Фанни Психология

Протсесхои психики ва хусусиятхои зохиршавии онхо дар фаъолияти касбӣ

Нақша:

  1. Мафхум дар бораи протсессхои психики .
  2. Хусусиятхои зохиршавии протсессхои психики дар намудхои гуногуни касбу кор.
  3. Мафхум дар бораи протсессхои психикӣ.

Инсон ҳангоми фаъолият намуданаш ҳамаи ҳодисаҳои гуногуни психикиро низ зоҳир менамояд. Мувофиқи тадқиқатҳои психологӣ, фаъолияти дарси дуюм шарти муҳим ҳисобида мешавад:

а) фаъолият- шарти зуҳуроти психика .

б) фаъолият — шарти тарақиёти шахс

Мувофиқи шарти якум, инсон дар раванди фаъолияти 3 гуруҳи ходисахоим психикиро зоҳир менамояд ва онҳо:

1 .протсесҳои психики эҳсос, идрок, диққат, хотир, тафақккур, нутқ,хаёл.

  1. Ҳолатҳои психики ҳисиёт, эмотсия,стресс, ва ғайра.
  2. Хусусиятҳои фардию психики миҷоз, характет,қобилият.

Дар ин мавзӯъ танҳо доир ба ҳодисаи якуми психики , яъне протесҳои психики сӯҳбат мекунем бо масъалаҳои марбути инҳоро дида мебароем. Пеш аз ҳама диққатро ҳамчун протсесси муҳими психики таҳлил мекунем. Бояд қайд кард, ки ҳаргуна фаъолияти инсон танҳо туфайли иштироки бошууронаи диққат самаранок мешавад. Пас диққат қисми таркибии ҳар гунна фаъолияти инсонҳо ба шумор меравад: фаъолияти педогогӣ, истеҳсолӣ, идоракуни ва ғайра .

Диққат — ин протсесси психикӣ буда, ничармидани фаъолияти шуурии инсонро ба объекти аниқу дақиқ ирода менамояд. Диққат ташаккул медиҳанд, тарбия менамоянд. Инсон дар ҷараёни фаъолияташ намудҳои зерин диққатро зоҳир мекунад: беихтиёр , ихтиёрӣ, баъдиихтиёрӣ.

Диққати беихтиёр намудест, ки хусусиятҳои ногаҳон ба амал омаданро дорад ва чунин зуҳурот талаб менамояд, ки корманди соҳа худашро идора намояд, вагарна ин ба рафти истеҳсолот таъсири худашро мерасонад. Пас барои оқибатибад надоданаш бояд иродаи қавӣ дошт. Иродаамали бешууронаест, ки туфайли он мондаву душвориҳои дар рафти фаъолияти касбӣ ба амалкунанда бартараф карда мешавад.

Диққати ихтиёрӣ намуди дигари диққат буда, объектҳои он ба таври мақсаднок муаян карда мешаванд, пешаки дар нақшаи корманди соҳа ворид гаштаанд ва роҳҳои расидан ба мақсадҳо ва иҷрои нақшаҳо бошуурона сурат мегирад.

Диққати беихтиёр ва ихтиёр асоси диққати баъдиихтиёриро ташкил медиҳанд ва дар чашнаи онҳо ин намуди диққат ташаккул меёбад . агар супориш ва ё иҷрои ягон вазифаро ба корманд сарвар бидҳад, он гоҳпеш аз ҳама ӯ будуни хоҳиш ва моил ба иҷрои он шуруъ мекунад. Дар давоми иҷрои ин корманд аҳамият ва моҳияти супоришро дарк намуда ба он майлу хоҳиш, шавқу ҳавас зоҳир мекунадяъне, ба таври мақсаднок иҷро намудани он баъд гирифт. Ҳамин тариқ дар ӯ диққати баъдиихтиёӣ пайдо шуд .

Дар ҷараёни фаъолияти касбӣ протсесҳои маърифати нақши муҳим мебозанд. Ба онҳо дохил мешавад пеш аз ҳама эҳсос ва идрок. Онҳоро протсесҳои ибтидои маърифат меноманд. Бо воситаи онҳо мазмун ва мундариҷаи фаъолияти касбӣ дарк карда мешавад ва сипас баҳри иҷрои онҳо нақшаҳо мекашад. Эҳсос ҳамчун протсесси аввалини донистагири олами беруна инкишофи он барои ҳар як шахс муҳим аст. Бояд ҳамаи намудҳои эҳсос (биноӣ, шунавоӣ, маза, бӯй, ломис) дар корманди соҳа инкишоф ёфта бошад. Қонуниятҳои эҳсос ва донистани онҳо низ аҳамияти маҷорӣ ва ҳам амалиро дорост.

Қонуниятҳои эҳсос инҳо мебошанд: ҳасосӣ ва зинаҳои олӣ, адаптатсия таъсири байниҳамдигарии эҳсосҳо . акнун шарҳи ҳар яки онҳоро мекунем .

Идрок протсесси дуюми маърифатӣ буда, тавассути он индикоси яклухти хусусиятҳои амалҳо инъикоси карда мешавад. Идрок барои чунин хусусиятҳомебошад: предметӣ будани идрок яклухти; пуррагӣ фаҳмидашавандагӣ; константӣ иллюзия идрок , сундерсепсия. Одамон аз рӯз дараҷаи идрок намуданашон аз якдигар фарқ мекунанд вавобастаба ин чунин тинҳои идрокро фарқ мекунанд: аналитикӣ, синтетикӣ аналитикӣ, синтетикӣ ва эмотсионалӣ . Акнун ба шарҳи ҳар яке инҳо мегузорем.

Дар ҷараёни фаъолияти касбӣ нақши хотир ниҳоят бузург аст, зеро фаъолияти корманди соҳа артаркиба буда, мунтазам дар хотир гирифтан ва ба хотир овардан талаб менамояд, то ки таҷрибаи пешинаашро барои иҷрои супоришҳо истифода

15

барад. Хотир протсесси психикӣ ки туфайли он ҳодисаҳо аввал ба хотир гирифта мешаванд, сипас дар хотир нигоҳ дошта мешаванд ва минбаъд аз нав ҳосил карда мешаванд. Одамон аз рӯи суръати ба хотиргириашон аз якдигар фарқ мекунанд ва чунин тинҳоро ташкил медиҳанд:

1 .тез аз худ мекунанд ва тез фаромуш мекунанд.

  1. тез аз худ мекунанд ва тез фаромӯш мекунанд.
  2. суст аз худ мекунанд вас суст фаромуш мекунанд.
  3. суст аз худ мекунанд ва тез фаромуш мекунанд .

Таффакур протсесси олии маърифат ба шумор меравадва ба воситаи он моҳияти ҳодисаҳо алоқаву муносибатҳо байни онҳо ошкор мегардад. Балки корманди соҳа ташаккули тафаккури касбӣ зарур аст. таҳлил, таркиби муқоиса, абстраксия намудан, конкретонидан таснифот ба системдарорӣ. Дар фаъолияти касбӣ ташаккули чунин сифатҳои ақлу хирад ба шахс муҳим мебошад: мустақимӣ, васеъгӣ, амиқӣ, моҳирӣ, танқидӣ ва ба зудии ақлу хирад.

Нутқ воситаи асоси муоширати байнишахси ва кори ба ҳисоб меравад ва инкишофи он дар шахс имконият медиҳад, ки донишҳои касбӣ ба якдигар ба таври соддаву фаҳмо дода шавад. Инчунин воситаҳои ғайришифоҳиро фарқ мекунанд ва онҳо ҳамчун воситаҳои ёридиҳандаи нутқи ҳисобида мешаванд. Фаъолияти нутқӣ дар одамон зуҳуроти фардиро до рва дараҷаи ташаккулашон гуногун аст.

  1. Хусусиятхои зохиршавии протсессхои психики дар намудхои гуногуни касбу

кор.

Касбу корҳо дар дунё зиёда мебошанд ва инсон интихоби бошуурона ин ё онашро интихоб менамояд ва барои мутахассиси соҳа шудан кушишу ғайрат мекунад. Барои самарабахш шудани фаъолияти касбӣ инкишофи психикӣ корманди соҳаро таъмин намудан зарур аст.Бояд қайд кард, ки протсессҳои психикӣ дар боло таҳлил гардида дар намудҳои гуногуни касбу кор ба таври хос зоҳир мешаванд. Масалан: кормандони соҳаи умури гумрук менеҷмент, суғурта ва ғайраро мегирем. Бояд қайд намуд , ки кормандони соҳаи гуногун бояд пеш аз ҳама муоҳидакор бошанд. Мушоҳидакорӣ ин идроки мураккабу максаднок буда, чунин корманд фарди нозукбин , ҳассос, дурбин мебошад. Чунин одам фаъолияташ пурсамар аст. Ӯ ҳангоми фаъолияти касбиаш мусофирони аз бункгоҳ гузаштаро ҳ\д санҷида метавонад ва аз зуҳуротҳои оддию ҷузъии беруни пайхас мебарад, ки ин мусофир шахси шубҳанок аст ва онро бояд боздошт намуд. Ҳар гунна ҷуръиёт метавонад диққати беихтиёрро ба вуҷуд овард ва объекти диққати корманди умури гумрук шавад. Дар онҳо ба тавридиномики диққати беихтиёррметавонад ба диққати ихтиёрии мақсаднок табдил ёбад.

Хусусиятҳои диққат дар онҳо низ ҳар хел мушоҳида мешавад. Масалан: мутамарказияти диққат бояд пеш аз ҳама ташаккул дода шавад. Ин хусусияти

асосии диққат буда пурра равона шудани фаъолияти психики шахсро ба объекти диққат ирода мекунад. Барои корманди умури гумрук ин пеш аз ҳама муҳим аст. Мутамарказияти диққат бо ҳаҷми диққат бо устувории он дар мутаношбии чаппа мебошанд. Ҳар қадаре, ки ҳаҷми диққат кам бошад, ҳамон қадар мутамарказияти диққат бо устувории он зиёд аст ва баръакс пас ин ҷиҳатро бояд ба эътибор гирифт.

Дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ин хусусиятҳои диққат низ ҳамин тавр зоҳир мешаванд ва бо инобатгирии онҳо имконият медиҳад, ки рафти роҳбари натиҷабахш шавад.

Протсесси эҳсос идрок ва хусусиятҳои онҳо дар касбу корҳои гуногун ҳар хел зоҳир мегардад. Яке аз конуниятҳои эҳсос адаптатсияро дида мебарорем, ки он чи дар соҳаи суғурта, чӣ умури гумрук ва чӣ идоракунӣ аҳамияти амалиро доро аст. дарк кардем, ки ба ин соҳаҳои зикршуда коргари нав қабул карда шуд ва ӯ ҳоло дар шароити нав ва низоми кори нави худро, шахсияти худро, дониш, маҳорат ва малакаи касбии худро дар рӯзу моҳҳои нав нишон дода наметавонад, зеро ҳанӯз ӯ давраи адаптатсиониро аз сар гузаронида истодааст.

Барои ин зарур аст, ки роҳбараш барои тез мутобиқшавии онҳо ба муҳити нави корӣ барномаи махсуси адаптатсиониро тартиб диҳад ва соҳтори ин марбутаи махсусро барои иҷрои ин сафарбар намояд.

Инчунин бояд қайд кард, ки тисҳои идрок низ дар кормандони ин соҳаҳо гуногун буда дар равиши иҷрои фаъолияти касбӣ таъсири муаяни худро мерасонад ва онҳо аналитикӣ- синтетикӣ, аналитика- синтетикӣ эмотосионалӣ онҳоро шаҳр медиҳем.

Ҳар як соҳаи номбаршуда дорои тафаккури касбии мувофиқ мебошад ва бояд ин навъи тафаккурро ҳар як мутахассис дошта бошад, чун тафаккури идоракунӣ худи Умури Гумрук тафаккури соҳаи Суғурта, Умури Бонк.

Дар ташаккули чунин тафаккурҳо намояндагони он бояд амалҳои фикрии зеринро дар ҳудуд ташаккул диҳад: таҳлил, таркиб,муқоиса, конкретонид, абстраксия намудан,ҷамъбаст таснидот басистемадарори.

Инҳоро бо мисолҳо дида мебароем:

Муҳимтарин унсури дуюми психологӣ дар фаъолияти касбӣ забони муоширати кормандонҳои соҳа мебошад. Агар нутқи онҳо солим бошад он гоҳ низоъҳо ба амал намеоянд, балки байни бунёди муҳити солими психологӣ дар чунин колективҳо шароити муҳит фароҳам оварда мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *