Фанни Адабиёт

Исломи Балхӣ

Исломи Балхӣ

Аз зумраи он суханварони Балх аст, ки тақдири рӯзгор ва осораш ӯ хеле печида ва норавшан аст. Танҳо як байт аз ӯ дар тазкираҳо дида мешавад:

На тори умр маҳкаму на тори дӯстӣ,

Афсӯс аз ин ду ришта, ки бисёр нозук аст.

Исои Балхӣ

Муҳаммадисо ибни Муҳаммад Ниёзи Балхӣ яке аз суханварони маъруфи ин диёр аст. Падараш аз Балх ба Мовароуннаҳр ҳиҷрат намуд ва шоир дар соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Бухорои Шариф таваллуд шудааст. Таҳсилоташро назди падар ба поён расонид ва дар мадрасаҳои Бухоро дониши худро мукаммал гардонид. Мавсуф дар сурудани шеър ба забони форси дарӣ ва хушнависӣ, тазҳиб ва кашидани минётуру мусиқӣ маҳорати комил доштааст. Дар гуфтани шеър ба Мирзо Бедили Даҳлавӣ пайравӣ мекарда ва баъзе абёти мушкили ин мутафаккири бузурги исломиро низ шарҳу тавсир кардааст. Вафоти ӯ пас аз адои фаризаи ҳаҷ дар соли 1305 ҳиҷрии қамарӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ғазали зерин намунаи аз табъи равони ӯст:

Боз аз паймона паймоне ба қулқул бастаанд,

Ранги айше дар ҳавои соғари мул бастаанд.

Нокасиҳо бин, ки дар ҳангоми арзу ниёз,

Бар адам ҳам заҳмати бори таназзул бастаанд.

Узв-узвам з-ин чаман гулчини чандин нола аст,

Тӯҳмати фарёд бар минқори булбул бастаанд.

Хок ҳам гаштам ҳамон гирди сарат гардандаам,

Яъне аз ин давр мазмуни тасалсул бастаанд.

Маҳрами сози адаб ҷуръатфурӯши нола аст,

Эй нафас, хун шав, ки ранге дар таъаммул бастаанд.

Худфурӯшон дар либоси фахр менозанду ман,

Ин қадар донам, ки ман бар пушти харе ҷул бастаанд.

Дар ҳарими ҳусн рабти чоки дил имрӯз нест,

Аз азал ин шонаро бар иқди кокул бастаанд.

Нест Исо ҷилваи манзури асбоби дилам,

Як қалам з-ин рангҳо чашми тағофул бастаанд.

Каҷлули Балхӣ

Тибқи навиштаи Алишери Навоӣ ва китоби «Тазкираи осори Ҳирот» Сайид Камоли Каҷлул дар Балх сукунат дошта ва осори назмии зиёд таълиф намуда будааст. Чунончи ашъорашро панҷсад ҳазор байт донистаанд ва ҳам қасидаи ду ҳазорбайтӣ доштааст. Амир Алишер Навоӣ аз осори Каҷлули Балхӣ фақат як байтро интихоб кардааст, ки ин аст:

Эй равшанӣ аз моҳи рухат дидаи ҷонро,

Бар хок нишонда қадамат сарви равонро.

Кишварии Балхӣ

Мирисматуллоҳ ибни Мирабдуллоҳ Кишварӣ аз суханварони сӯфимашраби қарни сездаҳуми ҳиҷрӣ мебошад, ки аслан аз Деҳдодӣ аст. Ӯ дар камоли аҷз ва фурӯтанӣ зиндагӣ мекардааст. Вафоти ӯ дар соли 1257 ҳиҷрии қамарӣ иттифоқ афтодааст. Девони ашъораш бо сабки содаву равон иншо шуда, аз ҷумла ин рубоӣ ва ду фард аз таъби ӯст:

Дар гулшани тавҳид маро роҳ намо,

Дар олами таҳқиқ маро роҳ намо.

Эй дӯст, ба ман бингару роҳам бинамо,

Як зарра ба ишқи худ маро роҳ намо.

****

Лоуболеро чӣ мепурсӣ зи тақво зоҳидо,

Ҳою ҳу бошад тариқи ошиқи мастонаро

***

То чанд маро сӯзӣ ҳаргиз накунӣ раҳме,

Мансури сари дорам, эй дилбари бепарво.

Котиби Балхӣ

Шамсиддин Муҳаммад мутахаллис ба Котиби Балхӣ аз дӯстони наздики Муҳаммад Авфии Бухороист. Бар иловаи шеър дар хушнависӣ ва ҳусни хат маҳорати комиле доштааст. Аз ин рӯ, вай ба лақаби Котиби Балхӣ шӯҳрат пайдо кардааст. Мавсуф маддоҳи Айнулмулк – вазири Султон Носируддини Қабоча аст. Аз ҷумла ин чанд байт аз қасидаест, ки дар мадҳи вазири мазкур иншо намудааст:

Эй лаъли лабат мизоҷи оби ҳайвон ёфта,

Бар ҷаҳони дилбарӣ ҳусни ту фармон ёфта.

Рӯзи ид аз гарди якронат машоми ошиқон,

Накҳати мушки татор аз гарди майдон ёфта.

Холи зангӣ чеҳраро бар лаъли ҷон бахшад хирад,

Нуқтае аз куфр бар рухсори имон ёфта.

Дурри дарёи малоҳат сурати зебои ту,

Ашкам андар ишқи худ ҳамранги марҷон ёфта.

Қиличи Балхӣ

Мавлоно Қилич аз уламои машҳури Балх аст. Аслаш аз деҳаи Шайхи Балх мебошад. «Доирату-л-маъорифи Ориёно» деҳи Шайхро аз музофоти Бағлон таъйин намудааст, дар ҳоле ки деҳи Шайх аз тавобеъи қариби Балханд.

Ба ҳар сурат Мавлоно дар синни наврасӣ вориди Ҳиндустон мешаванд ва баъд аз фаро гирифтани улум ва фулуни мутадовила дар баъзе аз нуқоти ин сарзамини бостонӣ ба тадрис машғул мешавад. Сипас аз муддате бар ҳасби лаёқати худ ба сафи мулозимони подшоҳи сулолаи Темуриёни Ҳинд – Ҷалолиддин Акбар шомил шуда, ба мақомоти олияи давлатӣ мерасад. Мавлоно шахси ботақво ва шабзиндадор буда, ба мутолиъаи китоб ва сурудани ашъор ба забони форсии дарӣ шавқу рағбати зиёде доштааст. Рубоии зерин намунае аз осори пурарзиши ӯст:

Ба дил тавқе аз ҳиҷрони он маҳ доштам, дорам,

Забоне к-аз баёни дард кӯтаҳ доштам, дорам.

Биёбонҳо буридам бар умеди Каъбаи васлаш,

Ҳамон афсурдагӣ дар бахти гумраҳ доштам, дорам.

Қории Балхӣ

Мирмуҳаммад Исмоил ибни Миршамсиддин маъруф ба Қорӣ муддатҳо раёсати додгоҳи Балхро ӯҳдадор будааст. Дар сароидани ашъори шевою нағз низ маҳорати комил доштааст. Баъд аз адои фаризаи ҳаҷ дар соли 1326-и ҳиҷрии қамарӣ ҷаҳонро видоъ гуфтааст. Байти зерин намунаи каломи ӯст:

Дар ин варақ, ки намудам рақам муродам чист,

Касе, ки соҳибҳавас аст пай барад ба мурод.

Замонаро гузору эътимод нест ба умр,

Ба он рафиқ аҷаб, к-аз рафиқ н-орад ёд.

Лоиқи Балхӣ

Ҳаким Лоиқ аз шуъарои номдори ин диёр аст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ Мавлоно Лоиқи Балхӣ аз шоирони қарни ёздаҳуми ҳиҷрӣ мебошад. Ӯ улуми мутадовиларо дар зодгоҳаш фаро гирифт ва чун донишманд ва суханвари номи шӯҳрат пайдо кард. Бинобар фазл ва камоле, ки дошт, ба дарбори Имомқулихон роҳ ёфт. Ашъораш ширин ва равон аст. Ин байт аз таъби равони ӯ шаҳодат медиҳад:

Муяссар кай шавад васли ту, эй ороми ҷон моро,

Ман аз хешон туро бинам, ту аз бегонагон моро.

Мавлоно Ёрии Балхӣ

Дар китоби «Маъосири Балх» оварда, ки Мавлоно Ёрӣ аслан аз вазирзодагони Балх аст. Дар замони Мирзо Ҳусайн зинда буда, бо машраби фақр ва хоксорӣ зиндагӣ мекардааст. Мадфани ӯ низ дар Балх аст. Ин матлаъ аз ӯст:

Касе нишони сари мӯйе маро з- он надиҳад,

Чунон ба тангам аз ин ғам, ки кас нишон надиҳад.

Мавлоно Муҳаммади Балхӣ

Аз фузалои ниҳоят маъруфи аҳди Бадеъуззамон аст. Мавсуф муддатҳо дар шаҳри Балх ба мақоми садорат муваззаф будааст. Замоне ки миёни Бобур ва Абдуллоҳхон муҳориба шурӯъ шуд, Мавлоно Муҳаммад дар ин корзор, дар соли 317 ҳиҷрии қамарӣ ба шаҳодат мерасад.

Аз мероси адабии вай рисолаест дар фанни муъаммо, ки ниҳоят дар ин ҳунари волои адабӣ баҳси амиқ намуда ва дар бобати муъаммохонӣ ва муъаммосозӣ чирадаст будааст. Ин байти муъаммо бар исми «Яҳё» намунае аз ҳунари адабии ӯст:

Чу рӯйи хуби ту дидам бурун шуд аз дили ман,

Муҳаббати ҳама ашё ба ғайри ваҷҳи ҳасан.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *