Фанни Психология

Характер. Аз таърихи омӯзиши масъалаи характер

Характер. Аз таърихи омӯзиши масъалаи характер

1. Хусусиятҳои характер

2. Хислатхои характер

3. Аксентуатсияихарактер

Аз таърихи омўзиши масъалаи характер

Таърихи таълимот оид ба характер нишон медиҳад, ки андешаҳо атрофи он гуногун будаанд. Дар ҳаёти ҳаррўза низ истилоҳи характер ба маъноҳои гуногун истифода бурда мешавад. Кўшиши аввалини таснифоти характерҳо ба Афлотун тааллуқ дорад. Ў типологияи характерҳоро, ки ба принсипҳои ахлоқӣ асос ёфта буданд, офарид. Истилоҳи «характер»-ро бошад, аввалин маротиба ба рўзмарраи илм ва ҳаёт олим ва ҳакими Юнони Қадим, дўсти Арасту Теофраст (асрҳои IV-III-и то мел.) ворид намуда аст. Калимаи «характер» юнонӣ буда, маънояш «хислат», «аломат», «нишона» ва ё «хусусият» мебошад. Ин калима аз феъли «хорассо» — харошидан, хат кашидан бармеояд. Аз Теофраст рисолаи на он қадар бузурге то замони мо омада расидааст, ки дар он 31 характерҳои гуногун тавсиф ёфтаанд. Арасту то Теофраст барои ифода намудани тарафҳои фаъолӣ ва амалии шахс аз калимаи «этос» истифода мебурд, ки маънияш «табиат», «анъана», «тарзи фикрронӣ» буд. Ин истилоҳ аз ҷониби ў дар «Этика», «Риторика» ва «Поэтика» васеъ истифода гаштааст.

Илм дар бораи характерҳо минбаъд танҳо дар нимаи аввали асри ХIХ ба вуҷуд омад. Асосгузори френология Галл Ф. 27 қобилиятҳои

соддаи психологиро номбар мекунад, ки ба андешаи ў, характери инсон аз онҳо таркиб ёфтаанд. Ба онҳо ғаризаи афзоиш, муҳаббат ба насл, дилбастагӣ, ғаризаи маҳвкунанда, майл ба мубориза ва худмуҳофизат ва ғ. дохил мешаванд.

Дар интиҳои асри ХIХ оид ба масъалаи характер ду асари ҷолиб нашр мегарданд: китоби Ф. Ҷордано «Характер аз нуқтаи назари ҷисм ва генеологияи одам» ва китоби Ф. Полан таҳти унвони «Психологияи характер». Ҷордано ду характери комилан гуногунро ошкор намуд: дар яке тамоюл ба фаъолӣ пурзўр буда, тамоюл ба рефлексия (худназорат) суст аст; дар дигараш бошад, майл ба рефлексия бартарӣ дошта, ба фаъолият сусттар аст. Агар моҳиятан дида бароем, мусаллам аст, ки Ҷордано экстроверт (берунгаро) ва интроверт (дарунгаро)-ро тавсиф намудааст. Ф. Полан қайд мекунад, ки сохтори характерро талошҳои одам муайян месозанд, ки аз рўи қонунҳои ҷиддӣ ва қатъӣ ба ҳам мувофиқ меоянд: 1) қонуни нигаҳдории бонизом дар қобилияти пахш гаштани як зумра талошҳо аз ҷониби талошҳои мухолиф зоҳир мегардад; 2) қонуни ассотсиатсияи бонизом (систематикӣ) дар он ифода меёбад, ки талошҳои алоҳида қодиранд дигар талошҳои ба онҳо алоқамандро ба фаъолият водор намоянд.

Лосский Н. дар ибтидои асри ХХ таснифоти характерҳои худро пешниҳод мекунад, ки аз дараҷаи ирода ва бартарияти талошҳо вобастааст. Ў одамонро ба типҳои ҳассос, эгосентрикӣ ва фавқушшахс ҷудо мекунад. Типи фавқушшахс аз рўи бартарияити талошҳои фавқушшахсияш фарқ мекунад, ки на аз талаботи инсон, балки аз омилҳои олидараҷа аз қабили динӣ, илмӣ ва эстетикӣ сарчашмаашон манбаъ мегиранд.

Психологи рус Лазурский А.Ф. дар ибтидои асри ХХ авалин маротиба сохтани таснифоти иҷтимоию психологии характерҳоро пешниҳод намуд, ки на танҳо хусусиятҳо субективии одамон, балки ҷаҳонбинии онҳо «ҷабҳаи иҷтимоӣ»-и онҳоро низ ба эътибор мегирад.

Тадқиқотҳои минбаъда боиси бою ғанӣ гаштани фаҳмиши характер гаштанд:

1. Мафҳуми «характери иҷтимоӣ» ба вуҷуд омад. « Ба характери иҷтимоӣ танҳо он маҷмўи хислатҳои хатактер дохил мешаванд, ки дар аксарияти аъзоёни гурўҳи додашудаи иҷтимоӣ мавҷуданд ва дар натиҷаи таассуротҳои барои онҳо умумӣ ва тарзи ҳаёти умумӣ ба вуҷуд омадаанд» (Э. Фромм). «Агар характери фард каму беш ба характери иҷтимоӣ мувофиқат кунад, пас талошҳои бартаридоштаи ў водораш месозанд он кореро анҷом диҳад, ки дар шароитҳои махсуси иҷтимоии маданияти ў муҳим ва мақбуланд».

2. Характер – ин як шакли аз ҷониби ҳар шахс аз худ гаштани меъёрҳои маданиест, ки дар сохтори заминавии шахсият мавҷуданд (А. Кардинер).

3. Агар шахсият маданиятеро инъикос намояд, ки дар рафтори фардӣ инъикос гаштааст, пас характер ҷаҳонбиниеро инъикос мекунад, ки дар рафтори фард таҷассум ёфтааст (Д. Хонигман).

4. Дар равияи психоаналитикӣ айни замон якчанд фаҳмиши характер вуҷуд доранд:

— «характер – ин маҷмўи аксуламалҳои инсон ба муҳити иҷтимоии ўст» (А. Маслоу);

— «воситаҳои одатии мутобиқати «Ман» ба олами беруна, «Вай» ва «Фавқулмман» ва инчунин мувофиқати типикии ин воситаҳо миёни ҳам характерро ташкил медиҳанд» (О. Фенихел);

— «сохтори характер метавонад чун ташкилоти талабот ва эмотсияҳо дар ботини ҳар як одам фаҳмида шавад, ки барои дуруст эътино намудан ба арзишҳои асосии иҷтимоии гурўҳ мутобиқ гаштаанд» (Бингхлоул);

— «характер аз мавқеъҳо ва муносибатҳои одатии инсон, аксуламалҳои доимии ў ба вазъиятҳои гуногун ташкил ёфтааст. Он муносибати бошуурона ва арзишҳо, тарзи рафтор (шармгинӣ, бадхашмӣ ва ғ.), ҳолатҳои ҷисмонӣ, тарзи ист ва ҳаракати одатиро фаро мегирад. Ҳар як муносибати характернок ҳолати мувофиқи ҷисмонӣ дорад. Аз ин лиҳоз, характери инсон дар ҷисми вай дар шакли карахтии мушакӣ, зиреҳи мушакӣ ифода меёбад. Ин зиреҳ дар ибтидо зимни ихтилоф миёни талаботи ғаризавӣ ва олами беруна ба вуҷуд меояд. Мустаҳкамгардии минбаъда ва мавҷудияти он аз ихтилофҳои давомёбандаи ҳамон қувваҳои мазкур вобаста аст» (Райх);

— Лоуен А. умуман пешниҳод намуд, ки мафҳуми характер танҳо ба ҳолатҳои патологӣ нисбат дода шавад. «Одам солим аст, агар усулҳои типикии рафтор, яъне характер надошта бошад. Ин чунин маъно дорад, ки дар воқеият ў озод, ба талаботи мантиқии вазъият мутобиқ гашта, амал мекунад».

5. Дар психологияи муосири амрикоӣ ду таърифи алтернативии характер вуҷуд доранд:

а) «характер – ин ҷанбаи маънавӣ ва ахлоқии шахс аст»;

б) «характер – ҷанбаи бомаромии шахс аст».

6. Дар адабиёти психологии русӣ — шўравӣ чунин таърифҳои характер истифода гаштаанд:

1. «Ҳар як организми алоҳидаи одамӣ тарз ва характери рафтори махсус, танҳо ба ў хосро соҳиб аст ва ин махсусиятҳои рафторро ба фарқиятҳои фардӣ нигоҳ накарда, ба типҳои маълум ҷудо намудан мумкин аст» (Л.С. Виготский).

2. «Характер – ин хислатҳои фардии равшан зоҳиргашта ва устувори шахсанд, ки ба рафтору кирдори ў таъсир мекунанд» (К.К. Платонов).

3. «Характер – ин маҷмўи хусусиятҳои устувори фард аст, ки дар онҳо тарзҳои рафтори ў ва тарҳои эътинои эмотсионалияш ифода меёбанд» (Ю.Б. Гиппенрейтер).

4. «Характер ҳамчун системаи хислатҳои нисбатан устувори шахс мебошад, ки дар фаъолиятҳои гуногуни муошират ва таъсири мутақобилаи инсон бо одамони гирду атроф зоҳир мешавад» (А.В. Петровский).

5. «Характер – ин унсури мазмуннок ва иҷтимоиян муҳими шахс, зуҳуроти равия ва ҷаҳонбинии ў дар рафтораш мебошад» (Н.Д. Левитов).

6. «Характер – ин омезиши хусусиятҳои модарзодии системаи олии асаб бо хислатҳои фардии тўли ҳаёт бадастомадааст» (Л.Д. Столяренко).

Ҳамин тавр, характер гуфта, мувофиқати нотакрору инфиродии хусусиятҳои психологии шахсро мефаҳманд, ки дар рафтору фаъолияти ў зоҳир мегарданд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *