба гардун баста тоқ,

Фикраш аз Ҷибрил мехоҳад садоқ.

Чун уқоб афтад ба сайди моҳу меҳр,

Гармрав андар тавофи нӯҳ сипеҳр.

Ҳарф бо аҳли замин риндона гуфт,

Ҳуру ҷаннатро буту бутхона гуфт .

Шӯълаҳо дар мавҷи дудаш дидаам,

Кибриё андар суҷудаш дидаам,

Ҳар замон аз шавқ менолад чу нол,

Мекушад ӯро фироқу ҳам висол.

Ман надонам чист дар обу гилаш,

Ман надонам аз мақому манзилаш.

Муҳаммадиқболи Лоҳурӣ

Ҷалолиддин Муҳаммад маъруф ба Мавлонои Румӣ соли 604 ҳиҷрӣ (мутобиқ ба соли 1207 – 2008 милодӣ) дар музофоти Балхи бостонӣ чашм ба олами ҳастӣ кушудааст. Бино бар гуфтаи олими маъруфи эронӣ Бадеъуззамон Фурӯзонфар, ки доир ба Ҷалолиддини Румӣ зиёда аз 45 сол таҳқиқот бурдааст, зодгоҳи Ҷалолиддини Румӣ Вахшонзамини Тоҷикистон аст (ниг. Гулшани адаб. Душанбе, Ирфон, 1975, ҷилди 2, саҳ. 60).

Дар ин бора фикру ақидаҳои муҳаққиқон ва пажӯҳишгарон мухталифанд. Донишманди тоҷик Хуршед Зиёев дар мақолаи худ таҳти унвони “Дурахше аз Вахш” (аз ҳаёт ва фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ) дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ( 26 июли соли 2007) қайд кардааст, ки ба гуфти падари Мавлоно Ҷалолиддин — Баҳоуддини Валад дар асари ягонааш “Маъориф” ӯ солҳои 1203- 1210 милодӣ бо аҳли хонаводааш дар мулки Вахш иқомат доштааст ва дар давра писараш Ҷалолиддин дар Вахшонзамин таваллуд ёфт. Ӯ дар соли таваллуди писараш воъиз, имомхатиби яке аз масҷидҳо ва ба қавли дигар қозии он мулк будааст. Аз ҳамин ҷост, ки Баҳоуддин Валад дар асари худ чандин бор аз сарзамини Вахши тоҷикон ёд кардааст. Аз ҷумла дар ҷилди аввали ин асар ӯ дар бораи фаъолияти худ дар мулки Вахш сухан мегӯяд. Дар ҷилди дуввуми “Маъориф” бошад. мутафаккир муноқишаҳои байниҳамдигарии донишмандони ин мавзеъ ва аз тарафи Ғӯриён тасарруф шудани Вахшонзаминро дар қарни шашуми ҳиҷрӣ зикр кардааст. Дар охири иқоматаш дар ин ин мавзеъ ва пеш аз тарки он вай менависад: “Ба дилам омад ба Вахш, ки чӣ гуна дигарон ба Самарқанду Бағдоду Балх ба шаҳрҳои ҷалил мебошанд ва ман дар ин кунҷе монда?”.

Муаллифи мақола афзудааст, ки ҳанӯз солҳои сиюми қарни гузашта олими рус В. А. Гордлевский Мавлоно Ҷалолиддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд. Дар солҳои минбаъда низ муҳаққиқон ба масъалаи муайян сохтани зодгоҳи Мавлоно машғул гардидаанд ва яке аз навтарин таҳқиқот дар ин самт ба қалами муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Луис таъаллуқ дорад. Барои исботи он ки Вахш зодгоҳи Мавлоно ӯ чанд далел меоварад. Аввалан, маълумоти тарҷумаҳолиро, ки дар “Маъориф”-и Баҳоуддини Валад зикр шудааст, таҳлил намуда, менависад: — “Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шуда бошад, вале ҳадди ақал байни моҳҳои июни соли 1204 ва соли 1210 милодӣ, дар давроне, ки Румӣ таваллуд шудааст, Баҳоуддин бо ханаводааш дар Вахш иқомат дошт. Маҳз Вахш, на Балх қароргоҳи доимии Баҳоуддин ва хонаводааш то даврони тақрибан панҷсолагии Румӣ буд”.

Ба ақидаи Франклин Люис худи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ низ аз диёраш Вахш ёд мекунад (дар байти пойин, ки муҳаққиқ иқтибос намудааст, Румӣ аз таваллуд то марг аз зодгоҳи худ – Вахш то оромгоҳаш Рум қиёс мекунад). Дар ин бора муҳаққиқи амрикоӣ суханашро идома дода менависад: “Баҳоуддин то сентябри соли 1210 милодӣ ҳанӯз дар Вахш буд, вале дар байни солҳои 1210 ва 1212 милодӣ баъзан ба Самарқанд, ки аз тарафи Хоразмшоҳ забт шуда буд, мерафт. Ин нишон медиҳад, ки Баҳоуддин Валад дар Хуросон чандин сол пас аз ин боқӣ монд, аммо баъдан онро бебозгашт тарк намуд. Дар охири умраш, яъне дар анҷоми соли 1260 милодӣ Румӣ як руҷӯъи лаҳзавие ба овони кӯдакии худ дар Вахш мекунад ва масъалаи маргро дар “Маснавӣ” баррасӣ месозад:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқ асту дурахш,

Дар дурахше кай тавон шуд сӯйи Вахш.

Ба масъалаи он ки чаро Румиро зодаи Балх меҳисобанд, дахл намуда, муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Луис қайд мекунад: ”Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолиддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугӯ мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, ҳадди ақал изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд, вале бо мардуми Анатолия (қаламрави имрӯзаи Туркия) онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, аз яке аз марказҳои муҳими фарҳангии замонаашон то суқут аз дасти муғулон. Ин амал як нуқтаи назари маъмули муносибатҳоро нишон медиҳад, сокинони шаҳрҳои музофотӣ дар тамоми ҷаҳон ҳангоми дур будан аз ватан худро ҳамчун сокини ба худ наздиктарин шаҳри бузург муъаррифӣ месозанд”.

Ба маълумоти асари “Маъориф”-и Мавлоно Баҳоуддин ва асарҳои худи Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, ки забони онҳо саршори вожаҳои лаҳҷаи ҷанубии Тоҷикистон аст ва ба манбаъҳои дигар такя намуда, дар хусуси зодгоҳи мутафаккир будани Вахшонзамин далелҳои дигаре пешниҳод намудан мумкин аст. Сипас Хуршед Зиёев дар бораи зодгоҳи Мавлоно Ҷалолиддин чунин бо қатъият менависад: “Ҷалолиддини Румӣ 30 сентябри соли 1207 милодӣ дар Вахшонзамин дар хонаводаи сӯфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддини Валад ба дунё омадааст”.

Дар ин бора пажӯҳишгар ва муҳаққиқи тоҷик Қиёмиддин Сатторӣ мақолае таҳти унвони «Вахш – зодгоҳи Мавлонои Рум» дар ҳафтаномаи «Нигоҳ» ва маҷаллаи «Сафинаи умед» ба табъ расонид. Ӯ дар мақолаҳои худ қайд мекунад, ки асари пажӯҳишгари амрикоӣ Франклин Луис “Мавлавӣ, дирӯз, имрӯз ва Шарқу Ғарб” ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, нашриёти “Солис”, соли 1375 шамсӣ) ба табъ расидааст. Дар ин асар ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ – яке аз шаҳрҳои водии Вахши Тоҷикистон маълумоти пурарзиш дода шудааст, ки аз мадди назари муҳаққиқи тоҷик Хуршед Зиёев дур мондааст. Аз ҷумла ӯ чунин маълумоти Франлин Луисро дар дар бораи шарҳи ҳоли Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ иқтибос кардааст: — “Аз он ҷо ки Мавлавӣ ва Мавлоно лақабҳои эҳтиромези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора ҳастанд, мадхалҳои доиртулмаъорифҳо ва намояндаҳои кутуби форсӣ мавзӯъи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад. Аммо, чуноне хоҳем дид, зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кӯчаке аст, ки имрӯза дар Тоҷикистон қарор дорад, вале шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ лақабҳое ҳастанд, ки шоирро ба аксари эрониён мешиносонанд” (нигаред, Франклин Луис, ҳамон асар, саҳ. 15).

Гуфтан ба маврид аст, ки аксар пажӯҳишгарони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеъуззамон Фурӯзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ будани Вахшонзамини Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла донишманди эронӣ Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро дар бораи аҳвол ва осори Ҷалолиддини Румии Балхӣ анҷом додааст, дар ин бора дар боби “Даврони кӯдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил” ба таври илмӣ ва мантиқӣ ибрози назар намудааст: — “Шаҳри Балх, ки хонадони Мавлоно нисбати Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рӯзгор буд. ки имрӯза дар кишвари Афғонистон аст. “Шамси Табрезӣ дар «Мақолот” он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ӯро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дар воқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омударё (Ҷайҳун) мезистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеъи Балх буд ва бахше аз мамлакати рӯ ба завол овардаи Ғӯрӣ ба шумор мерафт” (ниг. Козими Баргнесӣ. Муқаддимаи “Куллиёти Шамси Табрезӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, бар асоси чопи шодравон Бадеъуззамон Фурӯзонфар, Теҳрон, интишороти “Фикри рӯз”, исфанди соли 1381 шамсӣ, саҳ. 15).

Дар ҳақиқат, Вахшонзамин дар гузашта як музофоти Бохтар (Балхи бостон), ки дар асрҳои миёна Тахористон ном гирифт, ба шумор мерафт ва аз ин рӯ, Мавлоно Ҷалолидини Румиро зодаи сарзамин Балх шуморидан, ғалат нест ва даҳҳо тан аз бузургони Вахшонзамин дар таърих бо нисбаи Балхӣ ёд шудааанд. Аз тарафи дигар, аксар муаллифони маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Мавлоно Ҷалодиддинро зодаи деҳаи Баҳоуддини назди шаҳри Балх донистаанд. Бинобар ин, мо низ ӯро аз суханварони диёри бостонии Балх шуморида, дар бораи рӯзгор ва осори адабии вай ба таври мухтасар маълумот медиҳем.

Номи ӯ бо иттифоқи тазкиранависон Муҳаммад ва лақаби ӯ Ҷалолиддин аст ва вайро дар вақти қайди ҳаёт буданаш бо тахаллуси Худовандгор низ ном мегирифтаанд, вале дар қарнҳои минбаъда ӯро ба тахаллусҳои Мавлоно, Мавлавӣ, Муллои Рум, Мавлонои Рум, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар ёд кардаанд ва дар таърихи адабиёти форсӣ мурод аз Мавлоно Ҷалолидини Румист. Мавлоно дар ашъораш гоҳ-гоҳ худро Муллои Румӣ номидааст. Аз ҷумла дар яке аз ғазалҳояш мефармояд:

Ман он Муллои Румиям, ки аз назмам шакар резад,

Валекин дар сухан гуфтан ғуломи Шайхи Атторам.

Дар баъзе маъхазҳо тахаллуси вай Хомӯш низ зикр шудааст, зеро дар хотимаи аксар ғазалҳо худи ӯ ин калимаро ба тариқи ишорат ва талмеҳ гунҷонидааст.

Соли таваллуди Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро шашуми моҳи рабеъулаввали санаи 204 ҳиҷрии қамарӣ (мутобиқ ба соли 820 милодӣ) донистаанд ва сабаби бо нисбаи Румӣ шуҳрат пайдо карданаш ин аст, ки вай солиёни зиёд дар шаҳри Қунияи Рум (сарзамини Туркияи имрӯза) зиндагӣ ба сар бурда, дар он ҷо даргузаштааст, мебошад, вале ӯ ҳамеша худро аз мардуми Хуросон шуморида, ҳамшаҳриёни худро дӯст медоштааст ва ҳурмату иззат мекардааст. Дар ин бора Афлокӣ ривоят кардааст, ки «Амир Тоҷиддини Хуросонӣ аз муридони ҳазрати Мавлоно буд ва ин амири мӯътабар марди саховатпеша буд ва дар кишвари Рум мадорису хонақоҳ ва беморхонаву работҳо бунёд кардааст ва Мавлоно ӯро аз ҷамеъи умаро дӯсттар медоштӣ ва бад-ӯ ҳамшаҳрӣ хитоб мекардӣ». Мавлоно аз диёри Хуросон будани худро борҳо дар ашъори худ зикр кардааст. Аз ҷумла:

Аз Хуросонам кашидӣ то бари юнониён,

То баромезам бар эшон, то кунам хушмазҳабӣ.

Нисбати ҳазрати Мавлоноро ба гуфтаи баъзе аз ҷониби падар ба ҳазрати Абубакри Сиддиқ (р) мепайвандад. Дар ин бора Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳоту-л-унс» ва низ Султонвалад –писари Мавлоно чунин зикр кардааст:

Лақабаш буд Баҳоуддини Валад,

Ошиқонаш гузашта аз ҳадду ад.

Асли ӯ аз насаб Абубакрӣ,

З-он чу Сиддиқ дошт садрӣ.

Ба гуфтаи муҳаққиқон насаби падари Мавлоно чунин аст: Султонуламо Муҳаммад Баҳоуддинвалад ибни Шайх Ҳусайни Хатибӣ ибни Аҳмади Хатибӣ ибни Маҳмуд ибни Мавдуд ибни Собит ибни Мусайяб ибни Мутаҳҳар ибни Ҳаммод ибни Абдурраҳмон ибни Абубакри Сиддиқ (р).

Ҷалолиддин аз овони кӯдакӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад ва ӯ дар назди падараш ва дигар уламои Балх улуми мутадовилаи исломиро фаро мегирад, вале аҳли хонадонашон дер гоҳе дар сарзамин Балх иқомат намекунанд ва қабл аз ҳамлаи муғулони чингизӣ ба Мовароуннаҳру Хуросон ба ҷониби Бағдод рахти сафар мебанданд. Ба гуфтаи Бадеъуззамон Фурӯзонфар пас аз он ки Баҳоуддинвалад бо хонадони худ бар асари ранҷиши Хоразмшоҳ ё хавфи сипоҳи хунхори муғул шаҳри Балх ва хешони худро падруд гуфт, қасди ҳаҷ кард ва ба ҷониби Бағдод раҳсипор гардид ва чун ба Нишопур расид, вайро бо Шайх Фаридаддини Аттор иттифоқи мулоқот афтод ва ба гуфтаи Давлатшоҳи Самарқандӣ: «Шайх Аттор худ ба дидани Мавлоно Баҳоуддин омад ва дар он вақт Мавлоно Ҷалолиддин кӯчак буд, Шайх Аттор китоби «Асрорнома»-и худро ба ҳадя ба Мавлоно Ҷалолиддин дод ва Мавлоно Баҳоуддинро гуфт: — «Зуд бошад, ки ин писари ту оташ дар сӯхтагони олам занад» ва дигарон ҳам ин достонро каму беш зикр карда гуфтаанд, ки Мавлоно Ҷалолиддин пайваста «Асрорнома»-ро бо худ доштӣ.

Сипас онҳо роҳи худро идома медиҳанд ва ба шаҳри Бағдод мерасанд. Ба ривояти Абдурраҳмони Ҷомӣ вақте, ки Баҳоувалад ба Бағдод даромад, ҷамъе пурсиданд, ки инҳо чӣ тоифаанд ва аз куҷо меоянд ва ба куҷо мераванд?. Мавлоно Баҳоуддин фармуд, ки «миналлоҳи ва илаллоҳи ва ло қуввата илло биллоҳ». Ин суханро ба хидмати Шайх Шиҳобиддини Сӯҳравардӣ расониданд, фармуд: «мо ҳозо илло Баҳоуддин ал-Балхӣ» ва ба хидмати ӯ шитофт. Чун баробари Мавлоно Баҳоуддин расид, аз астар фуруд омад ва зонуи Мавлоноро бӯсиду ба ҷониби хонақоҳ даъват кард. Мавлоно гуфт: «Маволиро мадраса муносибтар аст». Дар мадрасаи Мустансария фаромад ва Шайх Сӯҳравардӣ бо дасти худ мӯзаи вайро кашид ва ҳазрати Султонулуламо дар он ҷо се рӯз иқомат кард ва баъдан озими Маккаи мукаррама шуданд.

Пас аз адои фаризаи ҳаҷ Баҳоуддинвалад бо ҳамроҳии аҳли хонаводааш ба мулки Шом омаданд ва сипас озими мулки Рум шуданд. Подшоҳи бузургу адабпарвари он диёр Алоуддини Қайқубод, ки аз амирони Салҷуқӣ буд, Мавлоно Баҳоуддинвалад ва ҳамроҳони вайро бо ҳурмату эҳтиром пешвоз гирифт ва барояшон тамоми шароити зисту зиндагониро фароҳам овард. Ин дар санаи 1121 милодӣ буд. Тафсили ин қазияро Султонвалад – писари Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин ба риштаи назм кашидааст:

Омад аз Каъба дар вилояти Рум,

То шуданд аҳли Рум аз ӯ марҳум.

Аз ҳама мулки Рум Қунияро,

Баргузиду муқим шуд ин ҷо.

Бишниданд ҷумла мардуми шаҳр,

Ки расид аз сафар ягонаи даҳр.

Ҳамчу гавҳар азизу ноёб аст,

Офтоб аз атош пуртоб аст.

Несташ дар ҳама улум назир,

Ҳаст аз сиррҳои ишқ хабир.

Рӯ ниҳоданд сӯйи ӯ халқон,

Аз зану марду тифлу пиру ҷавон.

Ошкоро кароматаш диданд,

З-ӯ чӣ асрорҳо, ки бишниданд.

Ҳама бурданд аз ӯ вилоятҳо,

Ҳама карданд аз ӯ ривоятҳо.

Чанд рӯзе бар ин насақ чу гузашт,

Кеҳу меҳ, марду зан муридаш гашт.

Баъд аз он ҳам Алоуддин Султон,

Эътиқоди тамом бо мирон.

Омаданду зиёраташ карданд,

Қанди панди варо зи ҷон хӯрданд.

Гашт Султон Алоуддин чун дид,

Рӯйи ӯро, ба ишқу сидқ мурид.

Чун ки ваъзаш шуниду шуд ҳайрон,

Кард ӯро мақом дар дилу ҷон.

Дид бисёр аз ӯ кароматҳо,

Ёфт дар хеш аз ӯ аломатҳо.

Ки набуд қатрааш аввал аз он,

Рӯй карда бигуфт бо мирон.

Ки чу ин мардро ҳамебинам,

Мешавад беш сидқаму динам.

Дил ҳамеларзадам зи ҳайбати ӯ,

Меҳаросам ба гоҳи руъяти ӯ.

Доиман бо хавос ин гуфтӣ,

Рӯзу шаб дурри мадҳи ӯ суфтӣ.

1 2 3 4 5Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *