Фанни Психология

Психологи ва одоби муошират дар рафти фаъолияти касбӣ

Нақша:

  1. Психологияи муошират
  2. Муошират ва муносибатҳои байнишахсӣ

З.Одоби муошират дар рафти фаъолияти касбӣ. Машқдиҳии муошират.

  1. Психологияи муошират.

Дар адабиёти илмӣ психология чунин омилҳои ташаккули шахсияти инсонро фарқ мекунад: меҳнат, муошират ва маърифат.

Муошират -ин алоқаву робита байни одамон буда дар рафти он алоқаи психики пайдо мешавад, ки дар мубодилаи ахбор, таълимро байни ҳамдигари, хамҳисси ва ҳамфикри зоҳир мегардад гуфтан мумкин аст, ки муошират барои муқарар намудани алоқаи шахси байни одамон муҳим аст. Мақсад ба тағйир додани муносибатҳои байниҳамдигари идома меёбад. Инчунин муошират ва таъмин намудани ҳамдигарфаҳми ки таъсир бахшида ба дониш , маҳорат, муносибат, ҳиссиёт ва дигар зуҳуротҳои равияи шахс равона мешавад.

Муошират -ҳамчун воситае_ баромад мекунад, ки тавасути он одамон худашонро дар рафти истифода менамоянд. Алоқаву робита байни одамон шарти зарурии мавҷудияти онҳо ба шумор меравад.

Солҳои охир дар истифода мафҳуми «коммуникатсия» низ маъмул гашта аст. Коммуникатсия нисбат ба муошират дида мафҳуми васеътар буда дарравти он алоқаи ду система сурат мегирад, ки тавасути нақшаҳо ба якдигар ахбор дода мешавад. Рақси занбурҳо бо дигар занбурҳо самти ҳаракаташонро ба хонаашон низ ифода мекунад. Лётчикҳо самолётро ирода мекунанд ба коммуникатсия «одам-мошина» ба амал меояд. Дар ҳамаи мисолҳои овардашуда системаи алоқабайни одамон мавҷуд нест таъсири як шахс ба шахси дигар мушоҳида намешавад. Аз ин хотир дар ин мисолҳо махсусияти муошират иҳота наёфтааст.

Муошират — мубодиллаи ахбор байни одамон аст. Инсон метавонад бо дигар одамон дар алоқа вобаста бошад: Тамошои оинаи нилгун , хондани китоб иҷро намудани санъат ва ғайра инҳо амалҳои муоширатанд. Бинобар ин муошират нисбат ба коммуникатсия, дида мафҳуми маҳдудтар мебошад.

Мазмуни муоширатро додани ахбор ташкил медиҳад. Яъне дар рафти он донишҳои илмӣ ва ҳаёти дода мешавад. Тавассути муошират малакаву маҳоратҳо дода мешаванд. Мазмуни муоширатро худи ин илм ташкил дода метавонад: намуди зоҳири, хусусиятҳои характер, тарзи рафтор ва ғайра. Дар робита ба ин назарияи «персонализатсия»- и А.В Петровский хеле бомавридаст, ки моҳияти онро мубодилаи шахсиятҳо дар рафти муошират ташкил медиҳад.

Мазмуни муоширатро ҳалли гуруҳӣ(коллективизм) масъалаҳои фаъолияти одамон ташкил медиҳанд. Муносибатҳо бо муносибатҳои байниҳамдигари — унсурҳои таркибии муошират буда ба он тобиш медиҳад, кувват мебахшад ва ба тарзи муошират намудан мусоидат менамояд.

Аз ин ҷо бармеояд, ки муошират дар рафти фаъолияти касбӣ нақши муҳим мебозад ва ба самаранокии он мусоидат менамояд.

Мазмуни муошират туфайли роҳу воситаҳои гуногуни амалӣ мегардад. Воситаи асосӣ дар ҷамъияти инсони забон мебошад. Дар баробари забон боз воситаҳои ғайришофиҳа вуҷуданд, ки тавассути онҳо мазмуни муошират фаҳмида мешавад: андом, имову ишора, табассум, тарзи ист, самти нигоҳ, қиёфсозӣ мавқеъи ҷойгиршави мусоҳибон нисбати ҳамдигар, тасвир, мубодилаи ашё ва ғайра.

Намудҳои муоширатро одатан аз руи ҳайати иштирокчиёни он муаян мекунанд: байнишахси шахсию гуруҳи байни гуруҳҳо . намудҳои зикршуда, мақсаду мароми онҳо дар оини шарту болабатҳо махсус амали мегардад.

Яке аз намудҳои оинамубаста — муоширати нутқба шумор меравад, ки тавассути аломатҳо сурат мегирад. Инкишоф додани ин имконият медиҳад, ки алоқа ва робита байни муошираткунандагон ба таври илми сурат мегирад ва ин дар навбати худ ба самаранокии фаъолияти касбӣ мусоидат менамояд.

  1. Муошират ва муносибатҳои байнишахсӣ

Дар психология аз байни омилҳое, ки шахсро ташаккул медиҳанд муоширатро ҷудо мекунанд.

Муошират ин алоқаи байни одамон аст, ки дар рафти он робитаи психикӣ бавуҷуд меояд ва дар мубодилаи ахбор, таъсири байни ҳамдигарӣ, ҳамҳиссӣ ва ҳамфикрӣ ифода меёбад.

Муошират вобаста ба шумораи иштирокчиёни раванди мубодилаи ахбор се намуд мешавад: муоширати байнишахсӣ, шахсию гуруҳӣ ва байни гуруҳӣ.

Забон воситаи асосии раванди муошират дар ҷамъияти инсонӣ ба шумор меравад. Шахс дар ҷараёни муошират албатта тавассути забон бо дигарон муносибат мекунад, яъне сухан мегӯяд, фикри худро баён месозад ва дар навбати худ андешаҳои дигаронро фаҳмида мегирад. Муносибат ин мавқеи шахс нисбати он чизе, ки ӯро иҳота мекунад ва нисбат ба худаш мебошад.

Агар шахс илми забон омухта, таркиби луғавии худро аз калимаҳои гуворо ғанӣ гардонида бошад, албатта дар муносибат бо дигарон муоширати хуш, дилписанд карда метавонад ва баракс шахс таркиби луғавии заиф дошта бошад дар муошират ва муносибат бо дигарон ё худдорӣ мекунад, ё ба саҳву саҳланкорӣ роҳ медиҳад. Мушоҳидаҳо ва тадқиқотҳои психологӣ нишон медиҳанд, ки солҳои охир дар байни ҷавонон чӣ дар оила, чӣ дар кӯча ва чӣ дар дабистон ё донишкада раванди муошират хушу гуворо нест.

Бархе аз наврасону ҷавононро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳангоми вохури бо ҳамдигар дар мактаб ё донишкада суханҳои дашномангез, қабеҳ мегӯянд, ҳатто дар назди одамони калонсол бешармона ҳарф мезананд.

Сабаби асосии ин феълу рафторҳои ношоям надонистани забони модарӣ, заиф будани таркиби луғавии нутқ мебошад.

Забон аз системаи калимаҳо ташкил меёбад. Агар наврсасону ҷавонони мо бештар забони модарӣ ва адабиёти бадеӣ мутолиа мекарданд, тафаккури худро аз калимаҳои хушу гуворо бой мегардониданд ба луғатомӯзӣ машғул мешуданд он гоҳ дар раванди муошират ва муносибатҳои байнишахсӣ суханҳои хушу гуворо гуфта ҳам таъби худ ва ҳам таъби атрофиёнро шод мегардониданд.

Саъдии суханвар беҳуда нагуфта буд:

Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ Зи ҳарфи бетаамул ошно бегона мегардад.

«Беҳтарин ҳунар хунари сухан гуфтан аст» — гуфта буд донишманди машриқзамин Кайковус. Муошират омилест, ки барои инсон ҳамчун нафас дар ҳар лаҳза зарур аст. Аз ин рӯ онро бояд дошт ва дуруст истифода кард. Муошират ин одоби сухан гуфтан аст, пас одоби сухангӯиро бояд омухт ва дуруст ба роҳ монда тавонист. Шахс дар фаъолияти касбӣ ба бисёр масъалаҳои муҳим ва мушкилиҳои ҳаёт дучор гардиданаш мумкин аст, ки аз онҳо ба воситаи муоширати хушу гуворо сухан гуфтан метавонад раҳоӣ ёбад. Сухан ба ҳиссиёти одам таъсир мерасонад. Як сухани ноҷо ва бемаврид на ин ки ошноро душман мегардонад, балки рӯҳи инсонро афтода намуда, сиҳатии ӯро барбод медиҳад. Ҷавоне, ки муоширати дуруст карда наметавонад, дар ҷомеа эътибори баланд ба даст оварда наметавонад ва дар оянда одами беобурӯ хоҳад шуд.

Ҷон ҳаст, забон ҳаст, сухан душмани ҷон,

Чун ҷон ба кор аст нигаҳ дор забон.

Ширин сухане бигуфт шоҳи санамон,

Сар барги дарахт аст, забон боди хазон.

  1. Одоби муошират дар рафти фаъолияти касбӣ. Машқдиҳии муошират.

Яке аз омилҳои самарабахши фаъолияти касбӣ риоя намудани одоби муоширати кори маҳсуб меёбад. Аз ин хотир бояд корманди ин соҳа дорои малакаи муошират намудан бошанд. Малакаи натиҷабахш муошират намудан бо одамони ба таври табии пайдо мешавад ва ё ҳамчун маҳсули иловагии омузиш ташаккул меёбад. Дар адабиёти илмӣ бо сифати яке аз роҳҳои ҳали ин масъала — машқдиҳии иҷтимои психологи ва машқҳои муошират баромад мекунад.

Машқдиҳии иҷтимои — психологӣ ин таъсиррасонии психологи буда, асоси онро методҳои фаъолияти кори гуруҳи ташкил медиҳанд. Ин шакли муоширати махсус ташкилкардашуда буда, дар рафти ин масъалаҳои тарақиёти шахс инкишофи малакаҳои комуникати, расонидани ёрии психологи ва дастгири ҳал мегарданд ва тавасути онҳо стереотирҳо бардошта шуда, гиреҳи муамоҳои шахси иштирокчиён кушода мешавад.

Чунин хусусиятҳои муҳим барои муоширати байнишахси заруранд, ки риояю боэътиборгирии онҳо одобу муоширатро таъмин менамояд.

  1. ҳамдарди (импатия)- маҳорат ба олам аз нигоҳи дигарон назар кардан ҳамчун онҳо фаҳмидани амалҳои онҳо аз мавқеъи худи онҳо идрок кардан ва айни замон қобилияти ба дигарон фахмиши худро гуфтан ва ба онҳо имконият додан ки ин тасаввуротҳоро қабул ё ҳал намоянд.
  2. Хайрхоҳи- қобилияти на танҳо ҳиз намудани, балки чунон намудани муносибати хайрхоҳона эҳтиром ва ҳусни таваҷуҳи худ ба одамон бо дастгирии дигарон тайёранд.
  3. Аутентнокӣ (саҳеҳи, кушода будан)-маҳорат дар муносибатҳо табии будан паи ниқобҳо ва нақшаҳо паноҳ нигоҳ доштан, муносибати худро кушоду равшан намоиш додан.
  4. Конкретноки (мушаххаси) — муҳокимарониҳои умумии эҷод гуногунфаҳмо ва нофаҳмо даст кашидан маҳорати дарбории тасавуротҳо, ақидаҳо ва амалҳои конкрети худ гап задан ва ҷавоби якмаъно додан ба саволҳо тайёр будан.
  5. Ташаббускори — майли дар муносибат ба одамон мавқеи фаъолро доштан то, ки ба пешрафт на ин ки танҳо ба амали дигари одамон танҳо оксуламале нишон додан қабилияти барқарор намудани хоҳишҳо , табассуми дигар тарафро дар кор интизор намуда худ сабаби сароғози худ будан.
  6. Бевоситагӣ- маҳорати бевоситагии руи рост рафтан ва омода кардан тасавуроти аниқ доштан, дар бораи муносибати дигар одамон ва софдили нишон додани муносибатҳои худ
  7. Кушода будан- тайёр будан ба кушодани олами ботинии худ ва дигарон бовари кави доштан ба фаъолияти худ кушода будан барои барқарор намудани муносибатҳои солим ва устувор ба атрофиён сабаб мегардад.
  8. Қабули ҳиссиётҳо- набудани тарс ҳангоми бевосита ру ба ру шудан ҳиссётҳои худ ва дигарон маҳорати на танҳо эҳсос намудани ҳиссиётҳо ҳангоми муошират намудан ба одамон балқи инчунин нишон додани онҳо тайёр будан ба қабулу ҳиссиётҳои дигарон , барнакардан ҳиссиётҳои худ бо дигарон бо ин ки онҳо масъулияти худро ба онҳо ҳис накунанд.
  9. Конфронтатсия (муҳаббатгузори, таҷалул) — маҳорати ба дигар одамон чашм ба чашм (ру ба ру) ба дарки пурраи масъулият ва таваҷуҳ муошират кардан дар ҳолатҳои гуногун будани ақидаҳои пойдор будан ба низоъу ихтилоф имкон на ба мақсади тарсонидан ва ё ҷазо додани дигар кас балки мақсади барқарор намудани муносибатҳои ҳаққиқи ва самимӣ мебошад.
  10. Худшиносӣ- муносибати татқиқоти доштан ба ҳаёт ва рафтори худ кушиши дар ин роҳ истодан намудани аз кушиши дигарон , тайёр будан ба қабули ҳама гунна ахбор дар бораи худ аз тарафи онҳо ва ба худ баҳодиҳии худ аз ҷониби худ ибтидо гузоштан.

Ҳамин тариқ мусоҳибон дар ҷараёни муоширати байнишахсива кори чунин хусусиятҳоро дошта бошанд он гоҳ сабаби муошират аз ҷониби онҳо риоя мегарда

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *