Фанни Психология

Хусусиятҳои тараққиёт ва тарбияи қобилияти бачагону хонандагон дар давраҳои гуногуни синнусолӣ

Нақша:

1.Хусусиятҳои зуҳуроти нишонаҳои истеъдод ва рушди қобилият дар зинаи синни томактабӣ.

2.Нақши оила ва мактаб дар рушди қобилияти мактаббачагони хурдсол.

3.Хусусиятҳои рушди қобилияту истеъдод дар синни наврасӣ ва давраи камолот.

Дар соҳаи психиология муайян карда шудааст, ки қобилияти бачагон ва хонандагон дар заминаи аломатҳои модарзодии истеъдод ва дар зери таъсири шароитҳои муҳити оила,кӯдакистон,мактаб,ҷомеа ва дар натиҷаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани тарбия ташаккул меёбад. Ҳанӯз нишонаҳои аввалини зуҳуроти истеъдод ва қобилияти кӯдакон дар давраи барвақтӣ-бачагӣ пайдо мешаванд, ки минбаъд рушду тараққиёти қобилият ба тарбия ва муҳити солими психиологии оилаю кӯдакистон ва мактаб вобаста аст. Агар дар оилаву кӯдакистон ва мактаб барои тараққиёти қобилияти умумӣ ва махсуси бачагону наврасон ва хонандагони синфҳои болоӣ шароити мувофиқи корӣ фароҳам оварда шаванд, ин барои барвақтар бедор шудани талабот, шавқу ҳавас ва майлу хоҳиши бачагон ба фаъолиятҳои гуногун мусоидат мекунад. Аз ҷумла дар муҳити оилаҳое, ки калонсолону падару модарон ба фаъолияти кулолгарӣ,заргарӣ, чӯбтарошӣ, наққошӣ, чакандӯзӣ, рассомӣ, меъморӣ,машшоқӣ, муҳандисӣ, гилкорӣ ва амсоли инҳо машғуланд ва касбҳои гуногунро онҳо пешаи худ қарор додаанд, муҳити ҳунарии ин оилаҳо бечунучаро таъсири амиқи худро ба хело барвақтар зоҳир шудани қобилияти бачагон мерасонанд. Табиист, ки бачагони дар чунин оила тарбия ёфта ба нозукиҳои касбҳои наққошӣ, дӯзандагӣ, гулдӯзӣ, чӯбтарошӣ, кандакорӣ, рассомӣ ва дигар соҳаҳои фаъолият дар муҳити оила тавассути мушоҳида ва ё дар ягон фаъолият ширкат варзидан майлу хоҳиш ва шавқу завқ пайдо мекунанд. Мумкин аст, ки дар заминаи талаботи бавуҷудомада шавқу ҳавас, майлу рағбат ва ваҷҳи таълимии бачагон мутазам устуворт гардида, ниҳоят ба рушду нумӯи қобилияти онҳо мусоидат намояд. Масалан, як гурӯҳи бачагон имконоти хуби истеъдоди табиии рассомӣ ва сурудхонӣ доранд ва онҳо ин қобилияти худро дар ягон соҳаи фаъолият инкишоф дода ба комёбиҳо муваффақ мегарданд, аммо, мутаассифона, дар баъзе оилаҳо барои рушду ташаккулёбии қобилияти бачагон шароитҳои зарурӣ муҳайё карда нашудааст. Барои навохтану суруд хондани бачагон дар оилаҳо асбобҳои мусиқӣ, ё ин ки барои сайқал додани қобилияти рассомии бачагон қаламҳои ранга, албом ва дигар ашёҳои таълимӣ мавҷуд аст, вале касе аз калонсолони оила барои рушду ташаккул додани қобилияти рассомии бачагон ғамхорӣ зоҳир намекунад. Ин ба он оварда мерасонад, ки муваққатан истеъдоду қобилияти бачагон рушду нумӯъ намеёбад ва ҳатто мумкин аст, ки оҳиста-оҳиста хомӯш шавад. Барои он ки истеъдоду қобилияти бачагон хомӯш нагардад, зарур аст, ки дар муҳити оила барои тараққӣ додани қобилияти онҳо шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. Масалан, дар оилаи шоир Хайрандеш (Хайриддин…) шароити хуби корӣ ва муҳити солими психологӣ барои рушду тараққиёти қобилияти адабию бадеӣ, эҷодӣ ва сурудхонии Мулиёи 8-сола фароҳам оварда шудааст. Мулиё аллакай шеърҳои зиёди шоирони адабиёти бачагонаи муосир ва ҳатто аз ашъори шоирони адабиёти классикии форсу тоҷик шеърҳои бисёреро аз ёд медонад ва ба оҳанги мусиқӣ суруда метавонад Дар фаъолияти Мулиёи 8-сола аллакай аломатҳои рушди қобилияти адабию бадеӣ ва ҳатто донистани забонҳои дигар шакл гирифта истодааст. Ѓайр аз ин, дар баъзе оилаҳои дигар ҳам бачагони боистеъдоду қобилиятнок ҳам таваллуд мешаванд, аммо онҳо дар як муҳите ба камол мерасанд, ки ба ин ва ё он соҳаи фаъолият шавқу ҳаваси маърифатӣ ва эстетикии онҳо барвақтар зоҳир намегардад. Мумкин аст, ки истеъдоду қобилияти бачагон дар чунин оилаҳо баъдтар дар синни наврасӣ ва ё овони ҷавонию давраи донишҷӯӣ зоҳир гардад. Ин пеш аз ҳама ба рушди қонуниятҳои тараққиёти ҷисмонӣ, физиологӣ, психиологӣ ва инфиородии ҳар як бача вобаста аст. Ин аз як тараф ва аз тарафи дигар хело барвақт зоҳир шудани нишонаҳои истеъдоду қобилият, пеш аз ҳама ба муҳити оила, ташкили машғулиятҳои махсус дар кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ ва мактаб вобаста аст. Баргузории машғулиятҳои аппликатсия, инкишофи нутқ, тасаввуротҳои аввалини математикӣ, муҷассамасозӣ, бозиҳои гуногуни серҳаракат, хелҳои меҳнат барои зоҳир гардидан ва рушди қобилиятҳои умумӣ ва махсуси кӯдакон мусоидат мекунанд. Яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳими падару модарон, мураббиёни кӯдакистонҳои ҷумҳурӣ дар марҳилаи кнунии рушди ҷомеаи демократӣ пеш аз ҳама мувофиқи мақсад ба роҳ мондани фаъолияти бачагон мебошад, зеро дар рафти фаъолият на танҳо истеъдоду қобилияти бачагон зоҳир мешавад, балки дар навбати худ фаъолият воситаи муҳими инкишофи қувваҳои зеҳнӣ ва ақлонии онҳо ба шумор меравад. Фаъолиятро тавре бояд ташкил кард, ки ба тараққиёти қобилияти эҷодӣ ва ташаккули зеҳну ақли кӯдакон таъсири мусбат расонад. Дар ҳаёти воқеӣ баъзан истеъдоду қобилияти бачагон дар синни томактабӣ ва давраи мактабхонӣ ҳам зоҳир намешавад, аммо ин ҳолат асоси воқеӣ шуда наметавонад, ки гӯё ин гурӯҳи бачагон ба ягон соҳаи фаъолият қобилият надоранд. Фарзанди одам, ки ба дунё омад, вай ба ягон соҳаи фаъолият қобилият дорад, аммо танҳо ба олами ботинии ӯ роҳ ёфта имконоти зеҳнию ақлонии ӯро фаҳмидан зарур аст. Таърих гувоҳ аст, ки истеъдоди бисёр шахсони намоён, масалан, нависанда Аксаков, Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода муаррих Бобоҷон Ѓафуров масалнавис Крилов,ҳаҷвнигор Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, композитор Чайковский, рассом Врубел, физик Алберт Эйнштейн дар миёнсолӣ ва давраи калонсолӣ зоҳир гардидааст.

Инчунин дар тараққӣ додани қобилияту истеъдоди бачагон ва хонандагон оилаву мактаб нақши бузург мебозад. Маҳз дар оилаву мактаб ба вусъати ҳаматарафаи қобилияти эҷодии хонандагон, ташкили фаъолияти онҳо дар рафти дарсҳо, маҳфилҳои фаннӣ, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ шароитҳои боз ҳам зиёдтар фароҳам оварда мешавад. Дар мактаб барои рушди қобилиятҳои умумии хонандагон дарсҳои пурмазмуну эҷодӣ, ки шавқу ҳаваси толибилмонро бедор карда тавонанд ва дар онҳо сифатҳои фаъолӣ, ташаббускорӣ, мустаъқилӣ, меҳнатдӯстӣ ва қобилияти эҷодиро ташаккул диҳанд, аҳамияти хеле калон доранд. Масалан, дар дарсҳои риёзӣ муаллимон ба хонандагон қобилияти фаъолӣ, мустақилӣ, эҷодкорӣ ва фикран ҷустуҷӯ кардан ва дар баробари ин дар онҳо шарти тартиб додани масъала ва роҳҳои ҳалли онро ёд медиҳанд. Дар дарсҳои адабиёт муаллимон ба хонандагон тарзи навиштани нақли хаттӣ, иншо, таҳлили образҳои мусбату манфӣ, ифоданок хондан ва қироат кардани шеърҳо, муҳокимаҳо, мустақилона фикр кардан, нутқи мураттаб ва хулосабарориро меомӯзонанд. Қобилияти мактаббачагони хурдсол дар давраи омӯхтани алифбо оғоз меёбад. Дар ин давра барои инкишофи қобилияти умумӣ ва махсуси бачагон таълими савод, омӯхтани алифбо, санъат ва меҳнат, хониш, сурудхонӣ, расмкашӣ, риёзӣ, табиатшиносию забони модарӣ ва русӣ мусоидат мекунад. Масалан, муаллим ҳангоми омӯзонидани фанҳои таълимӣ қобилиятҳои умумӣ: навиштан, хондан, фикр кардан,алоқамандии овозҳо, шумурдан, расм кашидан, ҳикоя карданро инкишоф дода,қобилиятҳои махсус: тезтар ҳал кардани шасъалаҳои математикӣ, тасвири расмҳо дар албом,ифоданок хондан, омӯхтани забони модарӣ,русию англисӣ ва амсоли инҳоро ташаккул дода тавонад.

Дар синни наврасӣ ва зинаи камолот қобилияти бачагон дар рафти таълими фанҳои адабиёт, забони модарӣ, риёзӣ, таърих, ҷуғрофия, биология, расмкашӣ, сурудхонӣ, маҳфилҳои фаннӣ, чорабиниҳои синфӣ, беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ ташаккул меёбанд. Ба рушди қобилияту истеъдоди хонандагон шабҳои саволу ҷавоб, олимпиадаҳои фаннӣ, викторинаҳо, маҳфилҳои табиатдӯстон, техникони ҷавон, фаъолияти бадеӣ, варзишӣ ва шашкаю шоҳмот, гӯштини тарзи озод, валейболу баскетбол ва ба инҳо монанд аҳамияти калон дорад.

Маълум аст, ки ҳар як хонанда ба ин ё он соҳаи фаъолият қобилият дорад, аммо дар ҳаёт одами беқобилият вуҷуд надорад. Хонандагони рӯҳану ҷисман ва аз ҷиҳати маънавӣ солим талаботи барномаи таълимиро аз бар мекунанд ва дар рафти таълим ба комёбиҳо муваффақ мегарданд. Яке аз вазифаҳои муҳими муаллимон ва волидайну мураббиён аз он иборат аст, ки қобилияту истеъдоди бачагонро дар асоси методикаҳои илман асоснокшуда муайян кунанд ва баъд барои тараққӣ додани қобилияти бачагону хонандагон чораҳои судбахши амалӣ андешанд, бештар бачагонро ба иҷрои машқҳо ба тафсил ҷалб намоянд, нисбат ба онҳо талаботи қатъӣ ба миён гузоранд, маҳорату малакаҳои онҳоро такмил диҳанд, мунтазам назорат баранд ва ба натиҷаи фаъолияти хонандагон боҳои қатъӣ диҳанд. Зеро имрӯз ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба рушди саноат, иқдисодиёт, техника, кишоварзӣ, омӯхтани забонҳои англисию русӣ, компютеркунонии мактабҳо ва истифодаи технологияи пешрафта ниёз дорад. Чунки тараққиёти ҷомеа ба рушди мактабу маориф вобаста аст. Маҳз мактаб метавонад чунин ҷавонони боистеъдодро тарбия карда ба камол расонад, ки онҳо дорои нерӯӣ баланди зеҳнию ақлонӣ ва хислатҳои ҳамидаи инсониро дар худ дошта бошанд.

Адабиёт

  1. Ковалёв А.Г., Мясишев В.Н., Психические особенности человека, т.2. Способности. Издательство ЛГУ, 1960г.
  2. Крутетский В.А. Психология. –М., Просвещение, 1980г.
  3. Крутетский В.А. Психология математических способностей школьников. М., Просвещение, 1968г.
  4. Кузьмина Н.Ф. Формирование педагогических способностей. Издательство ЛГУ, 1959г.
  5. Лейтес Н.С. Умственные способности и возрасть. М., Педагогика, 1971г.
  6. Лейтес Н.С. Об умственное одарённости. М., Издательство АПН РСФСР, 1960г.
  7. Рубинштейн С.Л. Проблема способностей и вопросы психологической теории – Вопросы психологии, 1960г. №3.
  8. Петровский А.В. Популярные беседы о психологии. М., Педагогика, 1976г.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *