Фанни Психология

Сотсиология дар ҷомеаи сармоядори

Ба миён омадани сохти наву тозаи ҷомеаю ҷомеадории буржуазӣ ҳодисаи тасодуфӣ набуда, натиҷаи тараққиёти тарзи истеҳсолоти ҷомеаҳои пешин, алалхусус давлатдории феодалӣ ба ҳисоб мерафт. Заминаҳои истеҳсолӣ, моддӣ, маънавӣ, ахлоқию фарҳангӣ ва илмию техникии онро феодализм ба по гузошт. Кашфиётҳои пай дар паи илмҳои табиатшиносӣ, ба рушуду тараққиёти тарзи истеҳсолот, ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, маънавию ахлоқии мардум асос гардиданд. Тавассути чунин падидаҳо бедоршавии аҳли илму маърифат фаро расид. Мактабу ҷараёнҳои нав ба нави илмӣ, албатта бо ниқобҳои гуногун, сарболо шуданд. Чи дар ҷахони фалсафӣ ва чи дар олами иҷтимоишиносӣ табаддулоте ба миён меомад.

Тавассути пешрафти ҷомеа, то рафт мураккабтар гардидани ҳодисаю воқеаҳои он афкору ақидарониҳои муҳаққиқон характери васеътарро гирифта, тарз ва усули масъалагузори ва ҳаллу фасли мушаххаси онҳо тағиир меёбанд. Давраи сохти буржуазӣ, ки дар мақоми инсону ҷомеа нисбати ҳамаи давраҳои пешини ҷомеадорӣ ранги дигарро мегирад, оҳиста-оҳиста ба худ баъзе имконияту шароитҳои омӯзишу таҳқиқи ҳодисаҳои иҷтимоиро муҳайё месозад. Ба майдони илму маърифат ҳар чи бештар онҳое мебароянд ва кушоду равшантар ҳарф мезананд, ки нисбати чунин сохти давлатдорӣ манфиатдор буданд ва тайёр будани худро дар адои хизмат бо роҳҳои гуногун: эҷоди афкору а қида, навиштани асарҳои «илмӣ», гузаронидани тадқиқотҳои эмпирикӣ ва ғайраҳо нишон дода тавонанд. Сохти идораи ҷомеадории буржуазӣ бо сабаҳои ба ҳамагон маълум проблемаҳоеро ба миён меовард, ки онҳоро гузаштаи таърих ва мутафаккирони он шояд гумон ҳам надоштанд. Тезу тунд шудани авзои сиёсию и қтисодии ҷомеа, авҷи норозигии гурӯҳҳо, ба майдон омадани синфи пролетариат, муборизаи кушоди вай бар зидди синфи буржуазия, корпартоиҳои коргарон, болоравии шуури сиёсӣ ва дар ҳамин заминаҳо муттаҳид гардидани табақаҳои гуногуни сиёсӣ, пайдоиши шӯроҳо дар назди соҳибони заводу фабрикаҳо, афзун гардидани корпартоиҳо, аз ҷониби коргарон гузоштани ҳар гуна даъвоҳо, бедор шудани равшанфикрони навбаромад, бенавоии зиёди де ҳқонон, ҳунармандон, соҳибони молу мулки майда, шарооити вазнини меҳнат дар заводу фарбрикаҳо, ки бештар бо дасти худи капитализм бо мақсади ҳар чи бештар соҳиб гардидани даромад, ҷамъ намудани сарват, боигар ӣ ба амал бароварда мешуданд ва боз даҳҳо дигар ҳолату вазъиятҳои иқтисодию сиёсӣ, маънавию ахлоқии дар ҷомеа рух дода сохти нави буржуазиро ба ларза дароварда, синфҳоеро, ки дар сари ҳокимият меистоданд, ба тарсу воҳима дароварда буд. Онҳо аз тарс тамоми чораҳоро ҷустуҷӯ менамуданд, то ин ки лаҳзае ҳам бошад, ақалан пеши роҳи нохушиҳои ба миён омадаро боз дошта тавонанд. Вале вазъият басо вазнинтар мешуду халос. Ҳамин боис шуд, ки бо тезӣ дар як қатор шаҳрҳо, ки маркази саноатӣ ба ҳисоб мерафтанд, корпартоиҳои коргарон ҳар чи бештар рух диҳанд.

Шӯриши бофандагони Лион дар Франсия, ҳаракатҳои муддати дар Англия, баъдтар ҷартистон ва боз дигар намоишҳои коргарон, ки садҳо ҳазорҳо ҳазор норозиёнро ба худ ҷалб менамуданд, бо тезӣ ҳаллу фасли шартҳои худро металабанд. Шумораи зиёиёни «Ҳукмронии ақлу хирад», ки аз ҳамаи ин ҳодисаҳо ва муносибати синфҳои ҳукмрон дар ҳайрат монда буданд, низ хеле зиёд мешуд. Ҷомеа объективона ҳар чи зудтар омӯзиши воқеии ҳодисаҳои ба вуқуъ омадаро тақозо мекард. Муайян кардан зарур буд, ки чаро чунин аҳвол рух дод? Кӣ дар ин гунаҳкор мебошад? Дар чунин вазъияти ба миён омада чӣ бояд кард? Кадомҳоянд он роҳҳои халосӣ аз ҳолатҳои ба миён омада? Тақдири ояндаи ҷомеаро чӣ интизор мебошад? Дар баробари ҳамаи инҳо инчунин нати ҷагирии кор аз он ҳ ам вобастагии зи ҷ дошт, ки муҳаққиқони гуногуни соҳаи ҷомеашиносӣ аз кадом нуқтаи назари сиёсӣ, бо назардошти кадом мақсаду мароми синфҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ ба майдон мебаромада бошанд? Синфҳои ҳукмрон, албатта, мехостанд, ки вазъияти ба амал омада мақсаду мароми онҳоро ифода намоянд. Дар ҷомеа асосан аз ҳама бештар гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ: консерваторони анъанавӣ ва буржуазияи либералӣ ва состсиалистони хаёлӣ хуб фаъолият доштанд, намегузоштанд, ки дар ҷамъият манфиату мароми дигарон ҳукмрон бошад. Онҳо, ки худ манфиату мароми синфу гурӯҳҳои гуноугни ҷамъятиро ҳимоя мекарданд, боиси боз ҳам вазнин гардидани вазъияти сиёсию иқтисодии ҷомеа мешуданд.

Консерваторҳои анъанавӣ асосан тарфдори нигоҳ доштани ҳамоҳангии ҷомеа буданд ва даъват мекарданд, ки қонунҳои онро (ҷомеаро—О.Ғ.) омӯхта, таҳлил карда, аз гирдоби харгуна нохушиҳо чун системаи том нигоҳ дошта шавад. Ҳамин буд, ки онҳо ба амал омадани инқилоби франсузро (соли 1789) маҳкум карда, нигоҳ доштани сохти тартиботи феодалии асримиёнагиро ҳимоя мекарданд. Аммо либералистони буржуазӣ бошанд, мақоми шахсони алоҳида, онҳоеро, ки соҳиби молу чиз буданд, ба савдо, хариду фуррӯш сару кор доштанд, ба соҳибкорӣ машғул мешуданд, аз будаш зиёд таърифу тавсиф карда, зидди гармонияи ҷомеа чун системаи том баромад мекарданд ва исбот кардани ҳам мешуданд, ки томии ҷомеа пешравии шахсони корчалонро боз медорад, озодиро танг менамояд. Аз ин рӯ онҳо зарурати инкишофи гармоникии ҷомеаро инкор мекунанд.

Хулоса, дар чунин шароити басо вазнини и қтисодию сиёсӣ ва муборизаҳои қувваҳои мухталифи ҷомеаю ҷомеадорӣ, равшанфикрони зиёде ба майдони илму маърифат қадам гузоштаанд, ки фаъолияти минбаъдаи онҳо боиси инкишофи андешаҳои илмӣ-маърифатӣ гардидаанд. Ҳар кадоме аз онҳо аз диди худ, бо назардошти манфиатдориҳои шахсиашон вазъи иқтисодию сиёсии 6а миён омадаро омӯхта, таҳлил намуда, хулосае мебароварданд, ки онҳо асосан баҳри таърифу тасвиф ва нигоҳ доштани сохти ҷомеаи мавҷуда (буржуазӣ-О.Ғ.) равон шуда буданд. Маҳз дар ҳамин давра мактабу равияҳои гуноугни сотсиологӣ ба ҷанбаҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангӣ диққат дода, ба омӯзиши (тадқиқоти) мушаххаси сохаҳои алоҳидаи ҳаёти иҷтимоӣ шурӯъ карданд. Дар бештари асарҳое, ки дар ин муддат аз ҷониби ҷомсашиносон, файласуфон офарида шуда буданд, равшан мушоҳида кардан мумкин аст, ки то кадом дараҷа авзои ба миён омадаи аҳли илму ҳунар, маорифпарвару сиёсатмадоронро ба ташвиш оварда буд.

Мавзӯи баҳсу музокираи сотсиологӣ пеш аз ҳама проблемаҳои рӯзмарра буданд. инро аз тарзу усули масъалагузории намояндаҳои вай хеле равшан пай бурдан мумкин аст. Дар натиҷаи хеле ҳам бо суръати тез инкишоф ёфтани равандхои гуногуни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, марказонида шудани нуқтаҳои мухталифи истеҳсолот, авҷ гирифтани техниконии равандҳои фаъолияти меҳнатии одамон, ҳар чи бештар ба илму техникаи навтарин рӯ овардани ҷомеа, ба миён омадани зарурати тақсими системаи ташкили меҳнат, худшиносии синфҳои алоҳидаи ҷомеа (буржуазия, пролетариат ва ғайраҳо), тезу тунд гардидани зиддиятҳо дар ҷомеа ва боз даҳҳо, садҳо ҳодисаву воқеаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ боиси ба миён омадани як зумра проблемаҳои нави зиндагие гардидаанд, ки ҳар кадоме бо тези омӯзиш, таҳлил ва ҳаллу фасли худро тақозо менамуд. Акнун бо диди фалсафӣ, алалхусус фалсафаи вуҷуд дошта ҳалли кулли проблемаҳои ба миён омада ғайри имкон буд. Тағъииротҳо дар тамоми системаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тақсимот, фаъолияти меҳнатии одамон, муносибатҳои истеҳсолӣ, қувваҳои истеҳсолкунанда, илму фарҳанг, сиёсат, идеология

муносибатҳои иҷтимоии аҳли ҷомеа тез-тез рӯҳ медоданд. Нав ҷои кӯҳнаро мегирифт. Чизи нави ба амал омада дар муборизаи тезу тунд мақоми худро мустаҳкамтар менамуд. Сотсиологҳо маҳз ҳамин рафти пайдоиш ва ҷунбишу инкишофҳои иҷтимоию иқтсодӣ, сиёсиву маънавӣ, фарҳангию маърифатӣ, алалхусус инкишофи сохти буржуазӣ, зиддиятҳои ботинии хоси он, муборизаи байни қувваҳо, пеш аз ҳама пролетариат ва буржуазия, тақсими меҳнат, ҷудошавии гурӯҳҳои аҳолӣ ба табақаҳои хоссаи ин давр, муборизаи байни он ҳо ба миён омадаро бояд меомӯхтанд. Зарурате ба миён меомад, ки ҳолатҳои рӯҳ дода шударо ба таври мушаххас омӯхта, хулосаҳои конкретӣ бароварда шаванд. Ана дар ҳамин давраи хеле ҳам ҳассос шахсоне ба майдони илму фарҳанг баромаданд, ки баъзан онҳо дар омӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳои воқеӣ мақоми муҳимро бозида, дар саҳифаҳои таърихи тамаддуни халқу ватани худ нақши абадиро гузоштаанд. Аз ҷумлаи онҳо махсусан Огюст Конт ҷомеашиноси асри XIX, Франсо (1798-1857), Герберт Спенсер-ҷомеашиноси англиси охири асри Х1Х аввали асри XX (1820-1903), Людвиг Гумпулович (1838 -1909),

сотсиологи австриягӣ Эмил Дрюкгейм (1858-1917), олими олмон Макс Вебер (1864-1920), тадқиқотчии проблемаҳои иҷтимоии Олмон, К.Н.Михайловский (1842-1904), ҷомеашиносони шинохтаи немис К.Маркс ва Ф.Энгелс ва дигаронро мисол овардан мумкин аст. Маҳз асарҳои тадқиқотии сотсиологҳои зикрёфта имрӯз яке аз сарчашмаҳои асосии пайдоиш ва ташакулёбии сотсиология, ба миён омадани як зумра мактабу равияҳои сотсиологӣ гардиданд.

Сотсиология ҳамчун илми мустақил пеш за ҳама ба он сабаб шинохта шуд, ки кулли масъалаҳои баҳсноки ба миён омадаи соҳаи иқтисодию иҷтимоии давру замон дигар бо он тарзу усули донишҳои илмии пешинае, ки омӯхта, таҳлил ёфта, хулоса бароварда мешуданд, мумкин ноимкон гардид. Проблемаҳои ба миён омада тарзу усули омӯзиши илмӣ, таҳқиқу хулосабарриҳои хосаи худро талаб менамуданд. Аз диди сотсиологӣ ба олами ҳодисаю воқеаҳои ба миён омада назар кардан, таҳлил ва хулосабарориҳо қарор додани онҳо албатта дониши васею пухта ва ҳамаҷонибаро талаб менамуд. Ҳамчунон зарур буд, ки нисбати тарафҳои гуногуни ҳодисаю воқеаҳои дар ҷомеа рухдиҳанда аз назари фалсафии илмӣ— ҷаҳонбинии васеи маърифатӣ объективона баҳо дода шавад.

Ба нимаи дуюми асри XIX асосан он ҷиҳатҳое хос мебошанд, ки нисбат ба дигар илмҳо дида сохаи илмҳои табиатшиносӣ, алалхусус биология ва физика, хело ҳам бо суръат инкишоф меёфт ва таъсиру нуфузи онҳо на ин ки ба масъалагузориҳои соҳаи табиат, инчунин оид ба кулли ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ низ ҳис карда мешуд. инро мо дар афкору ақидарониҳои мутафаккирон, алахусус сотсиологҳои ин давр хуб мушоҳида карда метавонем. Барои ин ба миён омадани мактабҳои гуногуни биологияи иҷтимоӣ, механикаи иҷтимоӣ, физикаи иҷтимоӣ ва боз чанд равияҳои дигар мисол шуда метавонанд. Намояндагони ин мактаб ҳо (равияҳо), ки асосан худ олимони сохаи табиатшиносӣ (физика, химия, биология) буданд, ҳаёти иҷтимоиро ба ҳолатҳои физикавӣ, химиявӣ, биологӣ муқоиса карда истода, бо истифода аз тарзу усулҳои зикрёфта оид ба ҷомеа хулосаҳо мебароварданд. Масалан, физики Олмон Вилгелм Освалд чунин мешуморад, ки дар ҳолати зиёд ба даст даровардани қувваи барқи (энергия) ҳамон қадар дараҷаи маданиятнокии ҷомеа баланд мегардад. Назарияи эволютсионии Ч. Дарвинро нодуруст маънидод карда, чанде аз онхо моҳияти асосии масъала: айниятҳои вуҷуд доштаи байни инсону ҳайвонро (маҳсули дуру дарози эволютсионии биологӣ будани онҳо)-ро аз будаш зиёд ва ба дараҷаи мутлақ мефаҳмониданд. Ба миён омадани афкори навини материалистй дар шахсиятҳои бузурги таърихӣ К.Маркс ва Ф.Энгелс боиси табаддуллоти ҷаҳони ҷомеашиносию таърихфаҳмӣ гардиданд. Ҳамин сабаб гардад, ки дар ин давра, яъне нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XX дар саҳифаи таърихи инсоният боз як тамоилоти навин ба миён омад ва маҳз дар ҳамин давру замон шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ ба камол расида, тавассути фаъолияти илмию эҷодиашон аз ҷониби кулли равшанфикрон шинохта шуданд.

Мақоми таълимоти материалистии э ҷод намудаи К.Маркс ва Ф.Энгелсро алалхусус нисбати басо равшан муайян сохтани қонунҳои мушаххаси сотсиологӣ, қонунҳои умумисотсиологӣ бояд қайд намуд.

Сотсиологи Олмон Г.Зиммел (1858-1918) дар инкишофи сотсиология хизматҳои зиёде кардааст. Зиммел мақоми фалсафаро дар кор карда баромадани назарияи дониши иҷтимоӣ, танқиди фалсафаи иҷтимоӣ махсусан қайд кардааст. Аммо таърихи ҷомеаро ӯ чун таърихӣ ҳодисаҳои рӯҳӣ шуморида, ба хулосаҳои барғалат (рӯҳро асоси ҳамаи ҳодисаҳо донистан) омада буд. Таносуби шакл ва мазмунро нодуруст фаҳмида, онҳоро ба якдигар муқобил мегузорад. Дар ин бора дар асари ӯ «Сотсиология» бештар сухан меравад.

Афкору ақидаи сотсиологии Земмел боиси пайдоиш ва ташаккулёбии ҷараёни дигари сотсиолог ӣ дар шахсияти Эмил Дюркгейм (1858 —1817) дида мешавад. Ӯ дар асарҳои худ «Дар бораи тақсими ҷамиятии меҳнат», «Қоидаи усули (тарзи) муносибати сотсиолог ӣ», «Худкушӣ» ва ғайраҳо дар сотсиология равияи нави худро мекушояд. Ӯ ҷомеаро чун во қеияти иҷтимоӣ, ҷамъи (кулли) далелҳои ҳаётии дар шакли система қарор дошта мебинад. Сотсиология мебоист ба фикри ӯ ана ҳамин далелҳоро омӯзаду халос. Дар назарияи ӯ нисбати ҷомеа иҷгимоиёти воқеи якум меистад. Ва ба ҳамин хотир афкори пешинаи биологи ва психологӣ чун объекти тадқиқоти сотсислогӣ инкор карда мешавад. Дюркгейм таъкид мекунад, ки иҷтимоиёти воқеӣ бояд вобаста аз инсон омӯхта, таҳқиқ шавад. Ӯ ҳамчунон нодуруст маънидод мекард, ки идея, рӯҳ, шуури ҷамъиятиро чун объект бе субъекти он таҳлил карда шуда, вобастагии онро на аз инсон, балки аз муҳит муайян бояд сохт. Тарзу усули сотсиологие, ки муаллиф истифода бурдааст, на ба муайян сохтани мо ҳият, маълумот дар бораи ҳодисаҳоэ балки фақат ба далелҳои мавҷуда такя кардан ва дар ҳамин асос ҷамъ овардани ҳар кадоме иборат мебошад. Асоси эҷоди сотсиологии Дюркгейм ин » Ҳамоҳ ангии и ҷтимоиёт» аст. Яъне, ӯ мехост, ки дар ҷомеа ҳамаи одамон аз диди рӯҳ, принсипи худшиносии рӯҳӣ амал кунанд. Сабаби худкуширо муаллиф дар муҳит мебинад.

С.Вебер асосан на реалияти объективӣ, ҳаётӣ, балки рӯҳро (идеалро) чун объекти тадқиқотии худ қарор дода, дар асоси омӯзиш, таҳлил кардани тафаккур- ҷиҳатҳои руҳии инсон, фаъолияти худро ҷамъбаст кардааст.

Боз дигар намояндагони чунин ҷараёнро мисол овардан мумкин аст, ки онҳо низ ба ҳар гуна найрангбозиҳои худ сохти буржуазиро ҳимоя карда, мақоми сотсиологияро дар ҷомеа нодуруст фаҳмида будаанд.

Хушбахтона вазъият, шароит, давру замона қувваҳои дигари прогресивиро низ ба миён меоварад. Зиддиятҳои иқтисодию сиёсӣ, идеологию маънавӣ торафт тезу тунд шуда, проблемаҳои нав ба навро мегузоштанд. Ҳарчи бештар объективона, аз диди ҳақиқати илмӣ омӯзишу таҳлил ва хулосабарориҳо аз онҳо чун зарурати ба миён омадани зиндагӣ боис мешуданд. Ҳамин сабаб шуд, ки равияи аз даври К.Маркс ва Ф.Энгелс пайдо шудаи фаҳмиши материалистии таърих боз аз сари нав зинда шуда қувват мегирифт. Намояндагони ин ҷараён, алалхусус Плеханов, Ленин ва ҳамфикрони дигари онҳо тавонистаанд, ки бо намояндагони пурқувваттарини ҷараёни мухолифин — субъективию рӯҳшиносӣ, тарафдорони Конту Спенсер, Дюркгейм, Вебер ва дигарон бо ҷуръатона баромад карда, сотсиологияро аз зинаи бедоршавӣ, барқарорёбӣ то ба зинаи баланди илмӣ ба камол расонанд.

СОТСиОЛОГиЯ ДАР ДАВРУ ЗАМОНи ҲУКУМАТи ШӮРАВӢ:

Ба миён омадани сохти нави ҷомеаи сотсиалистӣ, ки вай орзую умеди миллионҳо миллион одамон, аҳли меҳнаткаши ҷаҳон ба ҳисоб мерафт, дар таърих нуқтае навини инкишоф гардид. Ғалабаи чунин тарзи давлатдорӣ ҳодисаи тасодуфи набуда, натиҷаи тараққиёту ташаккули тамоми системаи ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, маънавӣ, илму техника, фарҳанг ва ахлоқ ва пеш аз ҳама ҷиддиятҳои тезу тунди ҷомеаю ҷомеадорӣ,синфӣ, антогонистӣ ба ҳисоб мерафт. Онро (Сотсиализмро — О.Ғ.) асосан сохти буржуазӣ, бӯҳронҳои дохилии он ки ҳар чи бештар зиддиятро дар тарзи истеҳсолот метезонид ва норозигии оммаро афзун мегардонид, тавлид намуд. Ҳар- чанд сотсиологҳои замони буржуазй аз паи ислоҳи чунин тазодҳо ҷидду ҷаҳд, қувва сарф карда бошанд ҳам, вале пеши роҳи ба кулминатсия омада расидаи вазъиятро дар як зумра мамлакат ҳои соби қ капиталист ӣ, аз ҷумла Россияи ҳамонвақта гирифта натавонистанд. Мактабҳои гуногуни сотсиолог ӣ ба позитивизм ва психологизм, субъективизм ва эклектизм, далелбозиҳои беасоси илмӣ ғелида, дар ғафлат монданд. Сотсиализм ғалаба кард. Вай чашми оламиёнро кушод. Дар як муддати кутоҳ тавонист, ки дар шаш як қитъаи рӯи замин ба решаи ҷомеаи капиталистӣ чуқур теша занад. Замони нав — давраи Шӯравӣ бо тамоми хусусиятҳояш: иқтисодӣ, сиёсӣ, идеологӣ ва маънавию иҷтимоияш аз давраҳои пешин куллан фарқ мекард. Собиқ сотсиализм, ки асоси ҷомеадориро аз моликияти давлатӣ ва кооперативии тарзу усули моликиятдорӣ қарор дода буд ва моликияти шахсӣ пурра дар тобеи давлат меистод, муносибат ҳои истеҳсолию истеъмолии хосаи ҷомеаро ба миён овард. Чунин шакли ҷомеадории нав дар ҳақиқат ҳам нисбати ташкил ва такомули ҳаёти иҷтимоии мардум навигариҳои зиёдеро барқарор намуд. илмро, ки фаъолияти озоди ҳар фарди солимақлу солимфикри ҷомеа эълон намуда буд, боиси инкишофи фаъолияти интеллектуалии куллии мутафаққирон гардид. ин албатта ба пайдоиш, ташаккулу такоммули илми сотсиология низ бе таъсир намонд. Аз ин хотир ом ӯзиш, таҳлил ва хулосабарориҳо, чи аз нуқтаи назарӣ- илмӣ (методологи) ва чи аз диди амалӣ, ҳаёти воқеии ин давра нисбати ҳаёти таърихӣ, аз ҷумла илми сотсиология хеле ҳам диққатҷалбкунанда мебошад. Агар ба таърихй пайдоиш ва ташаккулёбии сотсиология дар давраи ҳукмронии сохти шуравӣ мантиқан, аз руи мақому маром, тарзу усул, доираи амалиёте, ки мутахассисони соҳа доштанд нигарем, мо се давраи асосии онро ҷудо карда метавонем, ки ҳар кадоме аз ин давраҳо характеру хусусият, доираи омӯзишу масъалагузориҳои худро доштанд.

Дар солҳои аввали ташкилёбии собиқ СССР (20—30) сотсиология бештар давраи якум: пайдоишу инкншофёбии худро аз сар мегузаронид. Дар ин давра олимони ҷ омеашинос С.Г. Струмилин, А.К.Гастов, А.Б.Болтунов, Е.В.Кабо, Б.В. Когон, М.С. Лебединский, А .К.Гасто, А.Ф. Хуровский, и.Загорский, Р. Елизаров ва дигарон оид ба проблемаҳои фаъолияти истеҳсолии одамон, саноат, индустриякунони мамлакат ва мақоми онҳо дар инкишофи ҳасти иҷтимоии халқи мамлакат асархо эҷод намуданд. Давраи дуюм аз бастани сотсиология (соли 1929) то давраи солҳои 1956(Хрушев) давом кард. Давраи сеюм — аз нав зиндашавии сотсиология- солҳои 60-ӯм оғоз гардид ва то шикасти сохти шуравӣ давом дошт. Бо баробари пош хурдани сохти абарқудрат интихобшудаи собиқ давлатҳои сотсиалистию коммунистӣ ва ғалабаи дар ҳақиқат ҳам сохти нави демократию дуняви (Давлатҳои озодгардидаи собиқ СССР) мақому мароми сотсиология катьиян дигар шуда истодааст.

Ҳаминро бояд пеш аз ҳама қайд намуд, ки дар давраи дуюм ва сеюм дар байни сотсиологҳо бештар оид ба маънидод кардани мавзӯи омӯзиши сотсиология, алоқамандии он ба тадқиқотҳои мушаххаси сотсиологӣ, доираи амали омӯзишн сотсиологии ҳаёти иҷтимоӣ баҳс меравад. Дигар ҷиҳати баҳсу андешаҳои сотсиологҳо нисбати алоқамандии макро (ҷомеа) ва микросотсиология (одамон), ягонагии ҷиҳатҳои назарнявию амалӣ ва методологии он равона карда шуда будаанд. Ва он чизе, ки то имр ӯз бештар ба назар мерасад ин кор карди тарзу усулҳои пешқадамтарини ҳисобу китоби иттолоотии сотсиологӣ мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *