Фанни Психология

Шаклхои хиссиёт

Нақша:

1.Маълумот дар бораи рағбат ва кайфия.

2. Мафҳуми аффект ва стрес.

3.Тавсифи психологии депрессия ва фрустратсия.

Давомнокии ҳиссиёт ва ҳолатҳои рӯҳии одам,пеш аз ҳама ба таъсири қувваи ашёҳо ва ҳодисаҳои олами воқеӣ, пурзӯр ва суст, шиддатнок ва мӯътадил будани онҳо вобаста аст. Зеро аз таъсири пурзӯри ҳиссиёти мусбату манфии ангезандаҳо кори пурсамари қувваҳои зеҳнӣ ва ақлонии одам фаъол ва ё ғайрифаъол сурат мегиранд. Дар натиҷаи ин мумкин аст, ки ҳиссиёти болидарӯҳӣ ва ё маҳзунӣ дар симои одам ҳаракатҳои рангу рӯй, имову ишораҳо, тарзи нишаст,оҳанги талаффӯз ва нутқи вай бисёр равшан ва ё на он қадар пурҷӯшу хӯрӯш ифода ёбад. Манбаи пайдоиши ҳиссиёт ба таъсири қувваи барангезишҳои дохилӣ ва берунӣ,ки дар шакли мутаассиршавӣ зоҳир шуда,муддате вазъи рӯҳи одамро фаро мегирад, вобаста аст. Ҳиссиёт ба пурмазмуну шавқовар гузаштани фаъолияти таълимӣ,меҳнатӣ,бозӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти инсонӣ таъсири амиқ мерасонад. Ҳиссиёт дар шакли кайфия, аффект, шиддати рӯҳи (стресс), рағбат, таҷовуз (агрессия), афтодарӯҳӣ (депрессия) ва фрустратсия зоҳир мешавад. Психологҳо муайян намуданд, ки ҳолатҳои психологии одам мафҳумҳои кайфият, рағбат ва фрустратсияро дар бар мегирад. Яке аз шаклҳои ҳиссиёт кайфият мебошад.

Ҳолати психологие, ки муддати муайян вазъи рӯҳии одамро фаро гирифта дар шакли болидарӯҳӣ ва ё пастшавии вазъи рӯҳӣ зоҳир мешавад, кайфия номида мешавад. Ҳолати болидарӯҳӣ ва ё нохушии табъи шахс дар симои зоҳирӣ, қиёфа, рангу рӯй, ҳаракатҳои ифоданоки бадан, тарзи нишаст, назар андӯхтан, паст ва ё баланд садо додани нутқи вай ифода меёбад. Манбаи рушду нумӯъ ва тағйирёбии ҳисиёти одам, пеш аз ҳама бо объектҳои дунёи моддӣ : табиат, ашёҳо, одамон, нақлиёт, биноҳо, асарҳои санъат, воситаҳои коммуникатсия ; радио, телевизон, матбуоти даврӣ ва воқеаҳои ҳаёти ҷомеа, муошироти байниҳамии одамон дар оила, кӯдакистон, мактаб ва ҷойҳои ҷамъиятӣ вобаста аст. Масалан, гоҳҳо ба қиёфаи шахс назар андӯхта мегӯем, ки имрӯз касе табъи ӯро хира кардааст ва ё дар симои вай кайфияи хушҳолӣ ва болидарӯҳӣ ҳувайдост. Зеро кайфияи хуби рӯҳӣ ба пурмазмун ҷоришавии эҳсосу идрок, диққат, хотир, тафаккур, тахайюл ва дигар протсессҳои психикӣ таъсири мусбати эмотсионалӣ бахшида ба сермаҳсул ҷоришавии кори шуур мусоидат менамояд.

Дар ҳолати нохушӣ ва ранҷурӣ табъи одам хира шуда, парешонии диққат, вазъи рӯҳии ӯро фаро мегирад. Ҳангоми рух додани ҳиссиёт одам аз таъсири чизе хурсанд ва ё ғамгин мешавад. Вобаста ба ин, таъсири чизе оташи қаҳру ғазаби одамро зиёд мекунаду ҳодисаи дигаре одамро ба тарсу ҳасрос ва ташвиш меорад. Одам ба касе ҳисси таваҷҷӯҳ ва нисбат ба шахси дигар ҳисси бадбинӣ зоҳир мекунад. Ба фаъолияти як зумра одамон таваҷҷӯҳи беандоза зоҳир мекунаду, вале фаъолияти дигарон шавқу ҳавасӣ ӯро бедор намекунад. Ҳамин тавр он ҳолати умумӣ – эмотсионалие, ки дар давоми вақти муайян фикру ҳиссиёт,хулқу одоб ва рафтори одамро фаро гирифта, ба муносибатҳои азсаргузаронии ӯ тобишҳои эмотсионалӣ мебахшад, мазмуни кайфияро дар бар мегирад.

Ҳаминро бояд гуфт, ки хира ва ё нохуш гардидани табъи одамон сабабҳои хело гуногун доранд, вале мо баъзе онҳоро дида мебароем. а)мӯътадил ва хуб набудани аҳволи саломатӣ. б) таъсири манфии муҳити атроф, шахсони алоҳида ва носолимии муҳити психологии оила, мактаб. в)хуб набудани муҳити психологии ҷои корӣ, истеҳсолот, коллекиви муаллимони мактаб, мудом зери танқиду фишори рӯҳӣ қарор гирифтани коргарон, омӯзгорон, риоя накардани ҳусни тафоҳум ва номувофиқатии психологӣ. г) камхобӣ,риоя накардани тартиби рӯз, мувофиқи табъ набудани маводҳои ғизо, ноором будани системаи асаб,хело зиёд будани тараддуду ташвишҳои зиндагӣ ва созгор набудани муоширати дохили оилавӣ. д) ногаҳон шунидани хабари шум. е)дар рафти фаъолият ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шуда бо осонӣ ба комёбиҳо муваффақ нашудан. ё) носолимии фазои сиёсӣ, иқтисодӣ ва тираю хира будани авзои ҷомеа. ж)нохост вазъи рӯҳии одамро беихтиёр фаро гирифтани тасаввуроту фикрҳои беасоси хаёлӣ, орзуҳои ширин ва дар вақти муайян қонеъ гардонида натавонистани талаботи моддию маънавӣ. Ғайр аз ин устувор ва мӯътадил нигоҳ доштани ҳолати кайфияи одам ба шартҳои зерини психологӣ вобаста аст, ки баъзеи онҳоро шарҳу эзоҳ дода мегузарем. 1. Ба мизоҷу хислатҳои характер вобаста будани эмотсия ва ҳиссиёти одам. 2.Ба хусусиятҳои синнусолӣ ва психологии одам алоқаи усувор ва ногусастанӣ доштани ҳиссиёт. 3. Устувории кайфияи одам ба тафовутҳои инфиродӣ, ирода, ваҷҳҳои амал, хоҳишу талабот, шавқу ҳавас алоқаманд аст. 4.Мӯътадил нигоҳдории кайфия пеш аз ҳама ба мувофиқ будани шавқу ҳавас, хоҳишу талабот ва ба ин ё он навъи фаъолият вобаста аст. 5. Кӯшиш бояд кард, ки одам аз иҷрои амалу рафторҳои бад худдорӣ намояд ва ба тарбияи хислатҳои манфии худ машғул шавад. 6. Одам ба он саъй кунад, ки худро дар вазъияти нави ҷои корӣ мутобиқ созад ва дар ҳолатҳои басо ҳассосу ғайримуқаррарӣ ҳиссиёти худро ба низои дарорад. 7. Аз қалбу рӯҳ дур сохтани кибру ғурур, кину адоват, нохушиҳои ҳаётӣ, таъсиротҳо ва бо тезӣ аз сар гузаронидани мушкилоти ҳаётӣ, дарду алам, андӯҳгинӣ, худро таскин додан ва ба оянда бо чашми нек назар андӯхтан. 8.Тағйир додани муҳити зист, ҷои кор ва дар ҳолати мушкилоти зиндагӣ, вазъи бӯҳронӣ худдорӣ намудан ва ақли солимро ба кор бурдан.

Лекин кайфияи рӯҳии кӯдакон нисбат ба ҳолатҳои рӯҳии шахсони калонсол ноустувор буда, бо тези ҳиссиёти онҳо тағйир меёбад, ки ин ҳолатро дар рӯҳияи онҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Дар одамони системаи асаби оромтабиату ботамкин, баробарвазну системаи асаби суст дошта ҳам, рӯҳияи устувории қобилияти кориро дидан мумкин аст. Дар одамони тундмизоҷ бошад, ҳолати оташинӣ, серҳаракатӣ ва ба ҷушӯхурӯшоӣ, ранҷишу хира гардидани кайфия дар як муддати кӯтоҳ ба вуҷуд омада, вазъи рӯҳии онҳоро фаро мегирад. Ин ҳолати физиологӣ тағйиротҳои муҳимро дар кайфияи одам ба вуҷуд оварда, ба кори мӯътадили фаъолияти системаи асаб ва кори узвҳои дохилӣ таъсир бахшида барои ба шароитҳои муҳити зист мутобиқ шудани организм мусоидат мекунад.Бинобар ин системаи асаб танҳо ба таъсиротҳои дунёи моддӣ амали ҷавобӣ намегардонад, балки вай ба хосиятҳои табиӣ-модарзодӣ ва таҷрибаи дар рафти зиндагӣ ҳосилгардидаи системаи асаб алоқаи устувор дорад. Инчунин кайфия ба кору фаъолияти одамон бе таъсир намемонад. Баъзе одамон дар ҳолати оромӣ, болидарӯҳӣ, хуб будани вазъи авзои рӯҳӣ ва аз фаъолияти худ қаноатманд будан хело самаранок кор мекунанд. Одам ҳангоми нохуш будани вазъи рӯҳӣ ва дар ҳолати истироб, мутаассиршавӣ, ранҷурӣ, хомӯшӣ, ғазаб ва таҳти таҳдиду фишори рӯҳӣ гирифтор будан, сермаҳсул кор карда наметавонад.

Табиист, ки кору фаъолияти одам дар ҳолати ба қаҳру ғазаби рӯҳӣ гирифтор будан самараи хуб намедиҳад. Масалан, муаллим дар ҳолати ноором будани вазъи рӯҳӣ вориди синф мешавад. Таъсири ҳолати нохушии муаллим рӯҳияи хонандагонро фаро мегирад. Бо вуҷуди ин муаллим дар дарс аз ибтидо то анҷоми он худро чунон вонамуд месозад, ки гӯё чизе ба ӯ асар накарда бошад. Ӯ кӯшиш менамояд, ки ҳиссиёти худро хомӯш нигоҳ дорад. Аммо дар ибтидои дарс даҳҳо чашмони зираку нуқтасанҷи бачаҳо ба ҳолатҳои рӯҳии муаллим нигарон буданд.Онҳо аз ҳолатҳои рӯҳии муаллим пай мебурданд ва беихтиёр ба худ савол медоданд, ки барои чӣ рӯҳияи устодро ҳолати ғамгинӣ ва як навъ ноумедӣ фаро гирифтааст. Бо вуҷуди як навъ ноумедӣ муаллим кӯшиш мекард, ки аз тамоми воситаҳо, шаклҳо ва методҳои сермаҳсули таълим истифода бурда, дар лаҳзаҳои дарс вазъи мӯътадили хуби кориро мӯҳайё созад. Ба муаллим муяссар мешавад, ки дар синф рӯҳияи фаъоли корӣ, ташаббус, муташаккилии диққат ва хотираи ихтиёриро ба вуҷуд оварда, барои самаранок ба роҳ мондани раванди таълиму тарбия аз тағйиротҳои печдарпечи ноаёни вазъи рӯҳии аҳли синф пай бурда, кӯшиш ба харҷ медод,ки дар синф рӯҳияи солими корӣ фароҳам оварда шавад. Дар баробари ин муҳайё сохтани муҳити солими психологӣ омили муҳими беҳтар шудани раванди таълиму тарбия ба шумор меравад. Вале баъзан нохост рух додани ҳолати аффективӣ боиси халалдор сохтани кайфияи аҳли синф мегардад.

Аффект (Шиддати баланди ҳаёҷони рӯҳӣ). Ҳолати эмотсионалие, ки муддати муайян вазъи рӯҳии одамро ноором сохта, ба шиддатёбии ҳаяҷони асабӣ мусоидат карда, бар асари он ҳолати пурҷӯшухурӯши оташини қишрҳои мағзи сарро фаро мегирад, аффект номида мешавад.

Масалан, одам бар асари таъсири манфии шахсони атроф, кирдорҳои бади баъзе ҷавонон, шунидани хабари нохуш, шахс яку якбора ба ғазаб омада бонги истироб зада, ноумедиро эҳсос карда, сахт ба ҳарос меояд. Дар чунин вазъияти басо ҳассос қишрҳои мағзи сари одамро ҳолати ҳаяҷони шиддати баланди рӯҳӣ фаро мегирад. Муайян гардидааст, ки дар ҳолати аффект дар симои зоҳирии одам ҳисиёти қаҳру ғазаб, биму ҳарос, оташинии ҳаёҷони пурҷӯшухурӯши эмотсионалӣ зоҳир мегардад. Бар асари аффект дар қиёфаи одам тағйиротҳои гуногун дар шакли оташинӣ, ноумедӣ, қошу қавоқ андохтан, ҳувайдо гардида, рафтори одамро як навъ ҳаракатҳои бенизом фаро мегирад. Рафтори одам бетартибона ва нутқаш ғайримуқаррарӣ шуда аз оташи қаҳру ғазаб дандон ба дандон мезанад, набзи дил зиёд шуда, кори аъзоҳои нафаскашӣ ва нафасбарорӣ зудтару чуқуртар мегардад. Дар натиҷаи ин бартарии амалҳои импулсивии бешуурона зиёд шуда, вазъи pӯҳии одамро фаро мегирад. Дар чунин ҳолат одам муваққатан ихтиёри худро аз даст медиҳад ва бо ҳамин кори назорати пӯстлохи майнаи cap бар асари таъсири шиддати баланди ҳаёҷони пурзӯри асабӣ суст шуда, ба содир кардани кирдорҳои бад мусоидат менамояд. Одам дар ҳолати аффект рафтори бетартибона содир мекунад. Дар ҷои худ ором нишаста наметавонад, ба ин ё он тараф ҳаракат мекунад ва имову ишораҳои ӯ ғайриихтиёрӣ мегарданд. Қобилияти худро бошуурона назорат кардану идора намудани амалу рафторҳои ӯ суст шуда, дигар ба оқибатҳои кирдорҳои худ дуруст баҳо намедиҳад. Чунки бар асари қувваи пурзӯри эмотсионалӣ оташи пурҷӯшу хурӯши ҳаёҷони асабӣ вазъи рӯҳии ӯро ноором месозад. Шиддати пурзӯри ҳаёҷони эмотсионалӣ тамоми сатҳи қишрҳои мағзи cap ва марказҳои зерипӯстлохии майнаи сарро фаро мегирад. Дар ҳолати аффект баъзе одамон аз оташи қаҳру ғазаб, ашёҳо ва чизҳои дар наздаш бударо мешикананд ва худро дар ҳолати ҷунунӣ мебинанд. Дару тирезаҳоро бо даст мекубанд, худро ба ҳар тараф мезананд ва ҳатто дар чунин ҳолат онҳо қодиранд, ки даст ба кирдорҳои зишт ва куштор зананд,ҳамчунин дар ҳолати аффект қувваи ҳаяҷони асаб ва қувваи ҷисмонии одам дучандон афзуда,амалу ҳаракатҳои одам ғайримуқарари мегардад. Бо вуҷуди шиддати ҳаёҷони пурзӯри асаб одам бояд худро ба даст гирад ва бар кору кирдори худ ҳукм кунад. Ақидае аст, ки гӯё одам дар ҳолати аффект ҳаракат ва кирдорҳои худро дарк карда наметавонад. Баъди гузаштани ҳолати аффективӣ дар майнаи cap протсесси боздорӣ ҷои ҳаёҷони асабиро фаро мегирад ва дар майнаи cap ҳолати оромӣ ба вуҷуд меояд. Одам баъд аз кирдорҳои худ пушаймон шуда, афсӯс мехӯрад, ки барои чӣ ӯ ба кирдори бад даст задааст. Муайян гардидааст, ки бачагони хурдсол ва кӯдакон дар ҳолати аффект доду фиғон бардошта гиря мекунанд. Ҳангоми аффект дар фаъолияти кори узвҳои дохилӣ тағйирот ба вуҷуд меояд. Аз секретсияи дохилӣ ғадудҳо ҷудо шуда, дар бадани одам мубодилаи моддаҳо мегузаранд. Ин ба тағйиротҳои куллии организм вобаста аст. Одам аз тарсу ҳароси ҳодисаҳои даҳшатовар, садамаҳои нақлиётӣ, зилзила, сухтор, марги нобаҳангом, хабари нохуш, обхезӣ, дидани зарари ҷонию молӣ, хисороти зиёд расидан ба иқтисодиёти оила ва cap задани дигар ҳодисаҳои ҳаёти зиндагӣ ба ҳолати аффективӣ дучор мегардад. Баъзан дар ҳолати аффект, бар асари қувваи пурзӯри тарсу ҳароси зиёд ва ногаҳон шунидани хабари нохуш, ҳамаи ҳаракатҳои фаъоли одам қатъ гардида, бо ҳамин муддати муайян фаъолияти вай хотима меёбад. Аз ин рӯ чӣ гуна вазъияти психологие, ки ботини одамро фаро гирифта бошад ҳам, бисёр хуб мешавад, ки ӯ амалҳои худро зери назорат гирад ва ба алангагирии носозгориҳои муошироти байнишахсӣ роҳ надиҳад. Одамоне, ки мубталои бемориҳои асаби рӯҳӣ гардидаанд, онҳо бар асари хуруҷ кардани қаҳру ғазаби ҷунунӣ ( ҳолати девонагӣ) кирдорҳои бади бешуурона содир мекунанд ва баъди ба вуҷуд омадани ҳолати муътадилӣ кирдорҳои бади худро фаромӯш карда ва аз нав ба ёд намеоранд. Одамони маънаван ва ҷисману рӯҳан солиму бардам рушду нумӯ ёфта, ба ҳеҷ ваҷҳ аз оташи қаҳру ғазаб, шиддати ҳаёҷони пурзӯри эмотсионалӣ ихтиёри худро аз даст надода, бештар кӯшиш менамоянд, ки сабру таҳаммулро пешаи худ карда, амалҳои худро зери назорат гиранд. Чунончи 23-юми феврали 1993 дар poҳи мошингарди Кӯлобу ноҳияи Фархор нохост дар дохили салони автобус сӯхтор ба вуҷуд меояд. Дуди ғализи оташи сӯхтор дар давоми 4-5 дақиқа дохили автобусро печонида мегирад. Мусофирон дар ҳолати алангаи оташи дуди марговар монда, ба таҳлука афтода, аз тарсу ҳарос, доду фиғон мезаданд. Ҳар яке дар кӯшиши ҳимояи ҷисму ҷони худ саъю талош мекард. Ҳиссиёти тарсу воҳима лаҳза ба лаҳза бенизомии рафтори мусофиронро зиёд карда, рӯҳияи тарсу ҳарос ботини онҳоро фаро мегирифт. Бар асари тарсу ҳарос ва даҳшат баъзеи мусофирон кайҳо карахт шуда, дасту по гум карда чӣ кор кардани худро намедонистанд. Аъзои баданашон меларзиданд, дигар мадори роҳгаштанро надоштанд, кори ақлу ҳуши онҳо тира шуда буд. Бар асари ин ҳодисаи ҳузновар наврасону кӯдакони хурдсол, занону модарон, духтарони бокира ба ҳалокат расиданд ва бархе аз ҷавонон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштанд. Миёни мусофирон як духтари 19- сола буд, ки ӯро ба наздики тӯйи арусӣ интизор буд. Ӯ дар оила духтари ягонаи ҷигарпораи падару модар буд. Ҷасади сӯхтаи духтарашро модари муштипар дида, аз тарсу ҳарос, ҳаёҷони шиддати пурзӯри эмотсионалӣ вазъи рӯҳияи ӯро фаро гирифта, оҳу вой мегуфту нолаи ҷонкоҳ мекашид. Модар оҳ духтарам, ҷигарпораам мегуфту сарашро ба ҳар тараф мезад ва то даме, ки қалби пурҳарорати модар гарм буду набз мезад, доду фиғони ӯ баланд садо медод. Оҳ мегуфт модар аз доду фиғони сахти ҳаёҷони баланди рӯҳи беҳуш мешуду ва гоҳҳо ба худ меомад, дар зери лаб ӯ худ ба худ мегуфт:чӣ илоҷ, тақдир ҳамин будааст, модар дубора ба худ омад ва ба хубӣ фаҳмид, ки ҷигарпораашро акнун ба хок супоридаанд, ниҳоят оҳи чуқури ҷонкоҳи сахт кашида, бо ҳамин қалби пурҳарораташ аз тапидан боз монд.

Бояд зикр кард, ки аффект дар ҳолати сар задани низоъ ва носозгориҳои муошироти байнишахсӣ нохост ба вуҷуд меояд,аз ҷиҳати физиологӣ аффект бо роҳи зерин ба вуқӯъ мепайвандад: ҳаёҷоне, ки ба воситаи торҳои асаби марказшитоб дар марказҳои зерипӯстлохии системаи асаб ба вуҷуд меояд ва он аз рӯи қонуни индуксия ва боздории алоқаҳои дуюми сигналӣ сурат гирифта, оқибат ба сусттар иррадиатсияшавии ангезандаҳои пӯстлохи майнаи cap мусоидат мекунад. Аффект бесабаб рӯҳ намедиҳад. Сар задани ҳолати аффективӣ хело гуногун аст. 1. Шунидани хабари нохуш. 2. Сарзадани низоъ ва ихтилофот дар муносибатҳои байнишахсӣ. 3. Риоя накардани ҳусни тафоҳум, мунозираҳои беасоси илмӣ, тарафкашӣ, манфиятҳои худро дар мадди аввалу ва манфиятҳои кулли оммаро сарфи назар кардан. 4. Марги нобаҳангоми шахси наздик, ҳодисаҳои мудҳиш, овозаҳои бардуруғ, тӯҳмату бӯҳтон. 5. Ба одам бесабаб аз берун фишори рӯҳи расонидан, ба фаъолияти ӯ монеъ шуда, инкор кардани ихтирокорӣ ва дастовардҳои эҷодии ӯ. 6. Ба назар нагирифтани имконоту лаёқат, қобилияти фикрӣ ва ҷисмонии шахс. Маълум аст, ки ҳар як шахси солимфикр кӯшиш мекунад, ки дар ҳолати аффект худдорӣ кунад, аммо cap задани аффект ногаҳон ба вуҷуд меояд ва пеши роҳи онро гирифтан хело мушкил аст. Саволе ба миён меояд: «Чӣ бояд кард, ки то ба вуҷуд омадани аффект пеши роҳи он гирифта шавад?» 1. Барои бартараф намудани ҳолати аффективӣ зарур аст, ки ба cap задани он роҳ дода нашавад. Бинобар ин ботини ҳар як шахсро чӣ гуна ҳолати рӯҳие фаро нагирифта бошад ҳам, бо вуҷуди ин ӯ кӯшиш намояд, ки рафтори худро бошуурона идора кунад ва ба эҳсосот дода нашавад. Дар чунин мавқеи басо ҳассос хуб мешавад, ки аз рӯи мақоли халқӣ аввал андеша бад гуфтор» амал намоем, мувофиқи мақсад аст. 2. Ба андешаи аллома Носири Хусрав марди ҳақиқӣ касеро гӯянд, ки ӯ дар ҳолати душвор ва ҳатто бӯҳронӣ хашму газаби худро фурӯ бурда метавонад ва амалҳои худро зери назорат гирифта ба сабру таҳаммул ва худдорӣ риоя кунад. Зеро ба низом даровардани рафтори худ дар ҳолати аффект, пеш аз ҳама ба қувваи ирода ва сифатҳои маънавии шахс вобаста аст. 4. Психологҳо қоидаҳоеро тавсия медиҳанд, ки ба ҳисоб гирифтани онҳо барои содир намудани амалҳои беихтёр дар ҳолати қаҳру ғазаб аҳамияти басо калон дорад. Чунин амалҳо барои паст кардани шиддати ҳаёҷони асаб мусоидат карда, барои ба вучуд омадани ҳолати боздорӣ дар қишрҳои мағзи cap шароити мусоид фароҳам меоранд. Масалан шахе метавонад дар ҳолати cap задани қаҳру ғазаб аз рақами як то сад шуморад. Агар бо ин роҳ бо осони қаҳру ғазабаш паст нашавад, он гоҳ аз рақами сад то сесад шуморад ва ҳамин тавр шуморидани рақамҳоро то ба эътидол омадани вазъи кайфияи рӯҳӣ давом диҳад. Ё ин ки ҳангоми cap задани каҳру ғазаб ва то ба эътидол омадани кори системаи асаб забонро лунда карда,то оромшавии майнаи cap ба тарафи пеш ва қафо бурдан зарур аст. 5. Мирзо Абдулқодири Бедил таъкид мекард, ки дар рафти муошироти байнишахсӣ муноқишаҳо шиддат ёбанд ҳам, яке риштаи қаҳру ғазбро ба сӯи худ кашад, дигаре дар чунин ҳолати басо ҳассос нуги риштаро cap надиҳад дар|он суръат ин шакли муошират ба оқибатҳои номатлуб бурда мерасонад. 6. Худтарбиякуниӣ воситаи муҳими худро аз кирдорҳои бад дур сохтан буда, барои тарбияи сифатҳои маънави -психологии шахс ба аҳамияти калон соҳиб аст.

Стресс(шиддати рӯҳӣ) Ҳолати таназзули шиддатнокии маъюсии психологӣ, ки бар асари он муддате ҳолати мутаассиршавии пурзури эмотсионалӣ фикру ҳис ва кору амалҳои одамро фаро мегираид, стресс номида мешавад.

Шиддати рӯҳӣ хоҳу нохоҳ дар рафти якранг ва ё душвору ғайри муқарарӣ будани фаъолият ба вуҷуд омада, ба ҷоришавии кори протсессҳои психикӣ таъсири манфӣ расонида, қувваи неруи асабро метезонад. Ташвишро дар одам зиёд карда,як навъ маъюсӣ ва ноумедиро ба вуҷуд меорад. Ҳолати шиддати рӯҳӣ дар шароити гузаронидани озмоиш, вазъиятҳои душвор ва ғайримуқаррарӣ будани фаъолият ба вуҷуд омада иҷрои фаъолият аз одам сабру тоқат ва истодагариро талаб мекунад. Баъзан як навъ шиддати рӯҳӣ вазъи психологии одамро чунон фаро мегирад, ки одам дигар бар асари он худро бетарафу ором ва бепарво гирифта наметавонад. Гӯё хотираи одамро чизе мушавваш мегардонад, ӯро ором намегузорад, андешаҳои шиддати фикрӣ ва ҳаракатҳри импулсивии (беихтиёр) эмотсионалӣ вазъи рӯҳии ӯро ноором месозанд. Аз ҷумла дар ҳолати зиёд шудани қувваи шиддати рӯҳӣ одам дар вазъияти хавфу хатар, кам будани ахбороти зарурӣ,маҳдудияти вақти ҷудокардашуда ва ба назар нагирифтани имконоти маънавӣ, зеҳнӣ ва ақлонии худ бо душвории зиёде кору амал мекунад. Масалан хонандагони синфҳои болоӣ баъди хатми мактаби таҳсилоти умумӣ барои ба мактаби олӣ дохил шудан имтиҳон месупоранд. Ғайр аз ин онҳо дар олимпиадаҳои фаннӣ ва дигар озмунҳо фаъолона иштирок карда, хаёҷони шиддати рӯҳиро аз cap мегузаронанд. Ё гурӯҳи тарҷумонҳое, ки дар анҷуманҳо ва конфиренсияҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ иштирок карда, бе тайёрии пешакӣ ва шиносоӣ бо матни тарҷума, фавран аз лаҳзаи оғози конфронс матни баромадро бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ ва дигар забонҳо озод тарҷума менамоянд. Онҳо бе танаффус кор карда, то анҷоми маърӯзаҳо шиддати пурҷӯшу хурӯши рӯҳиро аз cap мегузаронанд. Ҳангоми тарҷумаи маърӯзаҳо доираи ҳаҷми кори тарҷумонҳо хело васеъ шуда, аз онҳо ҳисси масъулиятшиносӣ талаб карда мешавад. Ҳоло психологҳо ба пуррагӣ ҳолати шиддатнокии кори асаб ва озурдахотириро дар одамони касбу кори гуногун –садрнишинони тайёра, ронандагони поездҳои баландсуръат, ронандагони автомашинаҳо, танзимгарони хатҳои роҳи оҳан ва хатҳои парвози нақлиёти ҳавоиро мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар натиҷаи тадқиқотҳои илмӣ психологҳо ду зинаи ба ҳолати шиддати рӯҳӣ гирифтор шуданро муайян кардаанд. Дар зинаи якум, ҳолати озурдахотирӣ дар шакли фишурдашавии мушакҳои аъзои бадан зоҳир шуда, фосилаи вақти амали ҷавобии организм ба таъсиротҳои олами берунӣ хеле меафзояд, қобилияти ҷисмонӣ ва ақлонии одам зиёд мешавад. Дар зинаи дуюм ҳолати парешонии диққати одам бар асари хавфу хатари фаъолияти корӣ, ки барои ҳаёти шахс таҳдид менамоянд, кори шиддати асабро муташанниҷ мегардонад. Ин боиси паст шудани қобилияти кори қувваҳои зеҳнӣ ва ақлонии одам мегардад. Шиддати қувваи эмотсионалӣ ба ҳадди охир расида, аз эҳтимол дур нест, ки чунин ҳолати психологӣ мумкин аст барои сар задании хатогиҳо, садамаҳо ва ҳодисаҳои даҳшатовар мусоидат намояд.

Фрустратсия ҳам як шакли ҳиссиёт буда, бар асари ҳолати мураккаби психикӣ ва бар тараф намудани шиддати вазъи соҳаи эмотсионалӣ зоҳир мешавад. Фрустратсия ҳиссиётест, ки ҳангоми ба мақсади дилхоҳ нарасидани шахс ба вуҷуд меояд. Фрустратсия як ҳолати психологиест, ки ҳангоми ба он гирифтор шудан одам душвориҳо ва мушкилоти ба вуҷуд омадаро бартараф карда, ба мақсади худ мерасад. Фрустратсия танҳо дар бартараф намудани душворию мушкилиҳо зоҳир нашуда, балки одам дар ҳолати фрустратсия худро барои рафъи мушкилоти ба вуҷуд омада мутобиқ сохта тавонистан низ ифода меёбад. Ҳангоми ба осонӣ наёфтани роҳи ҳаллӣ мушкилоти ба вуҷуд омада, ё авҷ гирифтани муноқишаҳои оилавӣ, бенизомии як гурӯҳи хонандагони синф, аз худ рафтани онҳо, ҳодисаи ба шахс фишори рӯҳи овардан, инкори нуқтаи назар ва мулоҳизаҳои асосноки илмӣ метавонанд ба кас фишори рӯҳӣ расонида, дубора дарду алами ӯро бедор карда, барои аз нав авҷ гирифтани хомӯшии ғазаб мусоидат намояд ва оқибат барои сар задании ҳолати таҷовуз (агрессия) ва депрессия оварда расонад.

Агрессия (таҷовуз) ин дар ҳолати нохост ба касе ҳамла овардан ва дар буғӣ кардани ӯ зоҳир мешавад. Агрессия ин ҳолати бисёр ҳассои аффективие мебошад, ки дар рафти рух додани он вазъи кайфияи одамро оташи қаҳру ғазаб фаро гирифта, сайъю кӯшиши ба рақиб зарбаи ногаҳонӣ задан ва ба ӯ зарари ҷисмонию маънавӣ ва молӣ расонидан ва ниҳоят ӯро дар вазъияти ногувор гузоштан ифода меёбад.Ибтидои ҳолати таҷовуз дар шакли таҳдиду фишор, огоҳонидан, ситеза, дуғу пуписа ва ниҳоят нохост дар шакли ба касе дар афтодан, даст ба гиребон задан зоҳир мешавад. Ҳолати агрессия дар зинаи тифлӣ ва барвақти бачагӣ таҷовуз дар шакли бенизом доду фиғон задан, рафтори бенизом, амалҳои зишт, зоҳир намудани дағалӣ, қаҳру ғазаб ва ҳамлаи ногаҳонӣ расонидан ба рақиб ифода меёбад. Дар ҳолати таҷовуз бонги таҳдиду фишор дучандон афзуда одам қобилияти худидоракуниашро муваққатан аз даст дода, қарорҳои беасос қабул карда, рафтору кирдори бешуурона содир менамояд.

Депрессия (ҳолати рӯҳафтодагӣ). Депрессия ҳолати рӯҳии маъюсона, ғамгинона, ки ба дарки ноқисии худ ва бефаъолиятӣ тавсиф дода мешавад. Депрессия ҳолати психологиест, ки баракси агрессия буда, қувваи он хело суст аст ва бештар ғайри фаъол сурат мегирад. Ҳолати депрессионӣ ва ё маъюсӣ дар шакли ғаму андӯҳ, дарду алам, ноумедиҳо, интизорӣ кашидан ба дидори касе, пазмон шудан, мушкилиҳоро аз сар гузаронидан ва бо қувваю ғайрат, кору фаъолияти худ боварӣ надоштан, аз даст додани мавқеъ обрӯю эътибор ва дурнамоии нақшаи ҳаётии худ ва ниҳоят дар зиндагӣ мудом ба мушкилиҳо дучор омадан ифода меёбад. Баъзан одам аз мушкилот ва нобасомониҳои ҳаёти зиндагӣ ҳисси рози набудани худро ба таври зайл ифода менамояд. «Охир ба ман чӣ шуд?», «Ин чӣ кори кардагиам буд?», «Чӣ бояд кард?», «Манн чӣ тавр мушкилоти ба вуҷуд омадаро бартараф карда, мавқеи аввалаамро дар ҳаёт ва зиндагӣ меёбем?» ва ҳоказо,.

Зинаи дигари ҳолати депрессионӣ дар шакли аз сар гузаронидани ноумедӣ ва дигар қувваю ғайрати худ боварӣ надоштан, ғайрифаъолӣ ва дунёбезории шахс зоҳир мешавад. Одам ба ҳолати депрессия дучор шуда, аз ноумедӣ ва тарсу ҳароси зиёд кори ба сомон расондаашро намедонад ва дар ҷояш шах шуда мемонад. Ҳангоми саволу ҷавоб оромиро ихтиёр мекунад ва дигар ҳодисаҳои ҳаётӣ, шавқу ҳаваси ӯро ба худ ҷалб намесозад.

Фрустратсия бошад, дар шаклҳои гуногун ифода меёбад. Масалан, фрустратсия дар лаҳзаи носозгориҳои муошироти байнишахсӣ ва ихтилофот ба вуҷуд меояд. Ҳолати фрустратсия аз аффект ва шиддати рӯҳӣ фарқ мекунад. Аффект дар зери таъсири ангезандаҳои дунёи моддӣ ба вуҷуд омада, муддате кори ақлу шуурро хира мегардонад. Одам ҳангоми ба ҳолати шиддати баланди рӯҳӣ дучор шудан кӯшиш мекунад, ки душвориҳо ва мушкилоти ба вуҷуд омадаро бартараф созад ва баъд дар системаи асаби вай шиддати вазъи рӯҳӣ оҳиста-оҳиста ба эътидол меояд. Лекин одам дар вазъияти ба вуҷуд омада саъю кӯшиш намекунад, чункӣ як навъ ҳиссиёти дилсардӣ ва ноумедӣ вазъи рӯҳии ӯро фаро мегирад, ки ба осонӣ ӯ ба худ намеояд. Дар ҳолати агрессия бошад, одам хело фаъол мегардад. Ба касе дар афтида, ба ӯ зарари ҷисмонӣ ва маънавӣ мерасонад. Дар иртибот ба кассе нохост ҳамла овардан ва ё дар афтодан ин хислати мардии одамро нишон намедиҳад, балки аз хислати заифии иродаи ӯ дарак медиҳад. Шахси қавиирода метавонад дар ҳолати қаҳру ғазаб амалҳои худро ба низом дарорад ва бошуурона рафтор намояд. Бинобар ин ба падару модарон ва муаллимон зарур аст, ки аз синни хурдсолӣ сар карда, дар шууру ҳиссиёти бачагон сифатҳои мусбати иродавӣ аз қабили худдорӣ, сабру тоқат, суботкорӣ, устуворӣ, мақсаднокӣ, мустақилӣ ва бартараф намудани душвориҳоро тарбия намоянд. Ғайр аз ин бачагонро ба он одат намудан лозим аст, ки низоҳо ва конфликтҳои ба вуҷуд омадаро таҳлилу ҷамъбаст карда, барои бартараф намудани онҳо одат намоянд.

Рағбат

Ҳиссиёти пурзӯру устуворе, ки вазъи рӯҳии одамро фаро гирифта, шавқу ҳавас, хоҳиш, талабот ва ваҷҳи ӯро ба ягон кору фаъолият равона месозад, рағбат номида мешавад.

Аз ҷумла рағбат ба хондани китоб, шунидани мусиқӣ, ихтирокорӣ, варзиш, кори илмӣ, навъҳои меҳнат, растанипарварӣ, техника, молу анвол, сармоя ба даст овардан, дӯст доштани истеъмоли машрубот, моддаҳои мадҳушкунанда, бозиҳои шавқовар, тамошои оинаи нилгун рағбатҳои мусбату манфӣ мебошанд. Рағбатҳо ба ду навъ ҷудо мешаванд, рағбатҳои мусбат ва манфӣ. Чунончи рағбат ба мутолиаи адабиёти бадеӣ, қиссаҳои фантастикӣ, драммаҳои фоҷеавӣ, таълифи рисолаҳои илмӣ, маҳбубияти хосса ба санъати омӯзгорӣ, касби тиббӣ, кишоварзӣ, муҳандисӣ ва ғайраҳо. Рағбатҳои мусбат барои рушду нумӯи қувваҳои зеҳнӣ ва ақлонии одамон ва болоравии сатҳи иқтисодии ҷомеа аҳамияти ба ғоят калон дорад. Ҳар як шахс дар рафти иҷрои ин ва ё он фаъолият қувваҳои фикрии худро инкишоф дода, вақти холигии худро ба мутолиа ва ихтирокорӣ сарф намояд, онгоҳ ҳамон қадар сатҳи тараққиёти идрок, эҳсос, хотир, тафаккур ва олами тахаюлоти ӯ мунтазам васеъ шуда, ба маҷмӯи идеал, эътиқод ва системаи ҷаҳонбинии ӯ таъсири мусбат мерасонад. Аз ҷумла истеъмоли нушокиҳои спиртӣ, маводи мухадир ва дигар моддаҳои мадҳушкунандаи асаб, бозиҳои шавқовар, қартабозӣ,тамошои филмҳои фаҳшу зуроварӣ,эротикӣ,сабтҳои гуногуне,ки ба рӯҳияи инсонро хира месозанд, лотобозӣ, вақти холигиро барабас гузаронидан ба ҳиссиёти маънавии одам таъсири манфӣ бахшида, фаъолияти кори рӯҳу шуурро таъғир дода, шавқу ҳавас, талабот ва ваҷҳҳои амали ӯро ба худ ҷалб месозанд. Дар мавриди вазъи рӯҳии одамро фаро гирифтани рағбатҳои мусбат одам гузаштани фосилаҳои вақтро суст эҳсос мекунад. Дар зери таъсири бозиҳои шавқовар бачагону ҷавонон вақти холигии худро самаранок истифода мебаранд. Мумкин аст, ки бар асари рағбатҳои манфӣ одам аз ҷиҳати рӯҳиву маънавӣ коҳиш ёфта, обрӯю шаъну шарафаш паст шуда, мавқеи худро дар оила, ҷойи кор ва ҷомеа аз даст дода, дар тарзҳои системаи муносибатҳои ҷамъиятӣ иштирокчии ғайрифаъол гардад. Одам бояд ба он саъй кунад, ки дар худ рағбатҳои ихтирокорӣ, кори илмӣ бурдан, омӯхтани техника ва ба халқу миллати худ ва ба Ватан-Тоҷикистони азиз софдилона хизмат карда, дар навъҳои меҳнат фаъолона иштирок намояд. Рағбатҳои дар боло ишора шуда, барои рушду нумӯи камолоти маънавӣ –психологии одам таъсири мусбат мерасонад. Шахсоне, ки аз айёми бачагӣ дар рӯҳияи танбалӣ, канорагирӣ, ғайрифаъолӣ, муфтхӯрӣ, қонуншиканӣ, чизпарастӣ, худситоӣ, худбинӣ, якравӣ ва инҷиқӣ тарбия ёфтаанд, ба гумон аст, ки онҳо чун инсони комил рушду нумӯ меёбанд. Барои ташаккули сифатҳои маънавӣ-психологии одам нақши ҳиссиёти олии инсонӣ, ҳиссиёти ахлоқӣ, интеллектуалӣ ва эстетикӣ аҳамияти калон дорад. Ҳиссиёти дар боло зикр шуда, муносибати аз сар гузаронидани эмосионалии одамро нисбат ба олами моддӣ, муҳити зист ва нисбат ба худ ва одамони дигар ифода менамоянд. Ҳиссиёт ба системаи тому мавзуни ҷаҳонбинии шахс алоқаи қавӣ ва ногусастанӣ дошта, ба маҷмӯи рафтор ва хелҳои фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат ва манфӣ мерасонад.

Адабиёт.

  1. Ленин В. И. Рецензия-Пол. Собр, соч. т.25.
  2. Ковалев А. Г. Психология личности. М. Просвешение, 1965г.
  3. Ковалев А. Г. Воспитание чувств М., Педагогика, 1971
  4. Краткий психологический словарь (Сост. А.А. Корпенко).

Под. общ. ред. А. В. Петровского, М.Г. Ярощевского.-М.Политиздат; 1985г..

  • Крутецкий В.А. Психология. М. Просвешение, 1980г.
  • Лавров А. С.; Лаврова О.А. Воспитание чуств. Знание. М; 1968Г.
  • Левитов Н. Д.О. психических состояниях человека. М; Просвешение 1964г.
  • Лукьянов В. С. Эмоции и здаровье. М; Знание, 1966г.
  • Общая психология; /Под. ред. А.В. Петровского 2-е изд.доп. перераб. М.; Просвещение, 1977г.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *