Фанни Психология

Намудхои нутқ. Нутқи дохилӣ

Дар амалия намудҳои гуногуни нутқро аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Нутқи шифоҳию хаттӣ ва нутқи дохилию берунӣ аз ҷумлаи намудҳои доимоистифодашаванда ба шумор мераванд.

Нутқи шифоҳӣ (суханронии умумӣ, муоширати ғайрирасмӣ, муоширати бевосита ва ғ.) ва нутқи хаттӣ, аз як ҷониб, ба ҳамдигар хело зич пайванд бошанд ҳам, аз ҷониби дигар, моҳиятан аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Фарқияти онҳо на дар истифодаи воситаҳои мухталифи техникӣ (тағйирдиҳӣ ва тавлиди оҳанги овоз, тарзи навишт ва ғ.), балки дар қобилияти то ба шунавандагон расонидани эҷодкунандагони онҳо мебошад. Яъне, қобилияти то ба шунавандаи худ расонидани маҳсули эҷод дар одамон якранг нест, зеродар баъзе одамон маҳорати баланди нутқи хаттӣ ва дар дигарон маҳорати баланди суханварӣ ва истифодаи воситаҳои ғайришифоҳӣ (оҳанги гуфтор, тарзи нигоҳ, ҳаракатҳои гуногуни узвҳои бадан, тарзи ист ва ғ., ки бе истифодаи ин воситаҳо нутқи онҳо ҷазобият ва дилрабойи худро аз даст медиҳад) иброз доштани нуқтаи назар, афкор ва мафкура мушоҳида мешавад. Таърих нависандагони зиёди лаёқатмандеро дар ёд дорад, ки қобилияти сусти суханварӣ дошта бошанд ҳам, асарҳои бешумори оламгир эҷод намуданд, ки таваҷҷўҳи мухлисони бешумореро ба худ ҷалб кардаанд.

Нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ ҳам дар ҳамбастагӣ ва ҳам дар мустақилӣ дар доираҳои гуногуни муошират ва ниҳодҳои мухталифи ҷамъиятӣ истифода мешаванд. Нутқи шифоҳӣ на танҳо ҳангоми суханрониҳои оммавӣ, хондани маърўзаҳо, лексияҳо, балки бештар ҳангоми робитаҳои маишию муколамавӣ низ мавриди истифода қарор дорад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки нутқи дар намуди хаттӣ эҷодшудаю дар шакли шифоҳӣ иброз шуда, ба маънои пуррааш нутқи шифоҳӣ маҳсуб ёфта наметавонад. Нутқи хаттӣ хоси муоширати корӣ, доираи илмӣ – техникӣ буда, таъсирнокии нисбатан заифтари эмотсионалиро доро мебошад ва бештар барои мусоҳибони мустақиман ҳозирнабудаю муоширати бавосита пешбинӣ гардидааст.

Нутқи шифоҳӣ дар вақт ва фазо вуҷуд дорад ва нутқи хаттӣ бошад идомадор аст. Дар нутқи шифоҳӣ хусусиятҳои фардию психологии гўянда: тарзи худро идора кардан, техникаи қабул ё ирсоли маълумот, тафаккури зинда, ақли расо ва ғ. нақши муҳим мебозанд. Нутқи шифоҳӣ дар заминаи талаботи бевоситаи муоширати дутарафа доштани мусоҳибон ба миён омада, оҳанги ҳамҳиссиро доро мебошад. Дар сохти нутқи шифоҳию хаттӣ, маҳз аз ҳамин нуқта як қатор тавофутҳои воситавию ғайривоситавӣ, ки ҳангоми истифодаи ҳар кадоми онҳо мушоҳида мешавад, бармеояд.

Дар нутқи шифоҳӣ – гуфтугўӣ ҳамсўҳбатҳоро вазъиятҳои умумӣ ва захираҳои умумии ахборотии тонутқӣ бо ҳам мепайвандад. Дар ин гуна мавридҳо одамон ҳамдигарро аз «нимсухан» дарк менамоянд ва баъзан барои дарки нуқтаи назари ҳамдигар ишорае кофист. Маҳз бо ҳамин сабаб мавзўи муҳокимашавандаро тавассути нутқи шифоҳӣ ҳаматарафа барррасӣ наменамоянд, зеро паҳлўҳои зиёди он тавассути воситаҳои ғайришифоҳӣ иброз ва дарк карда мешавад. Дар нутқи шифоҳӣ – гуфтугўӣ, ҳамрадиф бо мўҳтавои афкору андешаи маъногӣ маҷмўи томи воситаҳои ифодакунанда (дигаршавии лаҳни садо, оҳанги сухан, фосилагузорӣ, таъкиднамоии садогӣ ва ғ.) иштирок менамоянд, ки тавассуташон мазмунҳои дар мўҳтавои сухан гуфтанашуда хабар дода мешавад.

Нутқи хаттӣ яке аз шаклҳои нутқи монологӣ буда, ба маданияти нутқи шифоҳӣ таъсири амиқ мерасонад. Нутқи хаттӣ нисбат ба нутқи шифоҳӣ дертар зоҳир шуда, дар заминаи он инкишоф меёбад. Таърихи омўзиши хат гувоҳи он аст, ки миёни аломатҳои хат ва фикр се намуди алоқаю муносибат вуҷуд дорад. Пеш аз ҳама хати пиктографӣ ба вуҷуд омад, ки он дар шакли расму тасвирҳои гуногуни схематикӣ ифода мегардид. Намуди дигари онро хати идеографӣ меноманд, ки фикр дар он бо ёрии шартан ишора намудани предметҳои мувофиқ ифода меёбад. Идеограммаҳо бо талаффузи калимаҳо ҳеҷ гуна алоқа надоранд. Сониян нутқи хаттӣ ба миён омад, ки дар он овозҳои нутқ бо ҳарфҳо ишора карда мешаванд. Дар нутқи пиктографӣ ва идеографӣ вазъияти ягонаи муошират, робитаи акс ва имконияти истифодаи васоити берунӣ- нутқии муошират вуҷуд надорад. Аз ин рў, имкониятҳои нутқи хаттӣ нисбатан густардатар мебошанд.

Дар нутқи хаттӣ ба мисли нутқи шифоҳӣ хусусиятҳои фардӣ-нутқии шахс зоҳир мешаванд. Ин хусусиятҳо омили асосии худшабоҳатдиҳии муошираткунандагон мегардад.

Ба нишонаҳои шабоҳатдиҳандаи нутқи хаттӣ (яъне, нишонаҳое, ки тавассути онҳо тафсир кардани шахсияти нависанда имконпазир мегардад), нишонаҳои услубӣ (такроршавандагии ҷумлаҳои истифодашуда, сабки ба худ хоси ҷумлабандӣ, истифодаи муқоисанамоиҳои якранга, мақолҳо ва ғ.), нишонаҳои лексикӣ (такроршавандагии ибораҳои ҷудогона) ва нишонаҳои грамматикӣ (хатогиҳои хос) марбут мебошанд. Ба нишонаҳои монандкунӣ, инчунин хусусиятҳои топографии хат: ҷобаҷогузории калимаҳо, андозаи майдонҳо, сатрҳои таъкидӣ, ҷудокунии сарлавҳаҳо, фосилаи байни калимаҳо, хусусиятҳои ихтисори калимаҳо ва ғ. дохил мешаванд.

Дар раванди муошират ҳамрадиф бо воситаи асосии муоширати нутқӣ (забон), воситаҳои ғайринутқии муошират: ҳаракатҳои дасту пой, сар (жестҳо), тарзи рафтор, оҳанги овоз, қиёфаи рўй (мимика), қиёфаи чашм (микромимика), ҳаракати якҷояи тамоми бадан (пантомимика), фосилаи байниҳамдигарӣ (паралингвистика), тарзи ист, ороишот, бўйҳои табиию сунъӣ, синнусол, ҷинс ва ғ. низ истифода бурда мешаванд.

Воситаҳои номбаршуда воситаҳои ёрирасони воситаи асосӣ — забон мебошанд. Маълумотҳое, ки тавассути воситаҳои ғайринутқӣ дода мешаванд, чун қоида на барои ҳама дастрасанд, зеро вобаста ба маданият, фарҳанг, урфу одат, арзишҳои миллӣ ва ғ. моҳияту мазмуни ин маълумотҳо гуногун шуда метавонанд. Бинобар ин, барои мазмун моҳияти ин гуна маълумотҳоро дарк кардан маданият, фарҳанг ва забони милатҳои дигарро ба таври шифоҳӣ омўхтан лозим аст.

Воситаҳои ғайришифоҳӣ бештар барои барқарор намудани робитаи эмотсионалӣ ва нигоҳ доштани он дар рафти сўҳбат, танзими ҷараёни муошират ва робитаи психологӣ, пурра кардани маълумотҳои баёншаванда, ифодаи эҳсосот, инчунин барои муайян кардани он ки айни замон муошираткунандагон нисбати ҳамдигар чӣ гуна нуқтаи назар доранд ва монанди инҳо истифода бурда мешавад. Илова бар ин, тавассути воситаҳои ғайришифоҳӣ муҳиммияти маълумоти иброзшаванда, муносибати байниҳамдигарии муоширон, хусусиятҳои фардӣ — психологӣ, ҳолати рўҳии ҳамсўҳбатҳо маърифат карда мешаванд.

Дар муқоиса бо воситаи асосии муоширати шифоҳӣ — забон, воситаҳои ғайришифоҳӣ идоранашавандаанд, зеро онҳо аз қалби инсон сарчашма гирифта, таҳти назорати зершуур қарор доранд. Ҳаракатҳои ғайришифоҳӣ бо густариши раванди бошиддати ангезандаи аз маркази нутқӣ бо қисми ҳаракатии қишри мағзи сар суръат гирифта алоқаманд аст. Характери ихтиёрӣ ва идоранашавандагии вай низ аз ҳамин ҷост.

Масалан, шахс тавассути муоширати шифоҳӣ имконияти бештари ба сухани дурўғини худ бовар кунонидани ҳамсўҳбатро дорад, вале агар ҳамсўҳбатҳо ба ҳаракатҳои ғайришифоҳии ҳамдигар аҳамият диҳанд, он гоҳ фиреб кардани онҳо душвор мегардад. Зеро ҳангоми интиқоли иттиллооти дурўғин (махсусан, вақте ки одам худ ин дурўғро маҳкум мекунад) кашидашавии хосаи мўшакҳои чеҳра ба вуҷуд меояд, дурахши гавҳараки чашм меафзояд, бештари вақт рагҳои хунгузари чеҳра васеъ шуда, чеҳра сурх мешавад, миқдори мижа заданҳо зиёд гашта, ҳаракатҳои хосаи хурду калон содир мегарданд: нимвоз шудани даҳон, ба бинӣ даст расондан, молидани чашм, аз нармаки гўш доштан, хоридани гардан, бо даст пок намудани лабу даҳон, пўшидани чашму гўш, кашидани гиребон, аз нигоҳи ҳамсўҳбат ноҳинҷор шудан, ба чашмони ў нигоҳ карда натавонистан, кафи дастони худро аз назари ҳамсўҳбат пинҳон доштан ва ғ. ҳаракатҳои бо осонӣ мушоҳидашаванда мебошанд, ки идора кардани онҳо на ҳама вақт имконпазир мебошад. Дар ин замина роҳи аз ҳама осонтари дурўғгўӣ, дуруғгўӣ аз тариқи телефон мебошад.

Воситаҳои ғайришифоҳии муошират визуалӣ, акустикӣ, тактикӣ – кинестикӣ ва олфакторӣ мешаванд.

Воситаҳои визуалии муоширати ғайришифоҳӣ инҳо мебошанд:

— кинестика: ҳаракатҳои даст, пой, сар бадан;

— самти нигоҳ ва робитаи нигоҳӣ;

— қиёфаи чашм;

— қиёфаи рўй;

— андом (иваз намудани ҳолати бадан вобаста ба мазмуни ахборот);

— таасуроти пўстӣ (сурхшавӣ, арақкунӣ);

— фосилаи байниҳамдигарӣ (фосила то ҳамсўҳбат, кунҷи нишаст ва гардиш ба ҷониби ў, фазои фардӣ);

— воситаҳои ёрирасони муошират, аз ҷумла хусусиятҳои андом (ҷинс, синнусол) ва воситаҳои тағйрдиҳандаи онҳо (либос, рангубордиҳии рўй (косметика), айнак, ороишот, холкўбӣ (татауировка), мўйлаб, риш, сигор ва ғ.);

Воситаҳои акустикӣ (садоӣ)-и муоширати ғайришифоҳӣ инҳо мебошанд:

— паралингвистикӣ ё худ бо нутқ алоқаманд – оҳанг, баландӣ ва пастии овоз, лаҳн, вазн, таваққуф дар нутқ ва пешгирии он;

— экстралингвистикӣ ё худ бо нутқ алоқаманд набуда (ханда, гиря, сулфа, нафаскашӣ, соиши дандонҳо, бо бинӣ шиппоскунӣ ва ғ.)

Воситаҳои тактикӣ — кинестикии муошират инҳоянд:

— таъсиррасонии ҷисмонӣ (аз даст гирифта бурдани нобино ё ҳамсўҳбат, аз камари ҳамдигар дошта рақсидан ва ғ.);

— такесика (дастфишурӣ, ба китфи ҳамдигар задан ва ғ.)

Воситаҳои олфактории муошират инҳоянд:

— бўйҳои хуш ва нохуши моро иҳотакарда;

— бўйҳои табиӣ ва сунъиӣ инсон.

Нигоҳи мавҷуди зинда ва хусусан, нигоҳи одам яке аз ангезадаҳои нерўмандтарини одам буда, дар худ ахбороти бузургеро ниҳон дорад. Чашмон ва лабон узвҳои нисбатан гўётари чеҳраанд. Одаме, ки нигоҳашро аз ҳамсўҳбат мегурезонад, дарундору тарсу ва одами чашм ало кунанда ба назар бемаърифату беодоб менамояд. Одамон ифодаҳои чашму бозии нигоҳҳоро бехато муайян мекунанд.

Ба воситаи нигоҳ аз дурахшу андозаи гавҳараки чашм, шакли абрўву пилкҳо, тарҳи даҳону бинӣ, тарҳи умумии рўй маълумотҳои зиёди дақиқро ба даст овардан мумкин аст. Таносуби ин нишонаҳо гуногунранг мебошад. Эҳсосоти мусбат миқдори мубодилаи нигоҳҳоро афзун мекунад, эҳсосоти манфӣ ин миқдорро маҳдуд менамояд. Нигоҳи даванда ё «часпанда» доир ба задагузориҳои психикӣ ва ноҷўриҳои психикӣ шаҳодат медиҳад. Барои беҳтар фаҳмидани одамон ба нигоҳҳою қиёфасозиҳо ва ҳаракатҳои онҳо зеҳн монед. Масалан, савдогарони ботаҷрибаи шарқӣ ба ҳолати гавҳараки чашми харидорон синча карда, нархи молро танзим менамоянд.

Нигоҳи одам бамаъразгузорандаи ў мебошад. Дар чашмони одамон мо муҳаббату нафрат, ризоияту инкор, хурсандию андўҳро хонда метавонем. Ифодаҳои чашму ифодаҳои лабон муносибати дутарафа доранд. Садҳо ифодаҳои қиёфасозӣ ин гунаҳои мухталифи таносуби ҳолатҳои лабон ва ифодаҳои чашманд. Фараҳмандии чашм ва табассуми сабук ҳар як чеҳраро зебо, ҷаззоб ва робитапазир мегардонанд.

Ҳаракатҳои одам вобаста аз тасаввуроти ҳамин ҷомеа дар бораи он ки одам бояд чӣ гуна бошад, интихоб шудаю таҳким меёбанд. Бисёр меъёрҳои иҷтимоии ҳаракат ва қиёфасозӣ вобастаи тарзи ҳаёти ҳамин ҷомеа мебошанд.

Бо қиёфасозӣ, тарзи ист ва ҳаракатҳои худ зеҳн бимонед. Аз чунин ҳаракатҳо дурӣ ҷўед: «ҳаракатҳои пўшида», «шубҳанокӣ» ва «ҳимоя» (осемасар молиш додани пешонӣ, чакка, манаҳ, бо дастон пўшидани рўй, ба сина чиллик кардани дастҳо, дар панҷа фишурдани ангуштон), «ҳаракатҳои шубҳанокӣ» ва «ҳаракатҳои хафагӣ» (молидани сатҳи бинӣ, гардан, хоридани гўш, бардоштани китфон ва хам кардани сар, гирифтани айнак ва намоишкорона ба сўе гузоштани он). Аз «тарзи исти ҳавобаландона» (масалан, бо пушти сар ё миён партофтани дастон), «ҳаракатҳои норизоият» (дар рўи миз чидани майда-чуйдаҳо, чидани мўйҳои пиҷак) канорҷўӣ намоед.

Ба ҳаракатҳои ҳамсўҳбат диққат диҳед. Исбот шудааст, ки ҳамсўҳбати сигоркаш дар мавриди хурсанд будан, дуди сигорашро ба боло, дар ҳоли ноҳинҷор будан бошад, дуди сигорашро ба поён сар медиҳад. Ба ҳолати дасту китфон ва сари ҳамсўҳбат назар афканед. Ҳангоми шиддати ҳаяҷон китфон бардошта ва ҳангоми сусту оромшавӣ китфон поин фуроварда мешаванд. Сари хамшуда аз маҳдудият (дамдуздӣ) ва ноқаноатмандӣ, сари баланд бардошташуда нишонаи худназораткунии устувори шахс мебошад.

Қиёфаи одам нисбат ба тарзи исти ў бештар ахбор медиҳад. Чеҳраи одам — оинаи ботинии ўст. Ҳаракати мушакҳои чеҳра – гувоҳидиҳандаи олами ботинӣ ва ҳолати рўҳии ў мебошанд. Ва одамон дар бисёр маврид на ба суханпардозиҳо, балки ба ҳамин гуна воситаҳои устувор таваҷҷўҳ мегузоранд.

Хусуиятҳои психологии муошират бештар ба воситаи шакли муошират муайян карда мешавад. Чунончи, ҳангоми муоширати кўтоҳмуддати тасодуфӣ одамон ба воситаҳои меъёрии аз ҷониби ҳамагон қабулшудаи эҳтиромгузорӣ ва саволҳои зоҳирӣ маҳдуд мегарданд. Ҳангоми таъсироти дутарафаи мўътадилу устувор ва ҳангоми муоширати корӣ одамон ба сифатҳои устувори психикию танзимии ҳарифони худ, ба хусусиятҳои рафтори онҳо дар вазъиятҳои мухталиф истиноду таваҷҷўҳ менамоянд. Дар ин маврид, натиҷаҳои мусбати таъсири дутарафа баҳогузорӣ мешавад, нақшаи мувофиқтари таъсири дутарафа бо ҳамин ҳариф дар асоси робитаи баръакс таҳия мегардад.

Фард андешаи хешро иброз дошта, ҳамеша натиҷаҳои ноилгардидаашро ба ҳисоб мегирад ва рафтори хешро ба танзим медарорад. Дар асоси таҷрибаи ҳаётии худ ва ҷамъбасткуниҳои оморӣ одамон доир ба хусусиятҳои рафтори якдигар муҳокима меронанд ва кўшишҳои имконпазири ҳарифони хешро дар муошират пешакӣ пай мебаранд.

Робитаи баръакси самараноку муассир амалкунанда, таҳлил ва ба ҳисобгирии натиҷаҳои робитаи худ яке аз шартҳои асосии фаъолияти тавфиқовари сарвар, менеҷер, қумондон, омўзгор, тарбиятгар, ҳуқуқшинос ва дигар кормандони соҳаи иҷтимоӣ мебошанд.

Дар нутқи хаттӣ, ки ба шахси номаълум ё ғоиб нигаронида шудааст (масалан, тавассути воситаҳои ахбори омма — рўзномаю маҷаллаҳо, телевизиону радио ва ғ., ки дар фазо ва вақт вуҷуд дорад), маълумоти додашаванда то қадри имкон ҳаматарафа шарҳу эзоҳ дода мешавад, зеро дар ин гуна муошират робитаи баръакс на ҳама вақт имконпазир аст.

Ба вуҷуди тамоми фарқиятҳои байнҳамдигарии нутқи шифоҳию хаттӣ, онҳо бо садде аз ҳамдигар ҷудо карда нашудаанд ва андаруни худ низ ҳамҷинс нестанд. Дар амалия намудҳои нутқи шифоҳии наздик ба нутқи хаттӣ ва услубҳои нутқи хаттии бо нутқи шифоҳӣ қаробатдошта ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Масалан, мукотибаи шахсии дўстон аз рисолаи илмӣ сареҳан фарқ дорад: услуби иншои мактуб ва тарзи навишти матнаш бештар ба нутқи шифоҳӣ – гуфтугўи наздик аст. Дар суханронии оммавӣ ва маърўзаҳо бошад, тамоми воситаҳои ифодакунандаи нутқи шифоҳиро истифода мебаранд, аммо дар баъзе мавридҳо бештар ба нутқи хаттӣ такя мекунанд. Бархилофи таъбирҳои умумии қабулшуда оид ба хондани лексияҳо онҳоро танҳо ба хониши хушку холӣ ва якнавохту якзайли ягон хел матн табдил додан лозим нест. Лексияи барои ҳозирини сокиту ором пешбинишуда бояд то андозае оҳанги лексия-сўҳбатро дошта бошад: ҳассосияти баланд, дарк кардани ҳолати ифоданашудаи талқиншавандагӣ ё муқобилиятнамоии ҳозирин, завқоварӣ ё дилгиркунандагии мавзўъро аз руйи ҳаракатҳои ночизи пайхастшавандаи шунавандагон дарк кардан, ҳолати ботинии онҳо ва муносибаташонро ба ақидаи иброзгардида ба ҳисоб гирифтан — ин ҳама хусусиятҳои нутқи шифоҳие мебошанд, ки бояд ба таври ҷиддӣ ва муназам ба мантиқи ибрози андешаи на ба нутқи шифоҳӣ — гуфтугўӣ, балки ба нутқи хаттӣ хосбуда муносибатдор гардонда шаванд.

Мисолҳои овардашуда гувоҳи онанд, ки аввалан нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ мухолифи ҳамдигар набуда, балки вориди ҳамдигар гашта, ба ҳамдигар таъсири дутарафа мерасонанд. Сония, ин маънои онро дорад, ки тавофутҳои қатъӣ байни матнҳои маъмули шифоҳӣ – гуфтугўӣ ва илмии хаттӣ, на танҳо бо техникаи нутқи хаттӣ ва нутқи шифоҳии садогй, балки бо фарқиятҳои вазифаҳо низ иртибот дорад. Нутқи шифоҳии гуфтугўӣ барои мустақиман ифода намудани ҳиссиётҳо бо мусоҳиб хизмат мекунад. Нутқи хаттӣ маъмулан барои ба ҳамсўҳбат расонидани маълумотҳои нисбатан мавҳум хидмат менамояд.

Ҳангоми худ ба худ фикр кардан ва ба тасвиятҳои вожавӣ гузаронидани афкор, байни нутқҳои шифоҳию ботинӣ ва нутқи ботинӣ вобаста ба муносибати онҳо ба таффаккур фарқияти зиёд мушоҳида мешавад. Бархе аз равоншиносон нутқи ба истилоҳ ниҳоятан худпарастона (эгосентрӣ) – ро ҳамчун нутқи фосилавии дар байни нутқҳои зоҳирию ботинӣ мавҷудбуда шарҳ медиҳанд. Нутқи ниҳоятан худпарастона асосан ба кўдакон хос аст: кўдаки саргарми бозӣ худ бо худ гуфтугў мекунад. Баъзан ҳангоми худназораткунии заиф, нутқи худпарастона дар калонсолон ва асосан дар пирон имконпазир ба назар мерасад. Фаъолии он ҳангоми пайдоиши ягон душворие дар фаъолият меафзояд. Нутқҳои оҳанги худпарастӣ дошта дар нисбати муошират ба ақлоният бештар такя карда, аз руйи шакл ҳамчун нутқи берунӣ ва аз руйи вазифа ва моҳияти психологӣ ҳамчун нутқи ботинӣ баромад мекунад.

Нутқи дохилӣ ҳангоми амалӣ шуданаш гўё аз иҷрои вазифаи ибтидоии онро тавлидкарда канораҷўӣ мекунад, зеро дигар на ҳамчун воситаи муошират, балки пеш аз ҳама ҳамчун шакли фаъолияти ақлӣ баромад мекунад. Бо вуҷуди ин, вай аз лиҳози ирсӣ дар шакли иҷтимоӣ боқӣ мемонад, зеро нутқи «берунӣ» бегуфтугў заминаи асосии пайдоиши нутқи «дохилӣ» мебошад. Вай (нутқи ботинӣ) дар онтогенез (дар кўдак), ташаккул мепазирад, вақте ки кўдак ба таври кифоя нутқи шифоҳиро азхуд менамояд, дар натиҷаи интериоризатсияи нутқи ботинӣ (ба дарун – ба психика гузаронидан ё «кўчонидан»-и он), дорои нутқи дохилӣ мегардад. Ин дар мавриде рўй медиҳад, ки кўдак барои матраҳ кардани фаъолияти бозии худ бо садои баланд ифодаҳои калимавии амалиёти худро ба забон оварда истода, онро дар амал истифода мебарад. Ҳамин тариқ, инкишофи нутқи ботинӣ аз марҳилаи фосилавии худпарастона оғоз меёбад. Ҳангоми гузариши нутқи берунӣ ба нутқи ботинӣ нутқи худпарастона тадриҷан аз байн меравад.

Нутқи ботинӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои дигар, дар қиёс бо нутқи берунӣ аз рўйи сохти худ низ фарқ мекунад. Вай нутқи пешакӣ таъйиншуда набуда, дар аксар маврид носуфтаю нопурра аст. Л.С.Виготский ва шогирдонаш дар асоси тадқиқотҳои худ сохти нутқи ботиниро маҳз ҳамчун нутқи хабарӣ тафсир мекунанд, аммо С.Л.Рубинштейн тахмин мекард, ки амалишавии «нутқи ботинӣ дар аксар маврид аз тарзи масъалагузорӣ вобаста мебошад».

Ҳамин тариқ, нутқи ботинӣ дар шакли нутқӣ тахфиф кардашуда баромад мекунад: аз он фақат баъзе унсурҳои аз ҳама муҳим боқӣ монда, ҳама он чизҳое, ки «худ ба худ ҳувайдо» буда, нутқро бою ғанӣ намегардонанд, нолозим мешаванд. Ин гуна протсесси «мухтасаркунӣ»-и воситаҳои забонӣ, гуфтугўи шифоҳии шахсонеро ба хотир меорад, ки мавзўи сўҳбатро хело хуб медонанд ва дар ҷараёни муоширати худ аз бисёр чизҳои нолозим сарфи назар менамоянд. Ба замми ин ҳангоми муколамоти ботинӣ (монолог) ё «гуфтугў бо худ» ин тарзи нутқ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *