Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info
  • Абусуфиён Ибни Ҳорис

    Бисёр кам аст, ки асбоб ва авомил битавонад иртибот ва ва ҳамрангии қавиро миёни ду шахс падид оварад чунончи, ки ин ҳам ранги ва иртибот миёни Абусуфён ибни Ҳорис ва ҳазрати Муҳаммад (с) падид овардааст. Абусуфён ибни Ҳорис яке аз ҳамсолони ҳазрати Расули Худо (с), ки тақрибан дар як вақт…

    Муфассалтар »
  • Ҷаъфар Ибни Абутолиб

    Дар қабилаи бани Абдуманоф панҷ шахсе буданд, ки ҳар кадоми онҳо ба чеҳраи ҳазрати Расули Худо (с) бисёр зиёд шабоҳат доштанд, то ба он андоза, ки мардумон камбин наметавонистанд, ки миёни он ҳазрат (с) ва ишонро фарқ кунанд ва ин панҷ тан иборат буданд аз Абусуфён ибни Ҳорис ибни Абдулмуталлиб,…

    Муфассалтар »
  • Абдураҳмон Ибни Авф

    Яке аз ҳашт тан аз собиқини ба Ислом аст. Яке аз ашараи мубашшара ба ҷаннат аст. Яке аз шаш тан аъзои маҷлис аст, ки баъд аз вафоти ҳазрати Умар халифаи саввумро интихоб намуданд. Яке аз он касонест, ки дар Мадина фатво медоданд, дар ҳоле ки ҳазрати Расули Худо (с) дар…

    Муфассалтар »
  • Умайр Ибни Саъд

    Умайр ибни Саъди Ансорӣ аз ҳамон овони туфулият ҷоми фақр ва ятимиро аз сар гузаронд, падараш бидуни он ки мол ва сарпарасте аз худ ба ҷо гузорад ба ҷивори раҳмати Ҳақ пайваст. Аммо модараш дере нагузашта, ба марди сарватманде аз сарватмандони Авс, ки Ҷуллос ибни Сувайд ном дошт, ба шавҳар…

    Муфассалтар »
  • Саъид Ибни Зайд

    Зайд ибни Амр ибни Нуфайл дур аз издиҳоми мардум нишаста ва ҷамъи зиёди Қурайшиёнро, ки ҷашне аз ҷашнҳояшонро баргузор месохтанд, тамошо мекард. Медид, ки мардон дасторҳои гаронбаҳои абрешиминро ба сарҳои худ мебастанд ва бо чодарҳои гаронқимати яманӣ худро меоростанд ва менигарист, ки занон ва писарбачаҳо либосҳои нав ва тоза худро…

    Муфассалтар »
  • Усома Ибни Зайд

    Акнун мо дар соли ҳафтум қабл аз ҳиҷрат дар Макка қарор дорем ва ҳазрати Расули Худо (с) ва ёронаш сахт дар таҳти азоб ва шиканҷаи Қурайш ба сар мебаранд ва он қадар ғаму андӯҳ ва мушкилоти даъват ба дӯши вай афтодааст, ки саросари зиндагиашро маҷмӯъе аз дардҳо ва ранҷҳо пайи…

    Муфассалтар »
  • Зайд Ибни Ҳориса

    Суъдо духтари Саълаба ба хотири дидор аз қавми хеш (Бани Муъин) ҳамроҳ бо ғуломи худ Зайд ибни Ҳорисаи Каъбӣ ба роҳ афтод. Вай дар асное, ки ҳанӯз дар диёри қавми худ ба сар мебурд, ки ногаҳон мардони қабилаи Бани Қайн ба онҳо шабохун заданд ва молу дороияшонро гирифтанд ва шутурҳояшонро…

    Муфассалтар »
  • АБУДАРДО

    Ибни Молик Хазраҷӣ, ки ба кунияи Абудардо машҳур аст, субҳ, вақте аз хоб бархост ва ба сӯи бути худ, ки дар гӯшаи болоии хонааш онро насб намуда ва бо либосҳои зебо ӯро ороста ва бо атрҳои хушбӯ онро муаттар сохта буд, рафт. Баъд чодари зебои аз абрешимро, ки яке аз…

    Муфассалтар »
  • Суҳайби Румӣ

    Аз мо ҷамъи мусалмонон кист, ки Суҳайби Румиро нашиносад ва ба бахше аз саргузашти зиндагии вай огаҳӣ надошта бошад? Аммо он чиро, ки бисёре аз мо намедонад, ин аст, ки Суҳайб румӣ набуд, балки Суҳайб араби холис буд, ки падараш аз қабилаи Нумайр ва модараш аз қабилаи Бани Тамим буд…

    Муфассалтар »
  • Нӯъмон Ибни Муқаррини Музанӣ

    Қарияҳои қабилаи Музанӣ дар қариби Ясриб, дар хате, ки шоҳроҳи умумии Макка ва Мадинаро бо ҳам васл месозад, қарор дорад. Ҳазрати Расули Худо (с), вақте ба Мадина ҳиҷрат намуд, ахбор ва гузоришоти даъвати вай аз тариқи касоне, ки дар миёни Мадина ва қабилаи Музанӣ рафтуомад доштанд, пайиҳам мерасид ва ҷуз…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳ Ибни Аббос

    Ин саҳобии олиқадр ҳама азамату бузургӣ дар ӯ ҷамъ шудааст ва ҳеҷ фазилате набудааст, магар он, ки вай ба он миттасиф аст. Дар вай азамати сӯҳбати Расули Худо (с) мавҷуд аст: Агар вилодаташ андак ба таъхир меафтод, аз ин фазл маҳрум мемонд ва шарафи сӯҳбатро дарнамеёфт. Бузургии қаробат ва хешовандӣ:…

    Муфассалтар »
  • Усайд Ибни Ҳузайр

    Қадами Мусъаб ибни Умайр, ин ҷавони Макка ба Мадина, нахустин ҳайати даъватӣ аст, ки то кунун таърихи Ислом шоҳиди он будааст. Вай дар хонаи Асъад ибни Зирора яке аз ашрофи қаблан Хазраҷ иқомат намуд ва хонаашро маркази иқомати хештан ва нашру густариши даъвати исломӣ қарор дод. Ҷавонон ва фарзандони Ясриб…

    Муфассалтар »
  • Маҷзаа Ибни Саври Садусӣ

    Қаҳрамонони номвари лашкари Аллоҳ бо хушию сурур баъд аз он, ки Худованд нусрат ва пирӯзиро дар Қодисия насиби онон гардонид, гарду ғубори ҷангро аз худ дур месохтанд ва ба аҷр ва подоши шуҳадое, ки барояшон сабқат гирифтанд, ҳасад мебурданд ва шавқи ба роҳ андохтани ҷанги дигареро доштанд, ки дар баробарӣ…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳ Ибни Умми Мактум

    Ин шахс кист, ки ҳазрати Расули Худо (с) дар мавридаш аз тарафи Худованд сахт итоб гардид. Ин шахс кист, ки Ҷабраили Амин дар борааш оёти байинотро дар қалби Паёмбари гиромӣ (с) афганд. Ин шахс Абдуллоҳ ибни Умми Мактум, муаззини ҳазрати Расули Худо (с) аст. Абдумоҳ ибни Умми Мактум аз аҳли…

    Муфассалтар »
  • Абузари Ғифорӣ

    Дар водии Вадон, ки Маккаро бо ҷаҳони хориҷ васл месозад, қабилаи Ғифор зиндагӣ дошт ва ин қабила аз саромади ночизи корвонҳои тиҷоратӣ, ки аз тариқи он ба Шом рафтуомад доштанд ва барои ишон саховат мекарданд, ба зиндагии хеш идома медоданд ва чӣ басо агар бахшишашон мавриди писандашон қарор намегирифт, бар…

    Муфассалтар »
  • Адй Ибни Ҳотими Тойӣ

    Дар соли нуҳуми ҳиҷрӣ подшоҳе аз подшоҳони Араб баъд аз эърози тӯлонӣ ба Ислом гардан ниҳод ва шавқи имон дар дилаш роҳ ёфт ва баъд аз ғурур ва худписандӣ зимоми тоъат ва фармонбардорӣ ба дасти ҳазрати Расули Худо (с) дод. Ин шахс ҳамоно Адй ибни Ҳотими Тойӣ аст, ки падараш…

    Муфассалтар »
  • Зайду-л-Хайр

    Мардум мисли маъдананд, ки соҳиби мурувваташон ҳам дар ҷоҳилият ва ҳам дар Ислом соҳиби мурувватанд. Мо дар зайл ду чеҳра аз як саҳобии гиромиқадрро пешкаш мекунем, ки якеро дар ҷоҳилият дошта ва дигареро дар Ислом. Ин саҳобии бузург ҳамоно Зайду-л-Хайр аст, ки мардум вайро дар ҷоҳилият ба ин ном мехонданд…

    Муфассалтар »
  • Икрима Ибни Абуҷаҳл

    Вақте ҳазрати Расули Худо (с) даъвати худро ошкор намуд, Икрима ибни Абуҷаҳл дар даҳаи саввум аз умри худ қарор дошт. Вай аз ашрофзодагони Қурайш ва аз соҳибони молу ҷоҳ ва азизтарини мардум аз рӯи насаб буд. Аз ин рӯ, вайро сазовор он буд, ки ба сони ҳамқаторонаш амсоли Саъд ибни…

    Муфассалтар »
  • Салмони Форсӣ

    Ҳикояти ин бахши мо қиссаи саҳобии гиромиқадр, ҳазрати Салмони Форс (р) аст, ки аз пайи дарёфти ҳақ талош варзидааст ва мо акнун риштаи суханро ба худи вай медиҳем, то саргузашти Ислом овардани худро ба мо ҳикоят кунад, Салмон гуфт: Ман ҷавони асптозе аз аҳли Исфаҳон будам, аз қарияе, ки ба…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳ Ибни Масъуд

    Дар он рӯзгоре, ки даъвати Ислом тоза оғоз шуда буд, Абдуллоҳ ибни Масъуд писарбачаи ҳанӯз дар синни балоғат қадам нагузошта буд. Вай дар доманаи кӯҳҳои Макка дур аз мардум гӯсфандони яке аз сарони Қурайшро, ки Уқба ибни Муъайт ном дошт, ба чаро мебурд. Мардум ӯро ба номи “Ибни уми Абд”…

    Муфассалтар »
  • Абуубайда Ибни Ҷарроҳ

    Абуубайда ибни Ҷарроҳ дорои чеҳраи тобон, рӯи зебо, ҷисми наҳиф, қомати тавил ва абрӯҳои кашида буд, ки бинандаро ба худ ҷалб менамуд. Ва рӯҳи одамӣ бо дидораш улфат мегирифт ва қалбаш аз вай итминон меёфт. Дар паҳлӯи ин сифот вай дорои муомилаи нек, тавозӯъи беҳад ва ҳаёи шадид буд. Аммо…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳ Ибни Ҷаҳш

    Ин саҳобие, ки пиромунаш сӯҳбат хоҳем кард, яке аз он ёрони босафое аст, ки дар рӯзгорони нахустини даъват дини Исломро пазируфта ва ба ҳазрати Расули Худо (с) робитаи наздик дошта ва ба вай сахт дил баста буд. Вай писари аммаи ҳазрати Расули Худо (с) аст. Ба хотири он, ки модари…

    Муфассалтар »
  • Амр Ибни Ҷамуҳ

    Амр ибни Ҷамуҳ дар даврони ҷоҳилият сарваре аз сарварони номдори Араб ва сардори мӯҳтарами қабилаи бани Салама ва яке аз сахимардон ва шахсиятҳои соҳиби муруввату мардонагӣ дар Ясриб буд. Дар даврони ҷоҳилият одати ашроф ва бузургони қабила ин буд, ки ҳар кадом барои хештан дар хонаи худ бутеро нигоҳ медошт…

    Муфассалтар »
  • Абуаюби Ансорӣ

    Номи аслии ин саҳобии гиромиқадр Холид ибни Зайд ибн Кулайб аст ва ба қабилаи бани Наҷҷор нисбат дорад. Кунияаш Абуаюб ва мансуб ба Ансор аст, чи аз мо мусалмонон касе нест, ки Абуаюб Ансориро нашиносад? Худованд номи ӯро дар Шарқ ва дар Ғарб баланд сохт ва мақому манзилаташро дар миёни…

    Муфассалтар »
  • Сумома Ибни Усол

    Дар соли шашуми ҳиҷрӣ ҳазрати Расули Худо (с) хост, ки қаламрави давлати исломиро густариш диҳад. Аз ин рӯ, ҳашт нома ба сарон ва руасаои Араб ва Аҷам ирсол дошт ва дар он номаҳо ишонро ба Ислом даъват кард ва дар ҷумлаи ин руасо яке ҳам Сумома ибни Усоли Ҳанафӣ буд.…

    Муфассалтар »
  • Умми Салама

    Медонед, ки Умми Салама кист? Умми Салама падараш аз сарони номвар ва маъруфи бани Махзум ва яке аз сахимардони Араб аст, ки камтар аз сахиён метавонанд ба пояи ӯ расанд. Саховат ва ҷуди вай ба ҳадде расида буд, ки ӯро ба номи Тӯшаи мусофир лақаб дода буданд, чун вақте мусофирин…

    Муфассалтар »
  • Бароъ Ибни Молики Ансорӣ

    Бароъ ибни Молики марди жулидамӯй ва лоғар буд, бинанда фикр намекард, ки ин шахс ин ҳама қаҳрамонӣ ва шуҷоат нишон диҳад. Аммо бо вуҷуди ин заъфи ҷисмонӣ ва нотавонии бадан беш аз сад танро ба танҳоии хеш ба қатл расонидааст ва ин теъдод ғайр аз теъдодест, ки ба дасти вай…

    Муфассалтар »
  • Умайр Ибни Ваҳб

    Умайр ибни Ваҳб дар маъракаи Бадр ҷон ба саломат бурд. Аммо фарзандаш Ваҳбро дар дасти мусалмонон асир гузошт. Умайр аз он бим дошт, ки мабодо мусалмонон писари ҷавонашро ба ҷурми падараш озор диҳанд ва ӯро сахттарин азоб бичашонанд, чун падараш ҳазрати Расули Худо ва ёронашро азият медод ва онҳоро шиканҷа…

    Муфассалтар »
  • Абдуллоҳ Ибни Ҳузофаи Саҳмӣ

    Қаҳрамони ин бахши достон Абармардест, ки Абдуллоҳ ибни Ҳузофа ном дорад ва яке аз асҳоби босафои Ҳазрати Паёмбар (с) аст. Вай дар даврони ҷоҳилият яке аз афроди оддие буд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мавриди таваҷҷӯҳи таърих қарор намегирифт. Вале дини зиндагисози Ислом ба вай чунон шахсият бахшид, ки таърих аз…

    Муфассалтар »
  • Туфайл Ибни Амри Давсӣ

    Туфайл ибни Амри Давсӣ, яке аз он сарон ва бузургони маъруфи қабилаи Давс аст, ки дар давраи ҷоҳилият аз шӯҳрат ва номоварии хосе дар миёни мардум бархурдор буданд. Суфраи ин марди далер ва саховатпеша барои ҳамагон паҳн ва дарвозааш ба рӯи мусофирон ва меҳмонон ҳамеша боз буд. Вай ба гуруснагон…

    Муфассалтар »