Фанни Психология

Психологияи ҳиссиётҳо ва эмотсияҳо маданият ва одоби муносибатҳои эмотсионалӣ ҳангоми фаъолияти касбӣ

Нақша:

  1. Мафҳум дар бораи ҳиссиёт ва эмотсияҳо.
  2. Психологияи муносибатҳои эмотсионалӣ.

З.Идоракунии эмотсияҳо дар рафти фаъолияти касбӣ.

  1. Мафҳум дар бораи ҳиссиёт ва эмотсияҳо.

Инсон ба муҳити иҳотакарда дар муносибатҳои гуногун мебошад. Доир ба ин ҷиҳат мутафаккири асри ХК-и немис Ф-Энгелс мегуяд: «Тағироти олами беруна ба одам дар таъсири ӯ дар шакли ҳиссиёб, фикр,ҳаяҷон ва зуҳуроту ирода инъикос меёбад». Аз ин хотир, ҳиссиёт ва эмотсия чунин ҳолати психикие мебошанд, ки муносибати ҳиссии одамро ба худиву ва нисбат ба одамони иҳотакарда ифода меёбад.

Мафҳуми ҳиссиёт ва эмотсияро бояд аз якдигар фарқ кард. Эмотсия калимаи лотини буда маънояш ба ҳаяҷон омадан барангехтан дорад. Бо мурури замон маънояш тағйир ёфт ва ҳоло эмотсия — маҷмӯи ин реаксияҳои ҳиссӣ мебошад, ки дар ҷавоби сигналҳо аз ҷиҳати характер мухталифи экзогени ва эндогенӣ пайдо шуда ҳатмантағйиротҳои муазан ҳолати физиологи организм мебошанд. Психолог К Г Платанов қайд мекунад, ки эмотсия ашё ва ҳодисоти олами воқеъиро не. Балки муносибатҳои объективиро инъикос менамояд. Эмотсияҳо ҳануз шакли маърифат набуда, дар шуур на образҳои Аше ё ҳодисаҳо, балки тасавуротҳои оддию воситае ба шумор рафта ба қонеъгарди, қонеъ нагаштаниталаботҳо алоқаманданд ва дар шаклу тобишҳои гуногун зоҳир мешаванд.

Ҳиссиёт-мафҳуми таъсири ҷамъияти аст ва фақат дар сурати мавҷуд будани дараҷаи муаяни ақл пайдо шуда, муносибати Аше ва ҳодисотро бо талаботи олӣ вам уроду мақсадҳои одам инъикос мекунад. Ҳисси рафоқату муҳаббат, шарму ҳаё ва номус, ҳисси меҳнатдӯстиву ватандӯстӣ, эстетики ва бисёр дигар ҳолатҳои мураккаби эмотсионалӣ аз ҷиҳати таърихи ва иҷтимоӣ мукаммал гардида муносибатҳои муаяни байни одамонро инъикос менамояд. Ҳиссиёт нисбат ба эмотсия дида функсияҳои барои ҳаёти ҷамъияти одам зарурро иҷро мекунад. Масалан: меҳри ватан дорои мазмуни иҷтимои буда, метавонад вобаста ба вазъу шароит ё худ ҳангоми аз сар гузаронидани реаксияҳои мухталифи элитсионалӣ зоҳир гардад. Мо метавонем нисбат ба душманон хашму ғазаб кунем ё аз мувафақиятҳои ҳ\д мазмунтар дида, қаноатмандӣ ҳис намоем. Ҳамаи ин реаксияҳои эмотсионалие мебошад, ки тавоссути онҳо меҳру муҳаббат ба ватан зоҳир мегардад.

Хусусият ҳамчун шакли устуворгардида, мураккаб ва ҷамъият гардида инъикоси эмотсионалӣ буда танҳо ба одам хос аст. Ҳиссиёт табиати иҷтимоиро дорад ва метавонад дар эмотсияҳо ифода ёбад.

Ҳиссиётду функсия дорад: 1. сигналдиҳи ба одамони дигар аз хусуси ҳиссиёти азсаргузаронидани одам хабар медиҳад.

  1. функсияи идоракуни ҳиссиёт — яъне басуратҳои устувору мустаҳкам рафтори моро ба низом медарорад, ба мо қувват мебахшадва дар бартараф намудани монеаҳо ёри мерасонад.

Одатан ҳиссиёти стеникӣ (руҳбахш) ва астеникӣ (афтодаруҳи)-ро фарқ мекнад. Дар баробари ин ҳиссиётҳои олӣ мавҷуданд, ки танҳо хоси одамонанд ва онҳо амалӣ, ақлӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ.

Инсон дар раванди ҳаёту фаъолияташ зери таъсири онизаҳо монда ба чунин ҳолатҳои эмотсионӣ гирифтор мешавад ва дигаргуниҳои зиёдеро дар рафтораш вуҷуд меоваранд.. Онҳо ҳолати руҳи, стресь, оффект,фрустратсия огресия депрессия изтироб ва ғайра.

Акнун ба тавсифи психологи баъзеи онҳо мегузарем, зеро онҳо дар рафти фаъолияти касбӣбешубҳа зоҳир мегарданд ва мушкилотро эҷод менамоянд.

2. Психологияи муносибатҳои эмотсионалӣ, идоракунии эмотсияҳо дар рафти

фаъолияти касбӣ.

Инсон дар рафти фаъолияти ҳаёташ дар системаи муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ иштирок менамоянд, аз қабили муносибатҳои байналхалқӣ, иҷтимоию сиёсӣ, дипломатӣ, истеҳсолӣ, савдо, саноат ва ғайра ю илми психология ин муносибатҳоро мувофиқи принсип ва методологияи ба худ хос меомӯзад. Дар баробари ин муносибатҳои софӣ психологӣ вуҷуд доранд ва онҳо муносибатҳои байниҳамдигарӣ, ки ба ду гуруҳ ҷудо мешаванд. Байнишахсӣ ва корӣ. Асоси муносибатҳои байниҳамдигариро ҳиссиётҳо ва эмотсияҳо ташкил медиҳанд. Яъне муносибатҳои одамон дар рафти фаъолияти касбӣ тобишӣ эмотсиониро соҳибанд. Онҳо зимни ҳусни таваҷҷӯҳ(симпатия) ва нафрату бадбинӣ(аниматсия) ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои эмотсиониро дар гуруҳҳои иҷтимоӣ туфайли методҳои психологӣ омухтан мумкин аст.. яке аз ин методҳоро сотсиометрия меноманд, ки онро психологи Америкои Ҷ.Я Морэмо кор карда баромадасаст.. Каме ба Шумо доир ба ин метод маълумот медиҳам..

Умуман бояд қайд , кард, ки муносибатҳои одамон бо зуҳуротҳои эмотсионалӣ обурангӣ махсус пайдо мекунанд таъсирбахш мешаванд. Ин зуҳуротҳо метавонанд ҳам табии манфӣва ҳам мусбӣ дошта бошанд.Эмотсияҳои оддитарини ибтидоӣ ба одам овонӣ кудаки хос мебошад. Зотан аввалин гиряи кудакро сарахтари ҳолати эмотсионалӣ номидан мумкин аст. кудак дар ҳафтаи 5-уми ҳаёташ ба ҷуз гиряву дод боз табассум мекардагӣ мешавад, ки ин аз хушхоли кудак хабар медиҳад. Кудаки думоҳа аллакай механдад ва аз моҳи саввум сар карда дар ӯ реаксияҳои умумии ҳаракатеро, ки ҳолати эмотсионалиро инъикос мекунанд, мушоҳида кардан мумкин аст. Дар шароити яксолагӣ ва минбаъд реаксияҳои эмотсионалии кудак бо меъёрҳои рафтори иҷтимои то дараҷае алоқаманд мегарданд, яъне эмотсияҳо устувору боқувват ва характерашон мураккабтар мешаванд.

Пас маълум мегардад, ки инсон дар тулии ҳаёташ дар зери таъсири онизаҳо аст ва онҳо уро бо ҳолатҳои гуногуни эмотсионалӣ гирифтор менамоянд. Масалан ҳолати руҳии ӯро дигар мекунанд ба ҳолатҳои стресс оффект ва фрустратсия гирифтор мешаванд. Ин ҳолатҳои номатлуби руҳи муносибатҳои шаклан ва мазмунан гуногуни эмотсионалиро дар фаъолияти касбии кормандон ба вуҷуд меоваранд. Ва оқибатҳо эҷод менамоянд. Метавонанд муҳити солимии кориро ба вуҷуд оваранд ё ин , ки боиси сар задании баҳсу мунозираҳо , муноқишаҳо , моҷароҳо ва низоъҳо шаванд.

Барои пешгири намудани чунин муносибатҳои номатлуби эмотсионалӣ тарбияи ҳиссиёти кормандони соҳаро ба роҳ мондан зарур аст. дар навбати аввал дар кор мондан бояд ҳиссиётҳои олии мусбати ахлоқи , ақли ва эстетикиро ташаккул диҳем ва тавасути онҳо ҳиссиётҳои манфи барои шахс ва ҷамъият зарароварро аз байн барем. Дар навбати дуюм бояд дар кормандон маҳорати идора карда тавонистани зуҳуроти эмотсияҳоро ташаккул диҳем, ки он дар ҳар як фаъолияти касбӣ зарур аст. яке аз роҳҳои ин худидоракунии эмотсияҳо мебошад. Воситаи дигари самарабахш тарбияи кучонидани диққати кормандон ба намуди дигари фаъолият мебошад. Барои ин зарур аст , ки ирода ва сифатҳои шунавоиро бояд ба кормандон тарбия намоем то, ки он мустақил , устувор,қатъикор,боҷуръат, боғайрат ва босуҳбат бошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *