Фанни Адабиёт

Ривоят дар бораи дехаи Тудакавш

Дар қисми шарқии шаҳри Кӯлоб канорест, ки деҳае бо номи Тудакавш арзи вуҷуд мекунад. Пайдоиши деҳа мувофиқи нақли мардони солхурда ва кӯҳансол чунин аст. қисми зиёди ихлосмандони Алии Хамадонӣ аз мамолики шарқу ҷануб тавасути ҳамин мавзеъ вориди шаҳри Кӯлоб шуда, ба зиёрати бузургвор мушарраф мегардиданд. Ба ин мақон расидан замон аз рӯи ҳурмат ва эҳтироми бузургвор ҳама зоирон кавшҳои худро аз пой берун карда, сипас суйи мақбараи хазрати Сайид Алии Хамадонӣ раҳсипор мешуданд шумораи меҳмонону ихлосмандони бузургвор он қадар зиёд буд, ки ҳар рӯз он ҷо ғарам-ғарам тудаи кавшҳо ба амал меомад. Ҳамин ҳодиса сабаб гашта бо мурури замон он маконро Тудакавш номиданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *