Фанни Адабиёт

Робиъаи Балхӣ

Соли таваллуд ва вафоти Робиъаи Балхӣ ё ки Қаздорӣ аниқ маълум нест. Аз нақли саргузашти ӯ бо устод Рӯдакӣ ва бародараш — Ҳорис, ки амирзодаи замони Насри II аст, маълум мегардад, ки дар нимаи якуми қарни даҳи милодӣ зиндагӣ кардааст ва умри дароз ҳам надидааст, зеро дар айни ҷавонӣ ба таври фоҷиъавӣ ҳалок гардидааст.

Робиъаи Балхӣ тибқи иттилоъи тазкираҳо ва дигар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ духтари ҳокими Балх — Каъби Қаздорӣ буда, дар Балх таваллуд шудааст. Падараш аслан арабнажод аст. Вай дар хонадони падар таҳсили илм карда, соҳиби дониши баланд ва истеъдоди комил будааст, ки аз шеърҳояш ҳувайдост. Муҳаммад Авфӣ дар тазкираи худ Робиъаи Балхиро шоираи аҳди Ғазнавиён мешуморад, аммо ин маълумоти вайро маъхазҳои дигари адабиву таърихӣ тасдиқу таъйид намекунанд.

Аз рӯйи нақле, ки Ризоқулихони Ҳидоят дар тазкираи «Маҷмаъу-л-фусаҳо» аз достони «Илоҳинома»-и Шайх Фариддини Аттори Нишопурӣ овардаанд, ҳокими Балх – Каъб пеш аз вафоташ ба писари худ – Ҳорис васият мекунад, ки ба хоҳари ягонааш, ки номи фахриаш Зайнулараб будааст, ғамхорӣ кунад. Ҳорис Бектош ном ғуломи турк дошт ва ба ӯ вазифаи хазинадориро супорида буд. Боре баҳорон дар айвони шоҳӣ базм ороста буданд. Робиъа ба боми қаср баромада, аҳли базмро тамошо мекунад ва ҷавони зебо- Бектошро дида, ба вай ошиқ мешавад. Вай сирри худро пинҳон медорад, вале аз ғами ишқ бемор мешавад. Табибро даъват мекунанд, вале сабаби бемории ӯро ёфта наметавонанд. Робиъа сирри худро пинҳон карда натавониста, ба дояи худ мегӯяд ва ба воситаи ӯ ба Бектош нома навишта, сураташро ҳамроҳ мефиристад. Бектош бо як дидани сурат ошиқи беқарор мешавад ва ба востаи доя ҷавоби шифоҳӣ мефиристад. Робиъаи ошиқ ҳиссиёти самимӣ ва ошиқонаи худро дар ашъораш ифода намуда, ба дӯстдоштаи худ мефиристад.

Боре ошиқон дар даҳлези қаср вомехӯранд ва Бектош лаби домани Робиъаро медорад, вале ӯ азбаски ошиқи пок буд, аз ин густохӣ ва ҷуръати ғулом ба қаҳр омада, доманашро сахт кашида меравад. Бо вуҷуди ин муъомилаи хашин Бектош беш аз пеш ошиқи шайдои ӯ мегардад. Худи Робиъа ҳам дар оташи ишқ месӯхт ва ашъори дилсӯз менавишт ва ба ӯ мефиристад. Ҳамин тавр қиссаи ошиқии ду дилдода идома пайдо мекунад…

Боре ба қаламрави Балх душманони аҷнабӣ ҳуҷум мекунанд. Амир Ҳорис Бектошро ҳамроҳи худ ба ҷанг мебарад. Робиъа аз вазъи дилдодааш ба ташвиш омада, либоси мардонаи ҷангӣ пӯшида, савора ба майдони корзор меравад. Дар вақти ҷанг Бектош ҷароҳат мебардорад ва хавфи асир афтодан ба ӯ таҳдид мекунад, дар ин лаҳза Робиъа пайдо мешаваду даҳ нафарро кушта, лашкарро ба поймардӣ ва шӯҷоъат таҳрик намуда, дӯсдоштаи худро аз иҳотаи душманон наҷот медиҳад. Дар ин вақт ба ёрии онҳо аскарони амири Бухоро меоянд ва душмани аҷнабӣ мағлуб мешаванд ва амир Ҳорис пирӯзӣ ба даст меорад. Бектош кӯшиш мекунад фаҳмад, ки паҳлавони вайро наҷотдода кӣ бошад? Аскарони Ҳорис ӯро дида бошанд ҳам, нашинохтанд. Пас аз чанд муддат Робиъа ин дар яке аз номаҳояш ин рози ниҳонро ба Бектош ошкор месозад, ки чӣ гуна вайро аз дасти душманон раҳонид.

Тибқи ривояти Шайх Аттори Нишопурӣ боре Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба Балх сафар мекунад ва Робиъаи Балхӣ аз ташрифи устоди бузурги шеъри форсӣ — Одамушшуъаро огоҳ шуда, ашъори худро ба вай чун армуғон мефиристад. Устод Рӯдакӣ ашъори Робиъаро хонда, бовар ҳосил мекунад, ки вай шоираи болаёқат ва соҳибистеъдод аст. Пас дар аз қиссаҳои ошиқии Робиъа огоҳ мешавад ва пас аз чанд муддат ба Бухоро бармегардад.

Дар ҳамин вақт ҳокими Балх – Ҳорис низ барои миннатдорӣ ба дарбори Сомониён меояд, зеро дар ғалаба ба душманони аҷнабӣ лашкари амири Бухоро кӯмакаш карда буд. Устод Рӯдакӣ дар ин базми шоҳона шеърҳои Робиъаро қироъат мекунад, ки ба ҳамагон писанд меафтад ва сазовори таҳсину офарин мегардад. Аҳли базм мепурсанд, ки муаллифи шеъри кист? Устод Рӯдакӣ арз менамояд, ки дар шаҳри Балх шоираи боистеъдоде аст ва ин ғазал чакидаи хомаи ӯст ва бехабар аз ҳозир будани Ҳорис – бародари Робиъа, ҳарчӣ дар бораи Робиъа ва қиссаи ошиқии ӯ бо Бектош шунида буд, нақл мекунад. Амир Ҳорис худро маст вонамуд намуда, қарор медиҳад, ки агар нақли Рӯдакӣ рост бошад, хоҳараш ва Бектошро ҷазои сахт медиҳад.

Амир Ҳорис ба ватанаш – Балх бармегардад ва дар ин бора пурсуҷӯ мекунад. Ба ногоҳ як ғуломи дигараш сандуқчаи Бектошро медуздад, ки дар даруни он номаҳои ошиқонаи Робиъа нигоҳ дошта мешуданд. Ӯ он мактубҳоро ба Ҳорис медиҳад ва ӯ онҳоро хонда ба гуфтаи Рӯдакӣ бовар ҳосил мекунад. Ӯ фармон медиҳад, ки Бектошро ба зиндон ва Робиъаро ба гармобаи гарму сӯзон афкананд ва рагҳои дасташро бибурранд. Ҳамин тавр ҳам мекунанд. Робиъа дар гармоба тоқат накарда, аз ғаму азоб бо хуни худ дар девор шеърҳо навишта, ҷон ба ҷонофарин таслим месозад. Бектош бошад, аз зиндон гурехта, Ҳорисро дар шаби хобаш қатл мекунад ва дар сари турбати дилдодааш бо ханҷар худро ҳалок месозад.

Шахси таърихӣ будани Робиъа, боқӣ намондани маълумотҳои дигар водор мекунад, ки ин нақлро ҳамчун воқеъияти таърихӣ қабул кунем. Шайх Аттори Нишопурӣ ин достони шӯрангезро барои ифодаи ақидаи тасаввуфии хеш истифода бурда, қиссаи ишқу муҳаббати Робиъаро чун ишқи илоҳӣ ва ирфонӣ маънидод кардааст.

Барои боз ҳам хубтару возеҳтар равшан шудани рӯзгори Робиъаи Балхӣ достони «Ҳикояти Робиъа духтари Каъб»-ро аз асари «Илоҳинома»-и Шайх Аттор пешкаши шумо — хонандагони азиз мегардонем:

Амире сахт олирой будӣ,

Ки андар ҳадди Балхаш ҷой будӣ.

Ба адлу дод амири покдин буд,

Ки ҷадди ӯ маликзоди замин буд.

Ба мардиву ба лашкар саъб будӣ,

Ба ном он каъбаи дин Каъб будӣ

Зи рояш файзу фар шамсу қамарро,

Зи ҷудаш ному ном аҳли ҳунарро.

Зи адлаш мешу гург андар ҳаволӣ,

Ба ҳам гургоштӣ карданд ҳолӣ.

Зи саҳмаш оби дарёҳои пурҷӯш,

Шудӣ чу оташ андар санг хомӯш.

Зи раҳмаш гар гунаҳ будӣ ҷаҳоне,

Зи хотир маҳв гаштӣ дарзамоне.

Зи қаҳраш оташ ар афсурда будӣ,

Чу ангиште шудӣ андар кабудӣ…

Амири покдинро як писар буд,

Ки дар хубӣ ба олам дар самар буд.

Рухе чун офтобе он писар дошт,

Ки камтар банда пеши худ қамар дошт.

Ниҳода ном Ҳорис шоҳ ӯро,

Камар баста чу ҷавзомоҳ ӯро.

Яке духтар дар айвон буд низаш,

Ки чун ҷон буд ширину азизаш.

Ба ном он симбар Зайнулараб буд,

Дилошӯбеву дилбанде аҷаб буд.

Ҷамолаш мулки хубон дар ҷаҳон дошт,

Ба хубӣ дар ҷаҳон ӯ буд, к-он дошт.

Хирад дар пеши ӯ девона будӣ,

Ба хубӣ дар ҷаҳон афсона будӣ.

Касе гар номи ӯ бурда ба ҷое,

Шудӣ ҳар зарраш юсуфнамое,

Маҳи нав чун бидидӣ з-осмонаш,

Задӣ чун чанг зону ҳар замонаш.

Агар пешонияш ризвон бидидӣ,

Биҳишти аднро пешон бидидӣ.

Сари зулфаш чу дар хок уфтодӣ,

Аз ӯ пече дар афлок уфтодӣ.

Ду наргис дошт наргисдон зи бодом,

Чу ду ҷоду ду зангибачча дар дом.

Чу ду зангибачча ҳар як бо камоне,

Ба тир андохтан ҳар ҷо, ки ҷоне,

Чу тири ғамзаи ӯ сар ба заҳ кард,

Дили ушшоқро омоҷгаҳ кард.

Шакар аз лаъли ӯ таъми дигар дошт,

Ки лаълаш нӯшдору дар шакар дошт.

Даҳонаш дурҷи марвориди тар буд,

Ки ҳар як гавҳаринтар з-он дигар буд.

Чу сӣ дандони вай марҷон намудӣ,

Нисори ӯ шудӣ ҳар ҷон, ки будӣ.

Лаби лаълаш зи ҷоми гавҳарӣ буд,

Шаробаш аз зулоли кавсарӣ буд.

Фалак гар гӯйи симинаш бидодӣ,

Чу гӯе бе сару по медавидӣ.

Ҷамолашро сифат кардан муҳол аст,

Ки аз ман он сифат кардан хаёл аст.

Ба лутфи табъи ӯ мардум набудӣ,

Ки ҳар чизе, ки аз мардум шунидӣ.

Ҳама дар назм овардӣ ба як дам,

Бипайвастӣ чу марворид дар ҳам.

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,

Ки гӯӣ дар лабаш таъме дар он буд.

Падар пайваста дил дар кори ӯ дошт,

Ба дилдорӣ басе дилдори ӯ дошт.

Чу вақти марг пеш омад падарро,

Ба пеши хеш биншонд он писарро.

Бад — ӯ биспурд духтарро, ки зинҳор,

Зи ман бипзирашу тимор медор.

Зи ҳар ваҷҳе, ки бояд сохт кораш,

Бисоту тоза гардон рӯзгораш.

Ки аз ман хостандаш номдорон,

Басе гардункашону шаҳриёрон.

Надодам ман ба кас, гар ту тавонӣ,

Ки шоиста касе ёбӣ, ту донӣ!

Гувоҳи ин сухан кардам Худоро,

Бишӯлида магардон ҷони моро!

Зи ҳар ҷинсе сухан пешаш падар гуфт,

Пазируфт он писар ҳар ч-аш падар гуфт.

Ба охир ҷони ширин з-ӯ ҷудо шуд,

Надонам то чаро омад, чаро шуд!

Басе зеру забар омад чу афлок,

Ки то пову сараш афканд дар хок.

Камони Ҳақ ба бозуи башар нест,

К-аз ин омадшудан касро хабар нест…

Ки медонад, ки будан то ба кай дошт,

Касе омад, чаро рафтан зи пай дошт.

Падар чун шуд ба айвони илоҳӣ,

Писар биншаст дар девони шоҳӣ.

Ба адлу дод кардан дар ҷаҳон тофт,

Ҷаҳон аз вай дами Нӯширвон ёфт.

Раъиятрову лашкарро дирам дод,

Басе солорро кӯсу алам дод.

Басе савдо зи ҳар мағзе бурун кард,

Басе бедодгарро сарнагун кард.

Ба хубиву ба нозу некномӣ,

Чу ҷон медошт хоҳарро гиромӣ.

Кунун бишнав, ки ин гарданда паргор,

Зи баҳри ӯ чӣ бозӣ кард бар кор.

Ғуломе буд Ҳорисро ягона,

Ки ӯ будӣ нигаҳдори хизона.

Ба ном он моҳваш Бектош будӣ,

Надонам, то касе ҳамтош будӣ.

Ба хубӣ дар ҷаҳон аъҷубае буд,

Ғами ишқаш аҷаб мансубае буд.

Масал будӣ ба зебоӣ ҷамолаш,

Аҷал будӣ язакдори висолаш…

Лабаш хат дода умри ҷовидонро,

К-аз он лаб ёфт оби Хизр ҷонро.

Зи дандонаш тавон кардан ривоят,

Ки ҳар як мим дорад сӣ ду оят.

Чу Юсуф буд гӯӣ дар накӯӣ,

Худ аз гӯи занахдонаш чӣ гӯӣ…

Сари лола чу дар пой уфтода,

Кулоҳашро камар ҷой уфтода.

Ҳазорон Юсуф аз гулшан расида,

Ба Канъон бӯйи пироҳан расида…

Магар бар бом омад духтари Каъб,

Шукӯҳи ҷашн дар чашм омадаш саъб.

Чу лахте кард ҳар сӯе назорат,

Бидид охир рухи он моҳпора.

Чу рӯю орази Бектош дид ӯ,

Чу сарве дар қабо болош дид ӯ.

Ҷаҳоне ҳусн вақфи чеҳраи ӯ,

Ҳама хубӣ чу Юсуф баҳраи ӯ.

Ба соқӣ пеши шоҳ истода бар ҷой,

Сари зулфаш афканда дар пой.

Зи мастӣ рӯй чун гулнор карда,

Мижа дар чашми ошиқ хор карда.

Шакар аз чашмаи нӯшин фишонда,

Арақ аз мо бар Парвин фишонда.

Гаҳе сармаст дардодӣ шаробе,

Гаҳе бинвохти хуш-хуш рубобе.

Гаҳе бардоштӣ чун булбул овоз,

Гаҳе аз булбула мерехт ӯ боз.

Бад-он хубӣ чу духтар рӯйи ӯ дид,

Дили худ вақфи як-як мӯйи ӯ дид.

1 2 3 4Следующая страница

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *