Фанни Суханвари (риторика)

Муҳоварот ва суханварӣ

 Одоб ва шароити муҳовара

Инсон бояд сухангўй сухандон бошад ва ин аз фазилатҳои аввалини ўст. Аммо сухан одоби гуфтан дорад, ки аз маврид ва мусоҳиб вобаста аст. Унсурулмаолии Кайковус суханро иборат аз ҷаҳор навъ медонад: 1. Надонистаниву нагуфтанӣ оид ба чизҳост, ки дар бораи онҳо надонистан ва нагуфтан барои шахс муфид мебошад. 2. Донистаниву гуфтанӣ салоҳи диниву дунявиро дар худ дорад, аз гуфтану шуниданаш нафъе ҳасту зараре на. 3. Гуфтанӣ ва надонистанӣ чунон аст, ки айби дўсте ё бузургеро маълум мегардонад. Чунин суханро надонистан авлотар бошад. Агар онро бигўӣ, боиси хашм ва озурдагии бузургон ва дўстон гардад ва сабаби ошўбу норизоӣ бошад. 4. Надонистаниву гуфтанӣ.

Аввалин шарти одоби сухан рост гуфтан аст, дуруғ гуфтан торикии имон мебошад. Одам бояд худро ба дуруғгўӣ маъруф нагардонад, ки агар баъд рост гўяд ҳам, бовараш накунанд. Рости дурўғмонанд гуфтан лозим нест ва мувофиқи фармудаи Шайх Саъдӣ «дурўғи маслиҳатомез беҳ, ки рости фитнаангез». Мегўянд ҷавони чўпоне чанд дафъа аз баландии болои деҳа нидо медод, ки дар рама гург даромадааст. Мардум таъҷилан ба ёрӣ меомаданд, ки аз гург дараке нест. Дафъаи дигар вақте ин амал такрор шуд, мардум бовар накарданд ва ними рама талаф ёфт.

Суханро дониста бояд гуфт. Вақте сухан дониста ва андешида гуфта мешавад, далели сухангўй ва сухандон будани соҳиби гуфтор мебошад. Касе сухан надониста мегўяд, ба монанди тўтиест, ки сухангўй асту сухандон не. Суханро ноҷой ва надониста гуфтан ситам бар дониш аст, зеро сухан ифодаи дониш мебошад. Бинобар ин сухан аз ончи бигўӣ, ки медонӣ ва аз ҳар чӣ надонӣ, ҳрфе мазан. Муаллифи китоби «Қобуснома» дар ин маънӣ чунин ҳикоят мекунад.

Бузургмеҳр гуфт: «Шунидам, ки ба рўзгори Хусрав зане пеши Бузургмеҳр омад ва ааз ин вай масъалае бипурсид ва дар он ҳол Бузургмеҳр сари он надошт, гуфт: — Эй зан, ин ки ту мепурсӣ, ман он надонам.

Зан гуфт:

— Пас агар ту ин надонӣ неъмати худойгони мо ба чӣ мехўрӣ.

Бад – он чиз, ки донам ва бад – он чиз, ки надонам, малик маро чизе намедиҳад. Ва агар тавонӣ, Бие ва аз малик бипурс, то худ бад – он, ки надонам, маро малик чизе ҳамедиҳад ё на.

Суханро нарму оҳиста бояд гуфт, на саросемаю шитобзада. Сухани сарду хунук гуфтан лозим нест, чунин касро мардумон некбин нестанд. Агар бидонӣ ҳам, дар сухан хоксору фурўтан бояд буд, то дари донишу фаҳмидан бароят боз гардад. Сухани мусоҳибро то вақте нуқсу камбудии онро хуб нафаҳмӣ, Буридан лозим нест. Бисёрдону камсухан будан лозим аст, зеро «хомўшӣ дувуми саломатист ва бисёр гуфтан дувуми бехирадӣ». Беҳудагўй будан лозим нест, зеро вай аломати девонагӣ мебошад. Сухани дигаронро шунида тавонистан лозим аст. Зеро то суханшунав набошӣ, сухангўй намешавӣ. Агар инсон аз хурдӣ сухан намешунид, сухан намешунид, сухангўй намешуд.

Кӣ будани шахс аз сухани ў дониста мешавад. Донишмандони гузашта нигаҳ доштани розро дар сухан аз одоби сутудаи мардумӣ донистаанд. Беҷо сухан гуфтан, ба ғайр аз ифшои роз, далели ҳамоқат ҳам буда метавонад.

Шайх Саъдӣ дар ҳикояте мефармояд:

Яке аз ҳукамо шунидам, ки мегуфт:

— Ҳаргиз касе ба ҷаҳли хеш иқрор намекардааст, магар он касс, ки чун дигаре дар сухан бошад, ҳамчунон ногуфта, сухан огоз кунад:

Суханро сар аст, эй хирадманд бун,

Маёвар сухан дар миёни сахун

Худованди тадбиру фарҳангу ҳуш,

Нагўяд сухан, то наабинад хамўш.

Сўҳбати некон ва доноёнро донишмандони гузашта барои ҳар як шахс лозим донистаанд. Дар воқеъ сўҳбати дўстону наздикон воситаи асосии такмилӣ ақлӣ, интеллектуалӣ ва фикрии мардум мебошад. Беҷо нест, ки мардум аз қадим дар чойхонаҳо, масҷидҳо, дар хонаи дўстону наздиконашон сари сўҳбатҳои тўлонӣ менишинанд Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи мўҳсинӣ» аз зарурати сўҳбатӣ бузургони донишу фазл барои подшоҳон ёд оварда мегўяд:

«Мулки форсро қоида он буд, ки ҳаргиз сўҳбати эшон аз ҳукамо ва фузало холӣ набудӣ ва ҳеҷ ҳукм бе машварати эшон накардандӣ. Ва аз ин ҷиҳат, кибинои салтанат бар адолату ростӣ ниҳодаанд, мамлакати эшон ҷаҳор ҳазор сол ва касре даркашид. Ва Султон санҷари мозӣ, раҳматуллоҳи алайҳ, ҳакимУмари Хаёмро бо худ бар тахт нишондӣ. Хулафои Аббосӣ, бо он ки худ донишманд буданд, ҳама ҳаллу аҳди кори эшон мубтанӣ бар каломи аҳли илмувараъ будӣ»

Сухан аз таҷрибаи сурати дониш мегирад ва ақлонӣ мегардад. Таҷрибаро аз забони дигарон ва таълифоти китобӣ ба даст меоранд. Кассе сухангўю сухандон шудан хоҳад, бояд дониш биёмўзад. Бинобар ин дар омўзиши сухан ба таҷрибаи гузаштагон бояд рўй овард, ки дар ин маънӣ Ҳусайн Воизи Кошифӣ фармудааст:

Ҳикоёту аҳволи шоҳаншаҳон,

Ривоёту ахбори корогаҳон.

Дилу дидаро равшаной диҳад,

Ба илму хирад ошной диҳад.

Зи ҳар гунна бонй сухан гуфтаанд.

Ба алмоси таҳқиқ дур суфтаанд.

Ба дармон басе таҷруба кардаанд,

Ба ҳар кор бас ранҷҳо бурдаанд.

Ҳамон беҳ, ки бар қавли эшон равем,

Суханҳои пешинагон бишнавем.

Дарахте, ки киштанд дар рўзгор,

Басе оварад меваи нағз бор.

Биё то бад-он боғҳо пай барем,

Дамодам аз он меваҳо бархўрем.

Тариқи муҳоварат, чунонки гуфтем, бо табақоти мардум мухталиф аст. Дар маҷлиси унсу вафо сухан аз ваҳшату фироқ гуфтан мумкин нест. Пеши гадо сухани мувофиқи подшоҳ гуфтан мумкин нест, дар сур ҳикояте, ки мунисиби азо бошад, наронанд. Лофу газоф гуфтан низ аз авсофи муҳовир нест, инчунин ба ҳазлу мазоҳ низ худро шўрат додан кори некў набошад, зеро гуфтаанд, ки мазоҳ муқаддимаи шрру бадиҳост.

Агар кассе ҳикояте бигўяд ва муҳовир он суханро буҳтар донад, гўяндаро танбеҳ додан лозим нест, то ки мунфаил нагардад. Бо ҷоҳилону сифлагон мунозира кардан лозим нест, то ки бар дил ҷароҳате наафтад. Агар мавриди мувофиқи сухан набошад, дар мавриди малол сеҳри ҳалол бошад ҳам, нагуфтанаш беҳтар аст.

Маҷоли сухан то набинй зи пеш,

Ба беҳуда гуфтан мабар қадри хеш.

Аз пургўй ҳазар кардан лозим аст ва ба чизе, ки аз дигарон мепурсанд, посух додан лозим нест. Агар каси дигар ба ҷавоб додан машғул шавад, ба ҷавоби беҳтар аз он ҳам қодир бошй, сабр бояд кард, то сухан тамом шавад. Пас, ба ваҷҳе, ки ҷавоби аввал инкор нагардад, тақрир бояд кард. Агар суханро аз ў пўшида донистанй шаванд, кўшиши шунидан лозим нест.

Дар сўҳбати бузургон ва мавориди дигар сир гуфтан лозим нест, зеро кассе, ки дар назди вай ду тан сир мегўянд, он касс аз онҳо бадгумон мешавад ва кина дар дил мегирад.

Дар тамаллуқ ва тазарруот муболиға кардан лозим нест, зеро вай аломати ваҳшат ва бегонагӣ бувад . Бо касони бузургтар бо киноят нисбат ба худ сухан бояд гуфт, лекин дар он муболиға лозим нест. Агар дар сухан маънои ғомиз, яъне мушкил ва дур аз фаҳм воқеъ шавад, бо чизе ва мисоле онро тавзеҳ додан лозим аст. То Сухане, ки ба ў тақрир мекунанд, тамом нашавад, ба ҷавоб машғул нашавад. Ҳар чӣ гуфтанӣ аст, то дар хотир муқаррар нагардад, дар лафз оварданд лозим нест. Дар вақти сухан гуфтан ба дасту чашму абрў ишора ишора набояд кард, магар сухан аз чунин ишорате латиф шуда бошад.

Гўянда бояд ҳаракат, ақвол ва афъоли ҳеҷ касро муҳокот (тақлид) накунад ва сухани дақиқ бо кассе, ки қудрати фаҳми онро надорад, нагўяд. То тавонад суханро мувофиқи қонуни шаръ, одоб ва мизони ақл бигўяд, дар акси ҳол ба мазоҳи шунаванда қарор мегирад ва дар миёни мардум чунин сухани беҷо овоза хоҳад шуд.

Барои мардум ҳеҷ чиз аз сўҳбати бехирадон зиёнкортар нест ва сўҳбати онҳо оқибат ба ҷуз надомат чизи дигаре намедиҳад. Бузургон гуфтаанд, ки «бад будан беҳтар, ки бо бадон нишастанд» ва » кўҳ буридан осонтар, ки аблаҳ дидан».

Донишмандони гузашта ақида доштанд, ки донишмандон ва уламо бояд ба бузургони замон панд гўянд ва онҳо ин пандҳоро бишнаванд. Аз ҷумла нақл аст, ки вақте миёни Қобуси Вушмагир ва Шайх Абўалӣ Сино мулоқот афтод, Қобус аз Шайх илтимоси мулозимат кард. Шайх ибо намуд. Қобус гуфт:

— Чун давоми истифодат аз хидмат сурат намебандад, хоҳам аз уюни ҳикмат шарбат фармоӣ, ки сабаби шифо ва қонуни наҷоти манн бошад.

Шайх гуфт:

— Адвияи ин шарбат даҳ хислат аст, аввал сидқ дар роҳи ҳақ ва инсоф бо халқ ва қаҳр бо нафс ва суол аз олимон ва самт бо ҷоҳилон ва ҳурмати меҳтарон ва шафқат бар зердастон ва насиҳат бо дўстон ва ҳилм бо душманон ва базл бо дарвешон.

Дар сўҳбати бузургон ва мансабдорон бисёр даъвии фазлу дониш накунад. Аз зиёдии сўҳбати ҳамнишинон бо онҳо густох шудан лозим нест.

Муҳовара ва шахсияти муҳовир

Маънои муҳовара бо ҳам гуфтугў кардан, сўҳбат оростан мебошад. Бар ҳасби истилоҳ муҳовара маърифати мавқеъҳои калому гуфтор, тозагиҳои ҳадисро бо гурўҳҳои мардум мегўянд, ки бо латоифу нукот ва масалу шеъру достону ҳикоёт ороиш ёфта бошанд. Баъзеҳо муҳоворотро фанни муҳозирот ҳам хондаанд, ки маънояш ҳозирсуханронӣ мебошад.

Муҳовир касеро мегўянд, ки дар сўҳбати бузургону донишмандон аз худ каломи суханварӣ, одоби сўҳбату фазилат изҳор карда бошад. Чунин касс бояд оқил, фозил, соҳиби хотираи қавӣ ва зеҳни тавоно бошад. Вай шахси ботадбир, хушлибос аст. Муҳовир маъмулан дар дарбори подшоҳон вазифаи надимро ба ҷой меовард, ки вазифааш сўҳбати ғайрирасмӣ бо бузургони замон ба хотири вақтхушӣ ва тарбияи фазлу фаросат буд.

Нақл аст, ки вақте мамолики Эронро Искандар гирифт, мутаваҷҷеҳи Ҳиндустон шуд. Пеш аз вуруд, ў ба волиҳои ин кишвар нома навишт, ки ба ту маълум аст, бо мулуки ҷаҳон ва подшоҳи Эрон чӣ рафт ва пеш аз омадани лашкари искандарӣ ба хидмат шитобӣ, беҳтар.

Вақте нома ба сарвари волиён расид, донист , ки маҷоли мухолифат надорад, ваъдаи ба хидмат расидан кард, ба Искандар чунин ҳадяҳо фиристод: духтари соҳибҷамоле, қадаҳе аз ёқути румонӣ, сеюм — надиме, ки дар ҳусни муҳоварат ва одоби надимӣ нодираи замон буд, ҷаҳорум — табибе моҳир.

Искандар пеш аз қабули надим ба санҷидани ў машғул шуд. Пўсти ҷузеро пур аз равған карда пеши ў фиристод.. ỹ чанд сўзан дар он зада, бозпас фиристод. Искандар сўзанҳоро берун кашид ва фармуд, онро гўй сохтанд ва пеши ў фиристод. ỹ онро паҳну ҳамвор карду сайқал дод ва бозпас фиристод . Искандар Каме об бар вай рехт ва пеши ў фиристод ỹ онро ба дасторча пок карду бозпас фиристод.

Искандар ўро қабул карду аз он рамзҳо пурсон шуда гуфт: — Пўсти ҷуз пури равған кардан маънои онро дорад, ки дили манн пур аз илму ҳикмат аст ва маро бандаю муршиде ҳоҷат нест. Ҷавоб ин буд, ки ҳарчанд чунон аст, худро ба ҳилат ҷой додан мумкин аст. Гўй далели он буд, ки дили манн сахт аст. Ҳамвор карданаш ин маъно дорад, ки ҳарчанд оҳан сахт аст, онро оина тавон сохтан. Об рехтан чунин маънӣ, ки оина ҳам занг мегирад. Манн онро бистурдам, яъне зоил карданаш осон бошад.

Искадар ба ў таҳсин гуфт ва ба мубоҳисаю мутоиба машғул шуд.

Муҳовир дар ҳангоми сўҳбат бояд ба каси дигар мутаваҷҷеҳ нашавад. Инчунин дар вақти шунидани сухан ба чизи дигар бояд мултафит нашавад, чунки забти суханро ба пуррагӣ натавонад. Фурў гузоштан маъниро аз миён мебарад ва ба такрор пурсидан аз адаб нест.

Муҳовир таъриху сирати подшоҳону бузургон, мақолоти аҳли олам ва амсол бағоят хуб донад, зеро ўро ба инҳо бисёр эҳтиёҷ афтад. Зинати муҳоварат ва иборат аз абёту шеъри писандида, масалу нукоти баргузида падид меояд. Шеърро нек гуфтану шинохтан дар урфи тоҷикӣ аз сифатҳои ҳамидаи гўянда мебошад. Вай шеърро чун далелу бурҳон ва воситаи тасдиқи фикру андеша ба кор мебарад.

Овардаанд, ки Абўбакри Хоразмшоҳ вақте ба пеши Соҳиб ибни Аббос рафт. Мутанаббӣ он ҷо ҳозир буд. Мутанаббӣ гуфт:

— Соҳиб шарт кардааст, ки ҳар кӣ дар ҳалқаи надимони ў ояд, бояд шаст ҳазор байт ёд дошта бошад.

Абўбакр гуфт:

— Аз ашъори қудамо ё муваллидон?

Соҳиб фармуд:

Аз ашъори қудамо.

Абўбакр гуфт:

-Аз гуфтаҳои занон ё мардон?

Соҳиб фармуд:

— Аз гуфтаҳои занон.

Абўбакр гуфт:

— Аз гуфтаҳои духтарони бикр.

Абўбакри Хоразмӣ бархост, то бихонад. Соҳиб чун аз фазли ў воқиф шуд, ба ў муҳаббати зиёде изҳор намуд ва панҷ ҳазор динор бахшид Абўбакр аз ин муомила биранҷид.

Дар кайфияти муҳоварат

Имтиёзи инсон ба ҳайвонот ба фазилати нутқ ва мазияти баён аст. Муртабаи инсон бар ҳусни сухан ва фасоҳату балоғат падид меояд. Дар олам аз сухани бо ҳунари наву тоза ва хирад сайқалёфта ёдгори пойдортару устувортаре нест. Бинобар ин мутакаллим бояд дар танқеҳ таҳзиб ва таҳсини он кўшад ва сухан санҷиддаю писандида гўяд, то гирифтори маломат нагардад.

Дар хитобат мутакаллим ба сареҳ ва дар китобат риояти дурустӣ намояд. Аз баски як маъниро ба чанд маънӣ дар иборат овардан мушкил аст, таъбир аз мақсуд чунон бояд кард , ки аз маънои нохушу муфсид холӣ бошад. Бояд сухан чунон бошад, ки бар мутакаллим ҳеҷ гунна гирифтане наёяд. Мегўянд, аз Ибни Аббос пурсидаанд, ки ту бузургтарӣ ё Мустафо» Гуфт: » ỹ бузургтар аст, аммо валодати ман бештар бувад».

Сухане ки бар хотири баъзе аз мустамеъон гарон ояд, то мумкин бошад, набояд гуфт. Мегўянд султон Санҷар қасди Хоразм кард ва дар ҳаволии қасабаи Ҳазорасп фуруд омад. Анварӣ дар хидмати ў буд, ин ду байт бар тире аз тирҳои султон навишт:

Эй шоҳ, ҳама рўи ҷаҳон ҳасб турост,

В – аз давлату иқболи ҷаҳон касб турост.

Имрўз ба як ҳамла Ҳазорасп бигир,

Фардо Хоразму сад ҳазор асп турост.

Султон Санҷар он тирро ба Ҳазорасп андохт. Шоир Рашидуддини Ватвот дар Ҳазорасп буд. Ба ин байти Анварӣ ҷавоб навишт ва дод, то дар лашкари Санҷар андохтанд. Байт:

Гар хасми ту, эй шоҳ, шавад Рустами гурд,

Як хас зи Ҳазорасп натвонад бурд.

Вақте баъди чанд рўз Санҷар Ҳазораспро гирифт, фармуд, ки ҳафт узви Рашиди Ватвотро аз якдигар ҷудо кунанд. Рашиди ватвот марди кўчаке буд, гуфт: «Ватвот мурғаке заиф аст, ўро ба ҳафт пора натавон кард». Султон аз хубии ин сухан ўро бубахшид.

Сироҷидини Қумрӣ аз Омул ба деҳе мерафт, ки онро Пас мегўянд. Аз Омул то он деҳ қариб шаш фарсанг роҳ буд ва бештари роҳ беша ва гилу лой. Чун роҳ надида буд, ҳар киро медид, мепурсид, ки роҳи Пас кадом аст? Ногоҳ рустоие ба ўрасид, ки гаҳвора ба дўш гирифта бо зану бача бо сад меҳнат мерафт. Аз ў низ пурсид, ки роҳи Пас кадом аст. Рустоӣ гуфт:

-Эй мавлоно, агар манн роҳи пас медонистам, ҷаври гаҳвора намекашидам.

 Мақсади сухан ва муҳовара

Мақсад аз сухан гуфтан ибрози назари хос аст, ки барои шунаванда наву тоза ва шевою гуворо бошад. Бидуни тозагии маълумоту ҳусни гуфтор шунаванда ба чизҳои маълуму машҳур эътибор нахоҳад дод. Сухани бемаънию камфарҳангро жожхой ва гўяндаашро фузулу донотарош ва беҳўдагуй хондаанд.

Чаҳор омили асосии суханофаринй шинохта шудаанд: ҳадафи сухан, таҳрезй, маводи лозима ва зуҳури шахсияти суханвар. Шахсияти суханвар дар таркиби се омили аввала зоҳир мешавад.

Сухан асосан барои матолиби созанда ва наву бунёдгари иҷтимой, илмй, фарҳангй ва динй гуфта мешавад ба нияти такмили рўҳия, маънавият ва андешаҳо. Он ҷо ки сухан бар интиқоди авомиле манфй ва ногувор ронда шавад, боз ҳам ба хотири тасдиқи аносири мусбат мебошад. Танқиду инкори маҳрум аз бунёди созандагй ба зудй дил ба зан шуда, ба хотиру андеша гаронй меорад ва сухани нотиқ номақбулу шахсияташ манфй менамояд.

Суханваар аз сухан се ғарази аслй дошта метавонад: якум, иқноъ, ки бовар кунонидани шунаванда ба шахсияти нотиқ ва сухани ўст. Дуюм, ҷалб кардани шунаванда ба гуфтори худ ба андозаи қабулу бовар кардан. Сеюм, барангехтани андешаю хотири шунаванда ва кўшиши дар дилҳо ҷой гирифтан. Шунавандаро бод алел бовар кунонидан мумкин аст, ҷалби таваҷҷўҳ аз одоб, садо, тарзи гуфтор ва дигар сифатҳое, кки аз худ зоҳир мекунад. Барангехтани сухан ба таъсири калон аз майлу рағбат, хоҳиш ва авотиф вобаста мебошад. Далелҳо ба ақлу ҳуш равона мешаванд, ҳусни ахлоқу одоб ба дилҳо таъсир мекунад ва хоҳишу авотиф ба эҳсосоту нафс ангезиш медиҳад.

Одоби ҳамида барои он лозим аст, ки мардум то ба ҳусни ахлоқ, рафтору кирдор эътиноҳ ва эътибор надошта бошанд, ўро гўш нахоҳанд кард. Суханварро бояд хайрхоҳ, самимй, меҳрубон ва мўҳтарам бидонанд ва дар вай гумони кизбу дурўғ ва тамаъ эҳсос накунанд. Бинобар ин ҳар кй суханвариро пеша карда бошад ё касбу кораш бо ин ҳунар алоқае бигирад, бояд аз ин авсофи ҳамида бархурдор гардад. Вайро шунавандагон бояд беғараз, хайрхоҳ ва ростгў биёбанд ва ба ин васила ба сўяш майлу рағбат ва хоҳиши шунидан пайдо кунанд. Суханвар дар ибрози мақсад бояд доно бинанда, соҳиб таҷриба ба шунавандагон намудор гардад, ки аз рўи фаҳму донишу таҷриба, самимию беғараз, баҳри ниятҳои неку пок сухан мегўяд, ҳоли гузашта, имрўза ва ояндаи матолибро дурусту рост мефаҳмаду дарк менамояд. Шунавандагон бояд дар чунин ақида устувор дошта шаванд, ки онҳоро гўянда бозича насохта ва фиреб надодааст ва чунин ният ҳам қатъан дар миён гузошта намешавад.

Суханвар майлу рағбат ва авотифи инсониро , ки хоҳишҳои мардумиро таҳрик медиҳанд ва дар нафси ў кора доранд, бояд ба эътибор бигирад. Инсон дар аксари маврид мувофиқи хоҳишҳои нафсонӣ, на роҳнамоии далоили ақлӣ амал мекунад. Гуянда ҳамин хоҳишу майли мардумиро ба эътибор бигирад ва суханонашро тарзе бигузорад, ки дар онҳо таъсир дошта ва боиси таҳрикоти нафсонӣ гардида бошад. Сухани ў бояд шўрангез бошад ва парварандаи эҳсосот, то ин ки дар вуҷуди инсонӣ ҳамин гуна авотифро барангехта тавонад. Бунёди одами шўрангез дўстию душманӣ, буғзу кина, меҳру вафо, рашку ҳасад, ҷавонмардию ҳиммати онҳо мебошад. Мақсад аз шўрангезӣ ба сўи амале аз ҷиҳати нафсонӣ ва ақлонӣ омада сохтани касс аст. Барои ин худи суханвар ҳам дар сар нисбат ба мавзўъ бояд шўр ва завқу ҳавасе дошта бошад. Масал, дар мавриде ваъзи динӣ мегўяд, қавли мазҳабӣ, маънавият ва завқи ваҳдонияту холиқияти парвардигор дар зеҳнаш мутамаккин бошад. Дар мавриди баҳсе иҷтимоӣ, илмӣ, фарҳангӣ низ ҳамин ҳукм барҷост. Мисол: агар сухан дар бораи мусиқӣ ё шеър бошад, на фақат аз моҳият, олоти ҳунарию мавзўии онҳо бохабар мебояд буд, балки завқи фаҳму дирояти онҳоро низ мебояд дошт. Аммо андозаи харҷи завқу шавқ вобаста ба мавзўъ ва мавқеъ аст. Ҳама вақт ба як мааром, дар камоли эҳсосот ё ҳадди миёнаю поён сухан рондан мумкин нест. Барои ин гўянда меъёру мақоми тасалсули уфтору ҳанги онро бояд тамиз кунад. Инчунин вазъи шунавандаа низ дар мавриди барангехтан бояд мавриди эътибор қарор дошта бошад, зеро шўрангезӣ барои аҳли фазлу дониш дигар, барои авом дар ҷои дигар аст:

Хештаншинос будан шарти бисёр муҳимми суханварист. Мирзо Бедил фармудааст:

Ҳар касс ки иҷози худ надонад,

Ҳиморею ҳимоорею ҳиморе.

Вақте суханвар ҷавоне бошаду шеваи калонсолонро бигирад ё баръакс, дар пеши шунаванда ба вазъи ногуворе хоҳад монд. Чунин муносибат аз ҳайати шунавандагон низ вобаста аст Хулоса, шўру шааф аз мавриди сухан, мақоми гуфтор (дар аввал, миёна ё охир), вазъи гўянда ва шунаванда вобаста мебошад.

Барои суханвар шиносоӣ аз муқаддимоти мантиқ, қиёсоти бурҳонӣ, шеърӣ, хитобӣ, ҷадалоӣ ва суфистоӣ зарур аст. Ошно будан бо асосҳои мантиқии сухан баҳс барои пайванди мантиқии сохтори баҳсу андешаронӣ зарур мебошад.

Пайванд ва рабти сухан

Суханварӣ, ба иловаи асосҳои ҳунарӣ , балки тибқи зарурат ифодаи маъноест ва ин маъно ба тартибу низоме бояд пайванд гардад ва гузориш ёбад. Ҳар як аз рукну ҷузъиёти мавзўъ ва маънои суханронӣ дар мавқеъ ва ҷои худ гуфта нашавад, матлаб ҳосил нахоҳад гашт. Лекин қонуни сохти суханроние, ки тартибу низоми ҳамагонӣ дошта бошад, низ мавҷуд нест. Аз як тараф, ҳар як мавзўъ, вобаста ба ҳаҷму мазмун низоми хосро мехоҳад. Аз ҷониби дигар, сабабҳои хусусӣ ва воқеӣ низ талаб менамоянд, ки сохтору тартиби сухан фардию нотакрор бошад. Суханварӣ монанди ҳамаи ҳунарҳои дигари фикрӣ ду рукни муваффақият дорад: якум, илова ба дониши умумӣ, маълумоти касбӣ доштан, яъне огоҳӣ аз тарзу қареҳаи суханварону воизони шўҳратманди пешин доштан, мактаби ҳунару салиқаи онҳоро аз бар кардан. Дувум, қудрату имконоти фитрӣ, ки бо завқи салим ва салиқаи мустақил дар алоқа ва пайвастагӣ мебошад.

Асоси пайванд ва рабти сухан мавзўъ мебошад, ки гузоришу дастраси сомеон гардониданаш низоми нутқро ба вуҷуд меорад. Инчуни тартибу пайванди сухан ба мақсади гўянда ҳам вобаста аст. Масалан, агар донишҷў ба нияти ниёзи пулӣ бо падари худ телефонӣ гуфтугў кунад, аввал сухан аз мушкилоти рўзгор оғоз мекунад, то ин ки падар аз мақсад пай бибарад ё худ аз рамуз огоҳ гардад. Дар сурате ин мавзўъ матраҳ набошад, сўҳбат шакли хушҳолӣ ва қаноатмандӣ мегирад. Ба ҳар ҳол сухан бояд табиӣ, бо рабти мавзўю мантиқ ва мувофиқи ҳол бошад. Аз ин ҷиҳат шартҳои умумие барои низоми сухан эътироф мешаванд, ки дар кули суханрониҳо эътибор доранд ва бо ивази тибқи зарурати пешомадаи омилҳо бояд риоя бишаванд.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *