Фанни Мтодикаи таълими забони Точики

Барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикӣ

Барномаи забони тоҷикӣ чун ҳамаи барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти умумӣ ҳуҷҷати давлатӣ ба ҳисоб рафта, пурра таълим додани маводи дар он нишондодашуда ва қатъӣ риоя намудани талаботи он, пеш аз ҳама, ба ҳар як омӯзгори ин фан шарт ва ҳатмист, ҳатто дар чунин ҳолатҳо ҳам: а) агар ба ягон мавзӯи дар барнома буда дар китоби дарсӣ маълумот баррасӣ нашуда бошад, муаллим ӯҳдадор аст, ки худ доир ба он мавзӯъ маводро дарёфт намуда, таълими онро ҳам ба роҳ монад; б) баъди мавридҳои муддати тӯлонӣ ба корҳои колхозу совхозҳо ва заводу фабрикаҳо сафарбар шудани хонандагон муаллимро лозим аст, ки мавзӯъҳои саривақт таълим доданашударо тариқи мухтасарбаёнӣ ва супоришҳои иловагӣ дастраси шогирдон гардонад; в) ниҳоят, дар сурати бо сабабҳои гуногун чанд вақт ба дарс наомадани муаллим бо дастури маъмурияти мактаб ё ҳамкасби ӯ дарсҳои ӯро иваз кунад, ё ки омӯзгори фанни дигар ба ҷои фанни забони тоҷикӣ метавонад ихтисоси худро таълим диҳад. Дар ин сурат муаллими забони тоҷикӣ пас аз ба кор шурӯъ кардан ба ҷои он муаллим мавзӯъҳои саривақт нагузаштаашро ҳатман дарс медиҳад. Тағйир додани мавзӯъҳои барномавӣ (ихтисор кардан ё худ ворид намудаи баъзе бобу мавзӯъ) дар тӯли соли таҳсил танҳо ба салоҳдиди Вазорати маорифи Тоҷикистон марбут буда, дар сурати рух додани чунин тағйироти барномавӣ ба омӯзгорон маълумотҳо, пеш аз ҳама, тавассути шӯъбаҳои маориф ва боз расонаҳои дигар дастрас карда мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки дар барномаҳои аввалини мактабҳои собиқ Давлати Шӯравӣ, хусусан, барои таълим додану омӯзонидани грамматика кам вақт ҷудо карда мешуд, чунки нисбат ба мақоми таълими забони модарӣ ва грамматикаи он дар мактаб муносибатҳои олимону методистон гуногун будааст. Чунончи, баъзе олимон грамматикаро танҳо «Хизматгори имло», яъне дурустнависӣ (В.П. Острогорский, Н.К. Кулман) ҳисобида, дар мактаб омӯзиши танҳо баъзе қисматҳои характери амалӣ доштаи онро тарафдорӣ кунанд, гурӯҳи дигар аҳамияти амалии онро дар таълими забони модарӣ инкор намуда, танҳо аз ҷиҳати назариявӣ омӯхтани онро (Ф. Ф. Фортунов) пешниҳод мекарданд. Гурӯҳи дигари олимон танҳо дар синфҳои болоӣ ба роҳ мондани таълими грамматикаро ва албатта, дар ҳудуди маҳдуд тавсия менамуданд. Хуллас, ин амалҳои кӯтоҳандешона боиси он гардидааст, ки дар аввалин барномаи мактабҳои ягонаи меҳнатии РСФСР, ки соли 1924 мураттаб шуда буд, грамматика, умуман, соқит гардида, дар барномаи соли 1925 доир ба моҳияти машғулиятҳои грамматикӣ ишораҳои ниҳоят маҳдуд пешниҳод шуда буд, ки он дар маҷмӯъ на таълими грамматикаи забонро ифода мекард, балки як навъ ба истилоҳ «мушоҳидаи забон» ном гирифта буд.
Дар воқеъ, чунин муносибати хунукназарона нисбат ба аҳамияти донишҳои грамматикӣ, тангкунӣ ё худ пастзании мавқеи он дар барномаи мактабӣ эътирозҳои сахтро ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, А.М. Пешковский бо далелҳои қотеона таъкид намудааст, ки барои азхудкунии малакаҳои комили хондан, дурустнависӣ ва нутқи адабӣ донишҳои грамматикӣ заруранд. Ӯ ҳаққониву одилона исбот намудааст, ки грамматика «… дар баробари омили техникаи хондан будан зинаест барои азхудкунии ҳама гуна донишҳо, ки аз ин зина нагузаштан номумкин аст».
Барои ҳамин ҳам, баҳри дастгирии фикрҳои солим оид ба ногузир будани таълими васеи забони модарӣ ва грамматикаи он 25-уми августи соли 1932 қарори таърихии КМ ВКП (б) бо номи «Дар бораи барномаҳои таълим ва режим дар мактабҳои ибтидоӣ ва миёна» баррасӣ шуда буд, ки дар он нуктаҳои зерин мӯҷиби таваҷҷӯҳанд: «Барномаи забони модарӣ бояд (хонандагонро. — С. Ш.) бо ҳаҷми муайяни хониши дуруст, нутқи хаттӣ ва шифоҳӣ таъмин намояд. Дар машғулиятҳои амалии таълим корҳои хаттии мустақилона, таҳлили грамматикӣ ва ғайра ҳам дар синф ва ҳам дар хона дода шавад».
Тазаккур бояд дод, ки он қарори таърихӣ ва нуктаҳои фавқ аз қарори мазкур зарбаи сахте буд ба ашхосе, ки моҳияти пурарзиши ба хонандагони мактаб додани донишҳои грамматикиро кӯркӯрона рад мекарданд ва тақвияту дастгирии ақидаҳои ашхосе буд, ки ҷонкоҳона таълими меъёриву системаноки забони модарӣ ва грамматикаи онро тарғиб менамуданд.
Ҳамин тавр, дар партави қарори номбурда аз соли 1933 сар карда ба тартиб додани барномаҳои стабилӣ барои мактабҳои собиқ ҷумҳуриҳои Давлати Шӯравӣ шурӯъ карда мешавад. Ва аз ҳамон дам ин ҷониб, дар навбати аввал, дар мактаб ба мавқеи таълими забони модарӣ ва грамматикаи он, ҳамчун ба аслиҳаи пурзӯри инкишофдиҳандаи тафаккур, воситаи ҳатмии шуурона азхудкунии меъёрҳои забониву суханварӣ, диққати махсус дода мешавад. Ин нуктаро бо чунин далел, ки ҳар доим барномаҳои забони модарӣ, аз ҷумла барномаҳои забони тоҷикии мактабҳои таҳсилоти умумӣ, ки дар ҳар нашри навашон ҳатман зимни тағйиротҳо, ҳатто баъзан ҷузъӣ бошанд ҳам, такмил дода мешаванд, баръало дида метавонем. Масалан, танҳо дар барномаи соли 1952 мавзӯъҳои зерин: «Алоқаи калимаҳо дар ҷумла — пайвасткунӣ ва тобеъкунӣ», «Хелҳои алоқаи тобеъкунӣ: мувофиқат, изофӣ, вобастагӣ, ҳамроҳӣ», «Хабарҳои феълӣ ва номӣ», «Ҷои мубтадо дар ҷумла», «Баёния ва хелҳои он», «Баёнияи истисноӣ» — ҳама дар қиёс бо барномаи соли 1951 маводи нав маҳсуб меёфтанд. Вале агар барномаи нашри охири забони тоҷикӣ барои синфҳои V-XI — ро бо барномаи соли 1952 муқоиса намоем, силсилаи зерини мавзӯъҳоро мушоҳида мекунем, ки дараҷа ба дараҷа ба барномаҳои пас аз соли 1952 нашршуда аз тарафи мураттибон ворид карда шуданд, ки маҷмӯи онҳо дар барномаи охирин, ки соли 2006 чоп шудааст, инъикоси худро ёфтаанд. Масалан, чунин мавзӯъҳо: «Мафҳуми ибора», «Задаи мантиқӣ» (1960), «Ҷумлаи соддаи муайяншахс» (1964), «Калимабандӣ» (ибора) дар синфи IV, «Ибора, тафовути ибора аз ҷумла», «Хабарҳои содда ва таркибӣ», «Ҷои хабар дар ҷумла», дар синфи VII (1969), «Мубтадои содда ва тафсилӣ», машғулиятҳо доир ба нутқи мураттаб, марбут ба барномаи ҳар синф (1972), «Фарқи ибора аз калима, таркиб ва ҷумла» дар синфи VIII (1987) ва баъзе тағйироти ҷузъӣ дар барномаҳои баъдина, аз ҷумла дар барномаҳои солҳои 1994 ва 2002, ки ҳамагӣ дар барномаи нашри охир (с.2006) дар шакли дастаҷамъӣ инъикоси худро ёфтаанд.
Дар маҷмӯъ дар ҳар барномаи навбатии забони тоҷикии синфҳои болоии мактабӣ, ки аз соли 1959 барои синфҳои V-VII ва соли 1960 барои синфҳои V-X нашр мегардиду аз соли 1987 инҷониб барои синфҳои V-XI мураттаб карда мешавад, таъкид мегардад, ки ба талабагони ҳар синф (масалан, ҳоло дар синфҳои V-VIII ва X-XI) кадом мавод ва дар кадом ҳаҷм таълим дода шавад, ҳамзамон тартиби таълим дода шуданашон низ дар ҳамон барномаҳо мушаххас таъкид гардидаанд. Дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ зимни талаботи барнома маводи назариявӣ ва машқҳо пешниҳод шудаанд. Методикаи таълими забони тоҷикӣ бошад, чӣ тарз ва бо кадом усулҳо таълим додани он маводҳоро ба муаллим ёд медиҳад.
Барномаҳои таълими забони тоҷикиро, масалан, аз соли 1987 то нашри охири он, ки соли 2006-ум ба табъ расидааст, сараввал, ба чаҳор қисмат ҷудо намудан мумкин аст. Чунончи, 1) «Тавзеҳот» («Мактуби эзоҳӣ»), 2) мундариҷаи маводи назариявию амалӣ барои ҳар синф, 3) барномаи нутқи мураттаб (барои ҳар як синф) ва 4) дастуруламал ё худ нишондодҳои методӣ.
1) Дар «Тавзеҳот», ки онро метавон муқаддимаи барнома номид, аз чи иборат будани вазифа ва мақсади таълими забони тоҷикӣ чӣ дар синфҳои V-IX (мактаби таҳсилоти умумии асосӣ) ва чи дар синфҳои X-XI (мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ) дарҷ гардидааст, ки дар ин бобат дар нуктаҳои зайл ҷавҳари асосии вазифаи таълими забони тоҷикӣ таъкид гардидааст: «…Вазифаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳо ин аст, ки хонандагонро:
– ба фаҳмиши асолати забон ҳидоят намуда, дар бораи забони адабии ҳозираи тоҷик маълумоти қонеъкунанда диҳад;
– маҳорату малакаи дар соҳаҳои гуногуни фаъолият ва ҳаёти ҷамъиятӣ моҳирона истифода бурдани он донишҳоро (чи дар нутқи шифоҳӣ ва чи хаттӣ) омӯзонад;
– ба мустақилона дониш андӯхтан ва мунтазам такмил додани нутқи хеш ҳидоят намояд;
– донишҳои доир ба имло ва аломатҳои китобат гирифтаи хонандагонро ба низом дароварда, дар ин бобат маҳорату малакаи онҳоро таҳким бахшад».
Ҳаминро ҳам бояд дар назар дошт, ки дар мактаб омӯзиши ҳар як фасли забони тоҷикӣ, ҳатто таълими ҳар як мавзӯи таркибии он фаслҳо ба инкишофи тафаккур ва нутқи хонандагон бояд мусоидат намояд.
Аз ин ҷиҳат, муаллим бояд, пеш аз ҳама, бо мазмуну мундариҷаи «Тавзеҳот»-и барнома дақиқназарона шинос шавад, то ки дар тӯли соли хониш мувофиқи талаботи он дар ҳар синф кор барад.
2) Пас аз «Тавзеҳот» дар барнома қисмати асосӣ — мундариҷаи маводи назариявию амалии дар ҳар синф омӯхта мешудагӣ марбут ба бобу фаслҳо ва миқдори соатҳои ба таълими онҳо бахшидашаванда пешниҳод шудааст. Аниқтараш, оид ба ҳар боб дар ду сархати бо рақамҳои римӣ (I ва II) ишорашуда -дар сархати I мундариҷаи маводи назариявӣ – номгӯи мавзӯъҳои таълимӣ ва дар сархати II мундариҷаи корҳои амалӣ, ки тавассути онҳо донишҳои аз назарияи забон омӯхтаи хонандагон такрору мустаҳкам карда мешавад, баррасӣ гардидааст.
Масалан, маводи боби «Зарф» (12 с.) дар барномаи синфи VII ба таври зайл омадааст;
«I. Зарф ҳамчун ҳиссаи нутқ. Аломатҳои морфологии зарф. Умумият ва тафовути зарф аз сифат. Вазифаи зарф дар ҷумла.
Хелҳои зарф: тарзи амал, замон, макон, миқдору дараҷа, сабаб ва мақсад.
Калимасозии зарф – сохти зарфҳо: содда, сохта, мураккаб, таркибӣ. Имлои зарфҳо.

II. Дар матн муайян карда тавонистани хелҳои зарф ва истифодаи бамавқеи онҳо дар нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ. Муқоиса карда тавонистани зарфҳо бо сифатҳо. Дарк намудани ҷои зарфҳо дар муқоиса бо дараҷаҳои сифат».
Аз чунин тарзи баррасии маводи таълимии боби «Зарф» ва фаслу бобҳои дигар низ баръало метавон пай бурд, ки дар сархати I мундариҷаи маводи назариявӣ ва дар сархати II мундариҷаи корҳои амалӣ бо мақсади мустаҳкам намудани маводи назариявӣ (сархати I) пешниҳод шудааст.
Азбаски масъалаҳои асосии назарияи меъёрӣ (нормативӣ)-и забони тоҷикӣ дар синфҳои V-IX таълим дода мешавад, дар ин бобат бояд донист, ки омӯзиши барномавии забон дар ин синфҳо на аз рӯи усули даврагии таълим, балки асосан, ба тарзи таълими ростхатта, яъне таълими ҳар як бобу фасли забон на дар ду синф (Ин ҳолат дар барнома ва китобҳои дарсии забони тоҷикии то соли 1994 ба чоп расида мушоҳида мегардид. — С.Ш), балки танҳо дар як синф пешниҳод шудааст. Чунончи, дар синфи V овозшиносӣ, наҳв ва аломатҳои китобат, калима, калимасозӣ ва имло, исм, феъл, дар синфи VI феъли ҳол, сифат, сифати феълӣ, шумора, ҷонишин, дар синфи VIII зарф, калима ва таъбирҳо, пешоянд ва пасояндҳо, пайвандакҳо, ҳиссачаҳо ва нидо, дар синфи VIII марбут ба синтаксис ибора ва ҷумла, сараъзо ва аъзоҳои пайрави ҷумла, ҷумлаҳои чидааъзо, мухотаб, аъзоҳои туфайлии ҷумла, аъзоҳои истисноии ҷумла, нутқи айнан ва мазмунан пайиҳам таълим дода мешаванд.
Ҳамчунин, аз рӯи пайиҳам ва ба пуррагӣ омӯхтани ҳар як фасли боб дар ин ё он синф чунин хулоса бармеояд: таълими мунтазаму ба ҳам алоқаманди маводи морфология дар синфҳои V-VII ва таълими мунтазами маводи синтаксис дар синфҳои VIII-IX ба роҳ монда шудааст.
Ин ҷо марбут ба таълими маводи назариявии фаслу бобҳо бояд донист, ки дар нақшаи мавзӯи тақвимӣ миқдори соати дарсӣ барои такрори он маводи назариявӣ ва гирифтани корҳои хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ, нақли хаттӣ ва кори мустақилона аз рӯи ягон матни китоби дарсӣ) аз ҳисоби ҳамин миқдори умумии соатҳои ба таълими ин ё он боби мушаххас муқарраршуда ҷудо карда мешаванд. Чунончи, ба таълими боби «Исм» дар синфи V барнома 16 соат муқаррар намудааст, ки аз ин миқдор 14 соат ба таълими маводи назариявии боби мазкур бахшида шуда, аз 2 соати сарфашуда 1 соаташ ба такрори маводи назариявии исм ва соати дигараш барои гузаронидани кори хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ ва ё нақли хаттӣ) доир ба он истифода карда мешавад. Ҳамзамон, доир ба масъалаи такрор дар дарсҳои забони тоҷикӣ гуфтан зарур аст, ки аз хелҳои дарси такрор (такрори ҷорӣ, такрори боб, такрори аввали сол ва такрори солона) дар барнома доир ба ду навъаш –такрори аввали сол дар оғози барномаи ҳар синф бо нишон додани мундариҷаи маводи такроршаванда ва миқдори соат ва дар охири барномаи ҳамон синф танҳо миқдори соатҳо барои такрори солона муқаррар карда шудааст. Соатҳои такрор дар аввали сол барои такрори мавзӯъҳо ва ё фаслҳои асосии ин ё он синф, ки дар соли таҳсили гузашта таълим дода шудаанд, бахшида мешавад. Аммо он миқдор соатҳои такрор, ки дар охири барномаи ҳар синф нишон дода шудааст, танҳо барои такрори маводи дар ҳамон соли таҳсил таълим додашуда дар охири соли таҳсил, асосан, дар моҳи май истифода карда мешаванд.
3) Барномаи соатҳои таълимӣ марбут ба инкишофи нутқи мураттаби хонандагон дар охири барномаи ҳар синф таҳти истилоҳи «Нутқи мураттаб» пеш аз соатҳои такрори солона ҷой дода шудааст. Дар бобати тарзи иҷрои мундариҷаи маводи таълимии ин қисмати барнома, аввалан, ҳаминро бояд донист, ки дар давоми сол пурра ба инобат гирифтани тамоми пешниҳодоти дар он додашуда шарт нест, яъне омӯзгор метавонад ба ҷои бархе аз шаклҳои кори дар он баррасӣ гардида тарзу намудҳои дигари марбут ба инкишофи нутқи хаттӣ ва даҳонӣ алоқамандро интихоб намояд. Ҳамчунин, бояд донист, ки мавзӯъҳои дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб на назарияи забонро, балки мавзӯъҳои дорои ҷанбаи оммавию публитсистӣ буда ва ба услуби коғазҳои кор (аз қабили навиштани иншо ва ё нақл кардан дар мавзӯъҳои «Модари ман», «Устохонаи мактаби мо», «Касби дӯстдоштаи ман», «Одамони номдори деҳаи (шаҳри) мо», «Реҷаи рӯзи ман», навиштани ариза, маълумотнома, баёнот, забонхат, тавсифнома ва ғ.) мансубро фаро мегирад.
Бояд донист, ки гарчи барнома ё худ мундариҷаи мавод – мавзӯъҳои асосии кор дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб дар охири барномаи ҳар синф пешниҳод гардида бошад ҳам, миқдори соатҳо ва маводи ба таълими ҳамин барнома (нутқи мураттаб) таъиншуда на дар охири соли таҳсил, балки дар давоми соли таҳсил вобаста ба таълими фаслу бобҳои дар ҳамон синф омӯхташаванда истифода ва ба иҷро расонида мешавад. Чунончи, марбут ба мавзӯъҳои таълимии нутқи мураттаб дар синфи V 16 соат ва дар синфи VI 25 соат муқаррар карда шудааст. Вале соатҳои умумии таълими забони тоҷикӣ дар ин ҳар ду синф 102 -соатиро ташкил медиҳад. Соли таҳсил, ки 34 ҳафтаро ташкил медиҳад, мувофиқи нақшаи таълим дар ҳар ҳафта ин миқдори соатҳо (102 -соатӣ) дар синфҳои мазкур 3-соатӣ тақсим мешавад, яъне забони модарӣ дар синфҳои V ва VI ҳафтае 3 соатӣ таълим дода мешавад. Аз рӯи чунин ҳисоб ҳар соати дарси инкишофи нутқи мураттаб дар синфи V дар ҳар ду ҳафта, вале дар синфи VI дар ҳар якуним ҳафта бояд таълим дода шавад. Аз ҷумла, дар давоми омӯзонидани боби «Исм», ки барнома барои таълими он 16 соат муқаррар кардааст, 3 маротиба мавзӯъҳои марбути инкишофи нутқи мурратаб низ таълим дода мешавад, ки дар маҷмӯъ миқдори ин соатҳои таълимӣ бояд 19 соатро ташкил диҳад. Вале ба таълими мавзӯъҳои инкишофи нутқи мураттаб дар синфи VI аз он миқдори 28 соат дар ҳар 8-9 рӯз 1 соат бахшидан лозим меояд, ба ифодаи дигар, дар синфи мазкур ҳар соати 4-уми таълими забони тоҷикиро дарси инкишофи нутқи мураттаб ташкил медиҳад.
Бояд донист, ки аз миқдори соатҳои ба инкишофи нутқи мураттаби хонандагон муқарраршуда 60-70 фоизи он бештар ба ин ё он навъи корҳои хаттии санҷишӣ бахшида шуда, мавзӯъҳои дар дарси навбатӣ баррасиву ҳаллу фасл қарор дода мешудагӣ дар ҳар ҳамон соати марбут ба дарси инкишофи нутқ, яъне як ҳафта ё ду ҳафта пеш ва дар кадом шакл – даҳонӣ ё таҳрирӣ, иншо ё нақли хаттӣ гузаронида шуданаш ба хонандагон таъкид карда мешавад, то ки дар ҳамин муддат хонандагон ба ин дарс ва мавзӯи он пешакӣ омодагӣ гирифта тавонанд. Миқдори гузоштани баҳо ба фаъолияту тайёрии шифоҳии хонандагон бояд бештар бошад. Агар он дарс дар ин ё он шакли кори хаттӣ анҷом пазирад, он кори хаттӣ тафтиш карда шуда, баҳои гирифтаи ҳар як талаба чун баҳои диктанти санҷишӣ пурра ба графаи ҳамон санаи таҷлили дарси мазкур гузаронида шаванд. Саволу ҷавоб ва қироати корҳои хаттии навишташуда – пурсишу талабот дар дарсҳои инкишофи нутқи мураттаб баръакси дарсҳое, ки ба таълими масъалаҳои назариявии забон бахшида мешаванд, на аз хонандагони сустхон, балки бояд аз фаъолони синф оғоз ёбад. Ин амал бо мақсаде пиёда карда мешавад, то ки дар ҳамон хонандагони сустхон пас аз шунидани ҷавобҳо ва қироати матни корҳои ҳамсинфони фаъолашон таваҷҷӯҳи доир ба мавзӯи мавриди муҳокима қарордошта чизе гуфтану илова намудан ва ё ҷасорати чизе навиштан пайдо шавад. Вале дар ҳамаи мавридҳо доир ба мавзӯи навбатии дарси инкишофи нутқи мураттаб тайёрии пухта дидани омӯзгор шарту зарур аст. Ӯ бояд доир ба мавзӯи мавриди баҳс ё тариқи кори хаттӣ баррасӣ мешудагӣ пешакӣ ба хонандагон маълумоти мухтасаре диҳад, агар навиштани ин ё он кори хаттӣ ба услуби коғазҳои кор (ариза, маълумотнома, мактуби саломатӣ, тавсифнома ва ғ.) тааллуқ дошта бошад, қироати нусхаи намунавӣ ва ё сабти он аз тарафи ӯ дар тахтаи синф ҳатмист, то ин ки хонандагон дар натиҷаи пайравӣ намудан ба он намуди кори хаттӣ тақлидан нусхаи шогирдонаи худро мураттаб сохта тавонанд.
4) Қисмати дастуруламал ва нишондодҳои методиро дар барномаи соли 2006 ду нукта «Талабот ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои V-IX» ва «Меъёри баҳогузорӣ ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагони синфҳои V-XI аз забони тоҷикӣ» ташкил медиҳад. Дар оғози қисмати аввал таъкид гардидааст, ки «Аз забони тоҷикӣ хонандагон бояд донанд ва тавонанд». Таҳти ин мафҳум доир ба ҳар қисмати забон, масалан, аз фонетика, аз таркиби калима ва калимасозӣ, аз морфология ва ё аз синтаксис чиҳоро аз ҷиҳати назариявӣ донистан (шифоҳӣ) ва амалан тавонистани хонандагон (дар баррасии корҳои хаттӣ) бояд дар мадди назари доимии омӯзор дар тӯли ҳар соли таҳсил бошад. Яъне ин қисмати барнома омӯзгорро ҳушдор медиҳад, ки доим натиҷаи кори омӯзгории худ ва ҳам донишу маҳорат ва малакаи шогирдонашро зери назорат гирифта истад.
Мувофиқи талаботи дастуруламали дигари барнома доир ба меъёри баҳогузорӣ мавридҳои гузоштани баҳоҳои «5», «4», «3» ва «2» ба дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон марбут ба ҷавобҳои шифоҳӣ ва корҳои хаттии санҷишӣ (диктанти санҷишӣ, нақлу иншоҳои гуногун) ба омӯзгор дастурҳо дода шуда, маҳз миқдори калимаҳои матни диктантҳои санҷишӣ ва луғавӣ, ҳаҷми калимаҳои матни нақлу иншоҳо, ки дар синфҳои V-XI чӣ қадар ва миқдори он корҳои хаттиву санҷишӣ дар ҳар синф то чанд то бошанд — ҳама дар маҷмӯъ мушаххас таъкид гардидаанд.
Инак, бо он ҳама талаботу дархост ва мазмуну мундариҷаи барномаи таълими забони тоҷикӣ, ки аз «Тавзеҳот» ва мундариҷаи қисматҳои таркибии дигари он нуктаҳо (асосиашонро дар фавқ зикр намудем) бармеояд, муаллим шинос гардида, ҳамзамон, бояд мувофиқи талаботи он китобҳои дарсии забони тоҷикиро низ дақиқкорона аз назар гузаронад, то ки дараҷаи мувофиқати онҳоро бо барномаи таълим барои худ маълум намояд, чунки китобҳои дарсӣ дар асоси талаботи барномаҳо тартиб дода мешаванд ва аз ин рӯ, муаллифон бояд кӯшиш ба харҷ дода бошанд, ки онҳо – китобҳои дарсӣ бо мазмуну мундариҷаи маводи назариявию амалиашон (машқҳои гуногун) мутобиқи қисмати асосии барнома -мундариҷаи маводи назариявӣ (сархати I) ва қисмати амалии он (сархати II) мураттаб гардида бошанд.
Хуллас, барномаи забони тоҷикӣ таъин мекунад, ки ба хонандагони ҳар синф — V-IX ва X-XI кадом мавод ва дар кадом ҳаҷм таълим дода шавад. Дар китобҳои дарсии забони тоҷикӣ бошад, дар асоси талаби барнома маводи назариявӣ ва машқҳо дода шудааст. Дар ин бобат, методикаи таълими забони тоҷикӣ дар бораи чӣ тарз ва бо кадом методу усулҳо (приём)-ҳо таълим додани он маводҳо ба муаллим дастурҳо медиҳад.
Чунон ки аз мазмуни гуфтаи фавқ бармеояд, маводи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ иборат аз ду қисмат аст: назариявӣ ва амалӣ. Қисмати назариявии онро таърифу қоидаҳои грамматикӣ, имло ва аломатҳои китобат, лексикӣ ва фонетикӣ ва қисмати амалии онро машқҳо ташкил медиҳанд.Муаллимро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим ба ин ҳар ду қисми маводи китобҳои дарсӣ эътибор диҳад.
Китобҳои дарсии забони тоҷикӣ дар маҷмӯъ бо маводи назариявию амалии худ ва тарзи ҷобаҷогузории он мавод аз рӯи принсипи муттасилию пайдарҳамии фаслу бобҳо ва мавзӯъҳои таркибии онҳо тартиб дода мешаванд, ки ин талаботро муаллифон ҳадалимкон бояд риоя намоянд. Ба ҷуз ин, китобҳои дарсии забони тоҷикӣ вобаста ба дараҷаи синну сол, қобилияти фаҳмишу ҷаҳонбинии хонандагон аз рӯи ду усул – индуктивӣ ва дедуктивӣ – тартиб дода мешаванд, ки нуктаҳои мазкур (усули индуктивӣ ва дедуктивӣ)-ро ба тариқи зайл бояд фаҳмид: Бо усули индуктивӣ, аслан, китобҳои дарсии синфҳои V-VI-VII тартиб дода шудаанд. Яъне дар ин китобҳо аксар пас аз номгӯи мавзӯи дарс ва пеш аз баррасии маводи назариявӣ – таърифу қоидаҳо – машқе (матне) бо супоришаш пешниҳод гардидааст, ки иҷрои талаби он бояд то баёни таърифу қоидаҳо ба ҷо оварда шавад. Иҷрои ҳамон машқ барои баровардани хулосаҳо, ки асоси таърифу қоидаҳои грамматикӣ (лексикӣ ё фонетикӣ) ба шумор хоҳад рафт, заминаи боэътимод ба шумор меравад. Вале омӯзгор дар ин бобат метавонад, ба ҷои он матни машқи пеш аз маводи назариявӣ додашуда худ матни ба талаби ҳамон машқи мушаххас нисбатан беҳтару амиқтар ҷавобгӯро интихоб намуда, дар маърази таҳлилу ҳаллу фасл гузорад. Аммо дар ҳар ду ҳолат ҳам — чи иҷрои талаби машқи китоби дарсӣ ва чи матни интихобкардаи худи омӯзгор бояд хонандагонро ба баровардани хулосаҳои забоншиносӣ доир ба ҳодисаи нави забон ҳидоят созад, ки пас аз пиёда сохтани ҳамин амал ӯ (муаллим) таърифу қоидаҳои дар китоби дарсӣ бударо гуфта, то ҳадди имкон вобаста ба хулосаҳои аз ҳамон машқ баровардаи онҳо батафсил шарҳу эзоҳ ҳам диҳад. Ва вақте ки ҳангоми мустаҳкамкунии мавзӯи нав дар баробари саволу ҷавоб боз талаби машқҳои дигар ба иҷро расонида мешаванд, он гоҳ дониши дар ин дарс гирифтаи хонандагон ҳатман мустаҳкам гардида, ба маҳорат табдил хоҳад ёфт, ба шарте ки иҷрои он машқҳо на саросемавор, балки бо низоми меъёрӣ, шуурона ба ҷо оварда шаванд. Яъне мухтасари масъала ин аст, ки коркарди машқҳои пеш аз таърифу қоидаҳо овардашуда хонандагонро ба дуруст фаҳмидани ҳамон маводи назариявии параграфи дахлдори китоби дарсӣ тайёр хоҳад намуд.
Китобҳои дарсии забони тоҷикӣ барои синфҳои VIII- IX бо усули дедуктивӣ тартиб дода шудаанд. Чунин китобҳоро аз китобҳои дарсии бо усули индуктивӣ иншошуда фарқ кардан чандон душвор нест. Яъне агар дар китобҳои дарсии синфи V-VII пеш аз маводи назариявӣ иҷрои талаби машқе бо матнаш оварда шуда бошад, дар китобҳои синфи VIII-IX пас аз номгӯи мавзӯъҳо бевосита таърифу қоидаҳо марбут ба ҳамон мавзӯъ пешниҳод гардидаанд. Ин нукта ба он далолат мекунад, ки бояд муалим аввало ҳар як нуктаи марбут ба таърифу қоидаҳои забонро гуфта истода, ҳамзамон дар заминаи мисолҳои дар тахтаи синф ва ё дар таблитса (ё ба воситаи кодоскоп) сабт кардааш он ҳодисаи забонро амалан ҳам нишон диҳад. Ва агар ба тарзи дигар гӯем, агар омӯзиши ҳодисаҳои забон аз рӯи усули индуктивӣ аз ҷиҳати амалӣ оғоз гардида, тариқи назариявӣ (бо баёни таърифу қоидаҳо) ҷамъбаст ёбад, баръакс дар ҷараёни бо усули дедуктивӣ баррасӣ намудани мавзӯъ баёни муаллим бо гуфтани таърифу қоидаҳо ибтидо ёфта, ҷамъбасти шарҳи нуктаи он маводи назариявӣ бо шарҳи мисолҳои ба мавзӯъ дахлдор ба итмом мерасад.
Ҳамин тавр, бояд натиҷаи ҳар ду усули таълими маводи китобҳои дарсии забони тоҷикӣ – чи бо усули индуктивӣ ва чи бо усули дедуктивӣ чунин бошад: «… хонанда бояд маҷмӯи муайяни маълумотҳоро маҳз дар бораи забон, сохти грамматикӣ ва таркиби луғавии он, қонуният ва таърихи инкишоф ва такмили он азхуд кунад; вазифаи забонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва фаъолияти истеҳсолии инсон дарк намояд; дар мавридҳои гуногун амалан истифода карда тавонистани забони адабиро ҳам дар нутқи шифоҳӣ ва ҳам таҳрирӣ донанд; . Ба ибораи дигар, «Дар мактаб донишҳои аз забони… (модарӣ.-С.Ш.) андӯхта дар сурате ҳаққонӣ ҳисобида мешавад, ки агар хонандагон онро дар амал татбиқ карда тавонанд».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Як шарҳ

  1. агар мешуд китобашро дар сайт гузоред

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *