Фанни Психология

Намудхои фаъолият

Фаъолият. Маҷмӯи амалҳои бошуурона ва ваҷҳҳои водорсозандае, ки одамро барои қонеъ гардонидани талабот ва шавқу ҳаваси маърифатӣ ба ягон тараф равона месозанд, фаъолият номида мешавад.

Дар адабиёти психологӣ аз рӯи мазмун, сохт ва таркиб фаъолият ба се гурӯҳ ҷудо карда мешаванд: фаъолияти таълимӣ, меҳнатӣ ва бозӣ. Ҳамаи навъҳои фаъолият барои рушду нумӯи сифатҳои маънавӣ — психологии инсон нақши муассир мебозад. Дар ҳамаи давру замон меҳнат сарчашмаи бахту саодат ва воситаи муҳими қонеъ гардонидани талаботи моддию маънавии одамон ба шумор мерафт. Зеро бе меҳнат ҳаёти хушу хуррами одамонро тасаввур кардан номумкин аст. Меҳнат ба таълим алоқаи қавӣ ва ҷудонашаванда дорад. Бачагон сараввал дар оила, кӯдакистон ва баъдан дар мактаб таълиму тарбия мегиранд.

Раванди таълим ба бозии бачагон алоқаи зич доранд. А. С. Макаренко мугӯяд, ки кӯдакон бозӣ карда истода аз ҷиҳати маънавию иродавӣ рушду ташаккул меёбад. Бозӣ фаъолияти муҳим ва тараққидиҳандаи психикии кӯдакони синни тобактабӣ ба шумор меравад. Дар рафти бозӣ кӯдакон ҳодисаю воқеаҳои ҳаёти ҷомеаро инъикос мекунанд ва дар ҷараёни бозӣ онҳо ҳаётро дарк карда дар бораи тарзҳои зиндагии калонсолон дониш ва таҷрибаи муайян пайдо карда ба зиндагӣ тайёр мешаванд.

Меҳнат. Фаъолияти бошуурона ва якҷояи одамон, ки барои ба даст овардани неъматҳои моддию маънавӣ, қонеъ гардонидани талаботи ҷомеа ва шахсият равона гардидааст, меҳнат номида мешавад.

Меҳнат шарти муҳими ҳаёт ва манбаи зиндагонии одам мебошад. Маҳз тавассути меҳнат одам ашёҳо ва дигар маводҳое, ки барои зиндагӣ зарур аст, меофарад. Ҳангоми иҷро намудани амалҳои меҳнатӣ дар хонандагон маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ ва дар баробари ин маданияти меҳнат кардан ва сифатҳои ақл, ирода, характер, мушоҳидакорӣ, ҳозирҷавобӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ, муташаккилӣ, худназораткунӣ ва худдорӣ кардан ташаккул меёбад. Ҳангоми иҷрои амалҳои меҳнатӣ, қувваҳои зеҳнӣ ва ақлонии одам зоҳир мешавад.

Таълим протссеси мунтазам ва пай дар пай мебошад, ки рафти он муаллим хонандагонро соҳиби донишу маҳорат ва малакаҳои кори таълимӣ мегардонад ва минбаъд талабагон донишу малакаҳои андӯхтаашонро ҳангоми иҷрои малакаҳои меҳнатӣ — фикрӣ дар фаъолияти амалӣ истифода менамоянд. Азбар намудани донишу маҳорат ва малакаҳо барои рушду ташаккули сифатҳои маънавию психологии наслҳои ҷавони имрӯзу оянда аҳамияти бағоят калон дорад.

Дар рафти таълим муоширати мутақобилаи байниҳамии муаллиму хонандагон ба вуҷуд меояд. Муаллим ба хонандагон маҷмӯи донишу маҳорат ва малакаҳоро меомӯзонад. Дар рафти таълим муаллим бояд ба се вазифаи асосии раванди таълим диққати зарурӣ диҳад. 1) Ба хонандагон додани маълумот. 2) Ба рушду тараққӣ додани қобилияти фикрии хонандагон. 3) Дар хонандагон тарбия намудани сифатҳои маънавию психологӣ. Инчунин дар рафти таълим ба ташаккули равияи шахс: идеал, талабот, шавқу ҳавас, ваҷҳҳои амал, эътиқод, шуури ахлоқӣ ва системаи мавзуну томи ҷаҳонбинии илмӣ, сифатҳои иродавии характер ва рушду нумӯи қобилияту истеъдоди хонандагон муваффақ гардад.

Оиди беҳтар намудани сифати таълим дар байни педагогҳо ва психологҳо (Н. Г. Дайри И. Я. Лернер, А, М. Матиюшкин, М. И. Маҳмудов, А. И. Раев, Г. Н. Шукина, М. Скаткии М. Лутфуллоев, Ф. Шарипов, Ҷ. Шарипов, И. Н. Ғуломов, Р. Мирзоев ва диг.) фикрҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Ҳамчунин фаъолияти таълим ба бозӣ, ки яке аз фаъолияти тараққидиҳандаи психикии кӯдакони синни томактабӣ ба ҳисоб меравад, алоқаи зич дорад.

Бозӣ. Дар синни томактабӣ бозӣ яке аз фаъолиятҳои тараққидиҳандаи психикии бачагон ба шумор меравад. Дар маҷмӯъ ҳамаи шаклҳои бозиҳое, ки барои кӯдакони синни томактабӣ тавсия шудаанд, мо онҳоро таҳлилу муқоиса ва ҷамъбаст карда баромадем ва муайян намудем, ки табиати бозии бачагон чӣ қадар аҷибу шавқовар аст. Ҳамин аст, ки дар рафти бозӣ қувваҳои зеҳнию ақлонӣ, сифатҳои маънавию иродавӣ ва хусусиятҳои фардии бачагон, хусусиятҳои мизоҷ, қобилият ва характер зоҳир шуда, тавассути бозиҳои серҳаракату дидактикӣ, драматизатсионӣ, мазмуннок ва бозиҳои характери сохтмонӣ дошта рушду ташаккул меёбанд.

Дар асри XIX ва ибтидои асри XX як қатор назарияҳо оиди бозиҳои кӯдакон ба вуҷуд омадаанд, ки моҳияти онҳо гуногун аст. Аксарияти равоншиносони хориҷи кишвар, масалан К. Грос, К. Шиллер, Г. Спенсер, Бюллер К., З. Фрейд ва дигарон чунин нуқтаи назар доранд, ки гӯё дар рафти бозӣ кӯдакон талаботи биологӣ ва инстинктивӣ, қувваи зиёдатии дар организм ҷамъшудаашонро сарф мекунанд. Бозӣ ба ақидаи онҳо, баръакс, ба бачагон ҳаловати рӯҳи бахшида ҳиссиёти онҳоро қонеъ мегардонад ва дар рафти бозӣ бачагон ҳиссиёти ноқисӣ ва заифии худро дарк мекунанд ва ҳоказо. Психологҳои варзидаи собиқ Иттиҳоди шуравӣ А. И. Сикорский, А. А. Люблинская, П. Ф. Каптерев, К. Д. Ушинский, А. н. Леонтев, Д. Б. Элконин, А. В. Запорожес, В. С. Мухина, Н. Н. Турсунов ва чанде дигарон муайян намуданд, ки дар рафти бозӣ бачагон дунёи моддӣ, муҳити зист ва ҳаёту тарзҳои зиндагии шахсони калонсолонро инъикос мекунанд.

Бачагон дар рафти бозиҳо оиди тарзҳои зиндагии шахсони калонсол дониш ва таҷрибаи зарурӣ пайдо карда, ба зиндагӣ тайёр мешаванд. Кӯдакон қисми зиёди вақти худро дар бозиҳои шавқовар мегузаронанд ва ба фаъолияти меҳнатӣ кам шуғл доранд. Психологи варзида А. Н. Леонтев дар асараш «Проблемаҳои тараққиёти психика» дар боби «Асосҳои психологии бозӣ» нишон додааст, ки писарбача таёқро ба асп монанд карда ба болои он савор шуда «чӯ», «чӯ» гӯён нақши аспсаворро иҷро мекунад. А. Н. Леонтев амалу ҳаракатҳои кӯдаконро дар рафти бозиҳо таҳлил карда муайян намуда аст; азбаски бачагон дар ин синну сол марому мақсади худро мисли шахсони калонсол амалӣ гардонида наметавониданд бинобар ин онҳо орзую омоли худро дар рафти бозӣ амалӣ мегардонанд. Психолог А. А. Люблинская дар асараш «Психологияи бача» як қатор хусусиятҳои бозиро таҳлил карда баромадааст.

1) Дар рафти бозӣ бачагон ҳодисаю воқеаҳои олами моддӣ, муҳити зист ва ҳаёти одамонро ба таври фаъол инъикос мекунанд.

2) Бачагон дар рафти бозиҳо аз тарзу воситаҳои гуногун ва маводҳои лозимӣ истифода мебаранд.

3) Бозӣ ҳам ба монанди дигар фаъолиятҳои инсонӣ характери ҷамъиятӣ дошта бо тағйир ёфтани сохти шароитҳои таърихии ҷомеа, ҳаёти зиндагӣ ва психологияи одамон ҳам дигаргуниҳои сифати ва миқдориро аз сар мегузаронад.

4) Бозӣ яке аз воситаҳои дарки олами воқеӣ ба шумор меравад.

5) Бозӣ воситаи муҳими рушду нумӯи қобилияти зеҳнию ақлонӣ ва маънавии бачагон мебошад.

6) Дар рафти бозиҳо бачагон хислатҳои муносибатҳои коллективона ва дастҷамъона амал карданро меомӯзанд ва ба ҳамин васила сифатҳои неки инсониро аз худ менамоянд.

Ҳамин тавр, бозӣ ба тараққиёти протссесҳои психикии кӯдакон мусоидат карда барои обутоб ёфтани ҷисму психика иродаю характер ва чусту чолокӣ, ҳушёрӣ, зиракӣ, кайфияи рӯҳии бачагон нақши назаррас мебозад.

АДАБИЁТ

  1. Мустафоқулов Т. ва дигарон.

Асосҳои психологияи умумӣ.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *