Фанни Адабиёт

Мир Сайид Алии Хамадони Дар Шинохти Анри Корбэн Султонов С. А.

Боиси хушбахтист, ки аксар мутафаккирони адабиёту фалсафаи классики форсу тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Абубакри Розию Форобӣ, Ибни Синою Берунӣ, Носири Хусраву Мавлонои Рум ва даҳҳо нафарони дигар дар тамоми гӯшаю канори олам соҳиби мақому мартабаи хосанд. Хусусан, дар Фаронса шуҳрати мутафаккирони олами ислом, ки қисмати зиёдашон аз насли форсу тоҷиканд, назаррас аст.

Ду омили асосӣ боиси шуҳратманд гардидани донишмандони мо дар Фаронса гардидааст: 1. Тарҷумаҳои пай дар пай ва интишороти зиёди осори мутафаккирони ин сарзамин; 2. Тадқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ оид ба осори мутафаккирони номбурда, ки мусташриқони фаронсавӣ анҷом додаанд. Бинобар ин омӯзиши илмии мақому мартабаи мутафаккирони мо аз нигоҳи донишмандони хориҷӣ аҳамияти калонӣ илмию фарҳангӣ дорад.

Бояд гуфт, ки шарқшиносӣ ҳамчун илм дар асри XIX дар Фаронса рушд карда, шарқшиносони фаронсавӣ ба осори аксар донишмандони форсу тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳои тадқиқотӣ анҷом додаанд. Тарҷумаи осори мутафаккирони мо ба забонҳои аврупоӣ нисбат ба тадқиқотҳо собиқаи бештар дорад, яъне тарҷумаҳо аз забони арабию форсӣ ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои ғарбӣ аз охири асри XI сар карда то имрӯз идома доранд.

Аз нимаи асри XX сар карда, дар Аврупо, хосатан дар Фаронса, анъанаи наҷибе пеш гирифта шуд, ки боиси дубора зинда гардидани донишмандону мутафаккирони на фақат Фаронса, балки тамоми ҷаҳон гардид. Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО бунёд гардид ва то имрӯз мутафаккирони форсу тоҷик ба навбат бо қарори ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешаванд.

Бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифтани бузургон фазилати калон дорад. Фазилаташ дар он аст, ки донишманде ё мутафаккире, ки дар замони худ барои тамоми башарият хидмат карда, баъдҳо аз ёдҳо зудуда шудааст ва ё дар сатҳи олами имрӯза ношинохта мондааст, ба оламиён шиносонида мешавад. 196 Шахсиятҳои донишманди мо ба муаррифӣ кардану васфу тавсиф ниёз надоранд, вале бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифтани солгарди онҳо боиси арҷгузорӣ ба онҳо мегардад.

Дар ҳошияи қарорҳои ин созмон корҳои зиёд анҷом дода мешавад. Осори мутафаккирон тарҷума, нашр ва асарҳои мухталифи пажӯҳишӣ оид ба онҳо анҷом мепазирад ва ба ин васила гӯшае аз илми мо, ки ҷузъи ҷудонопазири илми башарият аст, обод мегардад ва муҳимтар аз ҳама, бо ин роҳ ҳувият ва худшиносии миллӣ тақвият меёбад, кишвар обод мешавад.

Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж қарор дорад ва мантиқист, ки ҳар қароре қабул карда мешавад, пеш аз ҳама ба мардуми Париж, баъдан Фаронса ва сониян ба дигар кишварҳои олам дастрас мегардад. То имрӯз бузургони адабиёту фалсафаи мо чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Мавлоно Румию Ҷомӣ ва дигарон бо қарорҳои ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуданд ва оид ба ҳар кадоме аз онҳо ҷилд-ҷилд асарҳои тадқиқотӣ таҳия ва нашр гардидааст. Инак бо қарори ин созмони номдори ҷаҳонӣ ҷашни 700 — солагии донишманди маъруфи олами ислом Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имсол ҷашн гирифта мешавад. Бояд гуфт, ки ҳарчанд Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз донишмандони камназири олами ислом аст, вале тадқиқотҳои илмӣ оид ба осори вай ниҳоят каманд.

Нисбат ба мутафаккироне, ки дар боло номбар намудем, тарҷума ва таҳқиқи осори Ҳамадонӣ дар Фаронса ва дигар кишварҳои ғарбӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад. Умед аст, ки бо шарофати ҷашни 700 — солагии ин донишманди маъруф аз ҷониби ЮНЕСКО мутахассисони олам бештар ба Ҳамадонӣ рӯ оварда, пажӯҳишҳо оид ба осори вай, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб дар сатҳи зарурӣ анҷом дода хоҳад шуд. қабл аз он ки Ҳамадониро дар шинохти Анри Корбэн – мусташриқ ва файласуфи Фаронса мавриди омӯзиш қарор диҳем, мехоҳем нахуст хулосаи суханоне, ки оид ба Ҳамадонӣ дар сессияи 192-юми қарори ЮНЕСКО аз 09 сентябри соли 2013 қайд гардидааст, аз забони франсавӣ бо тарҷумаи таҳтуллафз айнан пешкаши хонандагон намоем: «700-умин солгарди мавлуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1385), шоири сӯфӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон бо дастгирии Ҳиндустон ва Покистон). Мутаваллиди яке аз хонадонҳои олимақоми Ҳамадон буда… анқариб тамоми олами ислом ва фаротар аз онро сайр кардааст.

Ҳамадонӣ яке аз шахсиятҳои асосии таърих буда, фарҳанги Кашмир, ҳам аз назари санъати меъморӣ (бо муттаҳидсозии санъати меъмории Осиёи Миёна ва Кашмир) ва ҳам аз назари такомули санъати косибӣ, баъдан иқтисодиёти минтақа зери нуфузи он ташаккул ёфтааст. Маҳорат ва кордоние, ки ӯ дар Кашмир корбаст намудааст, бешак ба саноат роҳ кушод. Ҳамадонии мистик ва ислоҳотгари ҷамъиятӣ ҳамчунин аз аҳли қалам буд. Мавсуф тақрибан сад рисола ба забонҳои арабию форсӣ вобаста ба масоили суфизм, ахлоқ ва ғайра эҷод кардааст. Асари «Захират-ул-мулук» бо бисёр забонҳо ба табъ расидааст. Зиндагии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба поён расидааст, ки имрӯз ҳам теъдоди зиёди мардумон он ҷо ба зиёраташ меоянд.

Маъракаи пешниҳодгардида дар мавзӯи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва тамаддуни сулҳ» бисёр ба маврид аст. Таҷлили ҷашн дар якҷоягӣ аз ҷониби кишварҳои узв (Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон) бо дастгирии Ҳиндустону Покистон пешниҳод гардидааст” [4]. Тавре мебинем, созмони ЮНЕСКО дар симои Алии Ҳамадонӣ танҳо як сӯфии хушку холиро намебинад, балки яке аз шахсиятҳои асосии таърихи башарият, ислоҳотгари ҷамъиятӣ, шахсияти сулҳу ваҳдатпарвареро мебинад, ки зери таъсираш санъату фарҳанги Кашмир ташаккул ёфта, ба шарофаташ Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ба ҳам пайвастагӣ пайдо карда, ҳунару саноат рӯ ба пешрафт овардааст. Тавре дар боло ишора намудем, таҳқиқотҳо оид ба Ҳамадонӣ дар Фаронса хеле каманд, бо вуҷуди ин бархе аз муҳаққиқони фаронсавӣ Ҳамадониро дар таҳқиқоти худ ёд кардаанд.

Андешаҳои файласуф ва шарқшиноси маъруфи фаронсавӣ Анри Корбэн дар хусуси Ҳамадонӣ аз аҳамият холӣ нестанд. Корбэн Мир Сайид Алии Ҳамадониро асосан дар ду асари худ «Таърихи фалсафаи исломӣ» ва дар асари дигараш »Инсони нур дар тасаввуфи эронӣ» ёд кардааст. Дар асари аввала Корбэн саҳифаи алоҳидаеро ба Алии Ҳамадонӣ бахшида, дар баробари матраҳ намудани андешаҳои Алии Ҳамадонӣ оид ба ҳаёту фаъолияти мутафаккир низ маълумоти мухтасар медиҳад.

Дар асари дуюм бошад дар рафти муҳокимарониҳо дар хусуси фалсафа ва теологияи Наҷмиддини Кубро аз Алии Ҳамадонӣ, ки пайрави ҷараёни Кубровия буд, ёд кардааст. 197 Ба қавли Корбэн Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз симоҳои бузурги равияи Кубровия буда, аз унвонаш Сайид маълум аст, ки аз шаҷараи авлодии Пайғамбар (тавассути Имоми IV-ум Алӣ Зайнулобиддин) будааст ва тавре номаш ишора мекунад мазкур аз аҳли Ҳамадон, Экбатони қадима буда, дар он ҷо соли 714/1314 таваллуд шудааст [5, с. 414-415]. Вобаста ба ҳамин масъала донишманди шинохта ва мутахассиси зиндагию осори Ҳамадонӣ Моҳирхӯҷаи Султонзода дар асоси далелҳо таваллуди Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 22 октябри 1314 мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон дар оилаи ҳоким медонад. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик падари Ҳамадонӣ ба 17 восита ба халифа Алӣ ибни Абутолиб ва модараш ба 17 восита ба пайғамбар Муҳаммад мерасидааст [1, с. 5-16].

Ба таъкиди Корбэн Ҳамадонӣ ҳанӯз дар синни дувоздаҳсолагӣ ба ҷараёни сӯфия гаравида, минбаъд умри худро дар муҳоҷирату сафароти дуру дароз гузаронидааст [5, с. 414-415]. Оид ба ин масъала низ Султонзода М. таваҷҷуҳ карда менависад, ки Алии Ҳамадонӣ дар 12-солагӣ таваҷҷуҳи махсусе ба тасаввуф намудааст ва ба ҳамин васила пайраву шогирди сӯфии машҳури давр Шарафуддин Маҳмуди Маздаконии Розӣ мегардад. Сипас Алии Ҳамадонӣ дар назди шайхи дигар Алии Дӯстӣ омӯзиши тасаввуфро идома медиҳад.

Асосан устодони Алии Ҳамадонӣ пайравони силсилаи кубровияи тасаввуф буданд, ки асосгузори он шайх Наҷмуддини Кубро аст. Илова бар ин, онҳо таваҷҷуҳи зиёде ба футувват доштаанд. Алии Ҳамадонӣ ду сол дар назди Алии Дӯстӣ таълим мегирад ва баъди вафоти ӯ боз ба назди шайх Маҳмуди Маздаконӣ бармегардад. Устодаш вайро ба сайру саёҳат ҳидоят менамояд. Ба ҳамин минвол сайру саёҳати тӯлонӣ, яъне 21-солаи Алии Ҳамадонӣ оғоз мегардад. Дар тӯли ин сафарҳо дар аксар кишварҳои олами ислом умр ба сар мебарад. Дар яке аз ин мусофиратҳо вай бо шайх Абулмаёмин Наҷмуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад Азконӣ мулоқот менамояд. Гӯё Алии Ҳамадонӣ ба ҳидояти ин шайх ҳам футувватро қабул менамояд ва ҳам ба издивоҷ розӣ мешавад [1, с. 5-16].

Ба назари Корбэн Ҳамадонӣ дар охирҳои умр, соли 1380 ба шаҳри Кашмир, ки таҳти ҳукмфармоии қутбиддини Ҳиндол, чорумин сарвари сулолаи нахустини исломӣ қарор дошт, сафар кард. Дар он ҷо шаш сол иқомат ихтиёр карда, ба тарғиби суфизми ташайюъ шуғл варзид ва ҳангоми бозгашт ба Форс (Эрони имрӯза –С.С.), дар шаҳри Поклӣ (дар марзи Ҳинду Афғонистон) дар роҳ фавт кард. Писараш Мир Маҳмуди Ҳамадонӣ дувоздаҳ сол дар Кашмир зиста, дар он ҷо асари рӯҳонии падарашро ба итмом расонд [5, с. 414-415]. Вобаста ба сафари Алии Ҳамадонӣ муҳаққиқ Султонзода М. дар такя ба маълумоти Ҳофиз Карбалоӣ менависад, ки Алии Ҳамадонӣ баъди мулоқоташ бо Амир Темур соли 1372 ба ӯ чунин изҳори ақида кардааст: «Маъмурам, ки ба Кашмир равам ва аҳли он диёрро ба ислом далолат кунам. Шояд, ки ба ислом мушарраф гарданд. Бинобар ин рӯзе чанд дар Хатлон маскан гузидаам» [1, с. 5-16]. Аз ин маълумот бармеояд, ки Алии Ҳамадонӣ қаблтар аз гуфтаҳои Корбэн ба Кашмир сафар карда будааст. Яъне на дар соли 1380, балки пештар аз он. Ба назари Султонзода М. солҳои охири ҳаёти Шоҳи Ҳамадон (яъне Алии Ҳамадонӣ –С.С.) дар Кашмир гузаштааст. Вай мувофиқи гуфтаву навиштаҳои Ҷаъфари Бадахшӣ ва Ҳайдари Бадахшӣ соли 1384 азми бозгашт менамояд ва дар вақти сафар дар Паҳклӣ бемор мешавад ва ҳамон ҷо вафот мекунад. Маҳалли вафоти ӯро Кабравсавод, Кобул, Макулоб, Похлӣ, Кунар, Мовароуннаҳр, Ҳазора, Кофиристон, Ҳамадон ва ғайра гуфтаанд.

Ба ақидаи Султонзода М. Алии Ҳамадонӣ 6-уми моҳи зулҳиҷҷаи соли 786 мутобиқи 19 январи соли 1384 ҳангоми сафар дар маҳалли Кабравсаводи Похлӣ (Паҳклӣ)-и Покистон вафот кардааст ва ҷасадашро мувофиқи васияташ шогирдону муридон ба Хатлон оварда дафн кардаанд. Барои муътамадтар гардидани маълумотҳои дар боло овардашуда аз «Нафаҳот- ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба Алии Ҳамадонӣ маълумоти зерро меорем: «Амир Саид Алӣ ибни Муҳаммад ал-Ҳамадонӣ. …Вайро дар улуми аҳли ботин мусаннифоти машҳур аст, чун китоби «Асрор-ун-нукта» ва «Шарҳи асмои Аллоҳ» ва «Шарҳи «Фусус- ул-ҳикам» ва «Шарҳи қасидаи» «Хамрияи форизия» ва ғайри он. Вай муриди Шайх Шарафуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳ ал-Муздақонӣ буд, аммо насаби тариқат пеши соҳибуссир байнулақтоб Тақиуддин Алӣ Дӯстӣ кард. Ва чун Шайх Тақиуддин Алӣ аз дунё бирафт, боз руҷӯи Шайх Шарафуддин Маҳмуд кард ва гуфт: Фармон чист? Вай таваҷҷуҳ кард ва гуфт: Фармон он аст, ки дар ақсои билоди олам бигардӣ. Се навбат рубъи маскунро сайр кард ва суҳбати ҳазору чаҳорсад валиро дарёфт ва чаҳорсадро дар 198 як маҷлис дарёфт. Содиси зулҳиҷҷаи санаи ситта ва самонин ва сабъамиа (шашуми зулҳиҷҷаи соли 786) наздик ба вилояти Кибрусавод фавт шуд ва аз он ҷо ба Хатлонаш нақл карданд” [3, с. 552]. Бояд қайд кард, ки маълумоти аз ҷониби М.Султонзода оид ба соли фавти Алии Ҳамадонӣ додашуда, ба маълумоти Корбэн ихтилоф дорад. М. Султонзода ба ин бовар аст, ки Алии Ҳамадонӣ 6-уми моҳи зулҳиҷҷаи соли 786 мутобиқи 19 январи соли 1384 ҳангоми сафар дар маҳалли Кабравсаводи Похлии Покистон вафот кардааст. Корбэн бошад, соли вафоти мутафаккирро баробар ба соли 1385 медонад. Дар ин хусус маълумотҳои тасдиқнамудаи ЮНЕСКО низ на соли 1384, балки баробар ба соли 1385 солшумории милодӣ аст.

Корбэн оид ба чанд нукта ва усули андешаи мутафаккир маълумот додааст. Ба ақидаи шарқшиноси фаронсавӣ ин нуктаҳо аз далоили илоҳиёт (метафизика)-и як рисолаи «Нақди хоб» маншаъ мегиранд. Корбэн таъкид менамояд, ки ин масъаларо

Фритз Мей МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ДАР ШИНОХТИ АНРИ КОРБЭН

Боиси хушбахтист, ки аксар мутафаккирони адабиёту фалсафаи классики форсу тоҷик шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Абубакри Розию Форобӣ, Ибни Синою Берунӣ, Носири Хусраву Мавлонои Рум ва даҳҳо нафарони дигар дар тамоми гӯшаю канори олам соҳиби мақому мартабаи хосанд. Хусусан, дар Фаронса шуҳрати мутафаккирони олами ислом, ки қисмати зиёдашон аз насли форсу тоҷиканд, назаррас аст. Ду омили асосӣ боиси шуҳратманд гардидани донишмандони мо дар Фаронса гардидааст: 1. Тарҷумаҳои пай дар пай ва интишороти зиёди осори мутафаккирони ин сарзамин; 2. Тадқиқоту пажӯҳишҳои илмӣ оид ба осори мутафаккирони номбурда, ки мусташриқони фаронсавӣ анҷом додаанд. Бинобар ин омӯзиши илмии мақому мартабаи мутафаккирони мо аз нигоҳи донишмандони хориҷӣ аҳамияти калонӣ илмию фарҳангӣ дорад.

Бояд гуфт, ки шарқшиносӣ ҳамчун илм дар асри XIX дар Фаронса рушд карда, шарқшиносони фаронсавӣ ба осори аксар донишмандони форсу тоҷик таваҷҷуҳ зоҳир намуда, асарҳои тадқиқотӣ анҷом додаанд. Тарҷумаи осори мутафаккирони мо ба забонҳои аврупоӣ нисбат ба тадқиқотҳо собиқаи бештар дорад, яъне тарҷумаҳо аз забони арабию форсӣ ба забони лотинӣ ва дигар забонҳои ғарбӣ аз охири асри XI сар карда то имрӯз идома доранд.

Аз нимаи асри XX сар карда, дар Аврупо, хосатан дар Фаронса, анъанаи наҷибе пеш гирифта шуд, ки боиси дубора зинда гардидани донишмандону мутафаккирони на фақат Фаронса, балки тамоми ҷаҳон гардид.

Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО бунёд гардид ва то имрӯз мутафаккирони форсу тоҷик ба навбат бо қарори ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ дар сатҳи байналмиллалӣ ҷашн гирифта мешаванд. Бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифтани бузургон фазилати калон дорад. Фазилаташ дар он аст, ки донишманде ё мутафаккире, ки дар замони худ барои тамоми башарият хидмат карда, баъдҳо аз ёдҳо зудуда шудааст ва ё дар сатҳи олами имрӯза ношинохта мондааст, ба оламиён шиносонида мешавад.

196 Шахсиятҳои донишманди мо ба муаррифӣ кардану васфу тавсиф ниёз надоранд, вале бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифтани солгарди онҳо боиси арҷгузорӣ ба онҳо мегардад. Дар ҳошияи қарорҳои ин созмон корҳои зиёд анҷом дода мешавад. Осори мутафаккирон тарҷума, нашр ва асарҳои мухталифи пажӯҳишӣ оид ба онҳо анҷом мепазирад ва ба ин васила гӯшае аз илми мо, ки ҷузъи ҷудонопазири илми башарият аст, обод мегардад ва муҳимтар аз ҳама, бо ин роҳ ҳувият ва худшиносии миллӣ тақвият меёбад, кишвар обод мешавад.

Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж қарор дорад ва мантиқист, ки ҳар қароре қабул карда мешавад, пеш аз ҳама ба мардуми Париж, баъдан Фаронса ва сониян ба дигар кишварҳои олам дастрас мегардад. То имрӯз бузургони адабиёту фалсафаи мо чун Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Мавлоно Румию Ҷомӣ ва дигарон бо қарорҳои ЮНЕСКО дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифта шуданд ва оид ба ҳар кадоме аз онҳо ҷилд-ҷилд асарҳои тадқиқотӣ таҳия ва нашр гардидааст. Инак бо қарори ин созмони номдори ҷаҳонӣ ҷашни 700 — солагии донишманди маъруфи олами ислом Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имсол ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз донишмандони камназири олами ислом аст, вале тадқиқотҳои илмӣ оид ба осори вай ниҳоят каманд. Нисбат ба мутафаккироне, ки дар боло номбар намудем, тарҷума ва таҳқиқи осори Ҳамадонӣ дар Фаронса ва дигар кишварҳои ғарбӣ хеле кам ба мушоҳида мерасад. Умед аст, ки бо шарофати ҷашни 700 — солагии ин донишманди маъруф аз ҷониби ЮНЕСКО мутахассисони олам бештар ба Ҳамадонӣ рӯ оварда, пажӯҳишҳо оид ба осори вай, ҳам дар Шарқ ва ҳам дар Ғарб дар сатҳи зарурӣ анҷом дода хоҳад шуд.

қабл аз он ки Ҳамадониро дар шинохти Анри Корбэн – мусташриқ ва файласуфи Фаронса мавриди омӯзиш қарор диҳем, мехоҳем нахуст хулосаи суханоне, ки оид ба Ҳамадонӣ дар сессияи 192-юми қарори ЮНЕСКО аз 09 сентябри соли 2013 қайд гардидааст, аз забони франсавӣ бо тарҷумаи таҳтуллафз айнан пешкаши хонандагон намоем: «700-умин солгарди мавлуди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (1314-1385), шоири сӯфӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон бо дастгирии Ҳиндустон ва Покистон). Мутаваллиди яке аз хонадонҳои олимақоми Ҳамадон буда… анқариб тамоми олами ислом ва фаротар аз онро сайр кардааст.

Ҳамадонӣ яке аз шахсиятҳои асосии таърих буда, фарҳанги Кашмир, ҳам аз назари санъати меъморӣ (бо муттаҳидсозии санъати меъмории Осиёи Миёна ва Кашмир) ва ҳам аз назари такомули санъати косибӣ, баъдан иқтисодиёти минтақа зери нуфузи он ташаккул ёфтааст. Маҳорат ва кордоние, ки ӯ дар Кашмир корбаст намудааст, бешак ба саноат роҳ кушод. Ҳамадонии мистик ва ислоҳотгари ҷамъиятӣ ҳамчунин аз аҳли қалам буд. Мавсуф тақрибан сад рисола ба забонҳои арабию форсӣ вобаста ба масоили суфизм, ахлоқ ва ғайра эҷод кардааст. Асари «Захират-ул-мулук» бо бисёр забонҳо ба табъ расидааст. Зиндагии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Тоҷикистон ба поён расидааст, ки имрӯз ҳам теъдоди зиёди мардумон он ҷо ба зиёраташ меоянд.

Маъракаи пешниҳодгардида дар мавзӯи «Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва тамаддуни сулҳ» бисёр ба маврид аст. Таҷлили ҷашн дар якҷоягӣ аз ҷониби кишварҳои узв (Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Тоҷикистон) бо дастгирии Ҳиндустону Покистон пешниҳод гардидааст» [4]. Тавре мебинем, созмони ЮНЕСКО дар симои Алии Ҳамадонӣ танҳо як сӯфии хушку холиро намебинад, балки яке аз шахсиятҳои асосии таърихи башарият, ислоҳотгари ҷамъиятӣ, шахсияти сулҳу ваҳдатпарвареро мебинад, ки зери таъсираш санъату фарҳанги Кашмир ташаккул ёфта, ба шарофаташ Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ба ҳам пайвастагӣ пайдо карда, ҳунару саноат рӯ ба пешрафт овардааст. Тавре дар боло ишора намудем, таҳқиқотҳо оид ба Ҳамадонӣ дар Фаронса хеле каманд, бо вуҷуди ин бархе аз муҳаққиқони фаронсавӣ Ҳамадониро дар таҳқиқоти худ ёд кардаанд.

Андешаҳои файласуф ва шарқшиноси маъруфи фаронсавӣ Анри Корбэн дар хусуси Ҳамадонӣ аз аҳамият холӣ нестанд. Корбэн Мир Сайид Алии Ҳамадониро асосан дар ду асари худ «Таърихи фалсафаи исломӣ» ва дар асари дигараш «Инсони нур дар тасаввуфи эронӣ» ёд кардааст. Дар асари аввала Корбэн саҳифаи алоҳидаеро ба Алии Ҳамадонӣ бахшида, дар баробари матраҳ намудани андешаҳои Алии Ҳамадонӣ оид ба ҳаёту фаъолияти мутафаккир низ маълумоти мухтасар медиҳад. Дар асари дуюм бошад дар рафти муҳокимарониҳо дар хусуси фалсафа ва теологияи Наҷмиддини Кубро аз Алии Ҳамадонӣ, ки пайрави ҷараёни Кубровия буд, ёд кардааст. 197 Ба қавли Корбэн Сайид Алии Ҳамадонӣ яке аз симоҳои бузурги равияи Кубровия буда, аз унвонаш Сайид маълум аст, ки аз шаҷараи авлодии Пайғамбар (тавассути Имоми IV-ум Алӣ Зайнулобиддин) будааст ва тавре номаш ишора мекунад мазкур аз аҳли Ҳамадон, Экбатони қадима буда, дар он ҷо соли 714/1314 таваллуд шудааст [5, с. 414-415]. Вобаста ба ҳамин масъала донишманди шинохта ва мутахассиси зиндагию осори Ҳамадонӣ Моҳирхӯҷаи Султонзода дар асоси далелҳо таваллуди Ҳамадониро 12 моҳи раҷаби соли 714 ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 22 октябри 1314 мелодӣ дар шаҳри Ҳамадони Эрон дар оилаи ҳоким медонад. Ба қавли муҳаққиқи тоҷик падари Ҳамадонӣ ба 17 восита ба халифа Алӣ ибни Абутолиб ва модараш ба 17 восита ба пайғамбар Муҳаммад мерасидааст [1, с. 5-16]. Ба таъкиди Корбэн Ҳамадонӣ ҳанӯз дар синни дувоздаҳсолагӣ ба ҷараёни сӯфия гаравида, минбаъд умри худро дар муҳоҷирату сафароти дуру дароз гузаронидааст [5, с. 414-415]. Оид ба ин масъала низ

Султонзода М. таваҷҷуҳ карда менависад, ки Алии Ҳамадонӣ дар 12-солагӣ таваҷҷуҳи махсусе ба тасаввуф намудааст ва ба ҳамин васила пайраву шогирди сӯфии машҳури давр Шарафуддин Маҳмуди Маздаконии Розӣ мегардад. Сипас Алии Ҳамадонӣ дар назди шайхи дигар Алии Дӯстӣ омӯзиши тасаввуфро идома медиҳад. Асосан устодони Алии Ҳамадонӣ пайравони силсилаи кубровияи тасаввуф буданд, ки асосгузори он шайх Наҷмуддини Кубро аст. Илова бар ин, онҳо таваҷҷуҳи зиёде ба футувват доштаанд. Алии Ҳамадонӣ ду сол дар назди Алии Дӯстӣ таълим мегирад ва баъди вафоти ӯ боз ба назди шайх Маҳмуди Маздаконӣ бармегардад. Устодаш вайро ба сайру саёҳат ҳидоят менамояд. Ба ҳамин минвол сайру саёҳати тӯлонӣ, яъне 21-солаи Алии Ҳамадонӣ оғоз мегардад.

Дар тӯли ин сафарҳо дар аксар кишварҳои олами ислом умр ба сар мебарад. Дар яке аз ин мусофиратҳо вай бо шайх Абулмаёмин Наҷмуддин Муҳаммад ибни Муҳаммад Азконӣ мулоқот менамояд. Гӯё Алии Ҳамадонӣ ба ҳидояти ин шайх ҳам футувватро қабул менамояд ва ҳам ба издивоҷ розӣ мешавад [1, с. 5-16]. Ба назари Корбэн Ҳамадонӣ дар охирҳои умр, соли 1380 ба шаҳри Кашмир, ки таҳти ҳукмфармоии қутбиддини Ҳиндол, чорумин сарвари сулолаи нахустини исломӣ қарор дошт, сафар кард. Дар он ҷо шаш сол иқомат ихтиёр карда, ба тарғиби суфизми ташайюъ шуғл варзид ва ҳангоми бозгашт ба Форс (Эрони имрӯза –С.С.), дар шаҳри Поклӣ (дар марзи Ҳинду Афғонистон) дар роҳ фавт кард. Писараш Мир Маҳмуди Ҳамадонӣ дувоздаҳ сол дар Кашмир зиста, дар он ҷо асари рӯҳонии падарашро ба итмом расонд [5, с. 414-415]. Вобаста ба сафари Алии Ҳамадонӣ муҳаққиқ Султонзода М. дар такя ба маълумоти Ҳофиз Карбалоӣ менависад, ки Алии Ҳамадонӣ баъди мулоқоташ бо Амир Темур соли 1372 ба ӯ чунин изҳори ақида кардааст: «Маъмурам, ки ба Кашмир равам ва аҳли он диёрро ба ислом далолат кунам. Шояд, ки ба ислом мушарраф гарданд. Бинобар ин рӯзе чанд дар Хатлон маскан гузидаам» [1, с. 5-16]. Аз ин маълумот бармеояд, ки Алии Ҳамадонӣ қаблтар аз гуфтаҳои Корбэн ба Кашмир сафар карда будааст. Яъне на дар соли 1380, балки пештар аз он. Ба назари Султонзода М. солҳои охири ҳаёти Шоҳи Ҳамадон (яъне Алии Ҳамадонӣ –С.С.) дар Кашмир гузаштааст.

Вай мувофиқи гуфтаву навиштаҳои Ҷаъфари Бадахшӣ ва Ҳайдари Бадахшӣ соли 1384 азми бозгашт менамояд ва дар вақти сафар дар Паҳклӣ бемор мешавад ва ҳамон ҷо вафот мекунад. Маҳалли вафоти ӯро Кабравсавод, Кобул, Макулоб, Похлӣ, Кунар, Мовароуннаҳр, Ҳазора, Кофиристон, Ҳамадон ва ғайра гуфтаанд.

Ба ақидаи Султонзода М. Алии Ҳамадонӣ 6-уми моҳи зулҳиҷҷаи соли 786 мутобиқи 19 январи соли 1384 ҳангоми сафар дар маҳалли Кабравсаводи Похлӣ (Паҳклӣ)-и Покистон вафот кардааст ва ҷасадашро мувофиқи васияташ шогирдону муридон ба Хатлон оварда дафн кардаанд. Барои муътамадтар гардидани маълумотҳои дар боло овардашуда аз «Нафаҳот- ул-унс»-и Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба Алии Ҳамадонӣ маълумоти зерро меорем: «Амир Саид Алӣ ибни Муҳаммад ал-Ҳамадонӣ. …Вайро дар улуми аҳли ботин мусаннифоти машҳур аст, чун китоби «Асрор-ун-нукта» ва «Шарҳи асмои Аллоҳ» ва «Шарҳи «Фусус- ул-ҳикам» ва «Шарҳи қасидаи» «Хамрияи форизия» ва ғайри он.

Вай муриди Шайх Шарафуддин Маҳмуд ибни Абдуллоҳ ал-Муздақонӣ буд, аммо насаби тариқат пеши соҳибуссир байнулақтоб Тақиуддин Алӣ Дӯстӣ кард. Ва чун Шайх Тақиуддин Алӣ аз дунё бирафт, боз руҷӯи Шайх Шарафуддин Маҳмуд кард ва гуфт: Фармон чист? Вай таваҷҷуҳ кард ва гуфт: Фармон он аст, ки дар ақсои билоди олам бигардӣ. Се навбат рубъи маскунро сайр кард ва суҳбати ҳазору чаҳорсад валиро дарёфт ва чаҳорсадро дар 198 як маҷлис дарёфт. Содиси зулҳиҷҷаи санаи ситта ва самонин ва сабъамиа (шашуми зулҳиҷҷаи соли 786) наздик ба вилояти Кибрусавод фавт шуд ва аз он ҷо ба Хатлонаш нақл карданд» [3, с. 552]. Бояд қайд кард, ки маълумоти аз ҷониби М.Султонзода оид ба соли фавти Алии Ҳамадонӣ додашуда, ба маълумоти Корбэн ихтилоф дорад. М. Султонзода ба ин бовар аст, ки Алии Ҳамадонӣ 6-уми моҳи зулҳиҷҷаи соли 786 мутобиқи 19 январи соли 1384 ҳангоми сафар дар маҳалли Кабравсаводи Похлии Покистон вафот кардааст. Корбэн бошад, соли вафоти мутафаккирро баробар ба соли 1385 медонад. Дар ин хусус маълумотҳои тасдиқнамудаи ЮНЕСКО низ на соли 1384, балки баробар ба соли 1385 солшумории милодӣ аст. Корбэн оид ба чанд нукта ва усули андешаи мутафаккир маълумот додааст.

Ба ақидаи шарқшиноси фаронсавӣ ин нуктаҳо аз далоили илоҳиёт (метафизика)-и як рисолаи «Нақди хоб» маншаъ мегиранд. Корбэн таъкид менамояд, ки ин масъаларо Фритз Мейер бештар мавриди омӯзиш қарор додааст. Бинобар ақидаи ӯ Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи «Нақди хоб» оид ба се шакли зуҳури ҳастӣ сухан меронад: шакли мутлақ, шакли муқобил, шакли нисбӣ. Шакли аввали ҳастӣ ]аз назари Алии Ҳамадонӣ –С.С.[ дар шинохти Корбэн барои инсон дастнорас ва ҳиснашаванда буда, тавассути ишораи номуайяне дар ояти қуръонии сураи Нур (24/35) ва дар ҳамоҳангӣ ба оламшиносӣ (космология)-и маздоясноӣ ва моҳияти худи Нур муқаррар гардидааст. Шакли дуюм низ барои инсон ҳиснашаванда аст, зеро ҳастӣ дар он, самти мутақобили худро мегирад, яъне дараҷаест, ки дар он нест мегардад. Ин дараҷаи вуҷуди шайъӣ надоштан, ғайри мавҷуд будан, тавассути Зулмати мутлақ муайян мегардад. Миёни ин ду шакл рӯз ва рушноӣ қарор гирифтааст, ки дар он Нур ва Зулмат якҷоя шуда, вақте ки дараҷаи қувваи дутарафаашон маҳдуд гардид, аз он чизе падид меояд, ки барои инсон дидаю ҳисшаванда аст. Шакли сеюм дар зуҳури сегонаи ҳастӣ, ҳастии нисбӣ ва шакли аёни Худованд аст [5, с. 414-415]. Аммо худи мутафаккир зуҳури ҳастиро на дар се шакл, балки дар панҷ шакл нишон додааст.

Мутобиқи таълимоти сӯфиёнаи Ҳамадонӣ барои аз ҳолати ғайридидорӣ, номаҳсусӣ ба шакли моддӣ ва даррокӣ табдил гаштани ҳастии ягона вай бояд силсилаи маротиби таназзулро тай намояд. Тавре менависад: “Олами куллияи ҳазороти таназзулот панҷ аст: аввал ғайби мутлақ, ки он олами аъёни собита аст. Баъд аз он олами ҷабарут ва дигар олами малакут ва дигар олами малак ва дигар олами инсони комил” [2, с. 52].

Дар масъалаи офариниш Шоҳи Ҳамадон масъалаи ҳастиро аз нуктаи назари таълимоти ваҳдати вуҷуд ҳал кардааст. Мутафаккир дар «Рисолаи вуҷудия» менависад: «Назди аҳли кашфу шуҳуд вуҷуди мутлақ яке беш нест ва он вуҷудест, ки вуҷуди ҷамеи мавҷудот бад-он ҳазрат мунтаҳо мешавад ва он ҳазрат мунтаҳои ҳама аст» [2, с. 50]. Султонзода М. таълимоти Ҳамадониро оид ба ҳастӣ шарҳ дода менависад, ки байни худованду олам ваҳдати ҷавҳарӣ вуҷуд дорад, зеро ба ақидаи мутафаккир ғайри ҳастии Худо дигар чизе вуҷуд надорад, ин олами моддӣ аксу сояи ӯянд. Азбаски ҳама чиз мутобиқи ҷараёни судур аз ӯ зоҳир мешавад, пас ҳама аз ӯст [1, с. 5-16]. Ҳамадонӣ дар «Рисолаи вуҷудия»-и худ менависад: Эй он, ки ҳудусу қидамат ӯст ҳама, Сармояи шодиву ғамат ӯст ҳама. Ту дида надорӣ, ки ба худ дарнигарӣ, Варна зи сарат то қадамат ӯст ҳама [2, с. 53].

Тавре мебинем, андешаҳои Алии Ҳамадонӣ бозгӯи онанд, ки мутафаккир масъалаи ҳастиро аз назари ваҳдати вуҷуд ҳал намояд ҳам, вале ба таълимоти вай таъсири мактаби машшоия кам нест. Ба қавли Султонзода М. Алии Ҳамадонӣ олами моддиро аксу сояи Худованд медонад, ки ин андеша бешак олами идеаҳои Афлотунро ба ёд меорад. Аз ин нуктаи назар ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ Султонзода М. аст, ки нигоштааст: «Дар ташаккули ҷаҳонбинии Алии Ҳамадонӣ ва тарбияи ӯ нақши устодони зикршудааш хеле калон буда, сарчашмаи дигари ғоявии ташаккули мафкураи ӯ таълимоти мутафаккирони номии таърихи афкори фалсафии халқҳои форсу тоҷик ва араб амсоли Мансури Ҳаллоҷ, Ибни Арабӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Абуҳомид Ғазолӣ ва аҳли машшоия Абӯалии Сино мебошанд» [1, с. 5-16]. Корбэн дар асари худ «Инсони нур дар тасаввуфи эронӣ» Алии Ҳамадониро сӯфии бузург номида, дар такя ба Фритс Мейер менависад, ки ба қавли Ҳамадонӣ Шарқ моҳияти олами Ғайб аст, яъне Шарқ олами фавқулэҳсосест, ки он ҷойгоҳи ашхоси 199 Комил аст. Ин Шарқ моҳияти олами ноаёнест, ки сарчашмаи судур (эманатсия)-и ҳастӣ то ба ғарби олами ҷисмҳо тариқи ҳашт дараҷа идома меёбад ва дар он кавкабҳои Ҷабаруту Малакут қарор доранд [6, с. 91].

Ба назари Корбэн, ки бештар ба Фритс Мейер такя менамояд, Ҳамадонӣ суфизмро дар хоки Ҳинд тарғиб намуда, андешааш он аст, ки инсон нусхаи қуръони бузург буда, қуръони бузург худ коинот аст. Ва ин қуръони кайҳонӣ иборат аст: аз сураҳо, оятҳо, калимаҳо, ҳарфҳо, аломатҳои талаффуз ва дорои ҷиҳатҳои ошкор ва махфӣ аст. Ҳар як қисмати инсон, ки соф шуд, нусхаи берунии он ки ба ӯ ҳамҷинс аст,1 дар он акси худро меёбад, зеро ягон чиз наметавонад дида шавад, ба ҷуз тавассути мушобеҳи худ.

Вақте, ки табиати ботинӣ соф шуд, нубуғ ва қобилият зуҳур мекунад ва дар он ҳар чи ки дар олами макрокосмос мушобеҳи ӯст, пеши назар меояд [6, с. 106-107]. Ба ҳамин монанд нафс, қалб, рӯҳ, фавқ-уш-шуур то иксири пурасрор (иксир – нӯшокии муъҷизанок –С.С.) макони ботиние, ки он ҷо аърози илоҳӣ фош мегарданд ва он гоҳ гуфта мешавад: “Ман чашми ӯям, ман нигоҳи ӯям” [6, с. 106-107]. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки таълимоти суфиёнаи Алии Ҳамадонӣ ба таълимоти дигар сӯфиёни пантеист сахт монанд буда, хусусан таълимоти Мансури Ҳаллоҷро, ки «Анал Ҳақ» мегуфт, ба хотир меорад. Хулоса, Корбэн бо якчанд ақидае, ки оид ба таълимоти Алии Ҳамадонӣ додааст, Алии Ҳамадониро ба доираҳои илмии Фаронса шинос намуда, аз тарафи дигар тавонистааст як гӯшаи норавшани ҳаёт ва андешаи орифи маъруфи диёри мо Мир Сайид Алии Ҳамадониро равшан гардонад. ер бештар мавриди омӯзиш қарор додааст. Бинобар ақидаи ӯ Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи «Нақди хоб» оид ба се шакли зуҳури ҳастӣ сухан меронад: шакли мутлақ, шакли муқобил, шакли нисбӣ. Шакли аввали ҳастӣ ]аз назари Алии Ҳамадонӣ –С.С.[ дар шинохти Корбэн барои инсон дастнорас ва ҳиснашаванда буда, тавассути ишораи номуайяне дар ояти қуръонии сураи Нур (24/35) ва дар ҳамоҳангӣ ба оламшиносӣ (космология)-и маздоясноӣ ва моҳияти худи Нур муқаррар гардидааст.

Шакли дуюм низ барои инсон ҳиснашаванда аст, зеро ҳастӣ дар он, самти мутақобили худро мегирад, яъне дараҷаест, ки дар он нест мегардад. Ин дараҷаи вуҷуди шайъӣ надоштан, ғайри мавҷуд будан, тавассути Зулмати мутлақ муайян мегардад. Миёни ин ду шакл рӯз ва рушноӣ қарор гирифтааст, ки дар он Нур ва Зулмат якҷоя шуда, вақте ки дараҷаи қувваи дутарафаашон маҳдуд гардид, аз он чизе падид меояд, ки барои инсон дидаю ҳисшаванда аст. Шакли сеюм дар зуҳури сегонаи ҳастӣ, ҳастии нисбӣ ва шакли аёни Худованд аст [5, с. 414-415]. Аммо худи мутафаккир зуҳури ҳастиро на дар се шакл, балки дар панҷ шакл нишон додааст.

Мутобиқи таълимоти сӯфиёнаи Ҳамадонӣ барои аз ҳолати ғайридидорӣ, номаҳсусӣ ба шакли моддӣ ва даррокӣ табдил гаштани ҳастии ягона вай бояд силсилаи маротиби таназзулро тай намояд. Тавре менависад: «Олами куллияи ҳазороти таназзулот панҷ аст: аввал ғайби мутлақ, ки он олами аъёни собита аст. Баъд аз он олами ҷабарут ва дигар олами малакут ва дигар олами малак ва дигар олами инсони комил» [2, с. 52]. Дар масъалаи офариниш Шоҳи Ҳамадон масъалаи ҳастиро аз нуктаи назари таълимоти ваҳдати вуҷуд ҳал кардааст.

Мутафаккир дар «Рисолаи вуҷудия» менависад: «Назди аҳли кашфу шуҳуд вуҷуди мутлақ яке беш нест ва он вуҷудест, ки вуҷуди ҷамеи мавҷудот бад-он ҳазрат мунтаҳо мешавад ва он ҳазрат мунтаҳои ҳама аст» [2, с. 50]. Султонзода М. таълимоти Ҳамадониро оид ба ҳастӣ шарҳ дода менависад, ки байни худованду олам ваҳдати ҷавҳарӣ вуҷуд дорад, зеро ба ақидаи мутафаккир ғайри ҳастии Худо дигар чизе вуҷуд надорад, ин олами моддӣ аксу сояи ӯянд. Азбаски ҳама чиз мутобиқи ҷараёни судур аз ӯ зоҳир мешавад, пас ҳама аз ӯст [1, с. 5-16]. Ҳамадонӣ дар «Рисолаи вуҷудия»-и худ менависад: Эй он, ки ҳудусу қидамат ӯст ҳама, Сармояи шодиву ғамат ӯст ҳама. Ту дида надорӣ, ки ба худ дарнигарӣ, Варна зи сарат то қадамат ӯст ҳама [2, с. 53].

Тавре мебинем, андешаҳои Алии Ҳамадонӣ бозгӯи онанд, ки мутафаккир масъалаи ҳастиро аз назари ваҳдати вуҷуд ҳал намояд ҳам, вале ба таълимоти вай таъсири мактаби машшоия кам нест. Ба қавли Султонзода М. Алии Ҳамадонӣ олами моддиро аксу сояи Худованд медонад, ки ин андеша бешак олами идеаҳои Афлотунро ба ёд меорад. Аз ин нуктаи назар ҳақ ба ҷониби муҳаққиқ Султонзода М. аст, ки нигоштааст: “Дар ташаккули ҷаҳонбинии Алии Ҳамадонӣ ва тарбияи ӯ нақши устодони зикршудааш хеле калон буда, сарчашмаи дигари ғоявии ташаккули мафкураи ӯ таълимоти мутафаккирони номии таърихи афкори фалсафии халқҳои форсу тоҷик ва араб амсоли Мансури Ҳаллоҷ, Ибни Арабӣ, Саноӣ, Аттор, Ҷалолиддини Румӣ, Абуҳомид Ғазолӣ ва аҳли машшоия Абӯалии Сино мебошанд” [1, с. 5-16]. Корбэн дар асари худ «Инсони нур дар тасаввуфи эронӣ» Алии Ҳамадониро сӯфии бузург номида, дар такя ба Фритс Мейер менависад, ки ба қавли Ҳамадонӣ Шарқ моҳияти олами Ғайб аст, яъне Шарқ олами фавқулэҳсосест, ки он ҷойгоҳи ашхоси 199 Комил аст. Ин Шарқ моҳияти олами ноаёнест, ки сарчашмаи судур (эманатсия)-и ҳастӣ то ба ғарби олами ҷисмҳо тариқи ҳашт дараҷа идома меёбад ва дар он кавкабҳои Ҷабаруту Малакут қарор доранд [6, с. 91].

Ба назари Корбэн, ки бештар ба Фритс Мейер такя менамояд, Ҳамадонӣ суфизмро дар хоки Ҳинд тарғиб намуда, андешааш он аст, ки инсон нусхаи қуръони бузург буда, қуръони бузург худ коинот аст. Ва ин қуръони кайҳонӣ иборат аст: аз сураҳо, оятҳо, калимаҳо, ҳарфҳо, аломатҳои талаффуз ва дорои ҷиҳатҳои ошкор ва махфӣ аст. Ҳар як қисмати инсон, ки соф шуд, нусхаи берунии он ки ба ӯ ҳамҷинс аст, 1 дар он акси худро меёбад, зеро ягон чиз наметавонад дида шавад, ба ҷуз тавассути мушобеҳи худ.

Вақте, ки табиати ботинӣ соф шуд, нубуғ ва қобилият зуҳур мекунад ва дар он ҳар чи ки дар олами макрокосмос мушобеҳи ӯст, пеши назар меояд [6, с. 106-107]. Ба ҳамин монанд нафс, қалб, рӯҳ, фавқ-уш-шуур то иксири пурасрор (иксир – нӯшокии муъҷизанок – С.С.) макони ботиние, ки он ҷо аърози илоҳӣ фош мегарданд ва он гоҳ гуфта мешавад: «Ман чашми ӯям, ман нигоҳи ӯям» [6, с. 106-107]. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад, ки таълимоти суфиёнаи Алии Ҳамадонӣ ба таълимоти дигар сӯфиёни пантеист сахт монанд буда, хусусан таълимоти Мансури Ҳаллоҷро, ки “Анал Ҳақ” мегуфт, ба хотир меорад. Хулоса, Корбэн бо якчанд ақидае, ки оид ба таълимоти Алии Ҳамадонӣ додааст, Алии Ҳамадониро ба доираҳои илмии Фаронса шинос намуда, аз тарафи дигар тавонистааст як гӯшаи норавшани ҳаёт ва андешаи орифи маъруфи диёри мо Мир Сайид Алии Ҳамадониро равшан гардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *