Фанни Психология

Психологияи наврасон

Тавсифи синнусолӣ ва психологии наврасон

Муносибати наврас бо калонсолон ва ҳамсолон

Шавқу ҳавас ва инкишофи қобилияти наврасон

Инкишофи худогоҳӣ дар синни наврасӣ Синнусоли наврасӣ хонандагони синфҳои 5 -9-ро дар бар мегирад, яъне аз синни 11-12 то 14-15-солагӣ. Ин зинаи синнусолӣ дар адабиётҳои психологӣ «давраи гузариш» ва давраи «пойдоргардии ҳаёти инсон» ба қалам дода мешавад. Аз як тараф дар ин синнусол организми наврасон аз ҷиҳати зоҳирӣ бо калонсолон хеле монанд шавад, ҳам бо вуҷуди ин дар байни онҳо тафовути куллӣ ба вуҷуд меояд. Аз тарафи дигар наврасон ҳоло на шахси баркамоланду на бачаи хурдсол. Онҳо дар «зинаи гузариш» буда, тағйиротҳои куллии анатомию физиологӣ, психологӣ ва биологиро аз сар мегузаронанд. Аз ин рӯ, душвории овони наврасӣ пеш аз ҳама дар тағйирёбии имконоти маънавӣ, иҷтимоӣ ва шаклҳои нави муоширати байниҳамии онҳо бо ҳамсолон ва бо атрофиён зоҳир мегардад. Инчунин, дар ин синнусол шароити зист, фаъолияти таълимӣ ба куллӣ тағйир меёбад. Ин тағйиротҳо асосан дар системаи асаб, фаъолияти психикӣ, дар тарзҳои муошират бо атрофиён ва дар ҷараёни таълим бо муаллим ба вуҷуд меоянд. Зинаи гузаришро Низомии Ганҷавӣ дар шеъри «Дониш талаб», ки ба фарзандаш бахшидааст, бо як ҳассосии баланд тасвир кардааст, ки дар синнӣ 7-солагӣ бача ба бозӣ ва таълимомӯзӣ машғул шуданаш зарур аст. лекин дар синни 14-солагӣ, яъне овони наврасӣ вай бояд ба шавқу ҳаваси хеле зиёд дониш Омӯзад ва худро аз амалу рафторҳои ноҷо дур созад, ҳамеша ба он саъй кунад, ки вақти пурқиммати худро ба аз бар кардани илм, омӯхтани касбу ҳунар, ахлоқи ҳамида бахшад. Зеро,- таъкид мекунад Н.Ганҷавӣ,- маҳз тавассути донишомӯзӣ сатҳи олами маънавӣ ва хулқу одоби наврас мунтазам васеъ шуда, обрӯ ва эътибори вай дар рафти тарзҳои муоширати иҷтимоӣ ба зинаи боз ҳам баландтаре мебарояд. Ба фикри Н.Ганҷавӣ ҳар қадаре, ки дар синни наврасӣхонандаро соҳиби илму маърифат гардонем ва ба интихоби касбу ҳунар ба ӯ ёрӣ расонем, ҳамон қадар ӯ тезтар ба ҳар як мартабае, ки пештар сидқан ният карда буд, мерасад. Вале барои соҳибилму соҳибҳунар шудан бетар илм омӯхтан, саъю кӯшиши зиёд кардан лозим аст. барои он ки сазовори ҳурмату эҳтироми омма гардад, бояд вақташро беҳуда нагузаронида, бештар ба илму ҳунаромӯзӣ машғул шудан зарур аст. аз ин рӯ, синнусоли наврасӣ ва давраи гузаришро ӯ ба таври зайл тасвир кардааст; Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ, В-акнун, ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв бар авҷ сар кашидӣ. Ғофил манишин, на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист. Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз. Инчунин, дар ин синнусол мавқеи ҷамъиятӣ ва коллективии наврас тағйир меёбад. Ин ба онҳо имкон медиҳад, ки дар чорабиниҳои тарбиявӣ фаъолона ширкат варзанд ва бо ҳисси масъулият муносибат намоянд. Бояд гуфт, ки дар ин синнусол дар баробари таҳсили хубу аъло мавқеи муҳимро дар ҳаёти наврасон интихоби касбу ҳунар ишғол мекунад. Чунки қисме аз наврасон пас аз хатми синфи 9 ба омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, тиббӣ, омӯзгорӣ ва ба истеҳсолот ба кор мераванд, ӣи ин аз муаллимон, роҳбарони синфҳо ва волидайн ёрии амалиро талаб мекунад. Дар ин синнусол организми наврасон бо суръати тез ва номутаносиб инкишоф меёбад. Аз як тараф ҳаҷми бадан, қадкашӣ, аппаратҳои мушакӣ такмил меёбад ва рафти ба устухон мубаддалшавии скелет давом мекунад, ҳаҷми дил ва дигар узвҳои дохилӣ бо суръати тез инкишоф меёбанд. Вале инкишофи баъзе устухонҳо нисбат ба дигар узвҳо ӣафо мемонанд. Бинобар ин инкишофи номунтазами узвҳо ва ҳуҷайраҳои асаб ба фаъолияти дил бетаъсир намемонад. Ҳаҷми дил нисбат ба ҳаҷми диаметри рагҳои хунгузар тезтар инкишоф меёбад ва ин боиси вайроншавии фаъолияти системаи дилу раг шуда, дар шакли дилзанӣ, баландшавии фишори хун, дарди сар, сар чархзанӣ, тез мондашавӣ ва ғайра ифода меёбад. Бинобар ин , мондашавии фикрию ҷисмонӣ, дурудароз ба асаб фишор овардан ва аз сар гузаронии ҳолатҳои эмотсионалӣ масалан, ҳодисаҳои тарс, қаҳру ғазаб, ранҷиш таҳқир ва ғайра боиси вайроншавии вазифаи системаи асаб шуда метавонад. Илова бар ин, балоғати ҷинсӣ ва тағйиротҳои куллии биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд ба фаъолияти системаи асаби онҳо таъсир бахшида боиси инҷиқӣ, зудранҷӣ, тундмизоҷӣ ва дағалии онҳо сабаб мешавад. аз ин рӯ, чунин хусусиятҳои психологии наврасонро дар рафти кори таълиму тарбия ба ҳисоб гирифтан зарур аст. Тағйиротҳои куллӣ биологие, ки дар организми наврасон ба вуҷуд меоянд як қатор хусусиятҳои нави психологӣ шакл мегиранд. Ин тағйиротҳои ба амал омада, ба душвортарбия шудани наврасон сабаб мешавад. Инчунин дар ибтидои асри 20 доир ба масъалаи инкишофи психики наврасон равоншиноси америкоӣ Ст. Холл ва руҳшиноси австриёӣ З.Фрейд назарияи «унверсализми биологи»-ро тарафдорӣ мекарданд. Ҳамаи тағйиротҳои синни наврасиро онҳо ба ҷиҳатҳои биологӣ вобаста карда, бо ҳамин омили муҳиту тарбия ва таъсири муҳити иҷтимоиро ба эътибор нагирифтанд. Онҳо фаъолнокии наврасонро ба қонеъкунонии талаботҳои биологӣ-ҷинсӣ ва омилҳои ташаккули шахсиятро ба ирсият вобаста мекарданд. Ба гуфти онҳо дар зинаи наврасӣ бӯҳрони синнусолӣ дар муошират ва рафтору кирдори наврасон ба вуҷуд меоянд. Ба ақидаи онҳо бӯҳрони синнусолӣ ногузир ва зарур буда, ба омилҳои биологӣ вобаста мебошанд. Солҳои 30-юм як қатор равияҳо ба миён омаданд, ки онҳо бар хилофи равияи биогенетикии Ст. Холл ва З.Фрейд буданд. Тарафдорони ин равия ақидаеро ҷонибдорӣ мекунанд, ки ба ташаккули сифатҳои маънавӣ-психологии шахсият на танҳо омилҳои биологӣ, балки иҷтимоӣ, яъне муҳит ва тарбия ҳам таъсир мерасонад. Чунин назарияро равоншинос Л.С.Виготский тарафдорӣ намуда, қайд карда буд, ки дар синни наврасӣ се чиз бояд бо ҳам мувофиӣ бошад; инкишофи ҷинсӣ; инкишофи умумии организм; инкишофи иҷтимоии наврасон. Антропологҳо синни наврасиро шарҳ дода мегӯянд, ки дар ин зинаи синнусолӣ талабот ва хоҳиши муайян намудани хоҳиши худ дар ҷамъият ва мунтазам ба ҳаёти калонсолон дохилшавӣ ба вуҷуд меоянд. Ин нуқтаи назарро олими америкоӣ К.Левин ҷонибдорӣ мекунад. ӯ мавқеи наврасони ҷамъияти ҳозираро тарафдорӣ карда, ба хулосае меояд, ки дар наврасон талабот ва хоҳиши ба иттиҳоди калонсолон ширкат варзидан пайдо мешавад. лекин калонсолон намехоҳанд, ки наврасон бо онҳо якҷоя ширкат варзида, аз сирру асрори муносибати онҳо бохабар шаванд. Аз ин ҷиҳат дар байни наврасону калонсолон ихтилофу низоъ сар мезананд. К.Левин дараҷаи душвории давраи наврасиро ба тағйиротҳои иҷтимоии наврасон ва калонсолон нисбат медиҳад. Ақидаҳои К.Левинро дар бораи «беқарорӣ»и наврасон дар шароити имрӯза як қатор олимон омӯхта истодаанд. Равоншинос Л.С.Виготский зинаи синнусолии наврасонро омӯхта ба чунин хулосае омадааст, ки дар инкишофи шахсияти наврасон омили иҷтимоӣ, алоқаи наврасон бо олами иҳотакарда аҳамияти калон дорад. Дар тағйиротҳои муҳими биологӣ-ҷинсӣ ва психологие, ки ба давраи гузариш хос аст, ба муҳити атроф алоқаи зич дорад. Ҳамин тавр, назарияи давраи гузариши бачагон ба зинаи калонсолӣ ба шароити мушаххаси ҳаёти иҷтимоӣ, инкишофи ҷисмонӣ, биологӣ ва мавқеи ишғолкардаи ҷамъиятии онҳо вобаста аст. Яке аз хусусиятҳои муҳими синнусоли наврасӣ ба шаклгирии ҳисси калонсолӣ вобаста мебошад. Наврас худро дарк мекунад, ки ӯ дигар кӯдак нест, балки калон шуда истодааст. Тайёр будани худро ба ҳаёти калонсолон ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи оила эҳсос мекунад ва дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёти калонсолон фаъолона иштирок мекунад. Пайдо шудани «ҳисси калонсолӣ» ва ё «эҳсоси калонсолӣ» дар наврасон ҳодисаи фавқулодда нест. Наврас ҳис мекунад, ки қадаш баланд, вазнаш афзуда истодааст, тобоварии ҷисмониаш зиёд шуда, аломатҳои инкишофи ҷисмонӣ дар ӯ бо суръати тез инкишоф меёбад, сохти организмаш ба калонсолон баробар шуда истодааст. Наврас хуб дарк мекунад, ки сатҳи дониш, маҳорат ва малакаҳои меҳнатӣ ва ҷаҳонбиниаш васеъ шуда истодааст, ки ваӣ ба ҳамаи калонсолон хос аст. Хонандагон дар синни калони наврасӣ ҳис мекунанд, ки дар ҳаёти калонсолон фаъолона ширкат варзидан зарур аст. дар чорабиниҳои мактабӣ ва берун аз мактабӣ иштирок кардан лозим аст. ҳамаи ин тағйиротҳо наврасро бовар мекунонад, ки аз калонсолон кам фарқ кунад. Бинобар ин наврас дар навбати худ аз калонсолон талаб мекунад, ки бо ӯ ҳамчун калонсол муносибат карда, дар оила ақида ва нуқтаи назари ӯро ба эътибор гиранд. Ҳисси калонсолӣ дар наврас кӯшиши мустақилият ва новобастагиро ба вуҷуд меорад. Пайдо шудани ҳисси калонсолӣ аз як тараф натиҷаи инкишофи омили биологӣ-физиологии организм мебошад, аз тарафи дигар муҳити иҳотакарда низ мебошад. Агар кӯдак дар муносибат бо калонсолон мавқеи кӯдакиро ишғол накунад ва бо калонсолон дар меҳнати коллективӣ фаъолона ширкат варзида супоришҳои муайянро бо ҳисси масъулият иҷро кунад, бечунучаро дар ӯ ҳисси калонсолӣ пайдо мешавад. ҳисси калонсолӣ ба он оварда мерасонад, ки наврас вобастагии худро ба калонсолон нишон доданӣ шуда, ба тарзи суханронӣ, имою ишораҳо ва ба хулқу атвори онҳо пайравӣ карда, бештар хоҳиши мустақилият ба даст овардан пайдо мекунад. Лекин дар ҳолати аз тарафи калонсолон ба эътибор нагирифтани хусусиятҳои психологии наврасон ба он сабаб мешавад, ки онҳо супоришҳои додаи калонсолонро дар вақташ иҷро намекунанд ва ё аз он саркашӣ мекунанд, обрӯ ва мавқеи калонсолонро ба эътибор намегиранд ва ба рафтори муаллимону волидайн ва шахсони калонсол ҳамеша аз нуқтаи назари танқидӣ баҳо намедиҳанд. Ҳодисаҳоеро мушоҳида кардан мумкин аст, ки дар баъзеи наврасон хеле барвақт «ҳисси калонсолӣ» пайдо мешавад, ки онҳо кӯшиши бештар ба даст овардани мустақилиятро аз як тараф ва аз тарафи дигар бошад, боварии одамони калонсоли гирду атроф боиси он мегардад, ки наврас на танҳо аз ҷиҳати иҷтимоӣ, балки аз ҷиҳати физиологӣ ҳам худро ба калонсолон монанд карда, баъзе рафторҳои ношоям содир мекунанд. Пайдо шудани «ҳисси калонсолӣ» ба он оварда мерасонад, ки наврас ҳуқуқҳои калонсолонро маҳдуд карда, бо ҳамин ҳуқуқҳои худро васеъ мекунад ва талаб мекунад, ки калонсолон шахсияти ӯро эҳтиром кунанд ва ба ӯ бештар озодӣ ва мустақилият диҳанд. Аз тарафи дигар, «ҳисси калонсолӣ» боиси он мегардад, ки ӯ рафтору одоби ба кӯдакон хос бударо тағйир дода, ба хислати калонсолон монанд мекунад. Сеюм, наврасон дар муносибат бо калонсолон меъёрҳо ва қоидаҳои маънавиро аз бар карда истода кӯшиш мекунанд, ки сазовори баҳои мусбии калонсолон шаванд. Агар калонсолон дар муносибат бо наврас ба мисли кӯдак рафтор кунанд ва хусусиятҳои психологии ӯ ва ҳисси калонсолии ӯро ба эътибор нагиранд, дар он сурат наврас ақидаашро ба таври зайл баён мекунад: «Манн дигар хурд нестам, як гапро чанд маротиба такрор накунед. Насиҳатҳоятон ба дилам зад. Маро ба ҳоли худам гузоред. Сарзаниши шумо маро дилтанг мекунад. Ҳар чизе ки хоҳед мегӯед.» ва ғайра. Чунин рафтор боиси ба вуҷуд омадани ҳисси бадбинӣ, низоъ ва вайроншавии муносибати байниҳамии наврас ва калонсолон мегардад. Агар чунин муносибат дар тамоми давраи наврасӣ идома ёбад, дар он сурат наврас дар руҳияи саркашӣ, кибру ғурур ва тундмизоҷӣ тарбия меёбад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки низоъ ва хусумат дар байни наврасу волидайн ва дигар шахсони калонсол то тағйирёбии муносибати калонсолон бо наврас давом мекунад. Калонсолон бояд фаромӯш накунанд, ки пайдо шудани «ҳисси калонсолӣ» ин ҳисси солим буда, на бояд ба он фишор оваранд, балки наврасонро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоянд. Муносибати калонсолон бо наврас бояд дар асоси чорчӯбаи муайяни шуурона ва системанок гузарад. Калонсолон фаромӯш накунанд, ки назорат ва роҳбарие, ки ба синнусоли наврасӣ хело зарур аст, аз байн наравад. Вале назорати доимӣ, ки боиси дилгиркунӣ ва асабонишавии наврас мегардад аз назорату роҳбарии хонандагони синнусоли хурди мактабӣ ба куллӣ фарқ кунад. Зеро дар синни наврасӣ аз фармондеҳӣ, талабкунӣ, қатъиятӣ, муносибати дағалона ва дигар муносибатҳои манфӣбештар даст кашида, нисбати наврас бо ҳурмату эҳтиром, бо ҳисси боварӣ ба корҳои иҷро кардаи ӯ баҳои ҳаққонӣ додан лозим аст. бисёр хуб мешавад, ки падару модарон фарзандонро ёрдамчии худ интихоб карда, ба онҳо маҳорат ва малакаҳои меҳнати оилавӣ-маиширо ёд диҳанд ва корҳое, ки минбаъд дар ҳаёти онҳо зарур аст Омӯзанд. Бисёртар мустақилияти фарзандонро инкишоф диҳанд, дар онҳо сифатҳои наҷиби маънавӣ-ахлоқии ниёгонро тарбия намоянд. Ин имкон медиҳад, ки дар наврасон волидайн муносибати дӯстона, якдигарфаҳмӣ, дастгирии ҳамдигар ва ҳисси ҳурмату эҳтиромро ба ҷо оваранд. Дар синни наврасӣ хоҳиш ва талаботи муносибат бо ҳамсолон, дӯстону рафиқон ва ба коллективи ҳамсолон дохил шудан равшан ифода мешавад. Тадқиқотҳо нишон доданд, ки қисми зиёди наврасон ба мактаб бо ҳавас меоянд, зеро мактаб маркази васеи муошират бо ҳамсолон ва дӯстону рафиқон мебошад. Мафҳуми рафоқат ва мафҳуми дӯстӣ дар синни наврасӣ мазмуни нав пайдо мекунад. Мафҳуми рафоқат бо ҳисси коллективизм ва ҳамкорӣ алоқаи зич дорад. Мафҳуми дӯстӣ дар синни хурди наврасӣ фаҳмиши маҳдудтар дошта, боварӣ нисбат ба шахси наздик ифода меёбад. Лекин бо тағйир ёфтани синнусол мазмуни дӯстӣ ва рафоқат пурмазмунтар мегардад. Дар ин синнусол дар байни духтарон ва писарон муоширати байниҳамӣ барқарор мешавад. масалан, дар синфи 5-6-ум дар байни Писару духтарон ҳисси дӯстӣ дар шакли интихоби дӯсти наздик ва бо ҳам муттаҳидшавии наврасон, алоқаи бисёр зичи психологӣ ва боварии тарафайн зоҳир мешавад. лекин дар синфи 7-8-ум бештар масъалаи кӣ ба кӣ маъқул аст, ба миён омада, мавқеи хосро ишғол мекунад. Бо вуҷуди ин дар ин синнусол дар мазмуни дӯстии писарону духтарон нишонаҳои аввалини ишқу муҳаббат пайдо мешавад. дар наврасон майлу ҳаваси ба ҷинси дигар пайдо шуда, дар ташаккули сифатҳои маънавии онҳо саҳми калон мебозад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки нишонаҳои авввалини ишқу муҳаббат ва майл ба ҷинси дигар дар духтарон нисбат ба писарон барвақттар пайдо мешавад. зеро ки давраи ба балоғатрасӣ дар духтарон нисбат ба писарон 2-сол пештар сар мезанад. Дар ин давра духтарон ба рафтору кирдор, тарзи суханронӣ, тарзи либоспӯшӣ, оро додани мӯйҳо, истифодаи рангу бор, муносибат бо ҳамсолон ва ҷинси дигар мароқ зоҳир мекунанд. Равоншинос И.С.Страхов масъалаи дӯстиро тадқиқ карда хусусиятҳои онро ба таври зайл муайян кардааст; ба дӯсти ҳақиқӣ шудан ҳисси боваринокӣ, садоқат, муттасилӣ, кушодарӯӣ, дар ҳама ҳолат бо ҳам будан лозим аст; ошкорбаёнӣ, боварии тарафайн ва ҳамдигарфаҳмӣ, бодиққатӣ ва ҳозирҷавобӣ ба дӯсти ҳақиқӣ зарур аст; мувофиқи шавқу ҳавасҳо, фаъолияти якҷоя ва мақсаду саъю кӯшишҳои ягона риояи ёрии байниҳамӣ ва омодагии ӯ барои дастгирии ҳамдигарӣ дар ҳолатҳои ба миён омадани душвориҳо. Дар баробари ин дар байни шоирон, нависандагон, олимон дар бораи муҳаббати давраи наврасӣ ақидаҳои мухталиф мавҷуд аст. як гурӯҳ олимон ҳиссиёти овони наврасиро муҳаббати ҷиддӣ шуморида, ба он баҳои баланд медиҳанд, гурӯҳи дигар онро як навъ шӯхии давраи бачагӣ шуморида қайд мекунанд, ки ин ҳиссиёти ноустувор буда, қалб ва дилу дидаро фаро намегирад. Аз ҷумла Гёте гуфтааст; «муҳаббати аввалин наврасро рӯҳбаланд мекунад. Табиат гӯё мехоҳад, ки як ҷинси дигар меҳрубонию зебогиро дарк кунад». Шоир Лоиқ Шералӣ ишқи аввалини давраи наврасиро ба «ғӯраи сармозада» монанд кардааст, ки баъзан боиси дилшикастагӣ, нобоварӣ, умедҳои барбодрафтаи наврасон мегардад. Бояд қайд кунем, ки муҳаббати давраи наврасиро мо инкор ва ё рад карданӣ нестем, чунки дар бораи вай дар ҳама давру замонҳо асарҳои бадеии ҷаҳонӣ офарида шудааст ва осори муҳаббат дар хотири ҳамаи калонсолон нақш бастааст. Вале ҳангоми ба муҳаббати давраи наврасӣ баҳо додан бисёр эҳтиёт шудан лозим аст, зеро ин ҳиссиёт дар зинаи ташаккулёбии шахсияти наврасон ба амал меояд. Наврасон ҳоло аз ҷиҳати иҷтимоӣ, маънавӣ, физиологӣ ва психологӣ обутоб наёфтаанд. Муҳаббати давраи наврасӣ бошад, хусусиятҳои ба худ хос дорад; А) масъалаи дӯст доштан, ҳиссиёти ишқу муҳаббатро дарк кардан таваҷҷӯҳи наврасоно то шаклгирии расиши чинсӣ ба ташвиш меорад.онҳо аз афсонаҳо ҳикояҳои бадеӣ аз шеъру сурудҳо тамошои кинофилмҳо барномаи телевизионӣ «Муҳаббат бо нигоҳи аввалин», аз нақли шахсони калонсол дар бораи муҳаббат, дӯстдорӣ воқиф мешаванд. Ба хубӣ мефаҳманд, ки муҳаббат ҳиссиётест, ки тамоми вуҷуди инсонро фаро мегирад. Муҳаббат қалбҳоро пурҳарорат када оташи ишқро меафрӯзад варӯзе ба дарда дили онҳо низ садо медиҳад. Б) муҳаббати давраи навраӣ муҳаббати зоҳиҳӣ буда аз ҳаёт зиндагӣ ва масъалаҳо оилаю оиладорӣ дур аст. наврасони дар ин синнусол ба ҳаёт ва зиндаги дақиқр нигоҳ намекунанд орзую умедҳои онҳо ба ташкили оила алоқаманд нест .вай ба бозии шавқовар монанд буда онҳо аз чиҳати маънавӣ ичтимоӣэ иқтисотӣ ва физиологӣ ба ҳаёт тайёр нестанд. В) асоси муҳаббати давраи наврасӣ аз муносибатҳои дӯстӣ ва рафоқат сар мешавад ва аз ин рӯ, дӯстиро мактаби муҳаббат меноманд. Ҳамин тавр, муҳаббати давраи наврасӣ аз давраи барқароршавӣ то авҷи камолот давом мекунад. Дар вақти пайдо шудани чунин ҳиссиёт риояи покизагии ахлоқ аҳамияти калон дорад. Зеро ки дар ҳамин синнусол наврасон бомулоҳиза рафтор накунанд, давраи хушу хуррамӣ орзую умедҳои худро барбод медиҳанд ва ин ҳама боиси дили шикаста, хониши нотамом, орзуҳои амалӣ нашуда сабаб мешавад. аз ин ҷиҳат ба падару модарон, муаллимон ва дигар шахсони калонсол лозим аст, ки оиди ин масъала бо наврасон сӯҳбатҳои судбахш гузарондан, адабиётҳои лозимиро тавсия намуда, роҳу равиши дурусти зиндагиро ҳидоят намояд. Дар рафти сӯҳбат хусусиятҳои синнусолӣ ва фардӣ-психологии наврасон (мизоҷ, хислат,қобилият, шавқу ҳавас, талаботҳо) ба ҳисоб гирифта шавад. Инчунин, одоби муоширати педагогиро риоя намуда, эҳтиёткориро дурандеш будан зарур аст. ба наврасон фаҳмонидан лозим аст, ки барои дурусттар ва ҳаматарафа фаҳмида гирифтани якдигар вақти муайяне зарур аст. муҳаббат натанҳо ба ҳиссиёт ва вазъи руҳӣ, балки ба ҷиҳатҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маънавии ҷавонон вобаста мебошад. Аз ин ваҷҳ, барои ташкили оила лозим аст, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ ҷавонон ба калонсолон вобаста набошанд, маҳорат ва малакаҳои меҳнати оилавӣ-маиширо ташаккул диҳанд, сири рӯзғордориро ба хубӣ донанд. Бо ҳеҷ ваҷҳ калонсолоннабояд ҳиссиёти давраи наврасиро поймол кунанд. Зеро мушоҳидаҳои мо ҳаминро собит мекунанд, ки дар асоси муҳаббати давраи наврасӣ бисёр оилаҳои намунавӣ, устувору мустаҳкам барпо шудааст. Калонсолон фаромӯш накунанд, ки дар ҳолати риоя накардани одоби муошират бо наврасон ҳодисаҳои нохушро низ интизор шудан аз имкон дур нест. Набояд фаромӯш кард, ки пайдо шудани ҳиссиёти ишқу муҳаббат дар давраи наврасӣ бо майл ба ҷинси дигар алоқаманд аст. ибтидои расиши ҷинсӣ, ки ба синнусоли наврасӣ хос аст, аз омилҳои миллӣ- этнографӣ, иқлиму обу ҳаво ва аз хусусиятҳои фардии ҳаёт (ҳолати саломатӣ, беморӣ, таркиби хӯрок, реҷаи рӯз, истироҳату фароғат, муҳити атрофиён, шароити оилавӣ ва ғайра) вобаста мебошад. Яке аз роҳҳои дуруст ташкил кардани корҳои тарбиявии байни наврасон ин гузаронидани чорабиниҳои гуногуну шавғовар мебошад. Махсусан бо наврасон гузаронидани сӯҳбатҳои гурӯҳӣ ё фардӣ аз аҳамият холӣ нест. Роҳбарони синфҳо дар қатори дигар тарафҳои ташаккули шахсияти хонандагони синни миёнаи мактабӣ ба нақша даровардану иҷро намудани чорабиниҳои тарбиявиро оиди масъалаҳои ахлоқӣ, маърӯза оиди маънавӣ- ҷинсӣ, ахлоқӣ як зумра чорабиниҳо (масалан, сӯҳбатҳои фардӣ, гурӯҳӣ бо табибон, шахсони бомаърифат, муҳокимаи мақолаҳо оиди масъалаҳои муҳити маънавӣ ва ғайра) гузаронида мешавад, вале ин чорабиниҳо танҳо дар байни духтарон гузаронида мешаваду халос. Муаллимон ва падару модарон зарурияти бо писарбачагон гузаронидани чунин чорабиниҳоро ба эътибор намегиранд. Чунин тарзи кори муаллимон ва волидайн боиси он мегардад, ки тағйиротҳои кули биологие, ки дар организми писарбачагон дар давраи наврасӣ ба вуҷуд меояд, дар шакли номуташаккилона (стихиявӣ) гузашта онҳо оиди ин тағйиротҳо маълумотҳои кофӣ надоранд ва аз забони шахсони гуногун, дар шаклҳои гуногун маълумот пайдо мекунанд. Қисми зиёди писарбачагон ба талаботҳои санитарӣ-гигиенӣ риоя намекунанд, ки ин ба инкишофи минбаъдаи организми онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Бояд қайд кунем, ки вақту мӯҳлати гузаронидани чорабиниҳо бояд ба мақсад мувофиқ бошад. Масалан, дар байни духтарони синфҳои 5-8-ум гузаронидани сӯҳбат дар мавзӯи «гигиенаи шахсӣ» ё «Нигоҳ доштани шарафу номуси духтарӣ» то давраи ба вуҷуд омадани тағйиротҳои куллии биологӣ дар организми духтарон (то саршавии ҳайз) ба мақсад мувофиқ аст. хеле хуб мешуд, ки сӯҳбатро оиди ин масъала матахассисони соҳаи тиб ва ё муаллимоне, ки донишҳои кофии анатомӣ-физиологӣ ва психологӣ дошта гузаронанд ва дар рафти сӯҳбат ҳа одоби муоширати педагогӣ риоя намоянд. Дар ин синнусол гузаронидани суҳбатҳои фардӣ аҳамияти калони тарбиявӣ дорад. Ин сӯҳбатҳо ҳамон вақт натиҷаи хуб ва судманд дода метавонад, ки агар дар байни муаллиму наврас муносибатҳои самимӣ, хайрхоҳона, беғаразона ва боваринокӣ вуҷуд дошта бошад. Махсусан, дар шароити имрӯза зарурияти ба тарбияи маънавӣ-ҷинсӣ ва ахлоқии наврасон дар оила ва мактаб диққати ҷиддӣ додан ба миён омадааст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *