Фанни Адабиёт

Илмии Балхӣ ва Имлои Балхӣ

Илмии Балхӣ

Исмаш Мирчучак ва аз ҷумлаи содоти Балх аст. Аслан аз мавзеъи Сарипул мебошад. Мавсуф табъи равон ва истеъдоди хуб дар сурудани шеър доштааст. Ғазали зерин аз табъи саршори вай огоҳӣ медиҳад:

Нуктаи сирри лабашро зи касе кун таҳқиқ,

Ки некӯ ёфта бошад хабар аз кони ақиқ.

Қадри зулфи ту бидонанд касоне, ки накӯ,

Карда бошанд ибороти мутаввал тадқиқ.

Натавонад чу хати ту бинвишт ар накунад,

Нусхаи хатти туро насхнависон таълиқ.

Шӯхчашме, ки тасаввур накунад меҳру вафо,

Кай кунад ҳоли дили зори асирон тасдиқ.

Илмӣ аз ҳодисаи даҳр амон гар хоҳӣ,

Аз Худо хоҳ, ки Аллоҳу валиют – тавфиқ.

Имлои Балхӣ

Мавлоно Муҳаммади Имло ибни Алоуддин ибни Азиз ибни Шайх Юсуфиддин ибни Ҳорунхоҷа аслан аз қабилаи араби мавзеъи Сангораки Балхи Афғонистон аст. Ӯ дар соли 1688 милодӣ таваллуд ёфтааст ва ва баъд аз таҳсили улуми мутадовилаи замонаш ба Бухорои Шариф рафта, дар он ҷо таҳсил мекунад ва хонақоҳе бунёд карда, ба тариқаи сӯфия ва дарси ҳақоиқу ирфон машғул мегардад. Ӯ пир ва муршиди Шайх Халифа Ҳасани Қаротегинӣ буд ва дар рушди камолоти илмиву маънавии ӯ нақши муассир доштааст. Халифа Ҳасан чанд сол дар мадрасаҳои олии Бухорои Шариф таҳсили илм намуда, дар як вақт аз пири маънавияш — Эшони Имлои Балхии Бухороӣ таълимоти ирфониро омӯхта, дар ҷодаи сулуки тасаввуф манзилу мароҳилро паймуда, минбаъд чун пешвои барҷастаи тариқати нақшбандия дар Мовароуннаҳр ва Хуросон маълуму машҳур мегардад. Аз рӯйи баъзе маълумоти сарчашмаҳои таърихиву адабӣ Эшони Халифа Ҳасани Қаротегинӣ дар назди пири худ – Эшони Имлои Балхӣ шарҳи “Маснавиии маънави”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва дигар осори суханварони машҳури адабиёти форсиро фаро гирифтаанд.

Бояд гуфт, ки Мавлоно Имлои Балхӣ дар сурудани ашъори форсии ирфонӣ истеъдод ва завқи баланд баланд доштааст. Ӯ шоири соҳибдевон аст. Дар соли 1749 милодӣ дар Бухоро ҷаҳони фониро падруд гуфта, ба раҳмати худовандӣ пайвастаааст.

Аз мероси адабии Эшони Имлои Балхии Бухороӣ девони мукаммали ашъор боқист, ки аз ғазалиёт ва рубоиёти ӯро фаро гирифтааст. Инак, намунае аз осори адабии ӯро чун муште аз хирвор пешкаши шумо — хонандагони гиромӣ мегардонем:

Аз ғазалиёт

Солҳо пӯйидаам домани саҳрои туро,

То кунам ром ба худ наргиси шаҳлои туро.

Ҳамчу Мансур кунад ҷилва сараш бар сари девор,

Ҳар кӣ нӯшад ба ҷаҳон қатраи саҳбои туро.

Муддате тарбияти чашми ҷаҳонбин кардам,

Кардам аз даври паси парда тамошои туро.

Гаштам аз роҳату осойиши гетӣ маҳрум,

То ба дил арза намудам ғами савдои туро.

Шарбатам хуни дилу хӯрдани май хуни бигар,

То гирифтам сабақи дарси таманнои туро.

Умрҳо ҷилва задам бар дарат , эй гул, чу сагат,

Бар умеде, ки бубинам рухи зебои туро.

Меравам ҳар тараф, Имло, зи таҳайюр чун сайл,

То биёбам хабари зулфи чалипои туро.

***

Чӣ санги ноумедӣ зад фалак бар соғарам имшаб,

Ҳуҷуми мавҷаи гирдоби ғам шуд пайкарам имшаб.

Сипоҳи лашкари ҳусне, ки ё Раб, раҳзани дил шуд,

Фитод аз ҷӯши ҳайрат шӯри маҳшар дар сарам имшаб.

Надонам шӯришу ғавғои “ё Раб”-ро кӣ сар бар зад,

Сипандосо ҷаҳад ҳар лаҳза аз ҷо миҷмарам имшаб.

Хаёли шӯълаи ҳусне, ки омад бар дари дилҳо,

Талоши нур эмин мекунад хокистарам имшаб.

Паёми ваъдаи омадшуди ёр аст магар Имло,

Ба сони зарра дили ғампарварам имшаб.

***

Аз ишқи ту маро хабаре аз сару по нест,

Ҷуз гиряи мастонаву ҷуз дарду бало нест.

Як ламъаи ҳусни ту бисӯзад дили зорам,

Бар қатли ман аз чашми ту ҳоҷат ба адо нест.

Тире, ки бихӯрдем зи мижгони хадангат,

Дар шаҳр ба ӯ марҳами ҷонбахшу даво нест.

Парвонасифат то нагудозӣ дилу ҷонро,

Бе нури фано машъалаи шамъи бақо нест.

Дар мадраса бе васваса бинмуд дил, Имло,

Нозам ба санамхона дар ӯ завқи риё нест.

***

Аз риё ҳар кас, ки коре баҳри мардум мекунад,

Оқибат тадбири кори хешро гум мекунад.

Солҳо саргашагӣ дорад насими субҳдам,

То ба рӯяш ғунчаи гул як табассум мекунад.

Аз қадаҳнӯшӣ машав ғамгин, ки баҳри раҳматаш,

Бар гунаҳгорон абадсомон талотум мекунад.

То хирад бар ҷо бувад шӯри тараб бегона аст,

Булбул аз мастии базми гул тараннум мекунад.

Баски Имло гаштаам маҳви фарангизодае,

Кай зи истиғно ба ҳоли ман тараҳҳум мекунад?!

1 2Следующая страница

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *