Фанни Психология

Хусусиятхои рушду нумуи тафаккур дар зинахои тараккиёти синнусоли

Нақша:

1.Хусусиятҳои тафаккури кӯдакони синни томактабӣ.

2. Хусуситҳои рушди тафаккур дар зинаи синни хурди мактабӣ.

3. Баъзе хусусиятҳои рушду нумӯи тафаккур дар зинаи наврасӣ ва давраи камолот.

Фарзанди инсон ҳамчун мавҷудоти биологӣ ба дунё меояд, дорои тафаккур нест ва худ ҳоло фикр намекунад.Барои он ки кӯдак фикр кунад ва ягон масъалаи содатарро ҳал намояд, зарур аст,ки дар ӯ мураббия ва калонсолони оила таҷрибаи ҳиссӣ ва амалиашро рушду нумӯъ диҳанд.Таҷрибаи ҳиссӣ ва фаъолияти амалӣ , ки кӯдак дар рафти таҷрибаи ҳаётӣ пайдо менамояд, он ба кори хотир алоқаманд аст. Дар охири яксолагӣ дар кӯдак аввалин аломатҳои тафаккури содаро мушоҳида кардан мумкин аст. Шарти асосии рушди тафаккури кӯдакон ба таълиму тарбияи мақсаднок вобаста аст.Дар рафти тарбия кӯдак тарзи амал намуданро бо предметҳо ,идроки амал бо предметҳо ва истифодаи нутқ ёд мегирад.Ҳамчунин мустақилона ҳал намудани супориш ва машқҳои содатар ва баъдтар ҳалли масъалаҳои мураккабтарро меомӯзад.Дар рафти фаъолият кӯдак дар асоси супориш, пешниҳоди талаботи калонсолон ва мувофиқи амру хоҳиши онҳо амал намуданро ёд мегирад.Рушди тафаккур дар асоси пайдарпай васеъ шудани донишу тасаввурот вобаста аст.Таҳти роҳбарии калонсолон кӯдакон бо тарзу воситаҳо ва шаклҳои фикр кардан одат мекунанд .Дар баробари ин дар кӯдакон талабот ва шавқу ҳавас ба иҷро намудани супоришҳо ва ҳалли масъалаҳои характери маърифатӣ дошта инкишоф меёбад. Тафаккур аз рӯзи ба дунё омадани кӯдак то дар қайди ҳаёт будан инкишоф меёбад ва тағйироти миқдорию сифатиро аз сар мегузаронад.Воситаи асосӣ ва муҳими рушди тафаккур фаъолият маҳсуб меёбад.Дар ҳар як зинаи тараққиёти синнусолӣ ва психологӣ тафаккур хусусиятҳои фарқкунанда дошта, ба таври гуногун рушд меёбад.

Дар зинаи барвақти бачагӣ тафаккур дар шакли идроки амал бо предметҳо, ашёҳо,асбобҳои рӯзгор зоҳир шуда, ба ҳалли масъалаҳои конкретӣ ( мушаххас) равона мегардад. Масалан, мураббия аз кӯдак хоҳиш мекунад,ки зочаро бурда дар ҷои муайяншуда гузорад ва аз дохили ҷевон лухтакро гирифта биёрад, қуттиро кушояд, чизи пинҳоншударо ҷӯста ёбад , қаламҳои рангаро дар қуттӣ ҷой диҳад ва ба ин монанд масъалаҳоро ҳал намояд.Ё ин ки модар ба кӯдак мегӯяд: канӣ соат? пояфзоли падаратро гирифта ба назди ман биёр?пайпоқатро дар куҷо мондӣ? ва ғайраҳо. Иҷрои чунин супоришҳо ва амалҳо кӯдакро ба он водор месозад, ки фикр карда, баъд ин ё он амалро иҷро намояд.Кӯдак фикр карда истода , ҳамоно амал менамояд, тафаккури ӯ хусусияти айёнӣ-амалӣ дорад.Аз худ намудани нутқ ҳамчун воситаи муошират барои рушди тафаккури айёнӣ-амалии кӯдак нақши муҳим мебозад.Маҳз ба туфайли омӯхтани забон кӯдакон дар шакли ҷамъбасткунӣ фикр карданро ёд мегиранд.Аввалин амалҳои ҷамъбасткунии кӯдак хусусияти умумӣ дорад.Бо истифодаи ин ё он калима якчанд предметҳои монанд ва ҳолатҳои рӯҳию эмотсионалиро ифода менамояд.Масалан, кӯдаки 1,3- моҳа дар зери мафҳуми себ на танҳо ҳамаи меваҳое,ки дойрашакланд, балки предметҳое,ки аз чӯб ,матоҳ, метал ,пласмас сохта шудаанду дойрашакланд, онҳоро низ дар назар дошта, ба мафҳуми себ шабоҳат медиҳанд.Иддае аз кӯдакон сагчаро дида бо калимаи «ав-ав» ва ҳатто саг,хирс ва ҷонварҳои ба саг монандро бо калимаи «ав-ав» ишора менамоянд .Кӯдакон дар асоси ранг,шакл, монандӣ,садо баровардан дар шакли ҷамъбасткунӣ «ав-ав» мегӯянд.Бештар ба ҷиҳатҳои зоҳирӣ ва эмотсионалии предметҳою ашёҳо ва ҳодисаҳо назар андӯхта ,хусусиятҳои ҳайвонот,предметҳо ва обеъектҳоро муайян менамоянд.Дар нимаи соли дуюм дар кӯдакон фарқ кардани хусусият ва аломатҳои предмету ашёҳо ташаккул меёбад. Акнун кӯдакон хусусият, аломат ва тарзи амал намуданро бо ҳар як предмет,ашёҳо ба таври зайл фикри худро ифода менамоянд.Аз ҷумла «об гарм аст,кӯдак хоб аст, қанд ширин аст,агар дасти кӯдакро ягон чизи мулоим ё сахт зер кунад ,он гоҳ кӯдак аз таъсири чиз «ува-уфа» гуён дасташро ба сӯи худ мекашад».Дар ин синнусол кӯдакон аз муҳокимаҳо истифода мебаранд, ки ба хулосабарорӣ монанд аст. «Падарам нишаста аст,модарам хоб аст,додарам омад,Лола нишастааст, ҳама нишастаанд».Кӯдакон аз дигар шакли хулосабарорӣ низ истифода мебаранд. Кӯдак мебинад, ки чӣ тавр падараш шиму куртаашро мепӯшад ва асбобу анҷомашро бо худ мегирад.Ҳамин ҳолатро кӯдак дар шакли муҳокимаи зерин ифода менамояд: «Додоҷон шумо куҷо меравед, ба ҷои кор меравед?» Ҳамин тавр дар синни томактабӣ кӯдакон аз ибораҳо ҷумла сохта фикрашонро ба таври алоқанок ифода карданро меомӯзанд.

Минбаъд дар рушду нумӯи тафаккур фаъолият ва муоширати нутқӣ нақши калон дорад.Дар 3- солагӣ кӯдакон мехоҳанд, алоқа, муносибат сабабҳои сар задан ва қонуниятҳои дохилии ҳодисаҳо ,предметҳо ва ашёҳоро дарк намоянд. Бо ин мақсад ба калонсолон бо саволҳои зайл муроҷиат мекунанд: «Ту ба куҷо меравӣ?», «Барои чӣ шаб шуд?», «Додарам канӣ?», «Аз куҷо омадӣ,чӣ овардӣ,маро бо худ мебарӣ?» ва ғайраҳо.Азбаски сатҳи дониш ва тасаввуроти ҳаёти кӯдакон маҳдуд аст,бинобар ин онҳо мехоҳанд, ки бо роҳи савол додан доираи фаҳмиш ва дониши худро оид ба табиат ,рафтори ҳайвонот ва олами муносибатҳои инсонӣ бою ғанӣ гардонанд.Тафаккури кӯдакон айёнӣ-амалӣ ва айёнӣ-конкретӣ аст.Барои бачагон бисёр аҷиб аст,ҳодисаи шабу рӯз,пайдоиши чароғак, боридани барф,борон,жола ва ғайраҳо.

Дар синни хурди мактабӣ фаъолияти кӯдакон сифатан тағйир меёбад.Ба таълими мактаб фаро гирифтани бачагон барои рушди тафаккур мусоидат мекунад, чунки таълим омӯхтан, аз бачагон сабру тоқат, фикр кардан, мушкилиҳоро бартараф сохтан ва таҳти роҳбарии муаллим супоришҳои синфӣ ва ба хона додашударо иҷро намудан, аз хонанда таҳамулпазирӣ ва бодиққат кору фаъолият намуданро талаб менамояд. Дар раванди таълим муаллим бачагонро ба он водор месозад,ки аз ибтидои дарс то интиҳои он диққат ва муттамарказияти диққатро ба дарки маводи таълимӣ:ба моҳияти мазмуни шеъру ҳикояҳо, чистонҳо,тезгӯякҳо сарфаҳм рафта, алоқаи мантиқии мазмуни онҳоро аз худ намоянд. Вобаста ба ин омӯхтани алифбо ,забони модарӣ ,математика , санъат ва меҳнат ,забони русӣ ва дигар фанҳои таълимӣ барои рушди тафаккури айёнӣ- конкретӣ ва аз худ намудани амалҳои абстрактӣ мусоидат менамоянд.Аз худ намудани фанҳои таълимӣ ,аз ёд кардани порчаҳои насрию назмӣ ва супоришҳои беруназсинфӣ барои инкишофи амалҳои фикрӣ;таҳлил,таркиб , муқоиса ва ҷамъбасткунӣ ёрӣ мерасонад.Равоншиносон (В.В.Давидов , Д.Б.Элконин) нишон доданд,ки мактаббачагони хурдсол имкон доранд,ки дар заминаи самаранок ташкил кардан ва истифода бурдани усулҳои фаъоли таълим , аз воситаҳо ва шаклҳои ташкили таълим метавонанд, масъалаҳои математикиро ҳал намоянд.Зеро онҳо дорои захираҳои то ҳол истифода нашудаи фикрӣ дошта, қобиляти ҳал кардани амалҳои алгебравиро доранд.Яъне, дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани таълим муаллим метавонад, захираҳои то ҳоло истифода нашудаи интеллектуалии бачагонро дар раванди таълим бедор карда, рушду нумӯъ диҳад.Ин тарзи ба роҳ мондани раванди таълим барои инкишофи тафаккури абстрактӣ ,фаъол, мустақил ва калимагӣ-мантиқии бачагон шароити муҳим фароҳам меорад.Аммо дар синни хурди мактабӣ тафаккури айёнӣ-конкретӣ бартарӣ дорад.Дар заминаи тафаккури айёнӣ-конкретӣ элементҳои тафаккури абстрактӣ ва калимагӣ — мантиқӣ ташаккул меёбад.

Дар синни миёнаи мактабӣ (11-15 солагӣ) тағйиротҳои муҳим дар фаъолияти наврасон ба вуҷуд меояд.Пеш аз ҳама фаъолияти таълимии хонандагон тағйироти миқдорӣ ва сифатиро аз сар мегузаронад.Миқдор ва шумораи фанҳои таълимӣ , талаботро ба дониш омӯхтан низ зиёд менамояд.Мазмун ва мундариҷаи фанҳои таълимӣ; математика,физика ,адабиёт , зология ,ботаника, таърих ва дигар фанҳо нисбатан васеъ шуда аз наврасон муносибати бошуурона ва қобилияти зеҳнию ақлониро талаб менамоянд.Дар омӯхтан ва аз бар намудани фанҳои таълимӣ тафаккури маъногӣ- калимагӣ,маъногӣ- мантиқӣ ва тафаккури абстрактӣ нақши муҳим мебозанд.Зеро хонандагон бо мафҳумҳо ,назарияҳо ,қонуну қойдаҳо , ҳодисаҳои таърихӣ, бо набототу ҳайвонот ,мероси адабию бадеии намояндагони адабиёти форсу тоҷик шинос мешаванд.Дарк намудани маънии мафҳумҳо , муайян намудани қонуниятҳои дохилии ҳодисаҳо , предмету ашёҳо ва сабабҳои сар задани ин ё он ҳодисаҳои ҳаёти ҷамъиятиро хонандагон тавассути муҳокима, хулосабарории индуктивию дедуктивӣ ва дар заминаи сифатҳои ақл аз худ менамоянд .Шавқу ҳавас ва талаботи наврасонро донистани кашфиётҳои нави илмӣ ,дарки ҳодисаҳои сиёсӣ ,иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб менамоянд. Барои дарки моҳияти фанҳои таълимӣ, тафаккур нақши муҳим дорад.

Тафаккур дар синни калони мактабӣ ба риояи омӯхтани фанҳои таълимӣ , муайян намудани алоқа , муносибат ,моҳият ва сабабҳои сар задани ҳодисаҳо ва воқеаҳои таърихию иҷтимоӣ басо зарур аст. Дар ин синнусол хонандагон асосҳои илмро омӯхта, оид ба тараққиёти табиат, ҷамъият ва ташаккули тафаккури одам, дониши илмӣ пайдо менамояд.Омӯхтани асосҳои илмҳои дақиқ , гуманитарӣ (инсондӯстӣ) ва табии хонандагонро ба он водор месозад,ки ба моҳияти назарияҳо, қонунҳо ва мафҳумҳои математикӣ, физикӣ, ситорашиносӣ,кимиёвӣ , биологӣ,таърихӣ, ҷуғрофӣ ва забоншиносӣ шинос шаванд.Аз худ намудани асосҳои илм аз хонандагон рушди тафаккури абстрактӣ, маъногӣ-мантиқӣ , тафаккури назариявӣ, эҷодӣ, мустақил ва фаъолро талаб менамояд.Дар раванди таълим барои рушди тафаккури маъногӣ — мантиқӣ, абстрактӣ ва тафаккури назариявӣ шароити мусоид фароҳам меояд.Хонандагон тавассути амалҳои фикрӣ , сифатҳои ақл ба маънои маводҳои таълимӣ сарфаҳм рафта , аз дохили матнҳо ҷавҳари асосии маводро интихоб карда ,мустақилона ва пайдарпай фикри худро баён карда, муносибати худро нисбат ба ин ё он назария ,ҳодисаҳои таърихӣ , сиёсию иҷтимоӣ баён намуда, барои ҳимояи андешаҳои худ истодагарӣ мекунанд. Чунки барои мавқеӣ назариявии худро ҷонибдорӣ намудан ба асосҳои умумӣ- назариявии соҳаҳои илм такя мекунанд.Дар баробари ин хонандагони синфҳои болоӣ дар маҳфилҳои фаннӣ иштирок карда, савияи дониш ва ҷаҳонбинии худро боз ҳам тараққӣ медиҳанд.Нисбат ба омӯхтани фанҳои таълимӣ ба таври тафриқа муносибат мекунанад , иддае аз хонандагон бештар фанҳои дақиқро ,гурӯҳи дигар фанҳои гуманитариро интихоб карда, адабиёти иловагӣ ва маҷаллаҳои соҳавиро омӯхта ба ин васила дар худ тафаккури соҳавиро рушд медиҳанд.Масалан, дар хонандагони синфҳои болоӣ тафаккури математикӣ ,физикӣ,биологию кимиёвӣ, адабию бадеӣ ва лингвистӣ бештар инкишоф меёбад .Яъне, хонандагон сатҳи дониши илмӣ ва ҳаётии худро дар соҳаҳои алоҳидаи илму фан рушду нумӯъ медиҳанд.Хонандагон аз қонунҳои физика медонанд,ки ҷисмҳо аз гармӣ васеъ ва аз хунукӣ фишурда мешаванд.Дар физика қонуне ҳаст,ки агар ҷисм дар як ҳолат дар ҳамворӣ гузошта шавад ва ба он аз берун таъсир нарасонем, ҳолати худро тағйир намедиҳад.Ё ин ки асоси ҳаёт ва зиндагии организмҳои зинда , аз ҷумла одам ба мубодилаи моддаҳо ва сафеда вобаста аст. Инчунин хонандагон бо асрори табиат , бойигариҳои зеризаминӣ, тағйирёбии коинот , давр задани замин дар атрофи меҳвари худ ва давраҳои рушди сукунат ва тарзи зиндагии одамони қадима аз манбаҳои илмӣ бохабар шуда, оид ба муаммоҳои табиат ва мавҷуд будани ҳаёт дар дигар сйёраҳо ва ҳар гуна ҷароҳиҳои пластикӣ дар инсон маълумот пайдо менамоянд.Дар шароити кнунии рушди ягон соҳаро бидуни истифодаи техникаю технологияи муосир , компютерҳои замонавӣ ва пешравиҳои ҷаҳони муосир, иттилоъ пайдо намудан ғайри имкон аст.

Ҳамн тавр, барои дарки моҳияти ҳодисаҳои физикию кимиёвӣ, биологӣ, адабию бадеӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа тафаккури мустақил, фаъол , эҷодӣ, абстрактӣ ва махсусан тафаккури назариявӣ ва соҳавӣ зарур аст.

Адабиёт

  1. Психология. Вадим Андреевич Крутетский. Душанбе, нашриёти «Маориф» соли 1977.
  2. Шарипов Анвар. Шарҳи мухтасари мафҳумҳои психологӣ, Душанбе; нашриёти «Империл — Групп», соли 2013. Саҳ
  3. Асосҳои психологияи умумӣ / Дар зери таҳрири Мустафоқулов Т. Душанбе; «Империал Групп» соли 2012, 422 саҳ
  4. Выготский Л.С.Мышление и речь.-Собр,соч .,т.2.М.,Педагогика, 1982
  5. Давыдов В.В.Виды обобщения в обучении .М.,Педагогика 1972.
  6. Исследования мышления в советской психологии /Под .ред.Е.В Шороховой.М .,Наука ,1966.
  7. Соколов А.Н.Внутреннияя реч и мышлении . , М., Просвешение,1967
  8. Матюшкин А.М Проблемные ситуации в мышелении и обучении . М., Педагогика, 1972.
  9. Мышление:процесс, деяьтелность,ощение /Под .ред. А.В Брушлинского, М., Наука ,1982
  10. Пономарив Я.А Психология творчества и педагогика. М., Педагогика , 1976
  11. Рубинщтейн С.Л О мышлении и путях его исследования . М., Изд- во А.Н СССР,1958
  12. Тихомиров О.К Психология мышления .М., Изд- во МГУ, 1984.
  13. Управление познавателной деятелностью учахшихся / Под ред. П.Я

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *