Фанни Психология

Мафҳуми умумии фаъолият

Мафҳуми умумии фаъолият

Мафхум дар бораи фаъолият. Фаъолият ва инкишофи шахс. Фаъолияти шахс. Амал ва харакат. амал хамчун кисмати марказии фаъолият.Аз худ кунии фаъолият. Дониш. Махфат. Малакка. Одат. Намудхои фаъолияти инсони. Фаъолияти бози хусусиятхои писихалоги он. Фаъолияти таълими.Фаъолияти мехнати.

Мафхумхои асосии мавзуъ: Фаъолияти, фаъоли амал, харакат, одат, махорат, малака, мехнат.

Мафхум дар бораи фаъолият.

Фаъолият категорияи мухими психолиги буда, хамчун принсини тараккиёти психикаи инсон ба шумор меравад. Фаъолияти шарти асосии зухурот ва тараккиёти психика аст.Фаъолияти инсон аз фаъолияти хайвон фарк мекунад.Харакату амалхое, ки дар хайвонот ба амал меояд, тасодуфан ва табиати модарзодиро доранд.Фаъолияти инсон бошад,табиати ичтимоиро дорад ва дар асоси максади муайян ичро карда мешавад.

Фаъолият ду кисматро дорад:

1.Харакат.

2.Амал.

Харакат-гуфта, функцияи физиологии организми зиндаро меноманд.

Харакат ду намуд мешавад:

1.Кобилияти модарзоди.

2.Кобилияти бадастовардашуда.

Харакат ба ташаккули амал мебарад.амал натичаи харакат аст.

Амал- гуфта системаи харакатхое мебошад,ки бо максади аз худ кардани предмет ба хамин премет равона карда шудааст.Системаи харакату амалхое,ки ба одам равона шудаанд, рафтор ном дорад. Хамин тавр,фаъолият системаи харакату амалхое мебошад,ки аз руи накшаи муайян ба максади муайян равона карда шудааст.

Сохти психологиифаъолият

Фаъолият худ аз худ пайдо намешавад ва он аз зинахои муайяни ичронамои иборат аст.Психалогия чунин зинахои ичрои амалро муайян кардааст.

1.Гузориши максад -яъне ба мухлатхои муайяни вазифахои ичрошаванда.

2.Банакшагири -яъне ба мухлатхои муайян чудо намудани вазифахо мебошад.

3.Муайян кардани махбуш ичрои амал.

4.Зинаи ичрои амал -яъне вазифахои хаминруз ба накшагирифтаистодаашро ба рохи интихобкардааш ичро менамояд.

5.Назорат ва худназораткуни.

6.Чамбаст .

7 .Зинаи баходихи-яъне ба худи натичаи ичрои амал,бахогузори сар мешавад.

Маълумот дар бораи дониш, махорат ва малака.

Барои ичро намудани фаъолият донишу тасаввурот зарур аст. Аввалан дар инсон тасаввурот ба амал меояд ва асоси онро эхсосу идрок ташкил медиханд.мачмуи тасаввуротхои инсон донишхоро ташкил медиханд ва онхо дар халли харгуна масъалахои фикри роли мухимро мебозанд.Донишхо дар асоси пай дар пай амали гаштанаш ба махорат табдил меёбанд.

Махорат -дониши устувору мустахкамгардида мебошад.Махорат минбаъд дар амалия ташкил меёбад ва ба Амалия табдил меёбад.

Малакка -гуфта ,амалеро меноманд,ки баъзе унсурхои он дар асоси машки чандинкарата автомати мегарданд.Малака намудхои худро дорад ва онхо:малакаи фикри,хисси,харакати.

Намудхои фаъолият

Дар хаёти инсон фаъолиятхои гуногун мушохида мешаванд,вале мухимтарини онхо инхоянд:

1. Фаъолияти бози-бози намуди асосии фаъолияти кудакони сини томактаби мебошад,вале дар даврахои дигари синну соли низ мувофикан зохир мешавад. Бози симои чисмони, маънави ва рухии инсонро ташаккул медихад. Бози дар ташаккули хусусиятхои характерологии инсон, сохаи эмотционалию иродавии у ёрии калон мерасонад. Бози кудакро ба таълими мактаби тайёр мекунад, организми кудакро обутоб медихад, то ки ба талаботхои фаъолияти таълими чавобгу бошад.

2. Фаъолияти таълими-таълим дар давраи мактаби намуди асосии фаъолият ба шумор меравад.Максади асосии таълим додани дониш,махорат ва малака аст,ки инхоро бояд хонанда ё донишчу аз худ кунанд.Таълим чунин талаботхоро дорад:

1. Таълим бояд аз руи макса два накшаи муайян ташкил карда шавад.

2. таълим бояд бо хаёти инсон алокаманд бошад.

3. Донишхои додашуда бояд илми бошанд.

4. Таълим бояд дастрас бошад.

5. Хангоми таълим бояд хусусиятхои синну соли ва психофизиологии хонанда ба эътибор гирифта шавад.Таълим бояд хонандаро ба фикр кардан водор созад.Дар ин холат хам хонанда ва хам муаллим фаъол мегарданд.

3. Фаъолияти мехнати-унсурхои фаъолияти мехнати дар хама даврахои синну соли мавчуд аст,вале дар давраи баъди тахсил мехнат намуда пешбаранда ба шумор меравад.

Ин фаъолият хусусияти инсонро ташаккул медихад, хислату характерашро парвариш мекунад (мехнатдусти, покизакори…). Мехнат барои ташкили процесси таълиму бози низ мусоидат мекунад. Мехнат хатмист ва он ба хохиши инсон вобастаги дорад,ё вобаста нест.

Адабиёт:

1. Атохонов Р., Абдураҳмонов Г. Муқаддимаи психология. -Душанбе, 2009

2. Маркосян А.А.Масъалаҳои физиологияи синну сол.-Душанбе, Маориф, 1981

3. Миралиев А.М., Давлатов М. Педагогика ва психология. -Душанбе , «Ирфон», 2007

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *