Фанни Адабиёт

Восифи Бохтарӣ

Восифи Бохтарӣ

Аз суханварони машҳури муъосири Афғонистон маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1942 таваллуд шуда, таҳсилоташро дар риштаи адабиёт дар Афғонистон ва Амрико ба поён расонидааст. Дар хушунатбортарин солҳо диёрашро тарк нагуфт, вале билохира, рӯ ба ҳиҷрат овард ва акнун дар шаҳри Лос- Анҷелеси Амрико зиндагӣ мекунад ва чун шоири боистеъдод ва муҳаққиқи адабиёти форсӣ шӯҳрат дорад. Ин чанд шеър аз осори назмии Восифи Бохтарист, ки манзури шумо мегардад:

Ва ман гириста будам…

Шаб аз диёри шабехуниён гузар мекард,

Канори айвон фонӯси кӯчагӣ месӯхт

Ва дар ҳуҷуми ҳиҷоҳои тозиёнаи бод

Зане ба гиря сухан мегуфт

Аз он парандаи бебозгашти ҷангали рагбол.

Парандае, ки аз он авҷ, авҷи ҷавҳари шаб

Садои рӯйиши зарди гиёҳи фоҷиъаро

Шунуфту гуфт ба дарё, ба кӯҳу ҷангалу дашт,

Парандае, ки аз он авҷ, авҷи ҷавҳари шаб,

САвори ҳавдаҷи борон . савори бораи бод

Ба посдории хобби ҷавонаҳо мерафт.

Парандае, ки аз он авҷ, авҷи ҷавҳари шаб

Ғирев бармедошт:

Аё чаковакҳо,

Қаровулон хобанд,

«Кушудаболтар аз бодҳои саргардон!

Зи ошёнаи хунини худ фурӯд оед,

Ки заҳри ҳодисаро дар гулӯи шаб резем,

Чу дона – донаи борон ба рӯйи шаб резем.

Зи боми сурхи шақоиқ ба кӯйи шаб резем,

Бар остони шафақ обрӯйи шаб резем.

Парандае, ки аз он авҷ, авҷи ҷавҳари шаб

Ба сӯгвории ҳар шоха, к-аз тагарг шикаст,

Зи худ раҳо шуду сар зери пар нуҳуфту гирист,

Куҷост он нафаси ҷангал аз садояш сабз?

Шаб аз диёри шабехуниён гузар мекард,

Канори айвон фонӯси кӯчагӣ месӯхт

Ва дар ҳуҷуми ҳиҷоҳои тозиёнаи бод

Зане ба гиря сухан мегуфт

Аз он парандаи бебозгашти ҷангали рагбол.

… Ва ман гириста будам.

Хутбае дар хомӯшӣ

Аё муҳоири бебозгашти шаҳри шақоиқ,

Ки қуллаҳро ба пойи ланг паймудӣ,

Ситеғу сахра ба дандону чанг паймудӣ,

Маро ба соҳили устураҳои сабз махон,

Ман аз хамӯшии оташфишон ҳаросонам,

Зи абри қутбии оташнишон ҳаросонам,

Ба тобнокии таърихи ахтарон савганд,

Ситорачин наям акнун, ситорасӯхтаам,

Дигар зи кӯчаи шаммотаҳо гузар накунам,

Ба шаҳри холии ойинаҳо сафар накунам.

Ва аз танаффуси як вожа дар сукути кавир

Ҳазор ҷуръа тағаззул

Ба хоки тираи таъбидиён бифишонӣ,

Валекин нестӣ акнун,

Ки бингарӣ,

Санавбарони сабур

Чӣ сон табори табарро салом мегӯянд.

Аё муҳоҷири бебозгашти шаҳри шақоиқ,

Маро ба соҳили устураҳои сабз махон,

Миёни мову ту, эй нахли арғувонпиндор,

Ду насл тӯтии алкан,

Ду фасл хашми фурӯхурда,

Ду рӯдхонаи оташ, ду рӯдхонаи хун,

Ду партгоҳ, ду урдубиҳишт фосила аст.

Куҳсори ғамгин

Дил аз умед, хум аз май, лаб аз тарона тиҳист,

Умеди тоза, ба сӯям маё. ки хона тиҳист.

Шабе зи равзани рӯъё магар тавон дидан,

Ки ин ҳисор зи ғавғои тозиёна тиҳист.

Агар дарахти куҳан мурд, зинда бодаш ёд,

Ҳазор ҳайф, ки ин боғ аз ҷавона тиҳист.

Ту дар шабонатарин рӯзҳо надонистӣ,

Ки ҷоми зистан аз бодаи баҳона холист.

Хурӯши ал-аташ аз рӯдхонаҳо бархост,

Ситеғу сахра зи фарёди осиёна тиҳист.

Забони хашму ғурур аз кӣ метавон омӯхт,

Ки «хони ҳафтуми таърих» ҷовидона тиҳист.

Ба сӯгвории солори хоку нилуфар

Ғазал зи вожаи заррини ошиқона тиҳист.

Магар уқоб дигарбора бар намегардад,

Ки кӯҳсор ғамин асту ошёна тиҳист?

Ба сӯгворон…

Зи шаҳри фаҷр паёмоваре зуҳур накард,

Чарики нур зи марзи уфуқ убур накард.

Дигар надошт тавони ситез мурғи асир,

Магӯ, ба панҷараҳо ҳамла аз ғурур накард.

Дилам ҷазираи матруки орзӯҳо шуд,

Мусофире гузар аз он диёри дурр накард.

Ривоятест зи санги сабур дар гетӣ,

Касе ҳикоят аз ин шишаи сабур накард.

Танӯри саркаши сӯги ҷавонаҳост дилам,

Ки насли ҳима чаро шиква аз танӯр накард.

Шаҳиди ман, чӣ кунам дашнаи ятими туро,

Дигар касе гузар аз кӯчабоғи нур накард.

Маннам сиёҳтарин сатри дафтари ҳастӣ,

Хушо касе, ки чунин сатрро мурур накард!

Ало зинҳориён, зинҳор!

Забони модарам шабномае афтода дар паскӯчаҳои

шаҳри ғурбат буд,

Ки ман онро ниҳон аз чашми пиндори падар ҳар рӯз

мехондам.

Ва гоҳе низ дар саҳрои сабзи кӯдакиҳоям,

Савораи бораи Рустам,

Ба фармони падар аз шорсони Золи зар то қалъаи

Афросиёби пир мерондам.

Вале Афросиёб аз авҷи айвони баланди хеш

Ба ҷойи тири заҳрогин

Ва ман барҷой мемондам.

Ва мепиндоштам Афросиёб аз ман ҳаросон аст

Ва модар нимашабҳо бо забони розгуни хештан

дар гӯши ман мегуфт:

Аё гумгашта кӯдак дар ғубори корвонҳои қабоил, ҳеҷ медонӣ,

Ки он солори саҳрозоди саҳрогардро бо хеш паймон аст,

Ки хуномезаи элу табори хешро дар раг-раги барову пири ин

бузургофоқ бишносад

Ба сони майгусороне, ки таъми бодаҳои гунагунро

аз буруни шиша медонанд.

Ва ӯ бо хандаи рӯйида бар матни кабуди кинаҷӯе низ,

Ки дорад бо ниёи пору перорат,

Туро сӯйи ҳисори хеш мехонад,

Туро аз хеш медонад,

Туро аз хеш медонад.

Забони ман ҳаририн аст,

Вале ин парниёнро қатрае аз хуни пӯлод аст дар ҳар тор,

Ба ҷанги ман маё зинҳор!

Гавҳарии Балхӣ

Ҷаноби волотабор Сайид Муҳаммад Сиддиқхон ибни Сайид Муҳаммад Усмонхон аз содоти асил ва маъруфи сарзамини бостонии Балх аст. Ин марди донишманд муаррих, адиб, табиб, файласуф, хушнавис буда, дар соли 1304 ҳиҷрии қамарӣ чашм ба дунё кушудааст. Таҳсили ибтидоии худро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои такмили илму дониш ба шаҳри Кобул меравад. Пас аз хатми мадраса бо тақозои амири Афғонистон — Абдураҳмонхон, ки ба ин чунин ашхоси фозил зарурати мубрам дошт, муддатҳо дар Кобул ба сар буд ва дар маҳаллаи Чаҳордеҳи ин шаҳр иқомат кард, то ин ки дар соли 1323 ҳиҷрии камарӣ ба Балх баргашт ва дар мадраси Раисбошӣ улуми мутадовилаи исломиро ба донишҷӯён дарс медод. Дар навиштани анвоъи хати насх ва настаълиқ мартабаи устодӣ дошт ва як навъ хати настаълиқро бидуни ранг ва қалам тавассути нохун ба рӯйи қоғаз нақш мекард, ки фавқулъодда зебо ба назар мерасид. Малоҳати ашъор ва фасоҳати гуфтори ӯ ба ҳадде нағз ва мавзун буд, ӯро Саҳбони Балх меномиданд. Гарчи аксари ашъораш талаф шуда бошад ҳам, девоне аз ӯ боқӣ монда, ки дар ҳудуди ҳашт ҳазор байтро шомил аст ва марҳум Мавлавӣ Холмуҳаммади Хаста онро тадвин кардааст.

Мавлоно Гавҳарӣ дар забони форсӣ ва арабӣ, чи ба назм ва чи ба наср дасти тавоно доштааст. Билохира, дар соли 1373 ҳиҷрии қамарӣ озими Ҳарамайни шарифайн гардид ва дар Мадинаи мунаввара ба раҳмати Ҳақ пайваст ва дар қабристони «Ҷаннату-л-бақиъ» ба хок супорида шуд.

Инак, намунаи табъи саршори ӯро пешкаши хонандагони гиромӣ мегардонем:

Боз дил ё Раб, зи шавқи кист дар тобу таб аст,

Нолаи сантӯри ӯ овози « ё Раб, ё Раб аст».

Толеъи мо аз чи рӯ чун зулфи ҷонон шуд сиёҳ,

Рӯзи умри мо саросар аз азал гӯё шаб аст.

Умрҳоро дар пайи гавҳар ба сар овардаем,

Он чӣ дар олам агар ноёб шуд он матлаб аст.

Таъби мардум аз тулӯъи субҳ равшан мешавад,

Равшании таъби мо аз хандаи зери лаб аст.

Себу обе шуд муқаввии дили озодагон,

Нӯшдоруи дили ушшоқ себи ғабғаб аст.

Тарки дунё кори ҳар дуну лаванду лод нест,

Гар бидонӣ мазҳаби ушшоқ дигар мазҳаб аст.

Гавҳариро созиаш бо мардумони неку бад,

Аз камоли бурдборӣ вусъате дар машраб аст.

Ғубори Балхӣ

Мулло Муҳаммад Иброҳими Ғубор баъд аз ин ки таҳсили улумро дар Балх фаро гирифт ва ба Ҳиндустон ҳиҷрат кард. Чанде дар он ҷо сукунат варзид ва сипас ба Мовароуннаҳр рафт, ки мусодиф ба асри Абдулазизхон буд. Муддате дар Самарқанд тадриси улум кард ва дар охири умр муқими Бухорои Шариф шуд. Дар он ҷо низ ба фаро гирифтани илму дониш машғул гардид. Билохира, дар санаи 1092 ҳиҷрии қамарӣ дар он ҷо ҷаҳони фониро падруд гуфт ва ба раҳмати худовандӣ пайваст.

Ғубори Балхӣ дар эҷоди шеър маҳорати комил дошт ва яке аз шоирони маъруфи Мовароуннаҳр ба ҳисоб мерафт. Ин пора шеър ёдгоре аз табъи равони ӯст:

Бунафша гирди сараш гашту ман парешонам,

Ки ин шикастазабон ҳарфи зулф мегӯяд.

****

Ҳамчун нигин зи номи ту пур шуд даҳони мо,

То номи дигаре наравад бар забони мо.

Савдои сӯхтан зи сари мо намеравад,

Чун шамъ агар сафед шавад устухони мо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *