Фанни Психология

Ташаккули шахсият дар давраҳои гуногуни синнусолӣ

  1. . Ташаккули шахсият дар синни томактабӣ
  2. . Ташаккули шахсият дар синни хурди мактабӣ

Дар синни томактабӣ элементҳои хислатҳои шахсияти бачагон дар рафти муоширати байниҳамии падару модарон, мураббияҳо ташаккул меёбад. Масалан дар давраи аз таваллуд то яксолагӣ шахсияти бачагон дар зери таъсири муносибатҳои оилавӣ шакл мегирад. Аз як тараф модар ҳамеша дар иртибот бо кӯдакон аст. Талаботи биологӣ ва маънавии тифлро қонеъ мегардонад, махсусан бо ӯ ба таври шифоҳӣ муошират барқарор мекунад. Тифлро ба ҳавои кушод мебарорад, навозиш мекунад ва то се чор моҳагӣ баданашро молиш дода обу тоб медиҳад. Дар дувуним, семоҳагӣ авҷгирии ҳиссиёт хело зиёд мешавад. Бо дидани модар кӯдак ҳисси ханда зоҳир менамояд. Агар модар садо барораду дертар ба назди ӯ биояд, кӯдак ҳисси ноқаноатмандӣ зоҳир менамояд.

Дар чор чорунимоҳагиаш кӯдак ба одамони ношинос ба таври интихобӣ муносибат мекунад. Барои ташаккули шахсият дар ин давра муҳити гуфтугӯи, бисёртар бо бача гап задан ба ӯ ёд додани калимаҳои нав, ибораҳо ва ҳатто ҷумлаҳо ин шакли муошират барои рушду нумуи нутқи шифҳӣ ва алоқаноки бачагон мусоидат мекунад. Аз ҳама муҳим калонсолони оила дар назди кӯдак хушмуомила бошанд. Аз ҳар ҷиҳат намунаи ибрат будан зарур аст. Дар охири яксолагӣ кӯдак мустақилият пайдо карда ба ин ё он тараф ҳаракат мекунад ва аз нутқ ҳамчун воситаи муошират истифода мебарад. Ҳамин, ки бача ба маънои мафҳуми калимаҳо, ибораҳо дуруст сарфаҳм ва дар ниҳоят худашро дарк кард ташаккулёбии шахсияти ӯ сар мешавад. Дар давраи аз як то 3- солагӣ дар шахсияти бачагон тағиротҳои муҳиму назаррас ба вуҷуд меоянд. Пеш аз ҳама бачагон мустақил мешаванд, малакаҳои маданӣ — гигиениро ёд мегиранд. Шавқу ҳавас ва таваҷҷӯҳи бачагонро ҳодисаҳои гирду атроф, муносибатҳои инсонӣ ва каллективона бозӣ кардан, инчунин фаъолияти сермаҳсул, расмкашӣ, сурудхонӣ, кулолӣ, сохтани суробҳо, дорси ҳисоб, инкишофи нутқ ва сайру гашт дар ҳавои кушод аҳамияти калон дорад.

Дар ин давра ҳам падару модарон ва ҳам мураббияҳои кӯдакистон ба ташаккули идроку диққат, хотир, таффакур диққати ҷиддӣ дода, хислатҳои мусбатро ба монанди: дӯстию рафоқат, ватан, модар, ҳурмату эҳтиром, меҳрубонӣ ва муомилаи хешро ба бачагон ёд диҳанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *