Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Аҳамият ва мавқеи грамматика дар омӯзиши забони тоҷикӣ

Дар илми фалсафа таъкид мешавад, ки фанни мазкур, яъне фалсафа, «сутунмӯҳраи илмҳои ҷамъиятӣ» ба шумор меравад. Марбут ба ҳамин нукта хато намекунем, агар гӯем, ки фанни забони модарӣ (тоҷикӣ) дар мактаб низ дар байни дигар фанҳои таълимӣ чунин мақомро доро мебошад. Ва беҳуда нест, ки дар нақшаи таълими мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар байни фанҳои дар ҳар синф таълим додашаванда фанни забони модарӣ дар сархати аввал номбар мешавад. Ин нукта ишора ба он аст, ки забони модарӣ  дар байни дигар фанҳо яке аз асоситарин фанни таълимӣ барои мактабиён эътироф карда мешавад. Зеро фанни мазкур -забони  модарӣ дар мактабҳои ибтидоиву миёнаи давлатҳои тамоми ҷаҳон ҳамеша дорои ду хусусият аст, ки якеро бе дигаре ҳеҷ гоҳ наметавон тасаввур намуд: он, аз як тараф, агар предмети таълим маҳсуб ёбад, аз тарафи дигар, воситаи таълим ба шумор меравад. Ва ана ҳамин хусусияти дуҷабҳаинаи забони модариро дар мисоли забони русӣ дар мадди назар дошта, М.И.Калинин таъкид намудааст, ки илме ё ягон соҳаи фаъолияти ҷамъиятие вуҷуд надорад, ки донишу маҳорати хуби забондониро талаб накунад.[1]

Ба ҳамин тариқ, дар асоси нуктаҳои боло хулосаи аввалин ин аст,ки дар мактаб, пеш аз ҳама, ба мазмуну мундариҷа ва сифати таълими забони модарӣ, ҳамчун ба объект ё худ предмети таълим,  бояд эътибори ҳаматарафа дода шавад. Ва набояд фаромӯш кард, ки объекти асосии омӯзонидани фанни забони модарӣ худи ҳамон забонест, ки аз давраи тифлӣ ба омӯхтани он шурӯъ намуда, минбаъд чи дар гуфтору муомилоти ҳамешагиамон бо одамон ва чи дар навъҳои гуногуни навиштаҷоти хеш маҳз бо истифода аз калимаву ибораҳои озоду устувори дар ҳамин забон мавҷуда фикру андешаҳои оммавию публитсистӣ, илмӣ ва илмию методии хешро рӯи коғаз оварда, дар шакли мактуб, хабару мақола, дастуру монография ва ғ. пешкаши афроди алоҳида ё худ умум мегардонем. Бале, ин ҳамон забонест, ки мо аз овони кӯдакӣ ҳарфу ҳиҷо ва калимаву ибораҳои аввалини онро аз забони модар шунидаем. Барои ҳамин ҳам, ба забоне, ки он барои як халқу миллат воситаи алоқа ва додугирифти байниҳамдигарӣ асту фарҳангу маданияти эшон маҳз ба тавассути ҳамин забон муаррифӣ карда мешавад, барояш  забони модарӣ унвон додаанд. Ҳа, ин ҳамон забонест, ки минбаъд, то ба остонаи мактаб қадам ниҳодан, ба тавассути тақлид ба шеваи гуфтори калонсолон, воситаҳои ахбори овозӣ (радио, телевизион, магнитофон) қисман меъёрҳои онро аз бар менамоем. Вале барои одами маданиятнок, комилан саводноку донандаи хуби забони адабӣ гардидан зарур аст, ки донишҳои грамматикии марбут ба сохтори забон аз бар карда шаванд. Ин нукта, пеш аз ҳама, маҳз дар мактаби таҳсилоти умумӣ бо роҳи мунтазам омӯхтани курси мазкур -грамматика[2]-дар тӯли чанд соли хониш метавонад ба ҳар фарди дӯстдори забони модариву халқу миллати хеш даст диҳад.

Чунон ки маълум аст, ба тавассути курси мактабии забони модарии мо (тоҷикӣ) дар синфҳои V-XI аз соҳаҳои забоншиносии тоҷик ба ҷуз грамматика фонетика, калима (луғат) ва услубҳои нутқ (дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб) таълим дода мешавад. Аммо грамматика дар байни қисматҳои дигари дар мактаб омӯхташавандаи забони модарӣ маҳак ё худ қисмати басо муҳимтарини он дониста мешавад.[3] Зеро ба андешаи акад. А.В. Текучев, «курси мактабии грамматика ба хонандагон имкон медиҳад, ки (дар асоси донишҳои назариявии аз курси грамматика омӯхтаашон. — С.Ш.) малакаҳои нутқи шифоҳиву хаттӣ, хониши ифоданок, имло, пунктуатсия ва малакаҳои услубиро амалан аз худ намоянд».[4] Ҳамзамон, бояд таъкид намуд, ки аз ҷиҳати назариявию амалӣ дақиқ донистани ҳодисаҳои забон, донистани асли баромад ва сарфаҳм рафтан ба маънои луғавии истилоҳот, инчунин, фонетикию лексикӣ ва дар баробари ин, марбут ба ҳар як таърифу қоида, ин ё он истилоҳ далел оварда тавонистани хонандагон боиси васеъшавии фаҳмиши умумӣ, инкишоф ёфтани тафаккури мантиқӣ, хотира ва диққатнокии онҳо ҳам хоҳад гашт.[5] Ва агар чунин нукта дар хонандагон ташаккул дода шавад, яъне агар онҳо дар ҷараёни таълими курси системаноки грамматика (маҳз дар синфи ٍV-IX) аз ҷиҳати назариявию амалӣ қонуну қоидаҳои грамматикиро ба дараҷаи талаботи барномавии мактабӣ ҳифз намуда бошанд, далел ба он аст, ки онҳо меъёрҳои забони адабиро аз бар намудаанд, забондону забонфаҳм шудаанд, чи дар гуфтору чи дар навиштаҷоти хеш акнун ба хатоҳои грамматикӣ (орфографӣ, пунктуатсионӣ, услубӣ) роҳ намедодагӣ шудаанд. Маҳз ҳамин нукта мақсаду вазифа ва ҳадафи асосии таълими грамматикаи забони тоҷикӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумии ҷумҳуриамон маҳсуб меёбад.[6]

Инак, дар фавқ доир ба моҳияти фанни забони модарӣ ва қисмати грамматикаи он, ҳамчун предмети таълим, маълумотҳо баррасӣ шуд. Акнун дар бораи воситаи таълим  будани фанни мазкур чиҳоро бояд донист? Чунон ки гуфтем, тарбия намудани одамони маданиву комилан саводнок ва донандагони хуби забони адабӣ ҳадафи ниҳоии таълими забони модарӣ мебошад. Аммо дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба хонандагон дар ҳар синф мувофиқи нақшаи таълим чандин фанни дигар, хусусан, фанҳои математика, алгебра, химия, физика, геометрия барин илмҳои дақиқ омӯзонида мешаванд, ки ҳар кадоми ин фанҳо мақсаду вазифа ва ҳадафи ниҳоии худро доро мебошанд. Фанҳои мазкур ба ҷумлаи илмҳои мураккабу душворфаҳм маҳсуб буда, аз тарафи хонандагон хубу ҳамаратафа аз бар намудани ин фанҳо, сараввал, ба тавассути маҳорату қобилияти забондониву забонфаҳмиашон вобастагии қавӣ дорад. Яъне шарти аз ҳама аввал ва зарурии азхудкунии фанҳои дигар дар мактаб ва умуман, пас аз хатми мактаби миёна ҳам, ки кас пайи омӯзишу такмили илмҳои дигар шуғл меварзад, ин аст, ки пеш аз ҳама, ӯ бо донишу малакаи хуби забондониву забонфаҳмӣ мусаллаҳ бошад, то ки ҳангоми шарҳу тавзеҳи (чи шифоҳӣ ва чи хаттӣ) масъалаҳои марбути илми мушаххас ба тавассути калимаву ибора ва ҷумлаороиву муфассалбаёнӣ аз тамоми  имкониятҳои забони модарии хеш бе ягон душворӣ истифода бурда тавонад. Ва баръакс, шояд шахс илмеро басо хуб донад, баҳри инкишофу такомули он ғояҳои баландеро дар шуури хеш эҳё карда бошад, аммо дар ӯ қобилияти забондониву ифодаи озоди фикр ташаккул наёфта бошад, ӯ ҳеҷ гоҳ он ҳама ғояҳои волои худро дастраси аҳли илм гардонида наметавонад. Дар ин бобат ҳақ  ба ҷониби М.И. Калинин аст, ки дар яке аз суханронии таърихии хеш чунин гуфта буд: «Яке аз тавонотарин воситаи ташаккул ва инкишофи инсон дониши хуби ӯ аз забони модарист… Омӯхтани забони модарӣ кори бузургест. Аз ҳама волотарин комёбиҳои шуури инсон, амиқтарин донишҳо ва эҳсосоти олӣ дар вуҷуди одамон мемонад, агар онҳо бо калимаҳо аниқу равшан ифода карда нашаванд».[7] Пас, зимни андешаҳои боло мебояд таъкид намуд, ки забони модарӣ дар мактаб на фақат  предмети таълим,  балки воситаи аз ҳама асосии азхудкунии фанҳои дигари таълимӣ ҳам дониста мешавад. Яъне тамоми дастовардҳои хонандагон доир ба донишҳои меъёрии аз дигар фанҳо гирифтаашон маҳз ба таълими хубу самараноки забони модарӣ, ба хусус, ба таълими грамматикаи он алоқаи мустаҳкам дорад. Зиёда аз ин, дониши хубу волои забони модарӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки забонҳои дигарро, аз ҷумла, дар мактабҳои Тоҷикистон забонҳои русӣ, англисӣ, олмониву фаронсавиро бо душвории андаке аз худ намоянд,[8] ба шарте ки устодони фанҳои мазкур дар ҷараёни таълими чунин забонҳо аз усулҳои муқоиса, шарҳдиҳии луғатҳо, пеш аз ҳама, бо ду забон (масалан, тоҷикиву русӣ) ва инчунин аз дигар маводҳои дидактикӣ самаранок истифода бурда тавонанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *