Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ

Дар як ё ду дарси навбатӣ бахшида ба таълими калима (луғат)  (дар синфи VII) ба хонандагон дар бораи калимаҳои шевагӣ ва соҳавӣ маълумот дода мешавад. Барои дастраси хонандагон намудани масъалаҳои мазкур, пеш аз ҳама, фаҳмонидан лозим аст, ки барои дараҷаи истеъмоли калимаҳоро дар нутқ ва навиштаҷот муайян намудан онҳоро  (калимаҳоро) ба се гурӯҳ –калимаҳои маъмул (ё худ умумистеъмолӣ),  шевагӣ ва соҳавӣ  ҷудо мекунанд. Чунки намояндагони  ин ё он  халқу миллат, аз ҷумла, мо тоҷикон, аз калимаву ибораҳои дар таркиби  луғавии забони худ мавҷуда на ҳама як хел истифода мебарем. Масалан, агар мо як силсила калимаҳо, аз қабили падар, модар, шамол, об, ҳаво, даҳ, бист, сурх, сиёҳ, ман, ту, шумо, омадан, хӯрдан, хондан, бисёр, оҳиста  ва амсоли инҳоро ҳамарӯза дар нутқи худ ва гуфтугӯи кулли мардуми тоҷик мушоҳида мекунем, ки ин гуна калимаҳоро  калимаҳои маъмул ( ё худ умумиистеъмолӣ) меноманд. Гурӯҳи  дигари калимаҳоро, аз қабили ина (ана), ӯру (он тараф), эру ( ин тараф), мерем (меравем), рош (биё), инҷанда (дар ин ҷо), рафтос ё рафсос (рафта истодааст), мера (меравӣ), бура (бирав),  умам (омадам)  ва ғ. танҳо дар нутқи   намояндагони шеваи ин ё он маҳал истифода мешаванд, ки чунин калимаҳоро калимаҳои шевагӣ меноманд. Аммо  силсилаи дигари калимаву ибораҳо низ дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ вомехӯранд, ки онҳо танҳо ифодакунандаи мафҳумҳои ин ё он соҳаи  касбу  ҳунар буда, асосан, дар нутқ ва навиштаҷоти  ашхоси ба ин ё он соҳаи касбу ҳунар марбутбуда  ҳамарӯза мавриди истифода қарор мегиранд. Масалан, дар нутқи шумо, хонандагон, ҳар рӯз калимаҳои бӯр, қалам, китоб, дафтар, муаллим, устод, танаффус,  занг задан, синф, парта, доска (тахтаи синф), вале дар ҳар дарс, масалан, мо бо шумо дар дарси забони тоҷикӣ ҳар доим калимаву ибораҳои ҳиссаи нутқ, ибора, ҷумла, исм, сифат, ҷонишин, суффикс, префикс, калимаи сохта, калимаи мурракаб, аъзои ҷумла, сараъзо, мубтадо, хабар, ҷумлаи содда, ҷумлаи мураккаб  ва амсоли инҳоро истифода мебарем. Ана ҳамин гурӯҳи сеюми калимаву ибораҳоро, ки маҳз дар нутқу навиштаҳои одамони машғули ин ё он касбу ҳунар мавриди истифодаанд, калимаҳои соҳавӣ меноманд. Ва чун сухани муаллим  то ба ҳамин нуқтаи охир расид, таблитсаи (14) зерин дар тахтаи синф ба намоиш гузошта мешавад ё шояд ба тавассути кодоскоп намоиш дода шавад:

Таблитсаи 14

Калимаҳои маъмул ё худ умумиистеъмолӣ

Калимаҳои шевагӣ

Калимаҳои соҳавӣ

падар, модар, шамол, об, ҳаво, санг, кӯҳ, замин, сурх, сиёҳ, даҳ, бист, ман, ту, шумо, омадан, хондан, хӯрдан, оҳиста, бисёр, пагоҳ, бегоҳ, боло, поин, наход, наход ки, танҳо, фақат, ҳа, бале, оҳ, ӯҳ ва ғ. ина (ана), ӯру (он тараф), эру (ин тараф), мерем (меравем),  рош (биё, рафтем), инҷанда (дар ин ҷо), рафтос ё рафсос (рафта истодааст), мера (меравӣ), бура (бирав), умам (омадам), умӣ (омадӣ), чум (надонам) ва ғ. бӯр, дафтар, китоб,  муаллим, устод, танаффус, занг, занг задан, синф, парта, доска (тахтаи синф); ҳиссаи нутқ, калима, ибора, ҷумла, исм, сифат, ҷонишин, суффикс, префикс,  калимаи сохта, калимаи мураккаб, аъзои ҷумла, сараъзо , мубтадо, хабар, ҷумлаи содда, ҷумлаи мураккаб ва ғ.

Инак, дар заминаи таблитсаи мазкур муаллим бо истифода аз усули муқоиса ва методи нақл (шарҳдиҳӣ) пурра бояд хонандагонро қонеъ кунонад, ки калимаҳои дар сутуни якум овардашударо барои он маъмул меноманд, ки чунин калимаҳо ва амсоли инҳоро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон, сарфи назар аз шеваю лаҳҷаи маҳали худ, ҳамеша мардуми тоҷикзабон бе ягон маҳдудият дар нутқашон, муоширати байниҳам-дигариашон истифода мекунанд. Аз ин рӯ, чунин калимаҳоро калимаҳои умумиистеъмолӣ, ё ки умумихалқӣ ҳам меноманд. Калимаҳои сутуни дуюмро барои он шевагӣ меноманд, ки онҳо танҳо дар нутқи бошандагони ин ё он минтақа, ноҳия ё худ маҳал истифода мешаванду бас. Ҳатто дар баъзе маҳалу ноҳияҳо калимаҳое дар нутқи сокинон мавриди истифода ҳастанд, ки барои  сокинони шеваи дигари забони тоҷикӣ тамоман бегона ва ҳатто нофаҳмо ба назар мерасанд. Калимаҳои шевагӣ, агар дар муқоиса бо калимаҳои забони адабӣ мавриди мушоҳида қарор гиранд, мебинем, ки гарчи дар бобати маънои луғавӣ тафовут надошта бошанд ҳам, вале аз рӯи шаклу сохти овози (фонетикӣ)- ашон хеле  фарқ мекунанд (Ин лаҳза аз сутуни дуюм сохти фонетикии чанд калимаи шевагиро бо муодили дар забони адабӣ будааш шарҳ додан айни мудао хоҳад буд.)

Калимаҳои дар сутуни сеюм овардашуда пурра калимаҳои ба забони адабии ҳозираи тоҷик воридшудаанд. Аммо умумиистеъмолӣ набуда, дар асл, дар гуфтор ва навиштаҷоти ашхосе зиёда мавриди истифода қарор дода шудаанд, ки онҳо ба касбу ҳунаре ва ё илму санъате сару кор доранд, ки чунин калимаҳо ва амсоли онҳо маҳз барои ифодаи мафҳумҳои ҳамон соҳа хизмат мекунанд. Чунончи, шумо, хонандагон, ки ҳоло дар мактаб таҳсил мекунед, дар нутқу гуфтугӯи ҳамарӯзаатон, пеш аз ҳама, калимаҳои бӯр, китоб, дафтар, доска, синф, занг, танаффус, дарс, дониш, муаллим ва боз калимаҳоеро ҳам, ки дар маҷмӯъ дар фаъолияти умумии кори мактабу вазъи таълим марбутанд, истифода мебаред. Ба ҷуз ин, доир ба ҳар фан ҳангоми дарс ва ё иҷрои супоришҳои дар алоқамандӣ бо ҳамон фан гирифтаатон доим бо калимаву ибораҳое сарукор доред, ки маҳз хоси ҳамон фан ба шумор меравад. Масалан, дар дарси забон ё ҳангоми азхудкунии таърифу қоидаҳои  марбути он дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ, агар бо як силсила калимаҳо, аз қабили калима, ибора, ҷумла, ҳиссаи нутқ, исм, сифат, феъл ва амсоли инҳоро аз забони  муаллиму ҳамсинфонатон шунида, аз китоб қироат кунед, баръакс, дар дарси адабиёт калимаҳоеро мешунавед, қироат мекунед ё худ дар лаҳзаи ҷавобҳоятон истифода мебаред, ки маҳз хоси ҳамин фанни адабиётанд. Масалан, чунин калимаву таркибҳо: адабиёт, адабиёти бадеӣ, ҳикоя, латифа, повест,  роман, шеър, рубоӣ, ғазал, маснавӣ, лирика, образ, адабиётшинос ва ғ. Барои ҳамин  ҳам, чунин калимаву ибораҳоро, ки маҳз ифодакунандаи мафҳумҳои хоси ин ё он касбу ҳунар ва ё илму техникаанд, калимаҳои соҳавӣ, ё  худ калимаҳои истилоҳотӣ меноманд. Вожаи истилоҳро дар маҷмӯи илмҳо термин меноманд. Термин калимаи лотинӣ буда, аслан, ба маънои  ҳад, ҳудуд, сарҳад, аломати  ҳудудӣ истифода мешавад. Вале дар илм калимаҳои махсуси ифодакунандаи мафҳумҳои соҳаи касбу ҳунар ва ё илму фанни ҷудогонаро термин меноманд. Масалан, калимаву ибораҳои дар илми забоншиносӣ истифодашавандаро терминҳои  забоншиносӣ, вале дар илми адбиётшиносӣ мавриди истифода бударо терминҳои адабиётшиносӣ меноманд. Аммо ҳоло ба ҷои термин дар забони адабии тоҷик муодили тоҷикӣ  (арабӣ) –и он – калимаи истилоҳро бештар истифода мебаранд, ки дар ҳақиқат, бо вожаи термин якмаъност.

Лаҳзаи мустаҳкамкунӣ ва пурсиши вазифа доир ба мавзӯи «Калимаҳои маъмул ва соҳавӣ» бояд дар баробари такмили дониши хонандагон завқи забондониву забонфаҳмии онҳоро ҳам бедор намояд. Аз ин ваҷҳ, барои ноил шудан ба ин мақсад иҷрои чунин машқҳоро ба хонандагон мебояд супориш дод: 1. То 10 калимаи маъмулро номбар кунанд. 2. То 10-то калимаи шевагиро бо муодили дар забони адабӣ мавҷудашон дар ду сутун навишта шарҳ диҳанд.3. Аз калимаҳои дар ватман сабтшуда ё ба воситаи кодоскопу компютер намоишдодашуда дар як сутун калимаҳои маъмул ва дар сутуни дигар калимаҳои соҳавиро навишта, шифоҳӣ ба кадом соҳаи касбу ҳунар мансуб будани онҳоро шарҳ диҳанд. 4. Мувофиқи талаби нақшаи зерин дар ҳар сутун то 10 калимаи соҳавиро сабт намудан:

Калимаҳои соҳавӣ*
Соҳаи

деҳқонӣ

Соҳаи

таърих

Соҳаи

ҳарбӣ

Соҳаи

адабиёт

каланд,… давлат, … танк,… байт, …
  1. Мусобиқа: Ба ду нафар (ё ба ҳар ду қатори хонандагон) супориш додан лозим, ки дар муддати ду-се дақиқа танҳо доир ба як соҳа – деҳқонӣ ё ҳарбӣ, дуредгарӣ ё бинокорӣ, математика ё физика то 20 калимаро дар дафтарашон сабт намоянд (Довар муаллим, ё ин ки яке аз қаторҳои бетараф шуда метавонад). 6. Аз матни ба ин ё ба он соҳаи кор мураттабшуда муайян намудани калимаву таркибҳои марбути ҳамон соҳаи касбу ҳунар. 7. Тартиб додани матни хурди иборат аз се-чор ҷумла доир ба як соҳа ва бо талаби муаллим аз ҳамон матни мураттабшуда шарҳ додани калимаҳои маъмул ва соҳавӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

  1. Салом дусти азиз, ман мехостам
    Накшаи дарси аз фанни забон ва адабиети точик барои синфи 9

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *