Фанни Психология

Эхсос

Нақша:

  1. Мафҳуми умумӣ дар бораи эҳсос.
  2. Намудҳои эҳсос.
  3. Тараққиёти эҳсоси мактаббачаи хурдсол.

Шумо дар саёҳати туристӣ мебошед. Саҳарии барвақт дар хайма, дар марғзори соҳили кӯли калон бедор мешавед. Шуоъҳои офтоб аз сӯрохиҳои хайма мегузаранд, садои ҷангал, овози паррандаҳо таровати рӯҳбахши пагоҳии тобистонро ҳис мекунед, ҳаво бо бӯи ҷангал, об ва алафҳои гуногун пур шудааст.

Манзараи субҳидам дар ҷангал эҳсоси гуногуни биноӣ, шунавоӣ, бӯй, ҳароратӣ ва ғараҳоро пайдо мекунонад.

Дар пустлохи майнаи сар инъикос ёфтани хосиятҳои алоҳидаи предмет ва ҳодисаҳои олами иҳотакарда, ки дар айни ҳол ба органҳои ҳисси мо таъсир мекунанд, эҳсос номида мешавад.

В. И. Ленин қайд карда буд: «Материя ба органҳои ҳиссиёти мо таъсир бахшида , эҳсос ҳосил мекунонад»; «Мо на дар бораи ҳеҷ як шакли модда ва на дар бораи ҳеҷ як шакли ҳаракат, ба ҷуз эҳсосҳо, бо ҳеҷ роҳи дигаре ҳеҷ чиз дониста наметавонем ».

Ин чунин маъно дорад, ки эҳсос натиҷаи ба воситаи аппарати махсуси асабӣ ба майнаи мо таъсир кардан иолами материалии иҳотакарда мебошад. Майна дар натиҷаи ин таъсирот олами иҳотакардаро инъикос менамояд, дар бораи ин ё он хосияти предметҳои иҳотакарда маълумот мегирад. Эҳсос манбаи донишҳои мо дар бораи олами иҳотакарда мебошад.

Намудҳои эҳсос.

Вобаста ба характери ангезандаҳое, ки ба анализатори муайян таъсир мерасонанд ва вобаста ба характери эҳсоси дар чунин ҳолат бавуҷудоянда намудҳои алоҳидаи эҳсосро нишон медиҳанд.

Эҳсоси биноӣ. Эҳсоси биноӣ барои олами беруниро дониста гирифтани одам аҳамияти асосӣ дорад. Эҳсоси биноӣ дар натиҷаи ба қисми ҳискунандаи чашм (аппарати биноӣ) таъсир кардани нурҳои рӯшноӣ пайдо мешавад. Ба туфайли эҳсоси биноӣ мо шакл, равшанӣ, ранг, андоза, ҳаҷм ва дурии предметҳоро дониста мегирем. Эҳсоси биноӣ ба одам имконият медиҳад, ки вай мавқеъ ва самтро дар фазо муайян кунад, ҳаракатҳои худро мутобиқ гардонад. Одам бо ёрии чашм навиштану хонданро ёд мегирад.

Эҳсоси шунавоӣ. Мо нутқи худ ва одами бегонаро шунида истода, онро назорат мекунем ва дар мавриди зарурӣ талаффузро ҳам ислоҳ менамоем. Ҳангоми гум шудани қобилияти шунавоӣ одамон одатан қобилияти гапзаниро ҳам гумм мекунанд. Нутқро барқарор кардан мумкин аст, вале ин кор дар асоси назорати мушакӣ, ки назорати шунавоиро иваз карда метавонад, иҷро карда мешавад. Ин таълими махсусро талаб мекунад. Масалан, ходими илмӣ О.И. Скороходова, ки ҳам кӯру ҳам кар буд, дар натиҷаи таълим на фақат гап мезадагӣ, балки бо маърӯзаҳои оммавӣ баромад мекардагӣ ҳам шуд.

Эҳсоси бӯй. Ҳуҷайраҳои бӯйфаҳм, ки дар қисми болои ковокии бинӣ воқеъ гаштаанд, узви эҳсоси бӯй мебошанд. Қисмҳои моддаи бӯйдор, ки бо ҳаво ба ковокии бинӣ меафтанд, ба сифати ангезандаҳои анализатори бӯй хизмат мекунанд.

Эҳсоси маза, эҳсоси пуст, эҳсоси ҳаракатӣ ва ломиса, эҳсоси органикӣ.

Тараққиёти эҳсоси мактаббачаи хурдсол.

Тараққиёти эҳсос ба талабҳои ҳаёт, амалия ва фаъолияти одам вобаста аст. Агар сохти узвҳои ҳис нуқсе надошта бошад, он гоҳ бо ёрии машқ ба тараққиёти баланди нозукии эҳсос ноил гаштан мумкин аст.

Тараққиёти ҳаматарафаи эҳсос бо фаъолияти гуногуни эҷодии шавқовар ва фаъоли бача, — фаъолияти меҳнатӣ, тасвирӣ ва мусиқӣ алоқаманд аст. Эҳсосоти бача махсусан дар сурате ба дараҷаи баланд тараққӣ мекунад ва такмил меёбад, ки агар худи бача ба тараққӣ додани он майл дошта бошад, дар инкишофёбии эҳсоси худаш ба муваффақият ноил гардад, машқҳои ба тараққиёти эҳсос равона кардааш аз талабҳои шахсӣ ва ҳаётии ӯ сар зананд. Масалан, бача хеле хуб ва бисёр расм мекашад. Олами мураккаби рангҳои табиати иҳотакарда ӯро ба худ ҷалб мекунад, бинобар ин бача рангҳо, тобишҳои ҳархелаю гузаришҳои гуногуни онҳо ва ғайраро бо шавқу завқи калон аз худ мекунад.

Қувваи биноии мактаббачаҳои хурдсол (дар шароити мӯътадили тарақкиёт) дар рафти таълим дар натиҷаи машқҳои мураттаб беҳтар мешавад. Агар мактаббача ҳангоми навиштан ва хондан нодуруст нишинад, ба болои китоб ё дафтар хам шавад ё рӯшноӣ кам бошад, он гоҳ қувваи биноӣ суст шуда метавонад. Одати хоб карда китоб хондан ба чашм зарари калон дорад, — ин одат аксар вақт ба сифати эҳсоси биноӣ ва ҳолати узви биноӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Дар бачаҳои синни хурди мактабӣ назар ба бачаҳои синни томактабӣ дараҷаи муайяни афзудани қувваи шунавоӣ мушоҳида карда мешавад. Қувваи шунавоии бачаҳои 13 – 14 сола аз ҳама зиёдтар аст.

А д а б и ё т

1. Ананьев Б.Г. О проблемах современного человекознания. М., Наука.1977.

2. Ануфриев Е.А. Социальная роль и активность личности Изд-во МГУ,1971.

3. Асиев В.Г. Мотивация поведения и формирование личности. М.,

Мысль.1976

4. Кикнадзе Д.А. Потребности. Поведение. Воспитание.М., Мысль.1968

5. Ковалев А.Г. Психология личности.3-е Изд.М., Просвешение 1970

6. Коломинский Я.Л. Человек среди людей. М., «Молодая гвардия».1973

7.Леонтев А.Н. Деятелность. Сознание. Личность. М., Политиздат.1976

9. Мясишев В.Н. Основные проблемы и соверемённое состояние психологии человека. В. С.б.: Психологическая наука в СССР. М., Изд-во АПН РСФСР,1960 т.2.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *