Фанни Адабиёт

Дақиқии Балхӣ

Дақиқии Балхӣ

Абумансур Муҳаммад Аҳмади Дақиқӣ шоири бузурги аҳди Сомониён аст. Соли таваллуди ӯ дар «Намунаи адабиёти Эрон» 317 ҳиҷрии қамарӣ (929 — 930 милодӣ) қайд шудааст. Ҷойи таваллудаш аниқ маълум нест. Тазкиранависон дар ин масъала ихтилофи назар доранд. Бархе вайро аз Самарқанду Бухоро, баъзеҳо аз Балху Тӯс донистаанд. Вале бештар дар маъхазҳои таърихӣ ва адабӣ Дақиқиро зодаи Балхи бостон донистаанд. Аз ин рӯ, мо лозим донистем, ки ӯро дар радифи суханварони ин куҳандиёр ҷой диҳем.

Давраи кӯдакӣ ва навҷавонияш низ номаълум аст ва роҷеъ ба ин масъала ягон сарчашмаи таърихӣ ва адабӣ маълумоте надодааст. Вале маълум аст, ки вай дар айёми кӯдакӣ ва наврасӣ улуми мутадовилаи замони худро фаро гирифта, чун шахси донишишманд ва суханвари моҳир ба камол мерасад. Фаъолияти эҷодии ӯ аз доираи адабии ҳокимони мулки Чағониён (водиҳои Ҳисор ва Сурхондарё), ки маркази он — шаҳри Тирмиз буд, оғоз гардидааст. Дар ин вақт кишвари Чағониёнро хонадони маъруфи Мӯҳтоҷиён идора мекарданд ва аз дудмони ашрофии аҳди Сомониён ба шумор мераванд. Асосгузори ин хонадон Абубакр Муҳаммад Музаффар Мӯҳтоҷи Чағонӣ буда, соли 933 милодӣ ҳукумати худро дар ин мулк таъсис додааст. Мулки Чағонён ба давлати Сомониён тобеъ буд. Аҳли ин хонадон дар саховат, ҷавонмардӣ, адабпарварӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи инсонӣ шӯҳрати зиёд доштанд ва ҳамеша донишмандону адибонро пуштибонӣ мекарданд. Аз ҳокимони ин хонадон, масалан, Тоҳири Чағонӣ худ шеър менавишт ва истеъдоди хуб ҳам дошт. Дар доираи адабии Чағониён шоирони маъруф, аз қабили Дақиқӣ, Мунҷики Тимизӣ, Фаррухии Систонӣ ва дигарон умр ба сар бурда, осори гаронбаҳо эҷод намуданд. Дар бораи шомили дарбори Чағониён будани Дақиқии Балхӣ, Фаррухии Систонӣ дар қасидаи мадҳияи худ бахшида, ба Фахруддавла чунин ишора кардааст:

Бо тарозандаи мадеҳи ту Дақиқиқӣ даргузашт,

З-офарини ту дилоганда чунон, к-аз дона нор.

Ҳар наботе к-аз сари гӯри Дақиқӣ бардамад,

Гар бипурсӣ, з-офарини ту сухан ронад ҳазор.

Дақиқӣ дар замони ҳукмронии Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба доираи адабии Бухоро омадааст. Бояд гуфт, ки ӯ охирин суханвари бузурги порсигӯйи ин аҳд ба шумор меравад ва метавон гуфт, ки дар миёни суханварони аҳди Сомонӣ пас аз Рӯдакӣ мақоми дуввумро дорост. Шӯҳрати асосии ин шоир ба василаи «Шоҳнома»-и ӯст, ки ба назми он шурӯъ намуд, ки дар ин кор пешрави Ҳаким Фирдавсӣ будааст. Қисмате аз «Шоҳнома»-ро ба назм даровард, ки дар синни сиву сесолагӣ аз тарафи ғуломаш ба таври фоҷаъавӣ кушта шуд. Дар ин бора Ҳаким Фирдавсӣ дар муқаддимаи «Шоҳнома» чунин баён намудааст:

Ҷавонишро хӯйи бад ёр буд,

Або бад ҳамеша ба пайкор буд.

Бар ӯ тохтан кард ногоҳ марг,

Ба сар барниҳодаш яке тири тарг.

Бад-он хӯйи бад ҷони ширин бидод,

Набуд аз ҷаҳон дил-ш як рӯз шод.

Яко — як аз ӯ бахт баргашта шуд,

Ба дасти яке банда бар кушта шуд.

Худоро, бубахшо, гуноҳи варо,

Биафзоӣ дар ҳашр ҷойи варо.

Қайд кардан лозим аст, ки Ҳаким Фирдавсӣ ҳазор байти сурудаи Дақиқиро дар «Шоҳнома»-и худ ҷой дода, ба он умри ҷовидонӣ бахшидааст. Дақиқӣ ба ғайр аз ин, дар анвоъи мухталифи шеър осори зиёде дорад. Бешубҳа, яке аз маъруфтарин шуъарои ин аҳд ба шумор меравад. Фирдавсӣ равонии табъ ва кушодазабони вайро меситояд ва ӯро дар шеъру ҳикмат ва шоҳноманависӣ роҳнамои худ мехонад:

Ҷавоне биомад кушодазабон,

Сухан гуфтани хубу равшанравон.

Ба назм орам ин номаро гуфт ман,

Аз ӯ шодмон шуд дили анҷуман.

Қайд кардан лозим аст, ки ба Дақиқӣ ба назм даровардани қиссаи насрии «Шоҳнома»-ро амир Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ фармуд ва ин вазифаро бо дилу ҷон пазируфт, вале чуноне гуфтем, пас аз сурудани ҳазор байт ба ҳалокат расид. Ин суханвари боистеъдод аз қиссаҳои «Шоҳнома» достони «Гуштоспу Арҷосп»-ро дар вазни мутақориби мусаманни мақсур ба риштаи назм кашид. Аммо ин асар қисмҳои муқаддимавӣ дошт ё не, маълум нест. Нақли сужети достони мазкур аз рафтани Лӯҳросп ба Балх, ба тахти шоҳӣ нишастани Гӯштосп, зуҳури Зардушт ва ойини ӯро қабул кардани Гӯштосп оғоз меёбад. Низоъи байни Гӯштосп (шоҳи ақвоми ориёии муқимӣ — эрониён ) ва Арҷосп (шоҳи қабилаи ориёии бодиянишин – Тӯрониён) аз боҷу хироҷ додан саркашӣ кардани Гӯштосп шурӯъ мегардад, ки онро барояш Зардушт маслиҳат дода буд. Аз ин ҷо маълум мешвад, ки дар он замон Гӯштосп ва мулки Балх тобеъи Тӯрон будааст. Арҷосп ба Гӯштосп нома навишта, аз ӯ талаб мекунад, ки даст аз ойини зардуштӣ, яъне оташпарастӣ бардорад. Сипаҳсолор ва бародари Гӯштосп – Зарир, мӯбад Ҷомосп ва паҳлавони номдори эронӣ — Исфандиёр бо иҷозаи шоҳ ба номаи Арҷосп ҷавоб менависанд, ки онҳо аз дини нав барнамегарданд. Фиристодагони Арҷосп ноумед ба Тӯрон баргашта, ҳақиқати ҳолро ба шоҳашон баён мекунанд. Он гоҳ Арҷосп ба ҷанги зидди Эрон омодагӣ мегирад. Сипас байни лашкари Эрон ва Тӯрон ҷанги сахт ба вуқӯъ мепайвандад. Аз лашкари Гӯштосп паҳлавонони номӣ, амсоли Ардашер, Шерӯ, Шедосп, писари Ҷомосп ва Невзар кушта мешаванд. Бародари Гӯштосп – Зарир аз дасти ҷодугари тӯронӣ — Бедирафш ба қатл мерасад. Исфандиёр аз кушта шудани бародараш огоҳ шуда, худ ба ҷанги Арҷосп меравад. Паҳлавонони номвари эронӣ: Настур ва Исфандиёр Бедирафши ҷодугари тӯрониро мекушанд. Арҷосп шикаст хӯрда, аз майдони набард фирор мекунад. Исфандиёр туркон ё худ тӯрониёни асирро мебахшад ва қайди асорат озод месозад. Ҳамин тавр, Гӯштосп бо пирӯзӣ ба Балх бармегардад ва ғалабаи худро таҷлил мекунад.

Ӯ Исфандиёрро ба кишвари дигари Эронзамини Шарқӣ мефиристад, то ки ойини навро густариш диҳад. Гурам ном шахси иғвогар дар бораи Исфандиёр ба Гӯштосп бадгӯйӣ мекунад ва бо супориши шоҳ Ҷомосп ба назди Исфандиёр меравад ва ӯро ба Балх меорад. Гӯштосп Исфандиёрро ба зиндон меафканад ва худ аз Балх ба Систон меравад. Шоҳи Тӯрон – Арҷосп дубора ба Эрон лашкар мекашад…

Достони мазкур бо кушта шудани Дақиқӣ нотамом мемонад. Ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ:

Бирафт ӯву ин нома ногуфта монд,

Чунин бахти бедори ӯ хуфта монд.

Барои равшан намудани мақом ва қудрати суханварии Дақиқӣ ва дараҷаи истеъдоди вай ду пора аз достони «Шоҳнома»-и ӯро ба тариқи мисол меоварем:

Чу Гӯштосро дод Лӯҳросп тахт,

Фурӯд омад аз тахту барбаст рахт.

Ба Балх гузин шуд бар он Навбаҳор,

Ки яздонпарастон буд он рӯзгор.

Мар он хонаро доштандӣ чунон ,

Ки мар Маккаро тозиён ин замон.

Ба д-он хона шуд шоҳи яздонпараст,

Фурӯд омад он ҷову ҳайкал бубаст…

***

Чу Ҷомосп гуфташ сапеда дамид,

Фурӯғи ситора шуда нопадид.

Аз он ҷо хиромид то размгоҳ,

Фуруд оварид он гузидасипоҳ.

Ба гое ки боди сапеда дамон,

Ба кох орад аз боғ бӯйи гулон.

Фиристод ба ҳар сӯе дидбон,

Чунон чун буд ойини озодагон.

Биёмад савореву гуфташ ба шоҳ,

Ки: — «Шоҳо, ба наздикӣ омад сипоҳ,

Сипоҳест, эй шаҳриёри замин,

Ки ҳаргиз чунон н-омад аз турку чин.

Ба наздикии мо фуруд омаданд,

Ба кӯҳу дару дашт хайма заданд.

Сипаҳдораш дидбон баргузид,

Фиристоду дида ба дида расид.

Пас озод Гӯштосп- шоҳи далер,

Сипаҳбуд-шро хонд фаррух Зарир.

Дирафше бад- ӯ доду гуфто: -«Битоз,

Биёрой пилону лашкар бисоз»…

Дақиқӣ шоири соҳибдевон будаааст ва ба қавли Носири Хусрави Қубодиёнӣ девони ашъори вай дар Хуросону Мовароуннаҳр дар он замон шӯҳрат доштааст, вале то ба ҳол ёфт нашудааст. Мероси адабии ӯ аз маснавӣ (достони ҳамосӣ), қасида, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ ва дигар анвоъи шеърӣ иборат аст. Ашъори ин суханвари маъруф аз мавзӯъҳои ҳамосиву паҳлавонӣ, ишқӣ, мадҳӣ, марсия, паду адарз, тасвири табиъат, ватандӯстиву инсонпаварӣ ва ғайраҳоро дар бар мегиранд. Дақиқӣ ашъори ғиноӣ (лирикӣ) ва ҳам қаҳрамониву паҳлавонӣ сурудааст. Қасидаҳои ӯ ба амирони Чағонӣ ва Сомонӣ бахшида шудаанд ва ташбибҳои онҳо боқӣ мондаанд. Дар ин ташбибҳо табиъати зеборо бо ҳазорон санъатҳои лафзиву маънавӣ ба риштаи тасвир кашидааст. Адабиётшиносон, аз ҷумла академик Абдулғанӣ Мирзоев ақида дорад, ки жанри ғазал дар аҳди Сомониён вуҷуд надошт ва як навъи ташбиби қасидаро дар он аҳд ғазал мегуфтанд. Аз ин рӯ, дар ғазалҳои шоирони қарни даҳуми милодӣ ба нудрат дар мақтаъи чунин ашъор тахаллуси гӯянда оварда мешавад. Аз ин нуқтаи назар ба ташбибҳои Дақиқӣ назар кунем ва бетахаллусии онҳоро истисно намоем, аз ҷиҳати мавзӯъу мундариҷа ба жанри ғазал комилан шабоҳат доранд. Худи Дақиқии Балхӣ ба ин нукта ишора намуда, фармудааст:

Маро гӯяд зи чандин шеъри шоҳон,

Ба чандин ошиқона шеъри дилбар.

Ибораҳои «шеъри шоҳон» ва «ошиқона шеъри дилбар» ишора ба қасидаҳои мадҳия ва ғазалҳои ишқист. Масалан, шеъри ошиқонаи зерин бо пуррагӣ, якпорчагӣ ва фикран тамом буданаш ба ғазал монанд аст, танҳо ин ки тахаллуси шоир дар мақтаъи он оварда нашудааст:

Кошки андар ҷаҳон шаб нестӣ,

То маро ҳиҷрони он лаб нестӣ.

Захми ақраб нестӣ бар ҷони ман,

Гар варо зулфи муақраб нестӣ.

Вар набудӣ кавкабаш дар зери лаб,

Мунисам то рӯз кавкаб нестӣ.

В-ар мураккаб нестӣ аз некӯӣ,

Ҷонам аз ишқаш мураккаб нестӣ.

В-ар маро бе ёр бояд зистан,

Зиндагонӣ, кош, ё Раб, нестӣ!!

Дар шеъри боло олами ботинӣ ва ҳиссиёти пуразоби ошиқ бо лиризми баланди шоирона ифода ёфтаааст. Дар шеърҳои дигари ғиноии ин суханвар тасвири зебои дилбар мақоми хосеро ишғол мекунад:

Паричеҳра буте айёру дилбар,

Нигоре сарвқадду моҳманзар.

Сияҳчашме, ки то рӯяш бидидам,

Сиришкам хун шудасту бар мушаҷҷар.

Агар на дил ҳамехоҳӣ супурдан,

Бад-он мижгони заҳролуд мангар.

Вагарна бар бало хоҳӣ гузаштан,

Бар оташ бигзару бар дар-ш магзар.

Ба сони оташи тез аст ишқаш,

Чунон чун ду рухаш ҳамранги озар…

Дақиқӣ чун суратгар ва наққоши борикбину мониқалам манзараҳои зебои табиъатро устодонаву ҳунармандона ба риштаи тасвир кашидааст, ки хонандаи хушзавқ ва нуктасанҷ мафтуни зебоии каломи ин суханвари варзида ва маъруф мегардад:

Барафканд, эй санам, абри биҳиштӣ,

Заминро хилъати урдубиҳиштӣ.

Биҳишти аднро гулзор монад,

Дарахт ороста – ҳури биҳиштӣ.

Замин бар сони хунолуда дебо,

Ҳаво бар сони ниландуда ваштӣ.

Ба таъми нӯш гашта чашмаи об,

Ба ранги дидаи оҳуи даштӣ.

Чунон гардад ҷаҳон ҳазмон, ки гӯйӣ

Паланг оҳу нагирад ҷуз ба куштӣ.

Буте бояд кунун хуршедчеҳра,

Маҳе к-ӯ дорад аз хуршед пуштӣ.

Буте рухсори ӯ ҳамранги ёқут,

Мае бар гунае ҷома куништӣ.

Ҷаҳон товусгуна гашту дидор,

Ба ҷое нармиву ҷое дуруштӣ.

Бад-он монад, ки гӯйӣ аз маю мушк,

Мисоли дӯст бар саҳро навиштӣ.

Зи гил бӯйи гулоб ояд бад-он сон,

Ки пиндорӣ гил андар гул сириштӣ…

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *