Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Методи таҳлили  забон

Дар заминаи истифода аз ин  метод ҳама вақт  ин ё он ҳодисаи забон чи дар  алоҳидагӣ ва чи дар таркиби ибора ё ҷумла ва чи  дар матн  мавриди муҳокима қарор мегирад. Бояд донист, ки дар рафти чи истифода аз усули мушоҳида  ва чи усули таҳлил ҳодисаҳои гуногуни забон муайян ва дарк карда мешаванд. Аммо  мавридҳо ва объекти  истифодаи  онҳо  як андоза аз ҳам фарқ мекунад. Чунончи, аз усули мушоҳида дар  ҷараёни омӯхтани масъалаҳои гуногуни забон – чи  грамматикӣ ва чӣ услубшиносӣ, чи имлоиву пунктуатсионӣ ва чи фонетикиву луғавӣ (луғатшиносӣ ё худ  лексикология) истифода гардида, асосан, дар муқаррар намудани ҳодисаҳои ба ҳам  наздик,  интихоб ва муқоисаи онҳо  аз рӯи як ё якчанд  аломаташон , ҳамчунин дар ҷараёни тағйир додани мақсади баён  ё мундариҷаи он, ки  шакли калима , ибора ё сохтори ҷумла рӯ ба дигаргуниҳо  меоваранд, истифода карда мешавад[1], яъне ин ҳама  ҳодисаҳои  забон ба таври системанок таҳти мушоҳида  гирифта мешванд. Ба ифодаи  дигар,  бо усули  мушоҳида дар хонандагон  малакаи  муқаррар карда тавонистани  тарзу шаклҳои  гуногуни  тағйирёбии ҳодисаҳои  забон тарбия карда мешаванд[2]. Аз усули  мушоҳида, хусусан, дар  ҷараёни таълими масъалаҳои зерини фонетика: талаффузи овозҳои нутқ, ҳиҷо  ва хелҳои он; калимасозӣ: сохтани калимаҳои сохта, мураккаб ва таркибӣ, мушоҳидаи таркиби калима – реша, суффикс, префикс, асос ва бандак; морфология: калимасозии ҳиссаҳои нутқ, аз як ҳиссаи  нутқ ба ҳиссаи  дигари нутқ гузаштани калимаҳо; синтаксис: аз калимаҳо сохтани ибораҳо, аз  калима ва ибораҳо сохтани ҷумлаҳои содда,  аз ду ё якчанд ҷумла сохтани ҷумлаҳои мураккаб  ва истифода кардан  басо  мувофиқи  мақсад аст.

Инак, агар  ба ин масъалаҳои бо усули мушоҳида таълим- додашавандаи фавқ дақиқ назар  афканем, хулосаи  асосӣ ин аст, ки  усули мушоҳида зиёда дар ҷараёни сохтор  ё эҳёсозии ҳодисаҳои гуногуни забон мавриди истифода қарор мегирифтааст.

Аммо  таҳлили забон, ҳамчун як методи таълим , яке аз  навъҳои ба таври хеле фаровон истифодашаванда дар ҷараёни таълими ҳодисаҳои забон эътироф гардидааст. Он дар таълими ҳамаи соҳаҳои забон — фонетика, лексика, грамматика (морфология ва синтаксис), орфография чи дар лаҳзаи баёни мавзӯъ ва чи дар ҷараёни пурсиши вазифаҳои хонагиву мустаҳкам намудани мавзӯъ, хусусан, дар дарсҳои такрори боб ва такрори хусусияти ҷамъбаскунандагӣ дошта истифода карда мешавад. Ин усули таълим дар дарс пас аз саволу ҷавоб дуввумин воситаест, ки дар ҷараёни ташкили сифатноки он донишҳои назариявии хонандагон марбут ба ҳодисаҳои гуногуни забонамон мустаҳкам карда мешавад. Аз ин рӯ, таҳлили забон  ба хелҳои зерин — таҳлили грамматикӣ, таҳлили фонетикӣ ва таҳлили лексикӣ ҳам ҷудо карда мешавад, ки аз инҳо таҳлили грамматикӣ дар ҷараёни забономӯзиву амалан аз худ намудани масъалаҳои назариявии забон мавқеи бештарро доро мебошад.

Таҳлили грамматикӣ чунин як машғулият аст, ки хонандагон бо супориши муаллим аз матни муайян ин ё он ҳодисаи забон (таркиби калима, морфемаҳо, сохти ҳиссаҳои нутқ, ҳиссаҳои нутқ, қисмҳои ҷумла, аъзоҳои ҷумла, умуман, ҷумлаҳо аз рӯи маъно, мазмун ва сохт ва ғ.) — ро ҷудо ва муқаррар карда, аломату нишонаҳои онро шарҳу эзоҳ медиҳанд, ки ин амал тафаккури мантиқии талабагонро инкишоф дода, диққаташонро ба тартиб медарорад ва онҳоро ба кори мустақилона одат мекунонад.

Таҳлили грамматикӣ аз ҷиҳати мазмун ду хел мешавад; 1) таҳлили морфологӣ, ки дар навбати худ боз ду хел мешавад: таҳлили таркиби калима вобаста ба калимасозӣ ва таҳлили ҳиссаҳои нутқ;[3] 2)таҳлили синтаксисӣ, ки низ ба ду навъ –таҳлили синтаксиси ҷумлаҳо содда ва таҳлили синтакси ҷумлаҳои мураккаб – ҷудо карда шудаанд.

Дар рафти таҳлили морфологӣ хусусиятҳои морфологии калима (таркиби калима – реша, суффикс, префикс, асос ва бандак, ҳиссаҳои нутқ, хусусиятҳои сохту маъноӣ, вазифаҳои онҳо дар ҷумла), бо истифода аз таҳлили синтаксисӣ бошад хусусиятҳои синтаксисӣ (алоқаи калимаҳо дар ибора ва ҷумла, сохт ва хелҳои ибораву ҷумла, аъзоҳои ҷумла ва роҳҳои ифода шудани онҳо, калима ва ибораҳои иловагии ҷумла – мухотаб, воҳидҳои туфайлӣ ва истисноӣ, нутқи айнан ва мазмунан нақлшуда ва ғ.) муайян карда мешаванд (Албатта,  хелҳои дигари таҳлили забон низ дар ташаккули дониш ва маҳорату малакаи аз дарсҳои забони тоҷикӣ  андӯхтаи хонандагон мавқеи муайян доранд. Чунончи, бо таҳлили фонетикӣ, асосан, хусусиятҳои фонетикии овоз ва ҳарф, садонок ва ҳамсадоҳо, ҳиҷо, зада ва ғ. — ро дар таркиби калима дурусттар дарк хоҳанд кард.)

Бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми таҳлили морфологӣ орфография ба  (имло) ва дар вақти таҳлили синтаксисӣ ба мавридҳои истифодаи пунктуатсия (аломатҳои китобат) мунтазам эътибор додан лозим меояд. Зеро ки қоидаҳои имло, асосан, дар заминаи маводи морфология ва аломатҳои китобат дар алоқамандӣ ба мавзӯъҳои мухталифи синтаксис таълим дода мешавад. Маҳз дар сурати риояи чунин амал қоидаҳои имлои калима ва кор фармудани аломати китобат ба мавқеъ ва дуруст таъин карда мешавад. Масалан, чаро калимаи воқеъ дар ҷумлаи «Аз воқеа касе хабар надошт» аломати сакта (ъ) надорад, ё барои чӣ дар ҷумлаи «Кит, бешубҳа, ҳайвони азимҷусса аст» дуто  аломати вергул гузошта шудааст? барин саволҳо ҳатман дар малакаи дурустнависӣ ва кор фармудани аломатҳои китобат аз тарафи хонандагон аҳамияти амалӣ хоҳад расонд.

Таҳлили грамматикӣ аз ҷиҳати ҳаҷм ба чор гурӯҳ — хусусӣ, пурра, интихобӣ ва омехта ҷудо карда шудааст.[4]

1.Таҳлили хусусӣ,  ё худ ҷузъӣ, таҳлилест, ки он вобаста ба мавзӯи ҳаррӯзаи дарс бо мақсади таъин намудани аломатҳои хос ва ҷудогонаи ин ё он ҳодисаи забон истифода карда мешавад. Масалан, агар дарс ба ягон мавзӯи мушаххас масалан, «Исмҳои хос ва ҷинс» («Феъли монда ва гузаранда», ё худ «Мубтадо ва ифодаи он» ва амсоли ин) бахшида шуда бошад, дар мисолҳо ва матнҳои интихобшуда хос ва ҷинс будани исмҳо, тарзи навишт ва ба кадом савол ҷавоб шудани онҳо, умумият ва фарқи онҳо эзоҳ дода мешавад, ки чунин таҳлилро хусусӣ  меноманд.

Бояд донист, ки таълими ҳар як мавзӯъ аз таҳлили хусусии он сар мешавад. Бо чунин роҳ хонандагон ҳар як ҳодисаи фонетикӣ, морфологӣ ва синтаксисиро мушоҳида карда, шуурона фаҳмида, аз он хулоса мебароранд. Чунончи, агар  мавзӯъ «Сифатҳои аслӣ ва нисбӣ» бошад, бо роҳи муқоиса таҳлил тарзе ташкил карда шавад, ки бояд талабагон дар муайян кардани сифатҳои аслӣ ва нисбӣ аз таркиби ҷумла ба чунин ҷиҳатҳо эҳтибор диҳанд: а) алоқаи сифат бо исм, яъне он сифати кадом исм аст; 2) сифат ба кадом савол ҷавоб шудааст; он сифати аслӣ ё нисбист ва ғ. Масалан, дар рафти таҳлили сифат аз ҷумлаи зерин: Насими форами об рухсораҳоро нарм — нарм навозиш мекард.(А.Д.)

Ин ҷо талаба барои ёфтани сифат фикр мекунад, зеро дар ҷумлаи мазкур якчанд калима ҳаст. Ӯ, аввалан, ба хотир меорад, ки сифат аломати предметро мефаҳмонаду ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна?, кадом? ҷавоб мешавад. Сипас, вай муайян мекунад, ки дар ин ҷумла калимаи форам сифат буда, сифати насим (исм) аст ва ба саволи чӣ хел? (насим) ҷавоб мешавад, сифати аслӣ аст, зеро аломати аслии предметро фаҳмонидааст, суффиски дараҷасози –тар,  — таринро қабул карда метавонад: форамтар, форамтарин. Чунки суффиксҳои тар ва таринро қабул кардан яке аз аломатҳои барҷастаи сифатҳои аслӣ маҳсуб меёбад.

  1. Агар ҳамаи аломатҳои грамматикӣ (морфологӣ ё синтаксисӣ) ё фонетикии калима, ё ҷумла бо тартиби муайян таҳлил карда шавад, ин гуна таҳлилро таҳлили пурра меноманд. Масалан, агар аломатҳои калимаҳои зерин: падар, модар, шаҳр, Душанбе, илм, меҳнат, ҳамчун исм, таҳлил карда шарҳ дода шаванд, таҳлили исм ном дорад. Аз ҷумла, калимаи Душанбе ин тавр таҳлил карда мешавад: Душанбе исм аст, ба саволи чӣ? ҷавоб мешавад, исми хос буда, бо ҳарфи калон навишта мешавад, исми моддӣ, шуморааш – танҳо, исми ҷузъ, аз ҷиҳати сохт мураккаб, аз ду реша: ду ва шанбе сохта шудааст. Мисли ҳамин дар як вақт таҳлил намудани ҳиссаҳои нутқ дар ҷумла ё матни муайян, ё аъзоҳои ҷумла, ё ки ҳамаи хусусиятҳои калима аз ҷиҳати таркиб (реша, суффикс, префикс, асос ва бандак, хелҳои бандак) дар маҷмӯъ таҳлили пурра ном дорад.

Таҳлили пурраи як боб ё ҳиссаи нутқ дар мавриде натиҷаи хуб медиҳад, ки агар дар рафти таълими ҳар соати мавзӯъҳои таркибии он таҳлили хусусӣ ё худ ҷузъӣ дуруст гирифта бошад. Яъне таҳлили хусусии мавзӯъҳои ҷудогонаи он боб тадриҷан хонандагонро  ба таҳлили пурраи ҳамон боб тайёр намуда бошад. Яъне агар онҳо дар рафти таҳлили хусусӣ малака ҳосил карда бошанд, таҳлили пурра барояшон душворӣ намеоварад.

Таҳлили пурра дониши хонандагонро ба система медарорад. Он – таҳлили пурра – воситаи муҳими бо корҳои хаттии санҷишӣ, санҷидани дониши шогирдон аз ягон қисми забон ва воситаи такрору мустаҳкам намудани маводи як ё якчанд бобу фаслҳои забони тоҷикӣ дониста мешавад. Барои таҳлили пурра, одатан, асосан як ё ду соати дарсӣ  бахшида шуда, вале ҳангоми гузаронидани такрори аввали солу солона (охири сол) аксари вақти соатҳои ба такрори бобҳо бахшидашаванда бояд дар заминаи чунин такрор ҳаллу фасли худро ёбад.

  1. Таҳлили интихобӣ чунин тарзи таҳлил аст, ки пас аз гузаштани якчанд мавзӯъ ё таълими пурраи бобе ё худ чандин боб аз матн ин ё он ҳодисаи забон (хоҳ ба грамматика мансуб бошад ё хоҳ ба фонетикаву лексика) интихобан муайян карда ё худ шарҳ дода мешавад. Яъне тавассути гузаронидани таҳлили интихобӣ аз байни чандин мавзӯъҳои бобе ё бобҳои гуногуни омӯхтаи талабагон танҳо як ҳодисаи забон шифоҳӣ ё хаттӣ муқаррар карда – шарҳу эзоҳ дода мешавад. Чунончи, агар ҳамаи ҳиссаҳои нутқ омӯхта шуда бошад, муаллим ба хонандагон супориш медиҳад, ки аз матн фақат ҷонишинҳоро ёфта, хели онҳоро муайян карда, ба зерашон хат кашанд. Вале дигар ҳиссаҳои нутқ таҳлил карда намешаванд. Ё аз матн танҳо феълҳоро ёфта маънидод кунанд. Ва ё пас аз омӯхтани аъзоҳои ҷумла ба хонандагон фармуда мешавад,ки аз матн танҳо хабарҳоро муайян намуда, хусусиятҳои онҳоро ва чи тавр  бо мубтадоҳо мувофиқат карданашонро шарҳ диҳанд, ки дар маҷмӯъ чунин тарзи баррасии таҳлилро таҳлили интихобӣ меноманд.
  2. Таҳлили омехта он аст, ки тавассути истифода аз он ду хели таҳлил пасупеш дар як вақт гузаронида мешавад. Масалан, хели аъзои ҷумларо муайян карда, бо чӣ ифода ёфтани онро шарҳ додан (синтаксисию морфологӣ), таркиби калимаро эзоҳ дода, овоз ва ҳарфҳои онро таҳлили фонетикӣ кардан (морфологию фонетикӣ), маънои луғавию грамматикии калимаро дар ҷумла шарҳ додан ва монанди ин таҳлили омехта ном дорад. Чунин тарзи таҳлил, албатта, аз хонандагон диққатнокӣ ва донишу малакаи зиёди қаблиро талаб менамояд, ки дар натиҷа аз ӯҳдаи ин тарзи таҳлил баромада тавонистан дар онҳо донишҳои андӯҳтаашонро боз ҳам амалан мустаҳкам хоҳад намуд.

Бояд таъкид намуд, ки баъзан дар таҷрибаи кории баъзе омӯзгорон дар як вақт аз ҳар ҷиҳат – чи аз ҷиҳати фонетикию лексикӣ ва чи аз ҷиҳати имлою мавқеи истифодаи аломатҳои китобат ва ғайра – таҳлил намудани ҷумла ва ё матн ба мушоҳида гирифта мешавад, ки чунин навъи таҳлилро метавон таҳлили умумӣ номид. Ин хел таҳлил ҳам аҳамияти амалии зиёд дошта, барои такрору ҷамъбасти маводи дар зарфи як чоряк, ё дар тӯли якчанд сол омӯхтаи талабагон, махсусан, дар давраи такрори солона (охири сол) аҳамияти калон дорад. Ин навъи такрор барои ба имтиҳони хатмкунӣ ва азсинфбасинфгузаронии хонандагон яке аз заминаҳои басо боэътимод ба шумор меравад. Таҳлили умумӣ дониш, маҳорат ва малакаи шогирдонро ба низом дароварда тафаккури мантиқӣ ва нутқи мураттабро дар онҳо ҳатман инкишоф ҳам медиҳад.

Аз ҷиҳати тарзи гузаронида шуданаш таҳлили грамматикӣ ду навъ мешавад: шифоҳӣ ва хаттӣ . Ташкили ҳар ду навъи чунин таҳлил аҳамият дорад. Албатта, дар аввалҳо даҳанакӣ гузаронидани таҳлил  беҳтар аст, зеро барои он вақт кам сарф гардида, дар ҷараёни он хатоҳо содир шавад ҳам, ислоҳашон осон аст. Таҳлили шифоҳӣ пас аз муддате хонандагонро ба таҳлили хаттӣ омода месозад. Аммо ба таҳлили хаттӣ бештар аҳамият додан зарурат дорад. Чунки  тавассути бо ин усул таҳлил гузаронидан моҳияти ҳодисаҳои грамматикӣ ва ҳам фонетикию лексикӣ зиёда дар хотири хонандагон нақш баста, донишу маҳорати онҳо ҳар чӣ бештар ба малака табдил хоҳад ёфт.

Таҳлили хаттии грамматикӣ навъҳои гуногун дорад:

Чунончӣ:1). ба болои  ҳиссаҳои калима (ҳангоми муайян намудани таркиби калима) бо аломатҳои шартӣ хат кашидан: гулдони калон; ҳамсинфони   ман.

2). дар зери аъзоҳои ҷумла бо аломатҳои шартӣ хат кашидан; мубтадо бо як хати рост (______), хабар бо ду хати рост (            ), муайянкунанда бо хати мавҷнок(        ), пуркунандла бо хати тире — тире ( —  —  —  —  — ) ва ҳол бо тире нуқта (                  ).

3). дар ҷумла ба болои калима кадом ҳиссаи нутқ ё аъзои ҷумла буданашро мухтасар навиштан.

И .                           И  .                        П .            И.                           Ф .         

Масалан: Хонандагон муаллимонро бо идашон табрик намуданд.

4). дар таркиби ҷумлаҳои мураккаби тобеъ сарҷумларо бо хати рост ва хелҳои ҷумлаи пайравро мутобиқи аломатҳои шартии аъзоҳои ҷумла ишора намудан.*   Чунончи:   сарҷумла    (­­­­­­­­______), ҷумлаи пайрави мубтадо    (_______) ҷумлаи пайрави хабар  (             ), ҷумлаи пайрави пуркунанда           ( —  —  —  —  —  — ), ҷумлаи пайрави ҳол(                  ), ҷумлаи пайрави муайянкунанда (                    )

  1. бо камонакҳо ( ), (         ) нишон додани алоқаи калимаҳо дар ибора  ва ҷумла (алоқаи аъзоҳои ҷумла), инчунин, алоқаи ҷумлаҳои содда дар таркиби ҷумлаҳои мураккаб. Чунин:

Совхоз   барои  аъзоёнаш    бинои     дуошёна   сохт

Бо истифода аз ин камонакҳо хатти таҳлил намудани аъзоҳои ҷумла низ аҳамият дорад. Чунончи: Модар фарзандашро меҳрубонона навозиш мекард.

Кӣ?

Модар (Чӣ кор мекард?) навозиш мекард.

Киро?            Чӣ тавр?

фарзандашро     меҳрубонона

6). овозҳои нутқ, морфемаҳо (маънодор, калимасоз ва калимабанд), маънои луғавӣ (лексикӣ) ва грамматикӣ, нишонаҳои грамматикии ҳиссаҳои нутқ ва аъзоҳои ҷумла, сохту таркиби ҷумла ва ғайраро муфассал навиштан.* Чунончи, таҳлили хаттии сифатҳо дар ҷумлаи «Насими саҳари бӯи алафҳои хушбӯйро ба димоғ мерасонд», ин тавр мешавад: Саҳарӣ – сифат, сифати насим (Чӣ хел насим?), сифати нисбӣ, аз ҷиҳати сохт – сохта; Хушбӯй – сифат,  сифати алафҳо (Чӣ хел алафҳо?), сифати аслӣ, суффиксҳои дараҷасози – тар,  — таринро қабул мекунад (хушбӯйтар, хушбӯйтарин), сохташ мураккаб, яъне аз ду реша (хушбӯй: хуш — бӯй) сохта шудааст.[5]

Ё худ таҳлили хаттию  фонетикии калимаи баҳор бояд чунин сурат гирад. Баҳор – ин калима аз 5 овоз (б, а, ҳ, о, р), аз ду ҳиҷо (ба — ҳор), ду садонок (а, о), 3 ҳамсадо (б, ҳ, р) иборат буда, аз садонокҳо а ғайрилабӣ, о лабӣ; аз рӯи иштироки садову шавшув ва ҳаракати лабҳо б ҳамсадои  ҷарангдори лабӣ, ҳ ҳамсадои ғайрилабӣ ва беҷаранги ҳалқӣ, р  ҳамсадои арангноки ғайрилабии нӯгизабонӣ ба шумор меравд ва ғ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *