Фанни Адабиёт

Носири Хусрави Кубодиёнии Балхӣ

Мангар бад-ин заъиф танам з-он ки дар сухан,

З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро.

Абумуъиннидин ибни Ҳорис ибни Ҳасан ибни Муҳаммад Носири Хусрави Қубодиёнӣ соли 1003 милодӣ, ки ба лақабҳои Ҳуҷҷат, Ҳуҷҷати Хуросон, Шоҳ Носири Хусрав ва ғайра шӯҳрат дорад, дар шаҳраки Қубодиёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки замоне яке аз навоҳии Балх ба шумор мерафт, дар хонадони деҳқони сарватманд чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки ӯ аз маҳаллаи Қубодиёни шаҳри Балх аст, вале аксари пажӯҳишгарон ба онанд, ки ӯ аслан аз Қубодиёни Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, пажӯҳишгар ва муҳаққиқи афғон, муаллифи асари «Шуъарои Балх» — Абуласфор Алимуҳаммади Балхӣ дар ин бора чунин гуфтааст: «Валодати он дар моҳи зилқаъдаи соли 394 ҳиҷрии қамарӣ, моҳи саратон ё асади соли 352 ҳиҷрии шамсӣ мусодиф ба панҷумин соли салтанати Маҳмуди Ғазнавӣ дар шаҳраки Қубодиёни Балх воқеъ дар Тоҷикистони кунунӣ, ки Балхи онрӯзӣ бинобар тавсиъа, ки дошт, Қубодиён ва ҳаволии он сарзаминро дар қаламрави худ ташкил медод». Ин муҳаққиқ ва пажӯҳишгар дар поварақи асараш ин нуктаро чунин тавзеҳ додаст: «Ин балдаи бостонӣ дар расмулхати муншиён бо номи Қуводиён низ тазаккур дода шудааст, ки мутассилулаъмол ба Тирмиз мебошад… ва аммо гузари Қубодиёни воқеъи Мазори Шариф тасмиёти баъдист» (Маъхаз: Абулафсор Алимуҳаммади Балхӣ. Шуъарои Балх. Балх, 1413 ҳиҷрии қамарӣ).

Ӯ ному насаби аслии худро ӯ дар оғози китоби «Сафарнома» чунин зикр кардааст: «Чунин гӯяд Абумуъиниддин Носири Хусрави Қубодиёнӣ ал — Марвазӣ, ки ман марди дабирпеша будам ва аз ҷумлаи мутасаррифон дар амвол ва аъмоли султонӣ». Баъзе муҳаққиқон ақида доранд, ки азбаски Носири Хусрав солиёни зиёд дар Марв, дар дарбори Салҷуққиён хидмат намуда, буд, худро «Қубодиёнӣ ал-Марвазӣ» номидааст, вагарна аз Қубодиёни Тоҷикистон аст, ки яке аз ноҳияҳои Балхи бостон дар замони Ғазнавиён, Салҷуқиён ва Ғуриён ба шумор мерафт.

Падари Носири Хусрав шахси мансабдор буда, дар шаҳри Қубодиён ва Балх соҳиби молу мулки зиёде буд. Аз ин рӯ, гуфта метавонем, ки вай дар хонадони сарватманд ба воя расид ва улуми динӣ ва дунявиро фаро гирифт. Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Носири Хусрав маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас таҳсилашро дар мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритуси Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Сипас ӯ барои такмили дониш ба шаҳрҳои Балх ва Марв сафар мекунад. Дар мадрасаҳои ин ду маркази илму фарҳанги исломӣ таҳсил намуда, чун донишманди номдор ба камол мерасад. Носири Хусрави Қубодиёнӣ чун донишманди хуби забонҳои арабӣ, юнонӣ, ҳиндӣ, чун олими забардасти улуми фалсафа, калом, нуҷум, мантиқ, тиб, табиъиёт, адаб, сарфу наҳв ва ғайра ном мебарорад. Шӯҳрати илму маърифати Носири Хусрав ба дарбори Ғазнавиён мерасад ва ӯро ба корҳои девону дафтардорӣ маъмур месозанд. Ӯ дар ҳамаи умури давлатдорӣ худро чун шахси фозилу кордон нишон медиҳад ва дар байни аҳли дарбор соҳиби обрӯву эҳтироми зиёд мегардад ва ӯ ба унвони «Хоҷаи Хатир» сазовор мегардад.

Баъди ба сари қудрат омадани сулолаи Салҷуқиён ҳамроҳи бародараш аз шаҳри Балх ба Марв меравад ва дар дарбори Чағрибеки Салҷуқӣ чун дабири девон ба кор медарояд. Дар ин ҷо ҳам Носири Хусрав бо шарофати илму дониш, ростгӯӣ ва адолатпешагиаш соҳиби иззат ва ҷоҳу ҷалол мегардад. Дар ин дарбор ӯ чун сиёсатмадори варзида ба камол мерасад, вале шабе хоб мебинаду баъди ин ҳаёташ ба куллӣ тағйир меёбад. Худи шоир ва мутафаккир ин ҳодисаро дар асараш — «Сафарнома» чунин тасвир кардааст:

«Пас аз он ҷо ба Ҷузҷонон шудам ва қурби як моҳ бибудам ва шароб пайваста хӯрдаме. Шабе дар хоб дидам, ки яке маро гуфт: «Чанд хоҳӣ хӯрдан аз ин шароб, ки хирад аз мардум зоил кунад, агар ба ҳӯш бошӣ, беҳтар». Ман ҷавоб гуфтам, ки «ҳукамо ҷуз ин чизе натавонистаанд сохт, ки андӯҳи дунё кам кунад». Ҷавоб дод: « Бехирадӣ ва беҳӯшӣ роҳате набошад. Ҳаким натавон гуфт касеро, ки мардумро ба беҳӯшӣ раҳнамун бошад, балки чизеро талабид, ки хирад ва ҳӯшро биафзояд». Гуфтам, ки «ман инро аз куҷо орам?». Гуфт: «Ҷӯянда ёбанда бошад» ва пас сӯйи қибла ишорат кард ва дигар сухан нагуфт».

Носир Хусрави Қубодиёнӣ ба хоби дидааш амал карда, соли 1045 милодӣ аз хидмати дарбор истеъфо медиҳад ва ба сафар мебарояд. Ин сафари ӯ ҳафт сол давом мекунад ва дар ин муддат сарзаминҳои Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Урдун, Фаластин, Миср, Ҳиҷоз, Ҳалаб , Тунис, Нуба, Судон ва дигар кишварҳоро сайёҳат мекунад ва ба тарзи зиндагӣ, рӯзгор ва урфу суннатҳои мардумии бошандагони ин мамолик аз наздик ошно мегардад. Дар ин сафар Носири Хусрав чаҳор бор ба зиёрати хонаи Худо ва турбати Паёмбари бузурги Ислом – ҳазрати Муҳаммад (с) мушарраф мегардад.

Ҳангоми сафар дар Миср ба дарбори хилофати Фотимиён роҳ ёфта, равияи исмоилияро меомӯзад ва пайрави ин фирқа мегардад. Фотимиён вайро бо унвони «Ҳуҷҷат» сарфароз гардонида, ӯро барои тарғибу густариши таълимоти фирқаи худ ба Хуросон чун доъӣ мефиристанд. Носири Хусрав ба шаҳри Балх бармегардад ва ба умури таблиғотӣ машғул мешавад, вале ба фишор ва таъқиби сахти рӯҳониёни суннимазҳаб мувоҷеҳ мегардад. Бинобар ин, ӯ маҷбур мешавад, ки ба кӯҳистони Бадахшон паноҳ барад. Носири Хусрав дар деҳаи Юмгондараи Бадахшон макони зист ихтиёр намуда, ба ташвиқи ақоид ва таълимоти фирқаи исмоилия ва эҷоди осори илмиву адабӣ ва фалсафӣ шуғл меварзад. Ба қавли худи шоир:

Ҳамчу хуршеди мунаввар суханам пайдост,

Гар бифарсуда тан аз чашми ту пинҳонам.

Нур гирад давлат аз ҳикмати манн чун моҳ,

Ки давлатро ман хуршеди дурахшонам.

Кони илму хираду ҳикмат Юмгон аст,

То ман марди хирадманд ба Юмгонам.

Бо вуҷуди ин ки Носири Хусрав дар кӯҳистони Бадахшон «подшоҳвор» мезист, вале ёди ёру диёр ва меҳри зодгоҳаш ӯро соате ором намегузошт ва мегуфт:

Пайваста шудам насаб ба Юмгон,

К-аз насли Қубодиён гусастам.

***

Эй боди аср, гар гузарӣ ба диёри Балх,

Бигзар ба хонаву он ҷой гӯй ҳол.

Бингар, ки чун шудааст пас аз ин диёри ман,

Бо ӯ чӣ кард даҳри ҷафоҷӯйи бадфиъол.

Қайд кардан лозим аст, ки Носири Хусрав аъёну ашрофи дарбори Салҷуқиён низ бад медиданд. Зеро шоир дар ҳама ҷо бо суханони нешдор санги нафрат ба сӯйи онҳо мефиканд ва беадолативу зулмашонро нисбати мардуми бечораву заҳматкаш ва фақир сахт маҳкум мекард ва фош месохт:

Бар аҳли Хуросон фарох шуд кор,

Имрӯз, ки иблис мизбон аст.

В-аз мутрибу рӯду набид ин ҷо,

Пайваста ҳама рӯз корвон аст.

***

Муфтиву фақеҳу обиду зоҳид,

Гаштанд ҳама дунон ба гардан.

Ман ронда ба ҳам чу пешгаҳ бошад,

Танбӯриву покӯби барбатзан.

Шоир ва мутафаккири озодандеш Носири Хусрави Қубодиёнӣ ба муқобили аъёну ашрофи сулолаи Салҷуқиёни туркнажод, ки то дирӯз ғулому барда буданд ва пас аз шикасти давлати миллии тоҷикон ва форсизабонон – Сомониён ба қудрат расида, манманиву савлат мекарданд, сахт мешӯрад ва изҳор медорад, ки боиси афсус аст, ки озодагон, яъне тоҷикон ва форсизабонон имрӯз баҳри тамаъи молу ҷоҳ дар назди ғуломи дирӯзаи худ қомат шикаста, таъзим мекунанд:

Туркон ба пеши мардон з-ин пеш дар Хуросон,

Баданд хору оҷиз ҳамчун зани сароӣ.

Имрӯз шарм нояд озодазодагонро,

Кардан ба пеши туркон пушт аз тамаъ дутоӣ.

***

Кай резам обрӯй чун ту бехирад,

Бар тамаъи он ки тубра пурнон кунам.

Туркон раҳиву бандаи ман будаанд?

Ман тан чӣ гуна бандаи туркон кунам.

Эй бод, насиҳате, ки ту кардӣ маро,

То чун фалон хасису чун беҳмон кунам.

Ин фарзанди фарзонаи тоҷик дар гӯшаи дури Боми Ҷаҳон – Бадахшон нишаста, пайваста ашъори пурҳикмат месуруд ва рисолаҳои илмиву фалсафӣ эҷод мекард, то аз худ ба ояндагон осори гаронбаҳое ба ёдгор гузорад. Доманаи мавзӯӯъҳои осори пурарзиши Носири Хусрав фарох ва бекарон аст. Тамоми ҷанбаҳо ва паҳлӯҳои рӯзгор ва маънавиёти инсон таваҷҷӯҳи ӯро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рӯ, ҳар як мисраъ, ҳар як байт ва ҳар як ҷумлаи осори ӯ ба дили хонандаи ҳар давру замон маконгузин аст. Зеро ба гуфти худи шоир ва мутафаккир:

Мо ишқро ба ёдгор овардаем,

Бар хоки ту аҷзу ифтихор овардаем.

Ногаҳ ғамат ба дили мо кард нузул,

Ҷон пеши ғамат баҳри нисор овардаем.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ умри дароз мебинад ва чун ҳар як инсоне, ки ба айёми пиронсолӣ мерасад, заъифу нотавон мегардад. Аз ҳамин ҷост, ки вай бо азобу ранҷ гирифтор гардидани худро дар пиронсолӣ ба чунин тарз ифода намудааст:

Чу маро пирӣ зи рӯзу шаб расид,

Нест рӯзу шаб ҳамоно ҷуз азоб.

Дар ҷойи осораш дигар низ дар ин бораи арзи ҳол намудааст:

Имрӯз ҳама заъиф бинӣ,

Ин қомати чафтаи низорам.

Он рӯз гарам бидидӣ ту,

Пиндоштӣ, ки манн чанорам.

Чу чарх ҳамекашонд хуш-хуш,

Чун уштур сӯйи миҳорам.

Он рӯз қавию шод будам,

Имрӯз заъифу сӯгворам.

Вале пиронсолӣ азму иродаи оҳанини шоир ва мутафаккири маъруфро шикаста натавонист ва ӯ ифтихор дорад, ки осори пурарзишаш аз шумори ситораҳои чархи гардун фузунӣ дораду пас аз вай ба ёдгор мемонанд ва ном ва корномаашро зинда нигоҳ медоранд:

Мангар бад-ин заъиф танам з-онки дар сухан,

З-ин чархи пурситора фузун аст асар маро.

Дили пурэҳтироси суханвари ҳаким дар синни 85 солагӣ соли 1088 милодӣ аз тапиш монд. Мадфани ӯ дар Юмгондараи Бадахшони Афғонистон воқеъ гардидааст ва ихлосмандонаш дар болои турбаташ мақбарае бунёд намудааанд.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ осори зиёди гаронбаҳо ба мерос гузоштааст. Аз таълифоти ӯ асарҳои зерин дастраси мост: «Девони ашъор», Маснавиҳои «Рӯшноинома», «Саъодатнома», «Ваҷҳи дин», «Зоду-л-мусофирин», «Сафарнома», «Ҷомеъу-л-ҳикматайн», «Хону-л-ихвон», «Бӯстону-л-уқул». Ба ғайр аз ин осори мазкур дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ боз асарҳои зеринро ба Носири Хусрави Қубодиёнӣ нисбат медиҳанд: «Иксири аъзам», «Қонуни аъзам». «Далелу-л-мутаҳайирин», «Канзу-л-ҳақоиқ». «Ал-Муставфӣ», «Рисола дар илми Юнон», «Рисолаи шаш фасл», «Рисола дар таърихи кавокиб», «Саргузашти шахсӣ», «Тафсири Қуръон», « Рисолаи ҳафт боб» ва ғайра.

Носири Хусрави Қубодиёнӣ яке аз шоирон ва нависандагон ва андешамандони бузурги халқи тоҷик буда, як умр барои хушбахтӣ ва озодиву истиқлолияти маънавии мардуми тоҷик ва форсизабони ҷаҳон мубориза бурдааст. Дар таърихи илму фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи халқамон ба мисли ӯ кам шахсиятеро пайдо мекунем, ки ғояҳои миллии ватанхоҳӣ ва истиқлолталабӣ дошта бошад. Аз ҳамин ҷост, ки ӯ аксари осори пурқимати худро ба забони модарияш – форсии дарӣ офарида ва ифтихор намудааст, ки дурру гавҳари гаронбаҳои бо ин забони ширини малакутӣ суфтаи худро ба пойи хару хукон, яъне нокасон ва золимон намерезад:

Ман онам, ки бар пойи хукон нарезам,

М-ар ин қимати лафзи дурри дариро.

Инсонияти тараққипарвар бо қарори Юнеско соли 2003–ум ҳазорумин солгарди зодрӯзи ӯро таҷлил намуд. Ин ҷашн дар Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон хеле пуршукӯҳ ва хотирмон доир гардид. Ба ин муносибат семинару конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ баргузор гардиданд, ки дар онҳо олимони шарқшиноси ҷаҳон дар бораи ҷанбаҳо ва аҳамияти осори пурарзиши шоир ва мутафаккири бузург Носири Хусрави Қубодиёнӣ суханронӣ намуданд. (Маъхаз: Фозили Абдуррашид, Қуввати Дод, Қиёмиддин Сатторӣ. Қубодиён – зодгоҳи Носири Хусрав. Ба ифтихори ҳазорумин солгарди зодрӯзи шоир ва мутафаккир Носири Хусрави Қубодиёнӣ. Душанбе: Ому, 2003).

Дар охир гулчине аз ашъори пурҳикмати Носири Хусрави Қубодиёниро пешкаши шумо – хонандагони гиромӣ менамоем:

Беҳ аз санноъи олам деҳқон аст,

Ки ваҳшу тайррро роҳатрасон аст.

Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,

Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.

Аз ин беҳ бо бани Одам чӣ кор аст,

К-аз Одам дар ҷаҳон ин ёдгор аст.

Ба кор андар ҳама мардони коранд,

Арақ резанду қути халқ коранд.

Калиди ризқи қисмат сахт дар мушт,

Чароғи дилфирӯзӣ дар даҳ ангушт.

***

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор,

Ки доим дерзӣ бошад камозор…

Ҳамша некхоҳи мардумон бош,

Ба некӣ кӯш в-он гаҳ дар амон бош.

Мурувват нест, ар афтодагоне,

Ба раҳ биниву худ маркаб биронӣ.

Зи некон бош, андар некӯӣ кӯш,

Макун некии кас аз дил фаромӯш.

Ба некон умри созу барг хоҳад,

Бадонро халқи олам марг хоҳад.

***

Рӯзе зи сари санг уқобе ба ҳаво хост,

Аз баҳри тамаъ болу пари хеш биёрост.

Ба ростии бол назар карду чунин гуфт:

«Имрӯз ҳама рӯйи замин зери пари мост!»

Гар авҷ бигарам бипарам аз назари шед,

Мебинам агар заррае андар таги дарёст.

Гар бар сари хошок яке паша биҷунбад,

Ҷунбидани он паша аён дар назари мост.

Бисёр манӣ карду зи тақдир натарсид,

Бингар, ки аз ин чархи ҷафопеша чӣ бархост.

Ногаҳ зи камингоҳ яке сахткамоне,

Тире зи қазову қадар андохт бар ӯ рост.

Бар боли уқоб омада он тири ҷигарсӯз,

В-аз абр мар-ӯро ба сӯйи хок фурӯ кост.

Бар хок биафтоду биғалтид чу моҳӣ,

В-он гоҳ пари хеш кашид аз чапу аз рост.

Гуфто: «Аҷаб аст ин, ки зи чӯб асту зи оҳан,

Ин тезиву тундиву паридан-ш куҷо хост».

Бар тир нигоҳ карду пари хеш бар ӯ дид,

Гуфто: «Зи кӣ нолем, ки аз мост, ки бар мост».

Ҳуҷҷат ту маниро зи сари хеш бадар кун,

Бингар ба уқобе, ки манӣ карду чиҳо хост.

***

Дарахт аст ин ҷаҳону мева моем,

Ки хуррам бар дарахти ӯ бароем.

Дигар ҳастанд баргу мо ҳама бар,

Туфайли мо шуданд онҳо саросар.

Шараф дорад дарахт аз меваорӣ,

Ки бошад то надорад ҳеҷ боре.

Зи бӯю лаззати хуш меваҳоро,

Шараф бошад чунон к-аз ақл моро.

Наёбад марди ҷоҳил дар ҷаҳон ком,

Надорад бӯю лаззат меваи хом.

Машав чун меваҳои норасида,

Сақат ҳаргиз набошад чун гузида.

Сақат бошад дар ин боғ он чи хоманд,

Ҳакимон меваҳои хуштаъоманд…

Туро лаззат зи илм аст, аз амал бӯй,

Камолият зи илми бо амал ҷӯй.

Чу хоҳӣ то ки ёбӣ донишу ҳӯш,

Макун панди ҳакимонро фаромӯш.

***

Дар ин зиндон ҳарифе чанд бо туст,

К-аз он ёрон ҷудоӣ боядат ҷуст.

Яке бухлу дуввум ҳирсу саввум оз,

Чаҳорум макру панҷум шаҳвату ноз.

Шашум кибру ҳасад – ҳар ҳафт ёрат,

К- аз ин ёрон халал пазруфт корат.

Аз инҳо бигзару ёри дигар ҷӯй,

Рафиқони бузурги номвар ҷӯй.

Тавозӯъ, пас карам, он гаҳ қаноъат,

Камозориву пас парҳезу тоъат.

Дигар ҳикмат, агар ҳастӣ хирадманд,

Гусил з-онҳою бо инҳо бипайванд.

Туро ин некҳоҳанд, он-т – бадхоҳ.

Ту дар мулки вуҷуди хештан шоҳ,

Накӯхоҳони худро ёварӣ кун,

Зи бадхоҳони худ худро барӣ кун.

Агар з-ин сон шавӣ, бар худ хидевӣ,

Вагар з-ин сон наӣ, рав, рав, ки девӣ.

***

Чӣ хуш зад достон он мӯбади пир,

Суханҳои чунон дар гӯши ҷон гир.

Ҳар касро, ки бошад роҳбар бум,

Набинад ҷуз ки вайронӣ бару бум,

Макун бо нокасон зинҳор ёрӣ,

Макун бо ҷони худ зинҳор хорӣ.

Бирпарҳез, эй бародар, аз лаъимон,

Бино кун хона дар кӯйи ҳакимон.

Зи некон нек бошӣ в-хасон хас,

Зи дунон дун шавию аз касон –кас.

Аз ин бедонишон бигсил ҳарифӣ,

Зарифонро талаб кун, гар зарифӣ.

Бувад бо зиракон зиндон гулистон,

Чу зиндон аст бо ноаҳл бӯстон…

Агар доно бувад хасми ту беҳтар,

Ки бон одон шавӣ ёру бародар.

Наояд душманӣ аз марди оқил,

Ношояд дӯстиро марди ғофил.

***

Нашояд шуд бо ҷоҳу мол мағрур,

Чу марг ояд, чӣ дарбору чӣ Фағфур.

Макун такя бар иқболи замона,

Ки ӯ бар кас намонад ҷовидона.

Агар ҷонат забуни молу ҷоҳ аст,

Туро ин мол мору ҷоҳ — чоҳ аст.

Аз ин маъшуқи ҳарҷоӣ чӣ ояд,

Ки ҳаргиз бо касе доим напояд.

Намонад ҳар чи он аз мард монад,

Биномад ҳар чи онро барфишонад.

Бихӯр в-аз н-омада ҳаргиз маяндеш,

Ки то фардо чӣ ояд мар туро пеш.

***

Ҷаҳоно, ҷодуӣ – бо бӯйи рангӣ,

Гаҳе румит бинам, гоҳ зангӣ.

Ба ранге лӯъбате дилхоҳ монӣ,

Ки ту ҳамвора бар як сон намонӣ.

Бароӣ ҳар замон аз ранги дигар,

Барорӣ ҳар нафас оҳанги дигар.

Чу маъшуқи зарифон дилрабоӣ,

Ки мушкинҷомаву зарринқабоӣ.

Бигӯям, чистӣ инсофу алҳақ,

Ба тавсанкуррае монӣ ту аблақ.

Ки зери пой кардӣ умри моро,

Чӣ шояд кард бо ту ҷуз мадоро?

Яке товуси рангоранг дорӣ,

Надорӣ ҷуз, ки умри мо шикорӣ.

Шикорат Кайқубоду Кайпашин аст,

Басо кас, к-аз ту бо тоҷу нигин аст.

Ту додӣ мулки Кайхусрав ба Хусрав,

Куҳан кардӣ бузургонрову худ нав.

Наосоӣ, на кас осуда аз ту,

Нафарсоиву мо фарсуда аз ту.

Ношояд буд ҳаргиз аз ту эмин,

Нагардӣ аз қафо кардан ту сокин.

1 2Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *