Фанни Адабиёт

Дарвеши Балхӣ

Номи аслияш Муҳаммад буда, Дарвеш тахаллуси адабии ӯст. Вай дар нимаи қарни даҳум мезист ва дар замони ҳукумронии Шайбониён муфтии Балх будааст. Гузашта аз улуми мухталиф, аз суханварони зариф ва хушкалом ба шумор меравад ва дар мавзӯъҳои ҳазлу шӯхӣ ва мутоъибот ашъори латиф ва мавзун сурудааст. Аз ҷумла мутоъиботи зарифонаи ӯ бо Мавлоно Абулхайр (мулаққаб ба «Ошиқ») хеле машҳур аст. Замоне, ки ҳокими Балх — Гастанқарои Шайбонӣ дучори бемории равонӣ шуд, як идда аз уламо ва фузалои Балхро дар санаи 950 ҳиҷрии қамарӣ бо анвоъи заҷр ва шиканҷа мубтало кард. Дар ин ҳодиса Мавлоно Абдулхайри Ошиқ низ аз Балх рондаву табъид шуд ва роҷеъ ба ин ҳодиса Муҳаммад Дарвеш ин қитъаи таърихро иншо намуд:

Эй мардуми шаҳр шукри султон гӯед,

Дар шаҳри шумо қудрати ғайр намонд.

Чун ланги Абдулхайр баромад аз шаҳр,

Таърих ба ҷуз «Ланги Абдулхайр» намонд.

Мавлоно Дарвеши Балхӣ то ҳудуди соли 954 ҳиҷрии қамарӣ ҳаёт ба сар бурда, тахмин меравад, ки пас аз ин таърих низ соле чанд дар қайди ҳаёт будааст.

Девони Балхӣ

Ин шеъри сӯфимашраб ва дар замони ҳукмрони Султон Ҳусайни Бойқаро умр ба сар бурдааст ва гузашта аз сухантирозӣ дар хушнависӣ низ устод будааст ва чанд навъи хатро бо камоли ҳунармандӣ менавиштааст. Зеҳнаш гиро ва истеъдодаш тавоно будааст. Ин байт ёдгоре аз вай аст:

Мехостам назора кунам нақши ӯ дар об,

Ногаҳ насим омаду нақше бар об шуд.

Зайғами Балхӣ

Мавлоно Саъдуддини Зайғам ки гоҳо тахаллуси Гузор низ доштааст, аз ҷумлаи донишмандон ва суханварони аҳди Имомқулихон будааст, ки муддате дар дарбори ӯ хидмат кардааст. Зайғам шоири соҳибистеъдод буда, ашъори худро дар фасоҳату балоғат ва шевобаёнӣ месуруда. Доир ба рӯзгор ва осори вай дар маъхазҳои тааърихӣ ва адабӣ иттилоъи кам ба назар мерасад. Вафоташро аз рӯйи ҳисоби абҷад аз калимаи «ғам» баровардаанд ва моддаи таърих сохтаанд. Абёти зерин аз таъби равони Зайғам аст:

Дӯш к-он шӯъла ба парвонагиям механдид,

Ақли девона ба фарзонагиам механдид.

Ошно ё на, ҷабин дар ҳарамаш судам лек,

Чашми идрок ба бегонагиам механдид.

Олам аз роиҳаи бехудиам мадҳуш аст,

Вой агар ғунчаи девонагиам механдид.

Зарғоми Мазорӣ

Зарғомиддин ибни Шамсиддин мутахаллис ба Зарғом аз шуъарои номдори Балх аст. Мавсуф пешаи атторӣ дошт ва суханвари соҳибзавқ ва боистеъдод будааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Зарғоми Мазорӣ шоири соҳибдевон будааст, вале мутаассифона, девони ашъори ӯ ҳангоми сӯхтори манзилаш тӯъмаи оташ гардидааст. Вафоти вай дар соли 1327 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Роҷеъ ба аҳвол ва ашъораш дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ маълумоти хеле кам ба назар мерасад. Ғазали зерин намунае аз ашъори ӯст:

Илоҳӣ, партави нури ҳидоят бахш ҷонамро,

Ба ҳамди зоти поки хеш ҷорӣ кун забонамро.

Ба баҳри назм монанди садаф кун дилнишин назмам,

Чу дар ҷода ба гӯши нуктаороён баёнамро.

Заъифу хаставу бечора афтодам ба даргоҳат,

Тавоноӣ карам фармоӣ ҷисму ҷонамро.

Диламро дар вафо парвонаи базми саъодат кун,

Бигардон шамъи фонусе муҳаббат устухонамро.

Ғизоли ваҳшии иқболро сайди камандам кун,

Расонӣ бар нишони муддаъо тири нишонамро.

Зи доноӣ агар аз ҷодаи тоъат бурун тозам,

Бигардон аз раҳи исён зи лутфи худ инонамро.

Ту Сатториву Зарғом гунаҳкор асту мехоҳад,

Ки дар маҳшар насозӣ бармало айби ниҳонамро.

Зиёуддини Балхӣ

Ин шоири ширинбаён муъосири Муҳаммад Авфии Бухороист. Авфӣ ӯро дар Балх мулоқот карда, дар бораи рӯзгор ва ашъораш дар «Лубобу-л-албоб» маълумоти мухтасар додааст. Зиёуддини Балхӣ ба ғайр аз сурудани ашъори нағзу пурмағз, воъиз ва хатиби суханвар низ будааст ва дар вақти маъвиза дасторашро бисёр поён меоварда ва шоир Қосирӣ ин рафтори вайро ҳаҷв намуда будааст. Зиёуддин дар ин рубоӣ ба ӯ чунин посух медиҳад:

Як шаҳр ҳадиси ману ашъори ман аст,

Дар ҳар кунҷе сухан зи гуфтори ман аст.

Гар пеш ниҳам ё пасаш, эй марди сара,

Полони хари ту нест, дастори ман аст.

Аз гуфтаи шоир : «як шаҳр ҳадиси ману ашъори ман аст», бармеояд, ки осори Зиёуддин хеле зиёд буда, дар байни мардуми диёри Балх аз маҳбубият зиёд бархӯрдор будааст.

Зулфии Балхӣ

Ин шоири шевабаён аслан аз гузари Дуобаи Балх аст ва муддатҳо ба таҳсили илму дониш машғул буда, замоне дар Фарғонаву Бухоро низ иқомат доштааст ва дар шеъру адаб аз шогирдони Абдурраҳмони Мушфиқӣ аст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки ӯ парвардаи доираи адабии Мовароуннаҳр аст ва дар ҷодаи шеъру адаб пешрафтҳои зиёд доштааст. Инак, намунае аз ашъори ӯ:

Шоҳо, ситам ба ҳоли гадо мекунӣ, макун,

Яъне маро зи хеш ҷудо мекунӣ, макун.

Он зулфро ба дасти сабо медиҳӣ, мадеҳ,

Ҳар дам ҳазор фитна ба по мекунӣ, макун.

Иззати Мазорӣ

Мулло Иззатуллоҳи Иззат ибни Эшони Тӯрахон ибни Хоҷагон, валодаташ дар шаҳри Мазори Шариф (Балх) иттифоқ афтодааст. Барои таҳсилоти олӣ озими Бухоро шуд. Дар илми тиб маҳорати комил дошт. Замоне ки ба зодгоҳи худ баргашт мусодиф ба ошӯби сардор Исҳоқхони Афғон дар Шеробод буд. Пас аз чанде тадрис бори дигар озими Мовароуннаҳр шуд, то ин ки дар санаи 1332 ҳиҷрии қамарӣ дар ин сарзамин вафот кард. Дар сароидани шеър маҳорати хеле баланд дошт. Ин чанд байт намунае аз осори пурарзиши ӯст.

Беҷамолат гул ба чашмам хори ғайрат мезанад,

Сунбул аз савдои зулфат фоли ваҳшат мезанад.

Дар шаби ҳиҷрон ба ёди орази он тундхӯ,

Мавҷи маҳмал бар тани ман неши ҳасрат мезанад.

Шамъсон азбас ба ҳоли хеш кардам гиря сар,

Ҳар ҳубоби ашк аз он ҷӯши надомат мезанад.

Партаве аз акси рӯят уфтод ойинаро,

Хонааш з-он рӯ лубоби мавҷи ҳайрат мезанад.

Иззати мо дар Бухоро бо бухорӣ карда хӯ,

Пушти по бар маснади иқболу иззат мезанад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *