Фанни Адабиёт

Накши зану шавхар дар тахкими оилаи солим аз дидгохи Мир Сайид Алии Хамадони

Аз раванди таърих ба мо маълум аст, ки фарҳангу тамаддуни ҳар як халқу миллат дар рафти ташаккул ва рушд ба омезишҳои ҳархелаи фарҳангии дигар халқу миллатҳо рӯ ба рӯ мешавад. Равандҳои гуногуне, ки дар шароити ҷомеаи мусоири инсонӣ ба вуқуъ пайвастааст, ба вижа ҷаҳонишавии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро низ дар бар гирифтааст. Дар ин раванд омезиши фарҳангҳо бошад хоҳу нохоҳ дар урфу одат, расму ойин, анъана ва дигар маросимҳои халқӣ инъикоси худро меёбанд. Маҳз бо ин ва сабабҳои дигар дар давоми солҳои зиёд (даҳсолаҳо, садсолаҳо) рафтор, муоширату муносибатҳои оилавӣ-зану шавҳар, падару модар, фарзандон ва дигар аъзоёни оила омезиш ёфта ранги дигар мегиранд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҳамчун олим, файласуф ва мутафаккири бузурги давр дар раванди таҷрибаву мушоҳидаҳои хеш масъалаи муносибатҳои зану шавҳарро дар тарбияи фарзандон ва солимии муҳити оила дарк намуда, барои наслҳои оянда баррасӣ кардааст. Ӯ ҳамчун мутафаккири бузург нуқсонҳои замони худро ҳам ба хубӣ дарк намуда, баҳри ҳалли онҳо бо ҷиддият кӯшиш намудааст. Яке аз ин гуна масъалаҳои муҳим масъалаи тарбияи оилавӣ буд, ки мутафаккир роҳҳои ҳалли онро ба хубӣ дарёфтааст.
Ба ақидаи ӯ, агар завҷ ба завҷа дар муносибатҳои оилавии худ қоидаҳои аз тарафи шариат муқарар гардидаро риоя намоянд, бартараф намудани масъалаҳои дар ин раванд ҷой дошта барояшон осон мегардад. Ҳарчанд файласуф дар ҳалли ин масъала бештар ба нишондодҳо ва қоидаҳои дини ислом такя карда бошад ҳам, аммо саволҳое, ки ӯ ба миён гузоштааст, дар мустаҳкам ва пойдор нигоҳ доштани пояҳои оила, баланд бардоштани маданияти муносибатҳои зану шавҳар ва таъсири онҳо дар тарбияи фарзандон дар шароити ҷомеаи имрӯзаи мо аз аҳамият холи нест.
Дар он давру замон ва муҳити шароити ҷомеаи онвақта барои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дигар хел рафтор кардан душвор буд. Чунки Шоҳи Ҳамадон марди диндор, содиқ ба урфу одат ва расму оини мардуми Шарқ буд. Аз ин рӯ, ҷонибдори он буд, ки падару модар дар муносибати оилавӣ ва тарбияи фарзанди хеш аз рӯи қонунҳои динӣ рафтор намоянд. Вале бо вуҷуди ин роҳҳое, ки мутафаккир пешниҳод намуда буд, гарчи ба талаби замони мо пурра мувофиқ набошад ҳам, аксар паҳлуҳои он аз нуқтаи назари педагогию равоншиносӣ дар ҳалли проблемаи мазкур нақши муайян бозида метавонанд. Алии Ҳамадонӣ кӯшиш кардааст, ки паҳлуҳо ва имкониятҳои гуногуни дин, илму дониш, таҷрибаи ҳаётӣ, фарҳангу маърифат ва маънавиёти инсонро ҳамчун қувваи пешбаранда ва муттаҳидсозандаи пойдории ҳаёти оилавӣ ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон равона кунад.
Омӯзиш ва таҳқиқу таҳлили Алии Ҳамадонӣ нишон медиҳад, 16 ки чунин тарзи кор ба ӯ имконият додааст, ки мушкилоти проблемаи мазкурро аз мавқеи педагогию равоншиносӣ тибқи талаботи замони худ то андозае ҳаллу фасл намояд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳалли масъалаҳои муносибатҳои байни зану шавҳар: дӯстӣ, муҳаббат, ҳурмату эҳтироми якдигар, муносибатҳои дохили оилавӣ ва ғайра ба комёбиҳои нав соҳиб гашт. Барои ҳамин ҳам, асоси боби чоруми «Захират-ул- мулук»-ро муносибатҳои зану шавҳар дар оила, покию озодагӣ, дӯстию рафоқат, муҳаббату эҳтироми якдигар дар оила, илмомӯзӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Ӯ хусусан, нақши муносибати падару модарро, яъне зану шавҳарро дар муҳайё сохтани муҳити солим ва дар ин санад тарбия ва ба камол расонидани фарзандон басо бузург шуморидааст. Чунки дар замони ӯ насли наврасро дар рӯҳияи итоаткорӣ, фармонбардорӣ, меҳнатдӯстӣ ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми калонсолон ва ғайраро тарбия медоданд.
Оилаҳо кӯшиш ба харҷ медоданд, ки фарзандон нисбат ба падару модар, калонсолонва аҳли оила муҳаббат ва ҳурмату эҳтироми бепоён пайдо карда, оиларо ҳамчун арзишоти муқаддас шуморанд. Алии Ҳамадонӣ ҳамчун фарзанди пешқадами замони худ масъалаи нақши оиларо дар таълиму тарбияи инсон аз ҳамин ҷиҳат таҳлилу таҳқиқ намудааст. Аз ҳамин рӯ, ақидаҳои тарбиявӣ ва панду ахлоқие, ки Ҳамадонӣ дар асарҳояш доир ба масъалаи тарбияи хонаводагӣ (оилавӣ) ба миён гузошта буд, дар асл орзую умед ва муроду матлаби мардумӣ буданд. Бинобар ин, андешаҳои Ҳамадонӣ доир ба масъалаҳои тарбияи оилавӣ, то ҳол қимати педагогии худро нигоҳ доштаанд ва мо имрӯз низ метавонем, ки ақидаҳои ӯро дар раванди таълим ва тарбияи фарзандони худ пурсамар истифода барем. Ба ақидаи Алии Ҳамадонӣ, оила қодир аст, ки дар тарбия ва ба воя расонидани фарзанд нақши бузург бозад. Аз ин лиҳоз, ӯ аз падару модар талаб кардааст, ки ба фарзандони худ таълиму тарбияи дуруст дода, дар онҳо сифатҳои ахлоқи неки инсониро ташаккул ва инкишоф диҳанд.
Аз нуқтаи назари Алии Ҳамадонӣ, барои он ки фарзанд дар оила тарбияи дуруст гирад, пеш аз ҳама лозим аст, ки худи оила хуб ташкил ёфта бошад. Барои ин ба зану мард зарур аст, ки оиларо дар асоси ақди никоҳ ташкил намоянд. Чунки никоҳ барои мустаҳкам гаштани оила аҳамияти калон дорад. Никоҳ оиларо пойдор намуда, барои ба дунё овардани фарзанд ва таълиму тарбияи ӯ шароитҳои зарурӣ фароҳам меорад. Маълум аст, ки оиладорӣ кори саҳл нест. Ба фарде, ки оила ташкил медиҳад, дар баробари ташкили оила масъалаҳои зиёди ҳалталабе ба монанди: иқтисодӣ, иҷтимоӣ, педагогӣ, равоншиносӣ ва ғайра пеш меояд.
Агар одамон дар ҳалли ин проблемаҳо ба ихтиёри худ мебуданду ба ҳеҷ гуна қонуну қоида риоя намекарданд, ҳеҷ гоҳ дар ҳаёти оилавӣ хушбахт шуда наметавонистанд. Аз ин рӯ, Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ намудани пастравии ахлоқ никоҳро ҳамчун пойдорӣ ва устувории оила ва яке аз қонунҳои асосии оиладорӣ ҳисоб кард. Ӯ никоҳро суннати паёмбар ҳисобида, таъкид кардааст, ки ҳар як бандаи муъмин, агар худро дӯсти эшон ҳисобад, бояд ба суннати вай содиқ бошад. Бинобар ин, агар касе аз Шумо хоҳиш кунад, ки ӯро никоҳ кунед, қатъи назар аз бой ё камбағал буданаш, хоҳиши ӯро ба ҷо овардан лозим аст. Агар хоҳиши ӯро иҷро накунед, ба гуноҳи азим гирифтор хоҳед шуд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш намудааст, ки аҳамияти никоҳро дар ҳаёти инсон кушоду равшан ва вазеҳу фаҳмо нишон диҳад. Аз тарафи дигар, шахсонеро, ки аз дасташон никоҳ кардан меояд таъкид кардааст, ки агар онҳо одамонро никоҳ накунанд, гуноҳ содир менамоянд. Инчунин шахсоне, ки аз никоҳ даст мекашанд, онҳо низ гунаҳкор ҳисобида мешаванд. Дар ин хусус, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ овардааст: «Ва қола, алайҳиссалом: Ман рағиба он суннати фалайса минни ванникоҳу фаман иҷтанаба фалястанна биссунати. Расул, алайҳиссалом, фармуд, ки ҳар ки суннати ман руй тобад, аз ман нест ва никоҳ суннати ман аст, ҳар ки маро дӯст медорад, гӯй бар суннати ман собит бош» .4, с. 88 «Ва қола Расулуллоҳи, саллаллоҳу алайҳи ва салама: Изо атокум ман тарзавна динаҳу ва амонатаҳу фазаввиҷуҳу ин ло тафъалу такун фитнатун филарзи ва фасодун кабирун. Фармуд, ки ҳар гоҳ ки касе ба дин ва амонати вай шуморо эътимод бувад, назди Шумо ояд ва талаби никоҳ кунад, ӯро никоҳ кунед, яъне агар инчунин кас дарвеш бувад аз дарвешии ӯ нанг мадоред ва тақво ва диёнати ӯро ғанимат шуморед ва, агар накунед, фитна дар замин ангехта бошад ва фасоди бузург карда, чун амри никоҳ аз 17 маҳосини умури дин аст ва масориқи чанд шаётин ва сабаби иқбои вуҷуди аном» .4, с. 88
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар тайёр намудани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ падару модарро низ масъул ҳисобидааст. Ба ақидаи мутафаккир, падару модар вазифадор аст, ки фарзандони хешро ба ҳаёти оилавӣ аз ҷиҳати иқтисодӣ, педагогӣ, психологӣ ва ғ., яъне ҳамаҷониба, омода созанд. Таҷрибаҳо ва мушоҳидаҳо аз он далолат медиҳанд, ки дар замони муосир низ падару модароне ёфт мешаванд, ки ба ин масъала эътибори ҷиддӣ намедиҳанд. Оқибат фарзандони онҳо баъди ташкил намудани оила ба душвориҳои зиёд рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ин рӯ, ба падару модар зарур аст, ки фарзандони худро ба ҳар роҳ, тарз ва усул ба ҳаёти оилавӣ омода созанд. Дар ин мавзӯъ Алии Ҳамадонӣ чунин таъкид кардааст: «…ҳуқуқи никоҳ аз донистан ва амал кардан бад-он пора нест, ҳафт шарт аст: шарти аввал – муошират, шарти дувум – сиёсат, севум – ғайрат, чаҳорум – нафақа, панҷум – таълим, шашум – .5, с. 77қисмат, ҳафтум – таъдиб»
Бо ҳамин, Алии Ҳамадонӣ бори дигар таъкид кардааст, ки ҳуқуқи никоҳро дониста никоҳ кардан лозим аст, на кӯркӯрона. Яъне шахсе, ки ба қайди никоҳ медарояд, бояд аз талаботҳои никоҳ огоҳ бошад, ки 7 шарт аст. Агар аз ӯҳдаи иҷрои ин корҳо баромада тавонӣ, ҳуқуқи ба қайди никоҳ даромадан дорӣ. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар боби оиладорӣ на танҳо нисбат ба мардҳо, балки нисбат ба занон ҳам талабҳо ба миён гузошта, гуфтааст: «Ҳақ ҷалла ва аъло мефармояд, ки он заноне, ки зиёдатӣ ва (бузургбинӣ кунад аввал эшонро ваъз гӯяд хуб насиҳат кунад), агар насиҳат суд надорад, аз ҷои хоб эшонро дур кунед ва агар он ҳам фоида накунад, эшонро бизанед ва адаб кунед, чунонки аз аъзои эшон чизе нашиканад ва .5, с.80-81нуқсон нашавад ва чун ба тоат ва салоҳ бозоянд, бар эшон зиёдатӣ макунед» Яъне зане, ки нисбат ба шавҳар калонгарӣ мекунад, шавҳар бояд аввал ӯро бо хубӣ насиҳат кунад, агар насиҳат суд набахшад, ӯро аз ҳамхобагӣ маҳрум кунад, агар ин ҳам суд набахшад, ӯро бизанад.
Ҳамин тавр, Ҳамадонӣ зина ба зина барои суфта кардани рафтору кирдори зан чораҳо андешиданро тавсия кардааст. Яъне агар як тадбир натиҷа набахшад, тадбири дигарро ҷустан лозим. Агар он ҳам натиҷа надиҳад, дигар тадбирро ҷустуҷӯ кардан лозим. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо ин ақида ҳеҷ гоҳ поймол кардани ҳуқуқи занонро дар назар надошт. Ба ин, чунин гуфтаҳои ӯ шаҳодат медиҳад: «Шафқат кунед ва аз худо .5, с. 78тарсед. Ҳуқуқи занонро риоя кунед»
Шарти дигаре, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод кардааст, ин сиёсат мебошад. Ба қавли ӯ, марди асил, ғаюр ва бо маърифату боиффат дар оила бо завҷаи худ чунон муносибатро пешаи худ месозад, ки дар оила муҳити солиму якдигарфаҳмиро ба миён меорад. Кӯшиш мекунад, ки муносибат нисбат ба ҳамсараш ба фасод наорад, ӯро ба густоҳӣ накашад, агар дар рафтору муносибати ӯ чизи номашруъро ҳам пай барад ба ӯ таҳдид нею, балки адаб медиҳад. Бо завҷаи худ чунон муносибату мушоварат менамояд, ки дили ӯ ҳамеша шоду хурам бошад. Чи тавре дар хабар аст, ки:. Яъне:4, с. 90 «Шавируҳунна ва холифиҳунна. Фаинна фи хилофиҳин – нал бараката» Бо эшон мушаварат кунед, то дилҳои эшон бад – он хуш гардад, пас мухолифати раъйи эшон кунед, ки баракат дар хилофи раъйи эшон аст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба масъалаи мазкур чунин меоварад, ки муъмини ғаюр бояд, ки дар эҳтимол ва ҳусни хулқ мутобаати ҳавои эшон накунад ва инбисот ба эшон ба ҳадде нарасад, ки ба васод анҷомад ва ҳайбат аз дили эшон бияфтад ва эшонро ба қуввати сиёсат ва савлати ҳамиият мақҳур ва зердасти худ гардонад ва маъмури эшон нагардад, хоссатан дар умури дин ба мушоварати эшон кор накунад, чи дар хабар аст, ки: «Шавируҳуна ва холифиҳунна. Фаинна фи хилофихин-нал бараката. Яъне: Бо эшон мушаварат кунед, то дилҳои эшон бадон хуш гардад, пас мухолифати раъи эшон .4, с. 89кунед, ки баракат дар хилофи раъйи эшон аст»
Чи тавре маълум мегардад, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар мавзӯи сиёсати оиладорӣ доираи ҳуқуқҳои занро нисбат ба мард то андозае маҳдуд гардонидааст. Мақсад аз гуфтаҳои ӯ, дар асл на маҳдуд гардонидани ҳуқуқҳои зан, балки аз он иборат аст, ки дар оила бояд як кас хатман сардори оила бошад ва дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ қарори мушаххас бароварда, ҳама раванди корҳои оилавӣ зери назорати доимӣ буда ба як тартибу низоми муайян ба роҳ монда шавад. 18 Агар аз мавқеи Алии Ҳамадонӣ назар афканем, ӯ таъкид кардааст, ки дар оила танҳо мард метавонад сардори оила бошад.
Ҳамин нуқтаро бояд махсус таъкид намоем, ки фарқияти пойдорӣ ва устувории оилаи мардуми Шарқ аз оилаи мардуми Ғарб маҳз дар ҳамин зоҳир мегардад. Аз ҳамин лиҳоз, Алии Ҳамадонӣ ҳуқуқҳои занро на ҳамчун зан ва модар, балки ҳамчун сардори оила ҳуқуқҳои ӯро маҳдуд сохтааст. Ақидае, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оиди масъалаи таҳлилшаванда баён кардааст, тибқи талаботи замони худи мутафаккир буда, суннатҳои анъанавии мардуми худро ӯ риоя кардааст. Агар мо ба ақидаи файласуф аз нигоҳи замони имрӯза баҳо диҳем, то як андоза фикри ӯ маҳдуд аст. Аммо аз тарафи дигар, назар афканем, мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки таъкиди Алии Ҳамадонӣ маънои онро надорад, ки зан дар оила аз ҳамаи ҳуқуқҳои худ маҳрум бошад. Дар ҳалли ин масъала, мақсади Алии Ҳамадонӣ аз он иборат аст, ки дар оила зану модар, яъне падару модар бояд вазифаҳои худро иҷро намуда, дар таълиму тарбияи фарзандони худ саҳми баробари хешро гузаранд. Чунки падару модар дар ҳалли ин масъала масъулияти баробар доранд. Ин ақидаи мутафаккир дар замони мо низ яке аз вазифаҳои муҳими падару модар (зану шавҳар) ба ҳисоб меравад. Масалан, дар қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2010) чунин оварда шудааст: « — барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанди худ ғамхорӣ намоянд; фарзандонро ба ҳаёти мустақилона ва меҳнати софдилона омода намоянд; фарзандонро дар руҳи эҳтироми Ватан, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия . 2, с. 24 намоянд».
Шарти навбатие, ки аз тарафи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешкаш карда шудааст, ин ғайрат аст. Моҳият ва маънии ин шарт аз он иборат мебошад, ки муъмиин дар дохили маҳрами худ корҳои ғайримаҳрамиро раво надонад ва завҷаи худро аз зиёрати гӯристон, рафтан ба масҷид, мағоза ва маҷлисгоҳҳое, ки занон ва мардон дар як ҷо ҷамъ меоянд манъ кунад.
Аммо дар ҳаққи зан бадгумонии аз ҳад зиёдро раво набинад, дар таҷассуси маълумотҳои дар бораи ӯ (зан) муболиға накунад ва беасос (баҳудаю беҳуда) айбҳояшро наҷуяд. «Расул алайҳиссалом, фармуд: «Алмаръату каззилъи. Ин истамтаъта биҳо стамтаъта ва биҳо иваҷун ва ин ақвамтаҳо кассартаҳо. Фармуд, ки зан ҳамчун устухони паҳлӯст.
Агар хоҳӣ, ки аз ӯ таматтуъ гирӣ, бо кажии ӯ .4, с. 90аз ӯ томаттуъ гир ва агар хоҳӣ, ки ӯро рост куни, шикаста шавад» Дар ин ҷо дар зери мафҳуми ғайрат Алии Ҳамадонӣ устувории қалб ва ақли шахсро дар анҷоми андешаронӣ ва ҳалли масъалаҳои ҳаётиро (оилавиро) дар назар дорад. Аз ин рӯ, ӯ таъкид мекунад, ки шахсе, ки на бо ақлу заковат, донишу маърифати худ андешаронӣ карда, хулосабарорӣ менамояд, балки аз рӯи гуфтаю андешаҳои дигарон амал мекунад ӯ кӯтоҳандешӣ ва беақлу бемаърифатии хешро ба атрофиён маълум менамояд.
Ба қавли файласуфи бузург, шахси соҳибақл дар амалҳои хеш ҳамеша мустақил аст. Вале ин ақидаи ӯ ҳеҷ гоҳ эътироф накардани занро надорад, ва балки ҳадафи ниҳоии ӯ мутеъ набудан ба зан аст. Аз ҷумла, Алии Ҳамадонӣ таъкид кардааст, ки мард бояд дар ҳама ҳолат ба зан ба хубӣ ва меҳрубонӣ рафтор намояд, роҳи муросоро пеша кунад, муомилаи хуб дошта бошад ва ҳамаи масъалаҳои оилавиро аз рӯи ақли расо ҳаллу фасл намояд. Чунки ба муносибат ва рафтори шоистаи худ падару модар (зану шавҳар) фарзандони хешро тарбия менамоянд, яъне чи тавре, ки онҳо бо якдигар муносибат ва рафтор намоянд дар замири фарзандони эшон маҳз ҳамон хислатҳо ташаккул ва рушд меёбанд.
Шарти чаҳорум, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешкаш кардааст ин нафақа мебошад. Дар таълими нафақа ҳар як муъмин бояд ҳадди эътидолро риоя намояд ва дар баробари ин бисёр сахтгирӣ накунанд, ки ба дараҷаи хассат ва буҳл расонад ва аз меъёр гузаронад. Агар нафақа аз аёл зиёдати кунад ба муҳтоҷон ва бечорагон диҳад. Ва ҳамеша ба он кӯшиш намояд, ки нафақаи ҳалол хурад. Чи тавре, ки дар ахбор омадааст: «қалаллоҳу таъоло: Валлазина изо анфақу лам юсрифу ва лам яқтуру». Яъне: Аҳли наҷот ва арбоби дараҷаи он касонеанд, ки дар нафақа ҳадди эътидол риоят кунанд ва чунон танг нагиранд, ки ба хиссат ва бухл анҷомад ва чунон исроф накунанд, ки ба ҳадди табриз ва батор ва туғён кашад ва дар таҳсили нафақа ва кисвати аёл аз ҷамъи ҳаром ва шубаҳат эҳтироз кунад ва ҳарчи зиёдат аз қадри кифоят бувад, ба мустаҳаққон .4, с. 91ва муҳтоҷон эсор кунад».
Чи тавре мебинем, ба ақидаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳар касе, ки риояи ин шартро ба ҷо меорад, аз азобу шиканҷаи охират наҷот меёбад. Дар ин шарте, ки Алии 19 Ҳамадонӣ пешниҳод кардааст, моҳият ва муҳимияти ин шарт аз он иборат аст, ки ҳар як фард нишондодҳои ин шартро дар амал тасдиқ намояд, яъне ҳар як нафар дар харҷу сарфи хонавода бояд сарфакор бошад, нафақае, ки ба даст меояд ба ҳар корҳои ношоям, даркору нодаркор, баҳудаву беҳуда сарф накунад. Ва ба ҳамаи мо маълум аст, ки аҳли оилаҳое, ки чунин рафтор мекунанд оқибат ба кадом аҳвол гирифтор мешаванд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ҷомеа нафароне ҳастанд, ки ба аҳли оила, таъминоти оила ба дараҷаи зарурӣ диққат намедиҳанд, бо чунин муносибат пояи иқтисодии оиларо хароб мекунанд, аҳли оиларо ба мушкилиҳо мубтало мегардонанд ва то ба дараҷаи хонавайронӣ оварда мерасонанд. Мақсади асосии риоя намудани ин шарти мазкур ҳам аз пешгирӣ кардан ва ба чунин ҳолат гирифтор на намудани оилаҳо иборат мебошад.
Яке аз шартҳои муҳими дигаре, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод кардааст ин таълим мебошад. Дар ин шарти мазкур мутафаккири бузург аз номи Худованд таъкид кардааст: «қалаллоҳу таъоло: Ё аюҳаллазина оману қу анфусакум ва аҳликум норан. Ҳақ ҷалла ва ало, мефармояд, ки эй касоне, ки имон овардаед, чунон ки нафсҳои худро аз оташ мераҳонед, бар ҳар муъмине воҷиб аст, ки аҳли худро он чӣ муътақиди аҳли суннат аст, аз умури дин таълим кунад ва эшонро аз азаб ва гирифтории охират битарсонад ва аз хатари тасоҳул дар бандагӣ ва уқубати мухолифати Ҳақ огаҳ кунад ва аҳкоми таҳорат ва ғусл ва намоз ва рӯза ва ҳайз ва нифос ва истеҳоза эшонро таълим кунад ва агар дар ин маонӣ тақсир кунад, осӣ ва осим бошад. Ва он заифаро воҷиб .4, с. 91бувад, ки бе изни ӯ аз хона берун ояд ва аз аҳли илм суол кунад» Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба масъалаи омӯзиши илм ва гирифтани таълими зарурӣро ба ҳар як шахс, чӣ марду чи зан яке аз шартҳои асосӣ ҳисобидааст.
Зарурат ба зикр аст, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ҳалли ин масъала, пеш аз ҳама, ба қуръони маҷид ва аҳодиси Расул (с) такя карда, фикру андешаҳои хешро баррасӣ намудааст. Масалан, дар бораи омухтани илму дониш Расули акрам (с) чунин фармудаанд: «Ҷустуҷӯ намудани илм фариза аст, бар ҳамаи мусалмонон. Ҳеҷ коре ..3, с. 91барои инсон фозилтар ва гуворотар аз илм нест» Агар аз талаботи замони муосир назар афканем, мебинем, ки зану шавҳар, хусусан зан-модар, ки бештар ба тарбияи фарзандон сару кор доранд, бояд дониши васеъ, ақлу хиради расо, маърифату маданияти баланд, ҷаҳонбинии ҳаматарафа ва маънавиёти бою ғанӣ дошта бошад. Чунки кӯдаконро дар боғчаю мактаб дар асоси таҷҳизот ва техникаю техналогияи замонавӣ таълиму тарбия намуда, шавқузавқ ва ҳаваси онҳоро оиди илму дониш, фарҳанг, маърифат ва техникаю технологияи нав бедор мекунанд. Ва барои он ки модар пешичашми фарзандонашон оҷиз намонад, барои он ки фарзандонаш ҳамаи саволу дарди дилашро ба ӯ кушоду равшан изҳор намояд, модар бояд дар раванди камолоти хеш муттасил кор кунад.
Шарти шашуме, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ пешниҳод кардааст ин қисмат мебошад. Шарти мазкур ба ҳамон нафароне воҷиб дониста шудааст, ки зиёда як зан доранд. Бисёрзанӣ дар шароити кунунии ҷомеаи муосири мо тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. Дар замони Алии Ҳамадонӣ, ки бисёрникоҳӣ қобили қабул буд, бинобар ин ӯ ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ҳамадонӣ ба хубӣ дарк мекард, ки бисёрникоҳӣ дар ҷомеа, ки ӯ зиндагӣ мекард, қабули ҳама гаштааст ва ин масъаларо аз миён бардоштан мумкин набуд. Аз ин лиҳоз, масъалаи мазкурро бузургвор барои он баррасӣ намудааст, ки агар масъалаи мазкурро аз байн бардошта нашавад ҳам, ба ҳар ҳол адолатро пойдор намояд. Дар ин ҷо ҳаминро зикр кардан роиҷ аст, ки аз ҳаёт ва фаъолияти худи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маълум аст, ки ӯ дар ҳаёт худ як бор хонадор шудааст. Яъне, мутафаккир як зан дошт, аз ин ҷо чунин бар меояд, ки ӯ худ ҷонибдори якканикоҳӣ будааст. Мутафаккир барои исботи фикри хеш ва побарҷо намудани адолат аз номи Абуҳурайра ривоятеро пешкаши хонанда менамояд, ки чунин аст: «Ан Абиҳурайрата, разияллоҳу анҳу, қола: қола Расулуллоҳи саллалоҳу алайҳи ва салама: Изо кона инда раҷулин .4, с. 91имраатони фалам яъдил байнаҳумо ҷоа явмалқиёмати ва шиққуҳу соқитун» Абуҳурайра, розияллоҳу анҳу, ривоят кард, ки ҳар гоҳ ки мардеро ду зан бошад ва миёни эшон адл накунад, рӯзи қиёмат меояд як нимаи ӯ афтода бошад. Ва Расул, аллайҳиссалом, дар қисмати шаб ва нафақа ва кисват миёни азвоҷ савият нигоҳ дошти ва Оишаро аз ҳама дӯсттар дошти ва гуфти: «Аллоҳума ҳазо ҷуҳди фимо аммику фало . Яъне: Худоё, он чи ба ҷаҳди ман муяссар4, с. 92талумни фимо тамлику ва ло амлику» мешавад, ин аст, ки дар будани шаб ва нафақа ва кисват риоят мекунам, вале дил дар 20 қабза ва қудрати туст ва муҳаббати дил ба ихтиёри ман нест ва агар якеро дӯсттар дорам, маро бад-он магир.
Бояд ҳаминро арз намуд, ки агар ба ақидаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз нуқтаи назари имрӯза нигоҳ кунем, асос бисёрзанӣ нею, балки ӯ адлу инсоф, муносибатҳои нек, меҳру муҳаббат ва эҳтироми инсонгаронаро дар байни зану шавҳар (падару модар) таъкид менамояд. Аммо чи тавре, ки мушоҳидаҳо ва таҷрибаи ҳаётии муносибатҳои баъзе падару модарон (бештар падарон) далолат мекунанд, ашхосе ёфт мешавад, ки ба хотири зани дигар, зану фарзандони хешро ба азобу шиканҷаҳои рӯзгор гирифтор ва дар роҳи зиндагӣ ба дасти тақдирашон ҳавола мекунанд.
Албатта, чунин рафтори баъзе падарон ба сари фарзандон, аз як тараф душвориҳои иқтисодиро пеш орад, аз ҷониби дигар, ба онҳо зарари калони дар баъзе ҳолатҳо, муолиҷа нашавандаи маънавӣ мерасонад. Чунки рафтор, гуфтор ва муносибати падар, пеш аз ҳама, ба рафтор, гуфтор ва умуман ба ахлоқи фарзандон таъсири бевосита мерасонад. Агар рафтор, гуфтор ва муносибати падару модар хуб (нек) бошад фарзандон низ чунин мекунанд, агар бад бошад аз фарзандон низ ҳамонро интизор бояд шуд.
Шарти ҳафтуме, ки Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пойдорӣ, устуворӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати фарҳанг ва маърифату маданияти муносибатҳои зану шавҳар дар оила, пешниҳод намудааст – таъдиб (адабомӯзӣ) мебошад. Ба ақидаи мутафаккири бузург, агар эҳтиром, баробарӣ, риояи ҳуқуқҳои якдигар ва вазифаҳои шахсӣ дар рафтори оиладорӣ ва дигар рафтору кирдори хайрхоҳона дар байни зану шавҳар риоя карда шавад, пас ба камоли ҷисмонӣ ва маънавии худи волидон ва фарзандони онҳо таъсири мусбат мерасонад. Дар оила, ба қавли Алии Ҳамадонӣ, ҳамчун мард ва сарвари хонадон сабру таҳаммулро ба даст гирифта, ҳама гуна масъалаҳои оилавиро бояд аз рӯи ақлу хирад ва маданияти баланди одамӣ ҳаллу фасл намояд. Агар, дар ҳолате, ки зан аз ҳад зиёд худписандиву худнамоӣ ва саркашӣ кунад, дар навбати аввал, ба ӯ ваъз гӯяд ва насиҳат кунад, агар инсуд надиҳад, пас аз ҷои хоб ӯро дур созад ва он ҳам фоидае набахшад, «Эшонро бизанед ва адаб бикунед». Адабро ба ӯ чунон додан лозим, ки ягон ҷои бадани занро нашиканед ва нуқсон нарасонед. Агар бо адаби андак ба тоат (ислоҳ) биояд, «зиёдатӣ макунед».
Агар мард бо завҷаи худ даҳ рӯз, ё як моҳ «сухан нагӯяд, раво бувад». Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ин хусус, дар рисола чунин овардааст: «Ҳақ ҷалла ва аъло мефармояд, ки он заноне, ки зиёдати ва бузургбиниш кунанд, аввал эшонро ваъз гуед ва насиҳат кунед, агар насиҳат суд надорад, аз ҷои хоб эшонро дур кунед ва агар он ҳам фоида накунад, эшонро бизанед ва адаб кунед, чунон ки аз аъзои эшон чизе нашиканад ва нуқсон нашавад ва чун ба тоат ва салоҳ боз ояд, бар эшон зиёдатӣ .5, с. 80-81макунед».
Аз омӯзиш ва таҳлили осори мутафаккир чунин бармеояд, ки мард дар оила на танҳо ҳамчун сардор, фармондеҳ ва амсоли ин, балки дорои ҳамаи хислатҳо ва ҳиссиётҳои неки инсонӣ, ба монанди: соҳибмаърифат, соҳибақл, соҳибхирад, меҳру муҳаббат, ботаҳаммул, ботамкин, устувор ва ғайра буда, барои аҳли оила ва дигарон намунаи ибрат бошад. Аз ин рӯ, Алии Ҳамадонӣ таъкид кардааст, ки завҷ бояд бо сабру таҳаммул, ақлу хирад ва маърифати баланд завҷаи худро таълим ва тарбия дода, ба роҳи адаб дар ӯ сифатҳои ахлоқи ҳамидаро ташаккул ва густариш диҳад. Дар таълимоти файласуфи бузург яке аз бартариҳо ва мардиву шуҷоатмандии мард нисбат ба зан маҳз дар ҳамин нуқта аён мегардад, ки завҷ бояд завҷаи худро бо гуфтору рафтори намунавии хеш тарбия намояд.
Ба ақидаи Алии Ҳамадонӣ, Худованд аз ҳамин нуқтаи назар дар оила ҳаққи раёсатро ба мардон додааст. Аз ин нуқта чунин бармеояд, ки мардон дар назди Худованд барои беҳбудии зиндагӣ, хушбахтӣ ва таълиму тарбияи неки аҳли оилаи худ масъул мебошад. Ба ақидаи мо, агар андаке чуқуртар ва васеътар фикр намоем, ин худ дар ҳаққи занон як меҳрубонӣ, ҳурмату эҳтиром ва дараҷаи баланди маърифатнокиву маданиятнокӣ мебошад.
Боиси таасуф аст, ки ин ақидаи Алии Ҳамадониро дар ҷомеаи муосири мо на ҳама мардон ба қадри даркорӣ дарк намуда ва дар зиндагии оилавии худ риоя мекунанд. Ҳарчанд медонанд, ки занон ҷинси нозуку латифанд ва ба мушкилоти зиёд тоқат надоранд, аммо қисме аз мардон то имрӯз нисбати занҳои хеш суханони қабеҳ гуфта, дағаливу зулму ситамро раво мебинанд, ҳатто дар баъзе ҳолатҳое мешавад, ки зери тозиёна мегиранд. Аз ин лиҳоз, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ маҳз ба мардон муроҷиат кардааст, ки онҳо пеш аз ҳама, мард ҳастанд ва чи аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва чи аз ҷиҳати 21 маънавӣ аз занҳо дида пурқуввату устувор мебошанд.
Барои ҳамин ҳам, мутафаккир мардҳоро даъват кардааст, ки онҳо дар ҳалли масъалаҳои оилавӣ босабру ботаҳаммул буда, занони худро таълиму тарбия намоянд. Алии Ҳамадонӣ дар рисолаи «Захиратулмулук» овардааст: «Аммо ҳуқуқи завҷ ба завҷа бисёр аст. Ва дар ҳақиқат, никоҳ навъе аз риққияш аст, чи дар шаръ мулк ду навъ аст: яке мулки ямин ва дуюм, мулки никоҳ. Ва, чунон чӣ, тоати сайид бар банда воҷиб аст, тоати завҷ бар завҷа воҷиб аст ва аз ин ҷо буд, ки Расул алайҳиссалом, фармуд: Лавамарту аҳодан он ясҷуда лиаҳадин лаамартул маръата ан тасҷуда лизавҷиҳо мин изами ҳақиқи алайҳо. Яъне: Агар якеро фармудаме, ки саҷдаи касе кунад, ҳароина занро фармудаме, ки саҷдаи шавҳари худ кардӣ аз бузурги ҳаққи шавҳар бар вай» .4, с. 92 Дар ин ҷо, мақсад аз зикри ин ақида дар он аён мегардад, ки модоме парастиши зан зарурат аст, аз гуфта ва дастуру супоришҳои шавҳараш саркашӣ накунад ва ҳар он чи ки ӯ мефармояд бояд иҷро намояд.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои мустаҳкам ва пойдор сохтану пешравии кори оила ва баланд бардоштани муносибат ва муоширати зану шавҳар риояи даҳ нуқтаи асосиро аз тарафи завҷа ҳатмӣ донистааст: «Ва аз ҳуқуқи завҷ бар завҷа яке он аст, ки ҳар гоҳ ки завҷро рағбати ӯ бошад, ба ҳар ҳол ки бошад, манъ накунад; дувум он, ки аз хонаи шавҳар бе изни ӯ ба касе чизе надиҳад; севум, рӯзаи татаввӯъ бе фармони шавҳар надорад; чаҳорум он, ки бе иҷозати шавҳар пой аз хона берун наниҳад; панҷум он, ки ғайбати шавҳар пеши хешони худ нагӯяд; шашум он, ки зиёдат аз қадри ҳоҷат аз шавҳар талаб накунад; ҳафтум он, ки ба шодии шавҳар шод бошад ва ба андуҳи ӯ андуҳгин гардад; ҳаштум он, ки бар шавҳар бисёр ғайрат набарад; нуҳум он, ки худро покиза дорад ва феъле, ки шавҳар онро кореҳ бошад накунад; даҳум он, ки бар .4, с. 93фарзандон дуои бад накунад».
Аз омӯзиш ва таҳлили осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чунин бармеояд, ки ӯ кӯшидааст исбот намояд, ки дин зану мардро дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ мувофиқи имкониятҳои маънавию ҷисмониашон ҳуқуқу вазифаҳои баробар дода, зидди ҳар гуна зулму ситам ва бедодиҳову набаробариҳо мебошад. Ба ақидаи ӯ, дар оила мард на ҳамчун ситамгар, золим, балки хидматгор, посбон ва пушту паноҳи зану фарзандон буда, барои дар оила таъмин намудани фазои якдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ ва баланд бардоштани қадру қимат ва мансабу манзалати худи инсон масъул мебошад.
Ақидаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ оид ба муносибатҳои зану шавҳар ҳамчун яке аз омилҳои асосии бунёд сохтани муҳити солим дар оила ба талаботҳои замони ӯ пурра мувофиқат менамоянд. Ҳарчанд, ки мутафаккири бузург масъалаи мазкурро аз нуктаи назари дин шарҳ дода бошад ҳам, аммо консепсияи таълиму тарбиявие, ки ӯ пешкаш намудааст, дар шароити ҷомеаи муосир ҳам барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи инсон мадад расонида метавонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *