Фанни Психология

Психологияи фаъолияти касбӣ

Нақша:

  1. Тасаввуроти умумӣ дар бораи касб.
  2. Мафҳум дар бораи “ихтисос”, ”вазифа”, ”машқулият; пости меҳнатӣ.
  3. Этикаи касбӣ.
  4. Тасаввуроти умумӣ дар бораи касб.

Барои ҷавоб додан ба ин савол боз ба як масъалаи равонӣ равшани андохтан зарур аст: интихоби касбӯ кор аз дигар интихобҳои ҳаёти ба чи фарқ мекунад? ҳангоми ҷавоб гардондан ба ин савол бояд қайд кард, ки фаъолияти меҳнатӣ (ба хусус фаъолияти касбӣ) — ин пеш аз ҳама фаъолияти самарабахш (продуктивная деятель) ба ҳисоб меравад, зеро шахс дар рафти он барои атрофиён як чизи манфиатноке мекунад. Инсон дар касби интихобкарда ҳар он чизеро, ки дар вуҷудаш дорад истифода мебарад барои худ ва дигарон бахт меофарад, яъне мутахасиси касбу кори муайян худро дар он ҳамчун шахсияти такомул ва ташаккулёфта бавоя мерасонад.

Акнун дида мебароем, ки худи касб чиро ифода мекунад ва асосҳои психологии онро чӣ ташкил медиҳад. Доир ба ин масъала олимони соҳаи психология тадқиқотҳои муайян намудаанд ва яке аз онҳо психологи машҳур Е.А. Климов мебошад. Ӯ доктори илми психология профессор Академики РАС, аз соли 1986 — то 2000 декани факултети психологияи МГУ ба номи Ломоносов буд. Ӯ зиёда аз 150 асари пурқиммати илмӣ иншо намудааст, ки ҳамаи онҳо ба генезис, сохтор ва функсияиҳои шуури касбӣ ва худшиносии инсон ҳамчун субъкти меҳнат бахшида шудааст. Ӯ ҷанбаҳои гуногуни касбро дида мебарояд, ки инҳо мебошанд:

  1. .Касб ҳамчун умумияти одамоне, ки бо масъалаҳои бо ҳам наздик машиуланд ва тарзи ҳаёти якхеларо аз сар мегузаронанд(маълум аст, ки касб “осори”- худро дар тамоми ҳаёти ӯ мегузорад). Албатта тарзи ҳаётгузаронӣ (ҳангоми умумият доштанаш) дар мутахассисони касбӣ натиҷаҳои гуногунро ба бор меоварад,яке хуб кор мекунаду ба муваффақиятҳо ноил мешавад, дигаре майли кор кардан надорад ва рағбат ба корро дар ӯ намебинем. Пас, дараҷаи ихтисосмандии одамон гуногун аст.
  2. .Касб ҳамчун соҳае, ки дар он предмет ва объекти он муайян аст. Дар ин ҷо равшан мешавад, ки мутахассиси оянда худро маҳз дар кадом фаъолияти касбии ҳаётӣ мансуб медонад.
  3. .Касб ҳамчун соҳа ва фаъолияте, ки дар он шахс худро зоҳир менамояд. Набояд фармӯш кард, ки фаъолияти касбӣ тавасути он на танҳо “маҳсулот” офарида мешавад, балки имконият медиҳад, ки инсон нерӯи эҷодиашро дар он истифода мебарад ва дар баробари ин нерӯи эҷодиаш низ рушду нумӯ меёбад. Доир ба ин масъала мутафаккири олмонӣ К. Маркс мегӯяд: ”натиҷаи” асосии меҳнат маҳсулоти истеҳсолшуда набуда, балки “худи шахс” дар маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятӣ аст.
  4. .Касб ҳамчун системаи таърихии инкишофёбанда; бояд қайд кард, ки касбу кор вобаста ба тағийрёбии шароитҳои таърихию маданӣ низ ба дигаргуниҳо дучор мешавад вобаста ба он касбу корҳои нав ба нав ба амал меояд.
  5. .Касб ҳамчун воқеияте, ки туфайли субъекти меҳнат ташаккул меёбад. Яъне на танҳо шароитҳои таърихи, балки ташаккули касб аз одамони мушаххас низ вобаста аст. Маҳз одамони мушаххас худашон бояд мавқеи касбу кори худро дар системаи ҷамъиятӣ муайян кунанд ва кори худро танҳо аз рӯи “Дастурҳо” иҷро накунанд. Масалан туфайли психологҳои мушаххас, психалогия ҳамчун илми амалӣ инкишоф меёбад.
  6. Мафҳум дар бори “ихтисос”,“вазифа”, “машқулият”,

пости меҳнатӣ»

Барои боз ҳам васеътар дида баромадани мафҳуми “касб”ва ошкор намудани моҳияти он, шарҳ додани мафҳумҳои зерин аз аҳмият холи нест: “ихтисос” (специалность); “вазифа”(должность); “машғулият” (занятие); “пости меҳнатӣ” (трудовой пост)

Ихтисос мафҳуме мебошад, ки он соҳаи нисбатан мушаххастареро ифода намуда, тамоми нерӯи шахс ба он равона мешавад.

Вазифа мафҳуме ба шумор меравад, ки боз ҳам мушаххастар аст ва кор кардани шахсро дар муассисаи муайян бо иҷрои функсияҳои муайян ифода менамояд. Мафҳуми “пости меҳнатӣ» низ ба ҳамин мазмун истифода мешавад.

Машғулият мафҳуме маҳсуб меёбад, ки нисбатан ба дигар мафҳумҳо дида истиллоҳи васеътар аст ва дар худ унсурҳои ихтисос, вазифа ва корҳои гуногунро фаро мегирад.

Бояд қайд кард, ки “касбу кор” дар худ чунин тавсифдиҳандаҳоеро дар бар мегирад:

  1. Ин намуди маҳдуди меҳнат аст, ки ҳамкориро бо дигар ихтисосҳо дар назар дорад;
  2. Ин меҳнате мебошад, ки омодагии махсус ва таҳлили доимиро талаб мекунад;
  3. Ин меҳнатест, ки туфайли қадркунӣ иҷро мегардад;
  4. Ин меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ аст;
  5. Ин меҳнате ба шумор меравад, ки ба одам статуси муайянро дар ҷамъият медиҳад:

С.М. Богославский (психологи ибтидои асри хх) ба “касб” чунин таъриф додааст,ки моҳияти онро боз ҳам равшантар мегардонад:

“Касб — фаъолияте мебошад, ки тавассути он шахси муайян дар ҳаёти ҷомеа иштирок мекунад ва он ҳамчун сарчашмаи асосии воситаи моддӣ барои мавҷудият хизмат мекунад. Ин ҳамчун воситаи худшиносии ӯ эътироф мешавад” Дар ин масъала Е.А Климов илова мекунад: “Дар амалияи ҳаётӣ мушоҳида мешавад, ки шахс вазифаҳои ба ӯҳдааш гузоштаро иҷро мекунаду вале корашро дӯст намедорад. Дар ин ҳолат душвор аст бигӯем, ки ин кор барои касб аст”. Дар бораи чунин одамон чомеашиноси амрикои Э.Фромм мегӯяд:“Дар онҳо характерҳои дуршуда(отчуждённый характер) мушоҳида мешавад яъне моҳияти онҳо аз коркунон дур шудааст, ки ин дар ниҳоят муммо ва бемориҳои зиёдеро тавлид мекунад ва чунин “коргарон”- ро ба “пасиентҳо” табдил медиҳад. Э.Фром (1900- 1980)-психологи немису асмрикои асасгузори равоншиносии “психоанализи гуманитарӣ” буда моҳияти тадқиқотҳои ӯро масъалаи ҷудошавии одам аз табиат, ҷамъият ва аз худи худаш ташкил медиҳад.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари одамон худашонро “ихтисосманди хуби соҳаи худ меҳисобанд” Чунин одамон зимни таҷрибаи байни ҳаётӣ ба мутахассис табдил ёфтаанд ва онҳоро ихтисосмандони ҳаётӣ номидан мумкин аст. Дар баробари ин “ихтисосмандони илмӣ” мавҷуданд ва онҳо низ ба таҷрибаи ҳаёти худ албатта такя менамоянд. Психологи дигари рус Ю.Б. Гиплнрейтер донишҳои ихтисосмандонро бо чунин фарқиятҳо ҷудо менамояд:

  1. Донишҳои ҳаёти мушаххасанд ва бо вазъиятҳои конкретии ҳаёт алоқаманданд, аммо донишҳои илмӣ ба маърифати ҷабасткардашуда такя мекунад.
  2. Донишҳои ҳаётӣ бештар хусусияти интуитивиро доро аст, донишҳои илмӣ ба шароитҳои оқилонаи ҳодисаҳо такя менамоянд.
  3. Донишҳои ҳаётӣ дар шаклҳои нисбатан маҳдуд (аз даҳон ба даҳон тавассути навиштаҳо номаҳо ва ғайраҳо) ва донишҳои илмӣ бошанд, тавассути воситаҳои махсус (китобҳо, лексияҳо ВАО ва ғайраҳо ) бадастоварда мешаванд.
  4. Донишҳои ҳаётӣ туфайли танҳо мушоҳидаҳо ҳис карда мешаванд, аммо донишҳои илмӣ тавассути эксперимент (озмоиш) ва дигар роҳу усулҳо ба вуҷуд меоянд.
  5. Донишҳои илмӣ бо системанокӣ мантиқият ва боэътимодию воқеияташон аз донишҳои ҳаётӣ фарқ мекунанд.

Ю.Д. Гиппенрейтер қайд мекунад, ки мо наметавонем гӯем ки донишҳои илмӣ ҳатман аз донишҳои ҳаёти беҳтаранд бояд таъкид кунем, ки онҳо дар таъсири байниҳамдигари қарор доранд.

Барои боз ҳам равшан намудани моҳияти касб шарҳ додани мафҳуми “профессионализатсия” (касбомӯзӣ, ташкили ихтисос, ҳунаромӯзӣ) аз аҳамият холӣ нест. ҳангоми дида баромадани ин мафҳум ба 2 ҷиҳат этибор додан зарур аст: 1)инкишофи донишҳои касбӣ 2)инкишофи маҳорати касбӣ. Донишҳо характери фаҳмида шавандаро дошта, аз ин хотир тезтар ба даст оварда мешаванд. Аммо маҳорати ҳуҷати нисбатан кам фаҳмидашавандаро соҳиб аст ва аз ин рӯ раванди давомдори азхудкунӣ аст. Аввал маҳорат дар дараҷаи шуур аз худ карда мешавад (ҳарчанд мутахассиси навшогирд дорои маҳорати асосӣ набошад ҳам вале чи тавр кор карданро медонад), сипас тадриҷан фаҳмида гирифт мешавад. Агар мутахассис мунтазам аз болои худ дар бораи худ ва фаъолияти худ фикр кардан гирад, он го ҳ ин ба драҷи эҷодиёт ва худинкишофёбии ӯ мусоидат менамояд. Инро дар адабиёти психологӣ рефлексияи касбӣ меноманд.

Барои бомуваффақият сурат гирифтани рефлексияи касби хуб мешуд, ки мутахассиси кордон ба шогирдон тарзи кор карданро ёд диҳад, фаҳмонад, яъне таълим диҳад ва ё бо фаъолияти “шогирдтайёркунӣ” (наставничество) машғул шавад.

Ба қавли Э.А. Климов, ӯ бояд на танҳо хуб кор кунад, балки донишу маҳораташро ба шахси дигар дода тавонад. Дар ин раванд худи мутахассис кордон (устод) низ такмил меёбад. Психолог Е.А. Климов чунин мафҳумҳои асосиро дар бораи меҳнат (основные предрассудки о труде) муайян намуд, ки онҳо ба мутахассисони соҳаи муайяне ёри мерасонад. Онҳо:1.Идеали “меҳнати осон” чунин идеаи шахсе шуда метавонад, ки барои ӯ иҷрои ин ё он кор ҳеҷ мушкилиеро намеоварад, пас пурсида мешавад: а) пас барои ӯ қобилият ва маҳорат барои чӣ зарур аст? Хотирашро азоб намедиҳад пас дониш ва воситаҳоеро эътибор диҳад, ки ба олам чӣ зарур аст? Аз меҳнати худ ба диққат наояд, ташвиш намекашад, пас ҳисиётҳо чӣ заруранд?

Бинобар ин як ҳолати даҳшатнок ба амал меояд, яъне ин идея одатан ба одам монанд нест.

Аз ин хотир қобилияти азоб кашидан, ҳис намудан ,таваккалкорӣ намудан, иродаро сафарбар намудан, яъне кӯшишу ғайрат намудан баҳри иҷрои кор салоҳияти мутахассисро таъмин мекунад.

2.Антиэатролизми соддалавҳона кушиии кам нишон додани дараҷаи номуайянӣ мебошад.

Яъне шахс ҳама ҷизро аз рӯи тартиб ҷавоб мегузорад ва объектҳои мураккабро ба савли табдил медиҳад. Дар ин ҳолат бар эҷодиёт ҷойе намемонад, зеро ҳама чиз „ҷобаҷо» гузошта шудааст

  1. Нобинои психикӣ душевлдческая слепата. Яъне, чунин шахс қобилияти “ҳамҳиссию ҳамдардӣ”-ро надорад
  2. Бартарии “олим” бар таҷрибаҳо» Превосходство “учёно над” практиком». Яъне онҳое, ки худро “олим” мегӯянд “таҷрибадор”-ҳоро ёд медиҳанд, ҳарчанд таҷрибадорҳои дар бештари ҳолатҳо ӯҳдабарортаранд. Аз ин хотир бояд ин ду ҷамба дар ягонагӣ бошанду якдигаро такмил диҳанд.
  3. Этикаи касбӣ

Мо одатан ҳангоми фаъолияти ҳаётамон аз чунин мафҳумҳо истифода мебарем: “ҳуқуқ”, “ахлоқ”, “маънавиёт”. Зери мафҳуми “ҳуқуқ” чунин меъёрҳои рафторро дар назар дорем, ки дар сурати риоя нагаштанашон одам ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

Ахлоқ — ин меъёрҳои иайрирасмии ( нонавиштаи) рафтор аст, ки анъана ва урфу одатҳои ташаккулёфтаро инъикос менамоянд.

Яне аз мафҳумҳои марказии ахлоқ Ҷинси одам қарздор назди атрофиён ба ҳисоб меравад.

“Маънавиёт”-ин пеш аз ҳама виҷдони одами мушаххас аст, ки дар асоси меъёрҳои қабулшуда ё қабулнашудаи меъёрҳои ҳаёти ба амал омада, қадри манзалати инсонро дар вазъиятҳои ғайримуқаррарӣ нигоҳ медоард. Ҳамин тариқ виҷдон ё худ маънавиёт-ин этикае ба шумор меравад, ки зимни виҷдони индивидуалӣ ва эҳсос иззати нафс ба вуҷуд меояд.

Аз ин рӯ чунин танзимҳои адабро дар фаъолияти касбӣ ҷудо кардан мумкин аст:

  1. Танзимхои хукукӣ. Дар фаъолияти касбӣ бояд ба чунин санадҳои ҳуқуқӣ такя намуд, ки онро ба танзим дарорад: “Созишномаи умумихалқӣ доир ба ҳуқуқи инсон”, “Конвенсия доир ба ҳуқуқи кӯдакон”, “Сарқонуни ХТ”, “Қонун дар бораи маориф”, “Кодекси ҷиноятии ҶТ”.
  2. Танзимхои ахлоқӣ. Ин танзимҳо “Кодексҳо”, “Уставҳо”, “Стандартҳо”, “Оинномаҳо” мебошанд, ки муносибатҳои ахлоқии моро ба низом медароранд.
  3. Танзимхои маънавӣ. Ин танзимҳо арзишҳои маънавиеро дар бар мегирад, ки асоси маънавиятии шахсияти мутахассисро нишон медиҳад. Ниҳоят маънавият ҷаҳонбини мутахассисро баён мегардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *