Фанни Адабиёт

Овораи Балхӣ

Абӯабдуллоҳ ибни Муҳаммади Балхӣ машҳур ба Овора аз шуъарои маъруфи аҳди Сабуктегини Ғазнавӣ ба шумор меравад. Қайд кардан лозим аст, ки бар асари дастбурди ҳаводиси рӯзгор ба ғайр аз чанд байт аз осори ин суханвар чизе боқӣ намондааст. Аз ҷумла ин ду байт аз чакидаи хомаи вай мебошад:

Гар баркашам ин фурӯшуда пой дар дил,

Ҳаргиз надиҳам ба ҳеҷ номардум дил.

***

Бехобиро ба дида барбастастам,

В-аз дидани хоби беҳуда растастам.

Омили Балхӣ

Ӯ аз суханварони қарни ёздаҳуми ҳиҷрии Балх ба шумор меравад. Ӯ дар Балх соҳибмансаби давлатӣ буду ифои вазифа мекард, вале ҳамаро тарк намуда, ба мулки Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Пас аз сайру сайёҳати ин кишвари зебову афсонавӣ ба зодгоҳаш баргашт. Ин замон мусодиф ба шӯру валвалаи шӯҳрати Соиби Исфаҳонӣ буд, ки мардум ашъори ӯро хеле бо гармӣ истиқбол мекарданд. Омили Балхӣ ҷиҳати мулоқот бо Соиб озими Исфаҳон шуд ва бо ин суханвари бузург ҳамсӯҳбат гардид. Дар аввал Соиб ба Омил чандон таваҷҷӯҳ нишон надод, вале пас аз огоҳ шудан бо фазилатҳои ӯ барояш ҳуҷраеро ихтисос дод. Омили Балхӣ дар он ҳуҷра девони Соибро мутолиъа намуда, мунтахаби ашъори вайро тартиб дод. Сипас Омил бори дигар роҳи Ҳиндустонро пеш гирифт ва чанд муддат дар он ҷо зиндагӣ ба сар бурд. Аз он ҷо Омили Балхӣ ба маркази вилояти Форс – Шероз сафар кард ва он ҷо рахти иқомат афканд ва дар ин шаҳри бостонӣ дар ҳудуди солҳои 1070-1080 ҳиҷрии қамарӣ чашм аз ҷаҳони фонӣ пӯшид ва ба дорулбақо сафар кард. Ин ду матлаъи шеърро намунае аз чакидаҳои хомаи Омили Балхӣ мебошад, ки чун барги сабз ба шумо, хонандагони гиромӣ, тақдим месозем:

Дил аз каф додаву ман ҳам зи ёрон метавонам шуд,

Ба гирдат метавонам гашту қурбон метавонам шуд.

***

Хуш медиҳад зи ҷилваи мастона коми хеш,

Он сарв дорад оби равон аз хироми хеш.

Оҷизи Балхӣ

Мавлоно Орифиддин мутахаллис ба Оҷиз аз хиттаи шоирхези Балх аст. Падараш дар он вақт аз Балх ба Ҳиндустон меравад ва худи Оҷиз дар он сарзамин ба дунё меояд. Ӯ аз овони кӯдакӣ ба омӯзиши илму адаб машғул гардида, чун яке аз саромадон, фозилон ва суханварони форсигӯи диёри Ҳинд ба камол мерасад. Дар дарбори шоҳони адабпарвари Ҳиндустон хидмат мекунад ва дар соли 1178 ҳиҷрии қамарӣ ин дунёи фониро падруд гуфта, ба раҳмати Ҳақ мепайвандад.

Азбаски Оҷизи Балхӣ дар сурудани ашъор, бахусус қитъаҳои таърихӣ маҳорати комил дошт, аз ному тахаллуси худ: «Орифиддинхони Оҷиз» моддаи таърихи вафоташро муайян месозад ва орзу мекунад, ки кош як соли дигар зинда мебудам, то таърихи истихроҷшуда мукаммал мегардид. Аз қазо баъди як сол мутобиқи ормонаш ҷаҳони фониро видоъ мекунад. Ин матлаъ намунае аз ашъори шевои ӯст:

Сӯхт ёди он лаби майгун дили бетобро,

Кушт охир оташи ёқут ин симобро.

Оҷирии Балхӣ

Ӯ аз суханварони порсоманиш ва фақирмашраб мебошад, ки дар замони ҳукмронии Ҷаҳонгир ё Акбар вориди Ҳиндустон мешавад. Дар он аҳд шоирони варзида ва машҳур дар дарбори шоҳон ва амирони адабдӯсти ин диёр хидмат намуда, дар ҳаққи онҳо ашъори мадҳия месуруданд ва дар иваз аз онҳо хилъат ва тӯҳфаҳои зиёде мегирифтанд. Аммо Оҷирии Балхӣ, ки шахси ботақво ва сӯфимашраб буд, аз мадҳу ситоиши шоҳон ва умарои дарбор нафрат дошт ва ҳеҷ гоҳ ашъори мадҳӣ намесуруд, бинобар ин, мардуми Ҳиндустон ӯро Девона лақаб гузошта буданд.

Сабаби Оҷирӣ тахаллус интихоб карданаш ин будааст, ки ӯ зодаи деҳаи Қалъаи Оҷирии Балх аст, ки баъзе муаллифони осори таърихӣ онро Қалъаи Ҳоҷирӣ низ навиштаанд. Аз осори ин суханвар ин байт ба ёдгор мондааст:

Нанавишт ёр нома ба сӯям равон накард,

Қосид наёфт ё роқим аз ман дареғ дошт.

Порсои Балхӣ

Шайхулислом Абдуҳодии Порсо ба се восита насабаш ба Хоҷа Маҳмуди Порсо мепайвандад. Падараш Абунасри Порсои Сонӣ ном дошт ва аз муддарисон ва фозилони замони Убайдуллоҳхони Шайбонӣ буд ва вазифаи шайхулисломии Балхро ба ӯҳда дошт. Порсои Балхӣ бо вуҷуди серкорӣ ва гирифтории умури тадрис гоҳ-гоҳе шеър низ месурудааст. Табъаш равон ва истеъдоди комил доштааст. Ин байтро барои хайра мақдами Убайдуллоҳхони Шайбонӣ гуфтааст.

Шукр мегӯем, ки хони арсаи даврон расид,

Хони динпарвар — Убайдуллоҳи Ғозихон расид.

Мавлоно Порсои Балхӣ то соли 950-и ҳиҷрии қамарӣ, ки марқади ҷидди бузургвораш Хоҷа Абунасри Порсоро аз сари нав сохт, дар қайди ҳаёт будааст, ки аз ин қитъаи шеъри шоири дигари балхӣ бармеояд:

Абдулҳодӣ хоҷаи некӯкирдор,

Фармуда бино марқади обои кибор.

Ҳар гаҳ ба тавофи марқади Хоҷа равӣ,

Аз «марқади Хоҷа» соли таърих шумор.

Раҳгузари Балхӣ

Муҳаммадшафеъи Раҳгузар соли 1923 милодӣ дар шаҳри Мазори шариф – маркази волияти Балх таваллуд шудааст ва таҳсилоти ибтидоӣ ва мутавасситаи худро дар зодгоҳи худ гузаронидааст. Дигар дар бораи рӯзгор ва осори ӯ иттилоъе даст надорем. Беш аз бист асараш дар риштаҳои шеър, нақду таҳқиқ ба чоп расидааст. Ин шеър намунаи аз ашъори ӯст:

Эй гулобидаҳан…

На дили худ гарави ҳар бути худком кунам,

Ишқи худро зи ту оғозаму анҷом кунам.

Ба умеде, ки гаҳе ҳоли дили мо пурсӣ,

Гиря дар раҳгузарат субҳ кунам, шом кунам.

Манам он мурғ, ки аз фарти ҷунун гоҳи баҳор,

Гар ба гулшан гузарам, орзуи дом кунам.

Эй гулобидаҳан, аз лутф иҷозат фармо,

Айши гумгаштаи худ зи лабат вом кунам.

Баски аз ваъдахилофӣ-т ба танг омадаам,

Зи ту, эй аҳдгусил, бигсалам, ором кунам.

Гӯшае гираму соғар пайи соғар нӯшам,

Шод дар олами дигар дили Хайём кунам.

Қудрати кӯҳканӣ, Раҳгузар, ин аст маро,

Ба абас ин ҳама Фарҳод чӣ бадном кунам.

Раҳимии Балхӣ

Мирзо Абдураҳим аслан аз Балх аст, вале дар Бухоро нашъунамо ёфта, ба камол расидааст. Шоири озода ва соҳиби табъи равон буда, дар илми мусиқӣ низ маҳорати комил доштааст ва махсусан сози танбӯрро бисёр хуб менавохта ва ашъори некӯ месурудааст. Дар бораи рӯзгор ва осори Раҳимии Балхӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ маълумоти кам ба назар мерасад. Дар соли 1270 ҳиҷрии қамарӣ фавтидааст. Ин пора шеър аз чакидаи хомаи ӯст:

Баски беморам зи тоби ҳиҷрон мижгону чашм,

Баҳри имдодам асое бояд аз наргис кунед.

Муфлисонро дар тамошогоҳи хубон роҳ нест,

Ағниё баҳри Худо, раҳме бар ин муфлис кунед.

Рашҳии Балхӣ

Мавлоно Солеҳ машҳур ба Рашҳӣ аз акобиру аъёни қарни ёздаҳуми милодии Балх ба шумор меравад. Бо эҳтимоли ғолиб муъосири Надирмуҳаммадхон аст. Мавсуф дар он аҳд ба мартабаи маликушшуъарои дарбор расидааст. Роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Рашҳии Балхӣ иттилоъи дигаре дар дасти адабиётшиносон нест. Ин чанд байт намунае аз табъи равони вай аст:

Малоф, эй боғбон, аз ҳусни гул чандин чӣ мегӯед,

Мушаххас мешавад гар соъате он гулъузор ояд.

****

Дар дилат мегузарад бехудии моёне,

Ёд меорӣ аз ин бекаси танҳо ё не?

Ман, ки меомадам он ҷо, ки дили сӯзонам монд,

Ҳаст он оташи афрӯхта барҷо ё не?

Ризо Таъании Балхӣ

Дар аввал Миҷмарӣ тахаллус дошт, сипас ба худ лақаби адабии Таъаниро ихтиёр кард. Дар замони Имомқулихони Шайбонӣ муқими мадрасаи Хоҷа Абунасри Порсо буд ва ба омӯзиш ва пажӯҳиши улуми динӣ машғул гардид, билохира, худи Имомқулихони Шайбонӣ ӯро вазифаи расмӣ дода, аз Балх овора месохт, вале охиран аз кор даст бардошта, гӯшанишин гардида буд, то ин ки дар соли 1044 ҳиҷрии қамарӣ ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ба дорулбақо ҳиҷрат кард. Ин рубоӣ намунае аз ашъори ӯст.

Он рӯз, ки чин ба зулфи сунбул доданд,

Назораи рӯйи гул ба булбул доданд.

Бо бехабарон завқи таҷаммул доданд,

Бо мо хорӣ дар бадали гул доданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *