Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Усули муқоиса дар таълими забони тоҷикӣ

Муқоиса ё худ муқоисакунӣ яке аз усулҳои (приёмҳо) — и таълим ва ҳам амалиёти фикрӣ ба шумор меравад.[1] Ба фикри акад. А.В. Текучев, «Муқоиса ва муқоисакунӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини дарк намудани, умуман ҳақиқату воқеият, аз ҷумла, дар омӯзиши забон ҳам дониста мешавад.»[2] Ба ифодаи дигар, муқоисаи ҳодисаҳои лексикӣ, фонетикӣ, грамматикӣ (морфологӣ ва синтаксисӣ), қоидаҳои имло ва аломатҳои китобат яке аз воситаҳои муҳими таълими забони тоҷикӣ аст. Дар корҳои методистон ва равоншиносон вобаста ба тарзи баррасиаш ду роҳи муқоисакунӣ — монандкунӣ ва муқобилгузории ҳодисаҳои забон нишон дода шудааст.[3]

Умуман, барои он ки шароити муқоиса кардан фароҳам оварда шавад, ҳатман ду предмет ва ё ду мафҳум интихоб карда мешавад. Зеро чунон ки методист К.Д. Ушинский фармудааст, «Ҳама чизро дар олам танҳо ба воситаи муқоиса кардан мешиносем (дарк мекунем. — С.Ш.), на ба таври дигар ва агар мо бо предмети наве  вохӯрем, ки онро бо ягон чиз баробар ва аз чизе фарқ карда натавонем (ба шарте ки предмет мавҷуд бошад), он гоҳ мо дар бораи он предмет на ягон фикр ва на ягон калимае гуфта наметавонем»[4]. Аз ин  ваҷҳ дар ҷараёни таълими забони тоҷикӣ ҳам ду мафҳум ё худ ду ҳодисаи забонро ба ҳам муқоиса мекунанд, ки онҳо ба якдигар, ақаллан, аз ягон ҷиҳат монанданд ва ё аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, суффикс ва префикс  дар калимасизӣ ҳамвазифаанд. Аз ин рӯ, агар онҳо аз рӯи монандии вазифаашон дар калимасозӣ муқоиса карда шаванд, чунин муқоисаро муқоисаи монандкунӣ меноманд. Аммо аз ҷиҳати ҷояшон нисбат ба реша (суффикс пас ва префикс пеш аз реша омаданаш) муқоиса карда шавад, чунин муқоиса муқоисаи муқобилгузорӣ ном дорад.

Дар таълими забони тоҷикӣ бисёр мавзӯъҳоро номбар кардан мумкин аст, ки  таркибан ду мавзӯъчаро дар бар мегиранду онҳоро (мавзӯъҳои таркибии ҳамон як мавзӯи умумиро)  аз ҳам ҷудо — ҷудо таълим надода, балки дар ҷараёни як дарс ва маҳз бо истифода аз усули муқоиса таълим додан роҳи асосии ҳалли масъала ба шумор меравад. Масалан, овоз ва ҳарф, овозҳои садонок ва ҳамсадоро, имлои у ва ӯ, исми хос ва ҷинс, исми моддӣ ва маъӣ, сифати аслӣ ва нисбӣ, феъли монда ва гузаранда, феъли мутлақ ва  давомдор ва амсоли ҳамин барин масъалаҳои забон ҳастанд, ки  маҳз дар  як дарс ва бояд бо усули муқоиса таълим дода мешаванд.

Ҳамчунин, мавридҳои дигари истифода бурдан аз  усули муқоисаро    дар таълими забони тоҷикӣ  бояд донист. Масалан,  баъзан ҳангоми  баёни мавзӯи нави дарс бо ягон мавзӯи пештар омӯхтаи хонандагон муқоиса карда мешавад. Чунончи, таълим додани  мавзӯи аввали боби «Сифат», яъне ҳангоми маълумоти умумӣ додан дар бораи сифат, он (сифат) бо исм муқоиса карда мешавад . Аз ҷумла, таъкид карда мешавад, ки  ҳар ду – ҳам исм ва ҳам сифат ҳиссаи мустақилмаънои нутқанд (муқоисаи монандкунӣ), вале исм предметро  фаҳмонда, ба саволҳои кӣ? чӣ?  киҳо? чиҳо? ҷавоб мешаваду  сифат аломати предметро фаҳмонда, ба саволҳои чӣ хел?, чӣ гуна?,  кадом?  ҷавоб мешавад  (муқоисаи муқобилгузорӣ). Аммо  дар чунин мавридҳо шарти муқоиса кардан вобаста ба он аст, ки  агар хонандагон мавзӯъҳо ва ё ҳодисаҳои пештар таълимдодашударо нағз аз худ карда бошанд. Ба ҳамин шарт бо усули муқоиса ва дар алоқамандӣ бо исм таълим додани мавзӯъҳои аввали боби «Шумора», «Феъл» низ  зарурат дорад.

Чизи аз ҳама муҳим  дар рафти бо усули муқоиса таълим додани  ҳодисаву мафҳумҳои забон он аст, ки хонандагон  дар як вақту ҳангом на танҳо як масъала, балки якчанд масъала ё худ ҳодисаи забонро башууронаву фаҳмида аз худ мекунанд. Аз  ин ҷиҳат, алалхусус, дар рафти  таълими забони тоҷикӣ  ба муқоисаи чунин масъалаҳо: имлои ӣ — и заданок ва бандаки изофӣ, мубтадо ва мухотаб, пуркунанда ва мубтадо ва монанди ин барин мавзӯъҳо  бештар эътибор додан талаб кардан мешавад.

Гуфтан ҷоиз аст, ки бо усули муқоиса таълим додан ё  санҷидани дониши хонандагон дар тартиб додани таблитсаҳо ва дар саволдиҳӣ ҳам  (Чунончи: Ҳарф аз овоз чӣ фарқ дорад? Фарқи пешоянд аз пасоянд дар чист? ва ғ) мушоҳида карда мешавад. Хусусан, дар дарсҳои такрору хусусияти ҷамъбасткунандагӣ дошта дар шарҳи ҳодисаҳои забон  истифода кардан аз усули муқоиса барои боз ҳам инкишоф ёфтани тафаккури мантиқии хонандагон  ва мустаҳкамтар гардидани донишу малакаи  онҳо  аҳамияти  бештарро молик мебошад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *